Зеҳн
Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.

Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Дар кӯчаи шаҳр гули суман буду бирафт,

Меҳруш ба даруни дилукум монду бирафт.

Меҳруш ба даруни дилукум кард ватан,

У хонахароби беватан буду бирафт.

Рӯзе, ки забон дар даҳанум лол шавад,

Ду дидаи равшанум шаби тор шавад.

Ҳушум биравад ҳар тарафе сайлу само,

Ҷон дар кафи золимон гирифтор шавад.

Чархи фалаки дурӯза даврони ман аст,

Сайёди аҷал да(р) хона меҳмони ман аст.

Ин гурги дарранда дар сари роҳи ман аст,

Дар қасти ҳалок кардани ҷони ман аст.

Рӯзе, ки фалак қаст кунад бар ҷонум,

Бо зориву бо зӯрӣ бигирад ҷонум.

Аз рафтани ҷони худ надорум парво,

Мансури сағеру Зумради ҳайронум.

Куртат алоча тиризу остинут ман,

Сад ёр дорӣ, ёри нахустинут ман.

Сад ёр гирӣ ба қаҳру ситезаи ман,

Ҳаргиз нарасад ба меҳри якрӯзаи ман.

Ёрум сари дар, худум сари дарвоза,

Ёрум гули сурху ман панири тоза.

Ҳар кас, ки ба ин панир даст андоза,

Дастуш шиканум панир бимона тоза

Хушбӯй бунафша дар ҷаҳон афтодаст,

Дил аз паи ёри меҳрабон афтодаст.

Дил мехоҳад, ки ҳар замонаш бинум,

Ин роҳи дароз дар миён афтодаст.

Офтоб нишасту соя дар домани ҷар,

Аз сӯзиши дил пора шавад банди ҷигар.

Мардум меган ҷигари садпората дӯз,

Медӯзуму пора мешавад ҷои дигар.

Эй сӯхтадилум, ҳоли ту чун мегузара,

Лахти ҷигарум ғарқа ба хун мегузара.

Ку қаламу ку дувот, ки ман бинвесум,

То тар меша ҳоли ман чун мегузара.

Дар мулки ғарибиҳо дилтанг моем,

Як қавза гули сафеди беранг моем.

Ҳаргиз надарид ҷомаи шодӣ ба танум,

Бечораву сарбараҳна дар банд моем.

Рӯзе, ки Алӣ қодири Ҷаббор шавад,

Пастиву баландӣ ҳама ҳамвор шавад.

Аз оҳану фулод бисозанд занҷир,

Занҷир ба гардани ситамгор шавад.

Эй модари меҳрубони банди дили ман,

Меҳри ту навишта шуд даруни дили ман.

Ҳар су биравам хоки сиёҳ манзили ман,

Кирмон бикананд меҳри туро аз дили ман.

Эй булбули нолон зи ғамат зор шудам,

Дар ҳасрати рӯи ту ман афгор шудам.

Ман шукрати рӯи ту накардум ҳаргиз,

Охир ба ҷазои худ гирифтор шудам.

Дунё нигарон асту гарон аст, дареғ,

Сар дар паи дунё нигарон аст, дареғ.

Ин хона барои худукут сохтаӣ,

Хонат ба насиби дигарон, аст дареғ.

Шабҳо ба ситора меравад нолаи ман,

Аз оби ду дида тар шавад ҷомаи ман.

Эй дӯст биё бишин сари болинум,

То кам бишавад сӯзи дилу нолаи ман.

Имшаб чӣ шаб аст, шаби шабон аст имшаб,

Парвин ба миёни осмон аст имшаб.

Парвин ту бирав ба ҷои худ сокит шав,

Сарриштаи кори мо парешон имшаб.

Эй дӯст фаромӯш накардӣ мора,

Шабҳои дароз нишастани якҷора.

Шабҳои дароз мову ту якҷо шинем,

Шабро ёбӣ, вале наёбӣ мора.

Аз дур садои рубоиҳот меояд,

Бӯи хуши бевафоиҳот меояд.

Бӯи хуши бевафоиҳот моломол,

Кай бовар ба ман ҷудоиҳот меояд.

Ай дур саломи пас наметонистум,

Пеғома ба дасти кас наметонистум.

Пеғом кунум мегӯи девона шудаст,

Гар сабр кунум мегӯи бегона шудаст.

Аз дурии дуриҳо ҷигар гашт кабоб,

Аз дидаи интизор мерезад об.

Рӯзе, ки фалак қасти ҷудоӣ фармуд,

Пеғом ба коғаз асту дидор ба хоб.

Ай зоғи сияҳ хабар бубар сӯи Ватан,

Бо ҷамъи бародарону бар модари ман.

Як дам бинишин дар таги беди чаман,

Моро набувад насибаи оби Ватан.

Ай зоғи сиёҳ, аз ту хабар мепурсум,

Аз навданиҳоли лабшакар мепурсум.

Аз навданиҳоли лабшакар нест хабар,

Аз муниси ҷону ҳам ҷигар мепурсум.

Афсӯс, ки дар айни ҷавонӣ мурдӣ,

Дар айни хушиву комронӣ мурдӣ.

Гуфтӣ: намурум замонара сайл кунум,

Дар пеши аҷал ба нотавонӣ мурдӣ.

Гул гуфт, ки ҷавонаму ҷавон омадаам,

Аз дасти ҷавонон ба фиғон омадаам,

Гул гуфт, маро пагоҳи мардон наканед,

Ман ҳам ба тамошои ҷаҳон омадаам.

Ай дӯст намедонум муқомут ба куҷост,

Ҷонум ба ту пайванду танум аз ту ҷудост.

Монандаи абр меравӣ ҳар тарафе,

Занҷири муҳаббати ту дар гардани мост.

Зардолуи зарду ҷигари бирёнум,

Рӯзе, ки аҷал теғ кашад бар ҷонум.

Ҷонум ба ҳазор ғусса берун шавад,

Хуншор шавад гирди лабу дандонум.

Рубобча бинол, ки нозанин бемор аст,

Шабҳои дароз ду чашми ӯ бедор аст.

Ёрон рафтанду ҷои худ мегиранд,

Мо ҳам биравем, ки ҷои мо бекор аст.

Дар боғчаи васли ту нашиштем, гузашт,

Ангушти пушаймонӣ газидем, гузашт.

Хоҳӣ ба яке бишин, хоҳӣ ба ҳазор,

Ин ҳам намаке бибуд, чашидем, гузашт.

Хобум бурдаст та(г)и чанори пургул,

Бедор шудум, ки нола дорад булбул.

Булбул ту бигӯ, чӣ доғ дорӣ дар дил?

“Ман менолум, ҷудо мешам ман ай гул”.

Обе, ки зи сарчашмаи Ғорон резад,

Хам дар хаму печ дар печу ларзон резад,

Совиданамак, ки аз намакдон резад,

Ин ҳам ғалат аст, ба мисли борон резад.

Рафтӣ, рафтӣ, яке бигардон рута,

Бо тахтаи пешонӣ хами абрута.

Боди сиварӣ агар биёрад бута,

Оё чӣ кунам, сер надидум рута.

Дар ҳавлии мо нигори бахмалдузуст,

Ситора баромадасту қасти рузуст.

Мардум меган муҳаббатут чанд рузуст,

Чор фасли сол муҳаббатум ҳар рузуст.

Субҳ бидамиду қасти бедорӣ кун,

Бархезу ба даргоҳи Худо зорӣ кун.

Ту ҳам, ки нишастаӣ дар ин кӯҳнаработ,

Ай тушаи охират хабардорӣ кун.

Эй гулбадани, бадангули гулдаста,

(Ҳ)айфи гули мо ба ҳуҷраи дар баста.

Эй бор Худо, ту ҳуҷраро рушан кун,

То бод занад ҳамин гули гулдаста.

Ин раҳ, ки ту меравӣ, раҳи Маҷнунуст,

Коре, ки ту кардаӣ, дилам пурхунуст.

Халқони ҷаҳон умри дароз металабан(д),

Оё чӣ кунум дигар, ки номут гумуст.

пешина
аз 41
навбатӣ