Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.
Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа
Дар паҳлуи равзани ту дигдон дорум,
Як лаҳза ба шиштани ту армон дорум.
Нашкаст ҳавасум, нашуд муродум ҳосил,
Баргарду биё, ки ба ту армон дорум.
Офтоб нишасту соя дар домани ҷар,
Ай сӯзиши дил пора шавад банди ҷигар.
Мардум меган, ҷигари садпората дӯз,
Медӯзуму пора шавад ҷои дигар.
Сад кош, ки модарум намезод маро,
Заҳроба ба ҷои шир медод маро.
Ман модари ғам шудаму ғам модари ман,
Аз рӯзи аввал барои чӣ зод маро.
Эй бор Худо, чӣ офаридӣ ту маро,
Як умр ғаму ғусса додӣ ту маро.
Дурузаи умри ман ба шодӣ нагузашт,
Шодӣ ки набуд, чӣ офаридӣ ту маро.
Пай дар пайуктон давиданом ҳеҷ нашуд,
Ай бори ғамтон кашиданом ҳеҷ нашуд.
Гуфтам, ки ба дарёи ғамтон ғута занум,
Дарёи ғамтон ғута задум ҳеҷ нашуд.
Ин роҳи баробарира пай мебинум,
Ин номи туро навишта кай мебинум.
Монанди ту нақш мекашум дар девор,
Шояд, ки туро ба хоби шаб мебинум.
Дунё золуст вафо надорад ба касе,
Хуш давлати он кас, ки наранҷид зи касе.
Дар кӯҳнарубот на пир монад, на ҷувон,
Аҳволи дили ғариба нашнид касе.
Дунё реш асту кори дунё реш аст,
Вои мани бечора, ки марг аз пеш аст.
Гуфтум биравум ба хок насубат букунум,
Суҳбат кардум, ки хок бар мо хеш аст.
Шабҳо ба ситора меравад нолаи ман,
Аз оби ду дида тар шавад ҷомаи ман.
Эй дӯст биё бишин сари болинум,
То кам бишава(д) дарди сару шонаи ман.
Рубобча бинол, ки нозанин беморуст,
Шабҳои дароз, ду чашми ӯ бедоруст.
Ёрон рафтанду ҷои худ мегиран(д),
Мо ҳам биравем, ки ҷои мо бекоруст.
Аз қатраи об мешавам пайдо ман,
Бо умри дурӯза мешавам шайдо ман.
Фарзанду айёл ҳама шарики умранд,
Охир ба ҷавоб меравам танҳо ман.
Имсол ҷудо шудем зи ёри ҷонӣ,
Монанди қаландарони Ҳиндӯстонӣ
Ҳарчанд кашем ҷафою саргардонӣ.
Аз рӯзи аввал навиштаи пешонӣ.
Як қавза гула да(р) боғ мондум, рафтум,
Шоҳина ба чанги зоғ мондум, рафтум.
Сад кош қадам намезадум дар ватанум,
Ин дафъа ба сина доғ мондум, рафтум.
Садбарги сафеда бин чӣ ҳол(ҳ)о дорад,
Тақдири Илоҳра бин чӣ кор(ҳ)о дорад.
Гуфтум биравум, пеши фалак гиря кунум,
Аз гиряи ман фалак чӣ парво дорад.
Сарчашма дароз, оби сарчашма дароз,
Ҳарду хоҳар(ҳ)о шиштан бо мӯи дароз.
Майдаш гули арғувон, калонуш гули ноз,
Мо банда ба арғувон, ғуломи гули ноз.
Афсӯс, ки нолаҳот ба ҷое нарасид,
Ба дарди дилут ҳеҷ давое нарасид.
Ҳарчанд, ки хизмати ба ростӣ кардӣ,
Сад вой, ки хизматут ба ҷое нарасид.
Фалак моро накуш, ки мо ҷавонем,
На шодӣ дидаем, на шодмонем.
Бирав, бар кӯчаи пирон гузар кун,
Ба мо навбат расад, мо худ равонем.
Гул резад ба боғ, барги гул резад ба боғ,
Мо ҳам ду ниҳол будем, дар гӯшаи боғ.
Номард касе, ки аз аҷал бигрезад,
Паймона, ки пур бишуд, як пуфи чароғ.
Дурему зи ҳамдигар ҷудоем, эй ҷон,
Наздик ба якдигар кай оем, эй ҷон.
Рӯзе, ки қисмати Илоҳӣ бошад,
Мову ту ба якдигар биёем, эй ҷон.
Пирӣ бирасиду банди зиндонум кард,
Ақлу ҳушма гирифту нодонум кард.
Хам гашт қоматум, ду чашмум олак,
Шодӣ бигузашт, дидагирёнум кард.
Қути дилукум мудом хуни ҷигар аст,
Ин нолаи ман зи булбулони сивар аст.
Рафтум ба лаби бом тамошои ҷиён,
Дидум, ки тамошои ҷиён дар гузар аст.
Ёрум туву молум туву ғамхорум ту,
Дорум тамаву умеди бисёр аз ту.
Гуфтум бумурум пои ҷанозам гирӣ,
Хушнуд шавад Холиқи Ҷаббор аз ту.
Рафтӣ-рафтӣ, Худо нигаҳбони ту бод,
Шамсу қамару ситора ҳамро(ҳ)и ту бод.
Ҳар ҷо биравӣ, ба худут маскан гирӣ,
Ин мӯи сафедум лаҷоми аспони ту бод.
Афсӯс, ки гулрухон кафанпӯш шуданд,
Аз хотири ҳамдигар фаромӯш шуданд.
Онҳо, ки ба сад забон сухан мегуфтанд,
Рафтанд ба зери хоку хомӯш шуданд.
Нолум, нолум, касе надонад ҳолум,
Гундушки заифе дар сари деворум.
Хун гиря кунум, ба остином мемолум,
Ку хоҳаруку модар, бубинан ҳолум.
Сандуқи дилум хона лаби ов шудаст,
Мағзум ба даруни устухон ов шудаст.
Ҳеҷ кас надорум сири дилма сайр кунад,
Сандуқи дилум косаи зардов шудаст.
Ин раҳи бачам раҳи Самарқанд шудаст,
Хун омадаву сари дилум банд шудаст.
Ҳеҷ кас наомаду наовард хабаре,
Донистум яқин, роҳи бачам банд шудаст.
1 Гӯянда: Давлатмамадова Хубон (1926), сокини деҳаи Шамбедеҳи Ғорон.
Гирдоваранда: Муборакшоева Зарнигор, соли 2013.
Қодир ба қалам қисмати моро чӣ навишт,
“Кӣ рафт ба дузаху кӣ омад зи биҳишт”.
Рафтум ба сари ду раҳ, мондум ҳайрон,
Ин ҷо раҳи дузах аст, ё раҳи биҳишт?
Уболи худум, ки бебародар бошум,
Дар рӯи замин чу мурғи бепар бошум.
Зарро бидиҳам, ба худ бародар бихарум,
Ин додари зархарид чӣ додар бошад.
Дар дашт будум, овозаи ҷанг омад,
Мирбача будум, гурехтанум нанг омад.
Гуфтум бигрезум, паллаи номардонуст,
Нагрехтаюм, сарум дар ин майдонуст.
Саркӯҳи буланд об надорад, чӣ кунум,
Ду чашми сарум хоб надорад, чӣ кунум.
Ду чашми сарум раҳи Навруз менигарад,
Дер омадааст, тоб надорум, чӣ кунум.
Имсол чӣ кори носазо кард фалак,
Фарзанда зи модараш ҷудо кард фалак.
Гуфтум: биравум пеши фалак дод занум,
Дидум ба ҳама шаҳу гадо кард фалак.
Аз рӯи ҳаво нуқтаи зар мегирум,
Мехезуму мешинуму дармегирум.
Ай бачаи рафтагим хабар мегирум,
Санг(ҳ)ои хунука ба ҷигар мегирум.
Дар кучеки Масков ҳазоро сангуст,
Ба ҳар сари санг кабутари ҳафтрангуст.
Халқон меганд, Олимтон чӣ рангуст,
Холе ба лабуш дораду гандумрангуст.
Дар хонаи рӯ ба рӯ чароғ месӯзад,
Дар сари дилум ду пилта доғ месӯзад.
Ку дӯсти азиз, пилтаи доғма букушад,
То рӯзи қиёмат ҷои доғ месӯзад.
Аз хона баромадиву бодут бурдаст,
Ё мурғи ҳавову ё уқобут бурдаст.
Не мурғи ҳавову не уқобут бурдаст,
Тақдири Илоҳ расиду хобут бурдаст.
Обука бибин, ки меравад фаршакунон,
Бачама бубин, меравад ғамзакунон.
Як даст ба миён дораду як даст ба камон,
Раҳ гаштани нахчиру ҷирингасти камон.
Э бачеки меҳрубони рози дили ман,
Меҳри ту навишта шуд даруни дили ман.
Ҳар сӯ биравум, хоки сиёҳ манзили ман,
Кирм(ҳ)о бикананд меҳри туро аз дили ман.
Сарчашма ҳазору оби сарчашма ҳазор,
Об хурдан наметонум аз ҳайбати мор.
Урмон доштум Навруз биёяд ба шикор,
Обум диҳаду сарма бигирад ба канор.
Аз ман гу салом бачаи раҳдурира,
Ё лолаи сурх, ё гули сурира.
Ман гуфта будам, ҷудо намешам то марг,
Оё чӣ кунам фироқи раҳдурира.
Доғум кардаст, дубора доғум кардаст,
Себарга будум, даруни боғум кардаст.
Ман порчаи ях будам дар сардараҳо,
Офтоби тамус шудасту обум кардаст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё