Зеҳн
Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.

Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Ҷон додаракум, азизи ҷон додаракум,

Сандуқчаи сими заргарон додаракум.

Ҳар гоҳ ба додарони мардум нигарум,

Об аз ду дида резаду хун аз ҷигарум.

Ман иря будум, ки бачекум уря гузашт,

Бо ҷомаи доробию гулак сари даст.

Гуфтам: куҷо мерай, эй бачаи ҷон,

Ба мо назаре накарду бегона гузашт.

Саркӯҳра бубин, каҷак-каҷак мебора,

Алёша бубин, тухми шакар мекора.

Ту худ шакарӣ, чаро шакар мекорӣ,

Ё хушаи гул бикор, ё марворӣ.

Дар гӯш аи хокдон(ҳ)о тор танум абрешум,

Аз пешум рафтаст, мардаки ғул-ғул ришум.

Ғул-ғул ришум, ки рафтааст аз пешум,

Аз рафтани ӯ қаландару дарвешум.

Дар кӯчаи Ғорон сардучори ту шудум,

Монандаки банг дар хумори ту шудум.

Монанди тамоку бисузам ба чилим,

Хокистару ахгард барои ту шудум.

Ту лолаи саркӯҳ будӣ, зард шудӣ,1

Ё дил ба касе додаӣ, ё сард шудӣ.

На дил ба касе додиву на сард шудӣ,

Тақдири Илоҳ расиду рангзард шудӣ.

1 Гӯянда: Мавлододова Назарбегим (1936), сокини деҳаи Сумҷин.

Гирдоваранда: Хадича Ҷалолова, соли 2013.

Аз рафтани ту ҳуш маро дар сар нест,

Дер омадаӣ, ҳеҷ дилам бовар нест.

Кай рафтиву кай оӣ, ай ёри азиз,

Аз омаданут ҳеҷ маро бовар нест.

Ба танаи ту алочаи абрешум,

Эй лолаи хушрӯ, биё аз пешум.

Эй лолаи хушрӯ, надорам тоҷе,

Билло ба Худо, қаландару дарвешум.

Эй ёраки ҷон, дар Бадахшон худутӣ,

Андар лаби ҷу дарахти марҷон худутӣ.

Гуфтам биравум дарахти марҷон бихарум,

Садбарги сафед дар зимистон худутӣ.

Шинам сари кӯҳ(ҳ)о, ки бубинум Ғорон,

Дандони ту марвориду оҳу чашмон.

Эй бор Худо, кабутари сабзам соз,

Ман эча занам шохи дарахти Ғорон.

Бар мулкаки Ғорон ҳилоле дорум,

Гулғунчақадеву навниҳоле дорум.

Он ҷо, ки туӣ сабзаи тар, оби хунук,

Дар мулкаки Калгарӣ чӣ ҳоле дорум.

Эй дӯст, туро чӣ шуд, ки ёғӣ гаштӣ?

Монанди брешуми хитоӣ гаштӣ.

Ман мард будам, ба қавли худ истодум,

Номард будӣ, ба як сухан баргаштӣ.

Фарёд занам, намерасад овозум,

Ман дарди туро чӣ гуна дармон созум.

Ман дарди туро ба нуги най бинвозум,

Най бишканаду хаста шавад овозум.

Ай дӯст, ҷигаркабоб аз дасти туам,

Бешарбату бешароб ман масти туам.

Ман масти туам, суд накарда, ба Худо,

Шармандаву лоҷавоб аз дасти туам.

Кобул дур асту хат равонут букунум,

Як даста гуле баста равонут букунум.

Як даста гулум баста, яке нобаста,

Худма ба даруни хат равонут букунум.

Садбарги сафеди саҳарӣ сар заду рафт,

Дард(ҳ)ои худа ба домануш бар заду рафт.

Чанд вақт, ки набуд, майли дилам кам шуда буд,

Оли, ки омад, оташ ба ҷонум заду рафт.

Фарёд, ки ғунча дар башол афтода,

Гулғунча ба дасти лабкашол афтода.

Аз Хизри фалак нола дорем шабу руз,

Ҳар ҷо ки гул аст, ба дасти хор афтода.

Ало ёрҷон, ба Чилторут бубинум,

Маланг шавӣ, ба бозорут бубинум.

Маланг шавӣ дар байни дӯсту душман,

Чу испанде ба бозорут бубинум.

Ситора ба боми мо қатор омаду рафт,

Як ёраки шухи беқарор омаду рафт.

Як соату як замон пешам нанишаст,

Монандаи абри навбаҳор омаду рафт.

Ситора миёни осмон омад рост,

Дил дар талаби дидани дидори шумост.

Як рӯз набинаму зи сад кас пурсам,

Сад рӯз надидӣ, напурсидӣ куҷост.

Қафас танг аст, наметонум паридан,

Ватан дур аст, наметонум расидан.

Агар аз хотири ҷанг(ҳ)о набошад,

Дар ин мулки ғариби(ҳ)о чӣ зистан.

Эй бод, биё хабар бубар сӯи Ватан,

Ба ҷамъи бародарону бар модари ман.

Ку модару ку хоҳар бипурсанд аз ман,

Бегона чӣ парвост, чӣ ҳол дорам ман.

Гулаки ёсумандум, кай миёӣ?

Азизи қадбуландум, кай миёӣ?

Маро ба назди дуроҳа мондӣ,

Ниёзманди табибум, кай миёӣ?

Бар мулкаки Ғоронум, дилгир шудум,

Деруш дидам, ки аз зақаҳ пир шудум.

Ман пир шудум, муҳаббатам пир нашуд,

Афсӯси замона, по ба занҷир шудум.

Гулғунча ба бод, соя ба бодом афтод,

Имсол чӣ сол, ҳазор даврон афтод.

Ман айбу гуноҳи худ намедонам чист,

Аз оҳи дилум сиву ду дандон афтод.

Ай дӯст, бирафтию ғарибум кардӣ,

Ай лаъли лабат ту бенасибум кардӣ.

Лаъли лаби ту Худо кунад рӯзи и ман,

Бо теғи муҳаббатат шаҳидум кардӣ.

Бар осмон меравад ин абри пора,

Мусофир мешавӣ, ай нури дида.

Мусофир мешавӣ, зудтар биёӣ,

Гиребон тар шуда аз оби дида.

пешина
аз 41
навбатӣ