Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.
Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа
Дуде, ки аз ин хона бадар меояд,
Ман мунтазирум, аз ту хабар меояд.
Ман мунтазирум, аҷаб қиноат кардум,
Аз сӯхтадилум бӯи ҷигар меояд.
Эй себи Самарқанд, сарут пайдо нест,
Эй лаъли Бадахшон, дилут бо мо нест.
Ханҷар задаӣ рост миёни ҷигарум,
Хун мераваду ҷароҳатуш пайдо нест.
Эй моҳи баланд, баланд бароӣ, чӣ шавад?
Эй бачаи ҷон, ай дар дароӣ, чӣ шавад?
Ай дар ки дароӣ, хона пурнур шавад,
Дӯстон ҳама шоду душмано кур шавад.
Шинум дар буландиҳо туро ёд кунум,
Оюм ба гузаргоҳи ту, фарёд кунум.
Фарёд кунум, касе ҷавобум надиҳад,
Умрум ба тамошои ту барбод кунум.
Дар боғ будум, бӯи ту бо бод омад,
Як гул чидум, номи ту дар ёд омад.
Як гул чидум, варақ-варақ пора шудаст,
Ин ҷигари сӯхтагим ба фарёд омад.
Дунё ба мисоли кузаи заррин аст,
Гаҳ об дар ӯ талху гаҳе ширин аст.
Мо шод нашавем, ки умри мо чандин аст,
Аспи аҷалмон мудом зери зин аст.
Булбул ту бинол, нолама камтар кун,
Ай оби ду дида барги гулма тар кун.
Ай оби ду дида барги гул тар нашавад,
Рута ба Худо букуну нола кам кун.
Аз беватанӣ қанд ба ман нуш нашуд,
Вазъи дили мардумон ба ман гӯш нашуд.
Ҳарчанд бигаштем ба гирди олам,
Хоки ватанум зи дил фаромӯш нашуд.
Аз омаданут агар хабар медоштум,
Дар сари раҳут гули суман мекоштум.
Мекоштуму худум нигоҳ медоштум,
Хоки қадамта ба дида бармедоштум.
Фарёд зи дасти фалаки ҷомакабуд,
Ёрони маро яка-яка омада бурд.
Гар қоидаи фалак ҳамин хоҳад буд,
Як рӯзи дигар навбати мо хоҳад буд.
Дар санги сиёҳ алиф кашидан мушкил,
Хубона ба ноз парваридан мушкил.
Сад косаи заҳрро чашидан осон,
Пайвандии васлро буридан мушкил.
Эй кӯҳи калон, туро камар мебояд,
Фарзанди азиз, туро падар мебояд.
Ҳарчанд амак бипарварад бо дилу ҷон,
Ду дасти мубораки падар мебояд.
Эй вой, ғариб, ҳазору як вой, ғариб,
Бемор шудӣ, ба сар наёфтӣ ту табиб.
Ку падару ку модару ку хеши қариб,
Бегона чӣ донад, ки куҷо мурд ғариб.
Эй беди баланд, ту ба лаби дарёӣ,
Шиштам ба умед, ки рафтаӣ, меоӣ.
Гар биёӣ, бахти ману давлати ту,
Зояъ нашавад ранҷи ману меҳнати ту.
Дар дари хонат ниҳол шондум якатут,
Ё зоғи сиёҳ шинаду ё куртакабуд.
Не зоғи сиёҳ нишасту не куртакабуд,
Сад сол сиёҳ пушаму сад сол кабуд.
Ай хона баромадӣ, худоӣ кардӣ,
Сӯи ватани падар нигоҳе кардӣ.
Сӯи ватани падар шукуфтаст гулҳо,
Золим будӣ, ки ай му ҷудоӣ кардӣ.
Дилам ғам дошту ғам дошт ҳамон руз,
Мисоли лола шабнам дошт ҳамон руз.
Надонистам бигирям ё бихандам,
Ки бачам қасти рафтан дошт ҳамон руз.
Ин кутали рупару ба ман хона шудаст,
Ғам дар дили ман анори пурдона шудаст.
Мардум меган, ту ғами беҳуда нахӯр,
Ман ғам нахурум, биёрум бегона шудаст.
Ай боғи падар навданиҳолум рафтаст,
Ай хонаи ман кабки ҳилолум рафтаст.
Мардум меган, чӣ нола дорӣ доим,
Ай хонаи ман бачаи ҷонум рафтаст.
Сари сарчашма рафтум гоҳ ба вақте,
Ба оби дида биншондум дарахте.
Шамол омад дарахтум решакан кард,
Мани мискин надорум ҳеҷ бахте.
Сари кӯҳи баланд ҷуфти ситора,
Ҷавоне кушта шуд бистудусола.
Ҷавонон қадри ҳамдигар бидонед,
Худо кай медиҳад умри дубора.
Навиштум бар дари девори хона,
Бимонад аз мани мискин нишона.
Агар пурсанд, ки он мискин куҷо шуд,
Бигӯ бигрехт аз дасти замона.
Дарахти ғам ба ҷонум кард реша,
Ба даргоҳат ҳаменолум ҳамеша.
Биё, эй дӯст, қадри ҳам бидонем,
Аҷал санг асту одам мисли шеша.
Фарёд, ки ҷудоему ҷудо мегардем,
Бо амри Худо зиндаҷудо мегардем.
Амре бишавад, боз биёем ба ватан,
Соҳибватанон, ватангадо мегардем.
Афсӯс, ки дар дашту биёбон мурдум,
Дур ай ватану ҷудо зи хешон мурдум.
Як порча хате навис ба дӯстони азиз,
Дар хат бинавис, ки ман пурармон мурдум.
Эй боди сабо, хабар бибар сӯи ватан,1
Бар ҷамъи бародарону бар модари ман,
Модарма бигӯ, куртаи ғам пора кунад,
Шаб тои сараш монаду рӯз нола кунад.
Сафар кардӣ, сафарро дур кардӣ,
Худут рафтӣ, маро ранҷур кардӣ.
Худут рафтӣ барои луқмаи нон,
Дилукма эчаи занбур кардӣ.
1 Гӯянда: Бибисултон Азорабекова (1932), сокини деҳаи Қозидеҳи Ғорон. Гирдоваранда: Сардорова Сайрам.
Дар дашт будум, ки гул ба дарвоза гузашт,
Ду зулфи сиёҳу як паризода гузашт.
Му мушк наёфтум зи пасуш дуд кунум,
Дуди дилукум ба рузани хона гузашт.
Эй духтари ғоронӣ мура ёр б(и)гир,
Савғоти мура ай сари девор б(и)гир.
Имшаб, ки мура ҷои дига(р) металабан(д),
То омаданум худукта бедор б(и)гир.
Ай рафтанукут мурғи дилум дар домуст,
Чашмум нигарон, зубонукум пурсонуст.
Ними ҷигарум пухтаву нимуш хомуст,
Ними дигаруш ба това(ҳ)о бирёнуст.
Оӣ ғам нест, ага(р) наёӣ, ғам нест,
Гундушки рамидаро дарахте кам нест.
Ҳар шохи дарахт, ки ба сарум соя кунад,
Сар бошаду лолазору дилбар кам нест.
Худут хиргоҳу муют банди хиргоҳ,
Ба гулчинӣ бароям ҳар саҳаргоҳ.
Ба гулчинӣ бароям, гул наёбам,
Ту дар киштию ман дар қаъри дарё.
Рӯзе, ки фалак аз ту буридаст маро,
Кас бо лаби пурханда надидаст маро.
Бовар накунӣ ага(р) қасамҳои маро,
Ман донаму он ки офаридаст маро.
Сари кӯҳи баланд най мезанум ман,
Шутур гум кардаюм, пай мезанум ман.
Шутур гум кардаюм, уштури шоҳӣ,
Ҷаррангос мезанум, дилбар куҷоӣ?
Аз хона баромадум ситора саду бист,
Ман қасти сафар кардум, модар бигирист.
Эй модари ҷон, гиристанут маънӣ чист?
Мардум сари сол оянду ман рузаки бист.
Аз хона баромадӣ сабаб чист, бигӯ?
Ранҷидани хотири ту аз чист, бигӯ?
Ранҷидани хотирта зи мо мебинӣ,
Моро ғами ту, туро ғами кист, бигӯ?
Рӯзе, ки сарум дард кунад, нола кунум,
Ру(й)ма тарфи кадом бегона кунум.
Бегона ага(р) ҷувоби талхум бидиҳад,
Нолон шавуму рӯ тарафи хона кунум.
Дилум решу дилум решу дилум реш,
Надорум толеъ аз бегонаву хеш.
Агар бегона бо ман хеш гардад,
Мисоли мору каждум мезанад неш.
Агар боди сабо пайдо намешуд,
Даҳони ғунчаи гул во намешуд.
Агар Лайлира медодан(д) ба Маҷнун,
Дар олам ошиқӣ расво намешуд.
Ду зулфонат ба ҷонам оташ андохт,
Ду чашмонат маро дур аз ватан сохт.
Бисузад хонаи Лайливу Маҷнун,
Ки расми ошиқӣ дар олам андохт.
Эй лаъли Яман, чӣ доғ дорӣ ту ба ман?
Ошиқ дигарон, маломатат бар сари ман.
Лаъли манию нигини дасти дигарон,
Доғи дили мардумон, чароғи дили ман.
Хоҳам, ки яке нома ба дилдор нависум,1
Дарди дили бечораи бемор нависум.
Гар боди сабо нома ба дилдор расонад,
Гирам қаламу нома ба такрор нависум.
Бачам рафтаст, дилум хароб аст имшаб,
Ду чашми сарум пури об аст имшаб.
Мардум меган хоб кун, хобуш бинӣ,
Эй бехабарон, чӣ вақти хоб аст имшаб.
Рафтӣ ба ғарибиҳо, ғам(ҳ)от кушт мара,
Худ рафтаю кардаӣ фаромӯшт мара.
Худ гуфта будӣ, ки мерам тез меёюм,
Тез рафтану дер омаданут кушт мара.
Ситора будум, аз ҳаво канда шудум,
Ман духтари бемодар будум, ганда шудум.
Ин духтари бемодара ҳама ҷанг кунан(д),
Ҳар шому саҳар каловаи саргумум.
Рафтед, рафтед, Худо нигаҳбони шумо,
Шамсу қамару ситора ҳамро(ҳ)и шумо.
Дар тори ҳаво фариштаҳо ҳамра(ҳ)тон,
Ин модари раҳпой ба қурбони шумо.
Сад дод зи дасти фалаки бебунёд,
Ҳаргиз гиреҳи бастаи касро накушод.
Гуфтум, биравум гиреҳро бикшоюм,
Сад доғи дигар дар сари ин доғ ниҳод.
1 Гӯянда: Худододова Сабзбаҳор (1960), зодаи деҳаи Баршори Ғорон..
Гирдоваранда: Хадича Ҷалолова, соли 2013.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё