Зеҳн
Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.

Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Дунё бебақо, на шоҳ монад на гадо,

Не тӯшаю не музаю не ҳамраи роҳ.

Танро ба замин монанд, ҷонро ба ҳаво,

Ин қолаби нозанин дар хоки сиёҳ.

Ин себаки сурхрӯи боми падарум,1

Ғелон шудаву омаду зад дар бағалум.

Тақдири Худо будасту рӯзи азалум,

Тақдира ҷудо кардан натонист падарум.

Мусулмонон, дилум ёди ватан кард,

Намедонум, кӣ ёдум дар ватан кард.

Намедонум падар буд ё бародар,

Яқин донум, ки модар ёди ман кард.

Кабутари сарсафед, гардан гули хор,

Шаб қатраи боронию рӯз абри баҳор.

Ман қуввати омадан надорам имсол,

Аз ман хати ошиқӣ, дуои бисёр.

Макун бо хубрӯён ошногӣ,

Битарс аз заҳмати зиндаҷудогӣ.

Агар хубони олам хуб мешуд,

Намекард Лайлӣ аз Маҷнун ҷудогӣ.

Хат навиштам, умри худ кардам қазо,

(Ҳ)айфи ин қоғаз, ки ман кардам сиёҳ.

Хат навиштам, гиря кардам зор-зор,

Ман намонам, хат бимонад ёдгор.

1 Гӯянда: Ниёзмамадова Лаълбегим (1960), сокини деҳаи Авҷ.

Гирдоваранда: Хадича Ҷалолова, соли 2014.

Кошкӣ, ки намешуд хонатон дар гузарум,

Сад кош, ки намедидум, намесӯхт ҷигарум.

Ҳар гаҳ, ки ба сӯи хонатон менигарум,

Об аз ду дида резаду хун аз ҷигарум.

Шамол шавум, зулфи тура шона кунум,

Булбул шаваму ҳазору як нола кунум.

Дар лаҳзаи кор, ки мезанӣ дар ёдум,

Кора монаму ишқи туро нола кунум.

Ҳафт ранг ба ҷаҳон омад имрӯз ба умед,

Меган, ки сиёҳранг нагардад сафед.

Пас як савол дорум, ҷавобаш гуед:

Ин муи сиёҳи ман чаро гашт сафед?

Аз дараи Ғангидер касе мир нашуд,

Аз мурдани одамин замин сер нашуд.

Кас нест хабар барад ба устоди аҷал,

Мурдан фарз аст, чаро ҷавон пир нашуд?

Рӯзе, ки рубоби ишқро тор набуд,

Сарпанҷаи ӯ ба дасти устод набуд.

Устоди ҳамаи анбиё Ҷабраил аст,

Пас гуй ба Ҷабраил, устод кӣ буд?

Умрум ба поён расид, чизе нашудум,

Мақбули дили ҳеҷ азизе нашудум.

Гуфтум, ки шавум дар ҷавонӣ чизе,

Гаштум зи ғусса пиру чизе нашудум.

Дар дашт будум, аҷал биёмад зи пасум,

Эй марг, амон бидеҳ, ба хонам бирасум.

Ду гап дорум ба ҷияи пурҳавасум,

Сар дар бари ӯ монум, барояд нафасум.

1Рӯзе, ки ба Делох сафар мекардум,

Чинда гули торона ба бар мекардум.

Аз дасти аму куртасурхи делохӣ,

Ин кутали Делоха ба сар мекардум.

Чун теша мабош, ҷумла ба худ матарош,

Чун ранда зи кори худ бебаҳра мабош.

Таълим зи арра бигир ту дар илму маош,

Чизе сӯи худ кашид, чизе мечошт.

Чашмони сиёҳи сода сумбулкуши ту,

Мардум ҳама ҳушёр, муюм беҳуши ту.

Мардум ҳама ақлу ҳуш дар сар доран(д),

Ақлу ҳуши ман пеши ҷамоли хуши ту.

Бишнав ту зи ман, ки ман чиҳо металабум,

Улфат зи тую меҳру вафо металабум.

Сартосари ҳарфҳоро якҳарфӣ бичин,

Аз маънии ҳарфҳо ҳамон металабам.

Ҳайрон шудум, ки гардиши гардон чист?

Бе илму ҳунар зиндагии инсон чист?

Ҳар кас, ки зи илму маърифат бехабар аст,

Пас фарқ миёни одаму ҳайвон чист?

Фарзанди касе намекунад фарзандӣ,1

Гар тавқи тилло ба гарданаш барбандӣ.

Ин тавқи тилло ба гардани хар бандӣ,

Ҳам бор кашаду ҳам кунад фарзандӣ.

1 Гӯянда: Салим Қаландаров (1956), сокини деҳаи Авҷ.

Гирдоваранда: Хадича Ҷалолова, соли 2013.

Модар-модар, ба ҷон баробар модар,

Мардум меган хола ба ҷои модар.

Фандум назанед, сӯзиши модар дигар,

Не холаю не амма намешан модар.

Ман мемурам, фасли баҳорон бошад,

Дар мурдани ман хешутаборон бошад.

Дар тои сарум модари ман гиря кунад,

Дар пеши поюм падари ҷонум бошад.

Ситорара бин, дар осмон рангин аст,

Модарма бубин, дилаш аҷаб ғамгин аст.

Эй модари ҷон, мабош ғамгин ҳаргиз,

Ин зиндаҷудоӣ бар сари чандин аст.

Модар-модар, чаро калонум кардӣ?

Ширум додию қаста ба ҷонум кардӣ.

Ширум ту мадеҳ, қаста ба ҷонум ту макун,

Овора ба шаҳри мардумонум ту макун.

Сарам дард мекунад, ку модари ман,

Ду дасти худ гузорад бар сари ман.

Ду дасти худ гузорад бо муҳаббат,

Гузорад, кам шавад дарди сари ман.

Эй модари ҷон, ту хоби хомӯш накунӣ, 1

Гапҳои дуруғи мардума гӯш накунӣ.

Гапҳои дуруғи мардум(ҳ)о бисёран(д),

Аз духтари раҳдурит фаромӯш накунӣ.

1 Гӯянда: Қаландарова Аслимо (1952), зодаи деҳаи Мулвоҷ, сокини деҳаи Шитхарв. Гирдоваранда: Хадича Ҷалолова, соли 2013

Эй майдагулак, гуле ба буют нарасад,

Румоли алифшакар ба муют нарасад.

Дар шаҳри шумо хубрӯён бисёран(д),

Ҳеҷ гуна хубруй ба тори муют нарасад.

Ситораҷалон, ҷалон дили афгорум,

Ин модари хомхаёли вайронкорум.

Ту дасти мура ба дасти нокас додӣ,

Як бори Худо нагуфтӣ, ки духтардорум.

Ҳамчун шудаям гандумаки зард ба дашт,

Ҳайфи умрам, ки дар ғарибӣ бигузашт.

Хешони ватан ёд накардан(д) мара,

Бар мо алами замона бисёр гузашт.

Ай лоларухон гули суман мемона(д),

Ай булбули хушхон чаман мемона(д).

Хат дар варақи сафед бимонад сад сол,

Ман мемураму хатум зи ман мемона(д).

Фарёд, ниҳоли пурсамар гум кардум,

Шаҳду шакару қанду асал гум кардум.

Шаҳду шакару қанду асал ҷоми шароб,

Тарзест, ки фарзанди падар гум кардум.

Фарёд, ки ҷони бемадор охир шуд,

Як гул нагирифтему баҳор охир шуд.

Як гул нагирифтем зи боғи чаман(ҳ)о,

Як дам нашиштему хумор охир шуд.

Дар дашт будум, ки бод бардошт мура,

Овард ба ғарибиҳову партофт мура.

Гуфтум биравум хизмати модар бикунум,

Аз рӯзи азал дӯст намедошт мура.

пешина
аз 41
навбатӣ