Зеҳн
ҲАЗЛҲОИ ДЕМОГРАФӢ

Ба ҳамаи одамон хушбахтӣ меояд. Аммо на ҳама табассум мекунанд. Биёед табассум кунем, то хушбахтӣ ба ҳама табассум кунад

Ахбор · 26 октябри 2024 · 11 саҳифа · 1 писанд

Латифа
Аз аввал хондан

БАНАҚШАГИРИИ ОИЛА

Петка ба аёдати Чапаев меояд. Василий Иванович як табақчаро бо тухмҳои хом болои миз гузошта, барои овардани шиша меравад. Ҳангоми набуданаш Петка ҳамаи тухмҳоро сӯрох карда, менӯшад. Чапаев меояд. Сад граммӣ нӯшида, ба хӯрдан шурӯъ мекунанд. Чапаев тухмро мешиканад – холӣ, дуюм – холӣ. Дар ин ҷо ӯ шамшерро гирифта, ба ҳавлӣ ҷаҳида баромада, паси ҳам мурғҳоро буридан гирифта, мегуфт:

– Ман ба шумоён нишон медиҳам, модасагҳо, чӣ тавр бе огоҳии ман исқоти ҳамл кардаед.

\\\*

Як зани сарватманд кӯдаки сиёҳпӯст таваллуд мекунад. Он вақт шавҳар дар хона набуд. Вай ба ӯ менависад: «Азизам, вақте писари мо таваллуд шуд, ман шир надоштам,ва ӯро зани сиёҳпӯст шир дод. Ва, тасаввур карда метавонӣ, азизам, писари мо сиёҳ шуд!». Шавҳар ин хабарро ба модараш мерасонад ва ӯ мегӯяд: – Писарам, вақте ту таваллуд шудӣ, ман низ шир надоштам ва ба ту шири гов мехӯрондам. Аммо шохҳо дар ту танҳо акнун баромадаанд.

\\\*

Як чукча серфарзанд буд, занаш ӯро ба шаҳр мефиристад, то ба духтур муроҷиат кунад, то чӣ гуна аз ҳомиладорӣ халос шавад.

Чукча ба духтур шикоят мекунад ва ӯ ба вай презервативҳоро дода, маслиҳат медиҳад, ки пас аз як сол омада, аз муваффақиятҳои худ нақл кунад. Пас аз як сол:

– О, духтур! Чӣ қадар ташаккур, чӣ қадар ташаккур! Як сол аст, ки ман он чизеро, ки ба ман дода будед, мунтазам фурӯ мебарам, аз ин рӯ, вақте ки ба ҳоҷатхона меравам, онҳо сахт пуф шуда, бо овози баланд метарканд – панҷ нафар фарзандони хурдсолам аллакай аз ханда фавтидаанд.

\\\*

Экскурсия дар Биҳишт. Ба навомадагон симоҳои асосии Биҳиштро нишон медиҳанд. Пиразане кӯдаконро нигоҳубин карда,бофта истодааст. Дар атрофаш издиҳом. Ҳама ба ӯ ташаккур мегӯянд:

– Ташаккур ба ту, модари Худо! Ташаккур барои наҷотбахш, барои имон, барои писар! Вай барои одамон ин қадар корҳо кард!

– Бале, ин ҳама дуруст аст, аммо агар медонистӣ, ки чӣ гуна ману шавҳарам духтар мехостем!

\\\*

- «Ёвочка” - мепурсад бибӣ аз набераи панҷсолааш - ту ҳамчун тӯҳфаи солинавӣ аз Бобои Барфӣ чӣ гирифтан мехостӣ?

- Ҳабҳои пешгирии ҳомиладорӣ, – ҷавоб медиҳад Ёвочка.

- Худои ман, бачам, ту дар бораи чӣ гап мезанӣ?»

- Аммо худатон қазоват кунед, бибиҷон, ман аллакай панҷ лӯхтак дорам, шашумашро куҷо мекунам... ?.

ҶУДОШАВӢ

Дар ҷангали Амазонка ду сайёҳатчӣ мебинанд, ки чӣ тавр сокини маҳаллӣ занеро бо санги дар гардан басташуда ба назди ҷарӣ мебарад. «Ҳм», – ғур–ғур мекунад яке аз онҳо, дар ин ҷо тартиби талоқ хеле содда кунонида шудааст.

\\\*

Зан бо дархости ҷудо шудан аз шавҳараш ба назди қозӣ меояд. Қозӣ сабабро мепурсад.

– Қабл аз издивоҷ бо ман, ӯ ду солро дар паси панҷараи маҳбас гузаронид.

– Чӣ, магар шумо пеш аз тӯй дар ин бора намедонистед?

- Ман медонистам, аммо фикр мекардам, ки. пулҳои дуздидашуда боқӣ мондаанд.

\\\*

Директори ширкат котибро даъват мекунад:

– Сармуҳосиб ҳамеша ба ман шикоят мекунад, ки ту ба кор бо мини–юбка ва бо гарданаи (деколтеи)амиқ меоӣ. Ин ӯро аз кор канда мекунад. Минбаъд ба ин вазъ тоқат кардан номумкин аст! Аз пагоҳ ман ӯро сабукдӯш мекунам!

\\\*

Ҷаноби Хуго аз ҷойгаҳ хеста, ба тиреза ба кӯча нигарист ва ба ҳамсараш гуфт:

– Чунин ба назар мерасад, ки рӯзи хуб хоҳад шуд.

– Хуб, аз ин чӣ фоида? – мепурсад ҳамсар.

– Ту боре гуфта будӣ, ки як рӯзи хуб маро тарк хоҳӣ кард.

\\\*

Шавҳар аз зани худ ҷудо мешавад. Судя мепурсад:

– Сабаб чист?

– Сабаб дар он аст, ки шавҳари ман мисли кундааблаҳ аст.

– Оё шумо инро, вақте ки издивоҷ мекардед, намедонистед?

– Намедонистам.

– Дурӯғ мегӯяд, вай медонист, мегӯяд шавҳар.

\\\*

Зани ҷавон гирякунон ба шавҳараш мегӯяд:

– Ман акнун фаҳмидам: падари ман тамоми дороии худро аз даст додааст!

– Ман ҳамеша ҳис мекардам, – гуфт шавҳар, – барои ҷудо кардани мо ӯ аз ҳеҷ чиз рӯ намегардонад.

\\\*

Марде тӯрхалтаи пур бо шишаҳои холӣ дар даст эҳтиёткорона дошта, дар кӯча мерафт. Дӯсташро вомехӯрад:

– Шишасупорӣ рафта истодаӣ?

– Не, ман бо занам ҷанг кардам, ӯ гуфт: «Чизҳоятро ҷамъ кун ва баромада рав».

ШИНОСШАВӢ

Омӯзгор ба хонандагон қоидаҳои одоби хубро мефаҳмонад:

– Дар зинапояҳо мард ҳамеша аз пеши зан меравад. Чаро?

Вовочка дасташро боло мекунад:

– Зеро хонум намедонад, ки он мард дар кадом ошёна зиндагӣ мекунад.

\\\*

Дар толори Хонаи истироҳат зане бо садои баланд ба телефони байнишаҳрӣ фарёд мезанад:

– Клара! Ту манро мешунавӣ?!

– Омаданро маслиҳат намедиҳам! Дар ин ҷо мутлақо мард нест. Бисёр духтарон истироҳат накарда рафта истодаанд!

ТАНДУРУСТӢ

Хонуми солхӯрдае мегӯяд:

– Бисёр ҳайратангез,пешрафт дар соҳаи тиб то ба куҷо расидааст! Пеш, вақте ки ман ба назди табиб 39 меомадам, онҳо ҳамеша аз ман хоҳиш мекарданд, ки либосҳоямро кашам, ва дуру дароз даст – даст мекарданд. Ва ҳоло ба забон менигаранд – ва ташхис омода аст!

\\\*

– Шумо аллакай ҷарроҳӣ кардаед?

– Бале.

– Пас чӣ тавр?

– Се ҳазор доллар!

– Манзурам, ту чӣ доштӣ?

– Танҳо як ҳазор.

– Не, шумо аз чӣ шикоят мекунед? – Музди кор баланд аст!

\\\*

– Усули беҳтарини ором кардани зан ҳангоми пурғашӣ, – мефаҳмонад психолог ба донишҷӯён, - ин бӯсидани вай аст.

– Истед, профессор, – садои ҷарангосии навҷавонона аз толор ба гӯш мерасад,– ва чӣ тавр ӯро бо роҳи осонтарини ба пурғашӣ расонидан мумкин аст?

РАФТОРИ РЕПРОДУКТИВӢ

Дар кӯдакистон ду духтарча бо ҳам пичиррос мезананд:

– Катя, ман ба ту як сирро пичиррос мезанам: ман медонам, ки чӣ гуна кӯдакон таваллуд мешаванд.

– Танҳо фикр кунед, ҳамин ҳам сирр будасту! – фаххас мезанад Катя, – Мана ман медонам, ки чӣ кор кардан даркор аст, то ки онҳо таваллуд нашаванд ...

\\\*

Ҳамоиши илмӣ идома дорад. Чунин масъала муҳокима карда мешавад, ки оё Ҳавво ба шавҳари худ Одам хиёнат мекард. Олимони гуногун баромад мекунанд. Баҳс ба вуҷуд омад. Он гоҳ академик– сексологи мо сухан гирифта,мегӯяд: – Мо аниқ гуфта наметавонем, аммо илм исбот кардааст, ки одам аз маймун пайдо шудааст.

ФАВТ

Футболбози маъруф мефавтад.

Дӯсти беҳтарини ӯ – шарики кӯҳан аз рӯйи даста мепурсад: Ту роҳашро ёфта, ба ман хабар бидеҳ: он ҷо чӣ гуна аст? Пас аз шаш моҳ – занг. Бозингари фавтида мегӯяд:

– Ман ду хабар дорам. Хуб ва бад.

– Хуб, аз хубаш оғоз кун!

– Бо футбол дар ин ҷо ҳама чиз хуб аст!

– Олиҷаноб! Хабари бад кадом аст?

– Ҳафтаи оянда туро ба ҳайати асосӣ дохил кардаанд!

пешина
аз 11
навбатӣ