Зеҳн
ҲАЗЛҲОИ ДЕМОГРАФӢ

Ба ҳамаи одамон хушбахтӣ меояд. Аммо на ҳама табассум мекунанд. Биёед табассум кунем, то хушбахтӣ ба ҳама табассум кунад

Ахбор · 26 октябри 2024 · 11 саҳифа · 1 писанд

Латифа
Аз аввал хондан

Шавҳар ба хона (аз ғаму андӯҳ дилшикаста) омада, ба занаш мегӯяд, ки ӯ рӯъёе доштааст, ва дар нимишаб дар фурӯшгоҳи оби ҷав марг аз пасаш хоҳад омад. Зан фикр карда, мегӯяд:

– Аммо ту намуди зоҳирии худро иваз кун ва он туро намешиносад!

Ӯ ҳамин тавр ҳамкард. Сарашро луч тарошида, либоси пуркарру фарр пӯшида, рафт. Соати 23.55 марг ба фурӯшгоҳ дохил шуда, ба атроф нигариста, мегӯяд:

– Хуб, агар ин бадбахт наояд, ман ҷони он дангосаи сартосро дар назди пештахта мегирам! ...

\\\*

Як яҳудии пир вафот мекунад. Васияти ӯро мехонанд: «Ба духтарам Сороҷон – 100 ҳазор ва хона. Ба набераам Риваҷон - 200 ҳазор ва хонаи тобистона. Ба домодам Шмулик, ки хоҳиш кардааст дар васиятномаам ӯро зикр кунам: «Салом, Шмулик!»

\\\*

Санитарҳо беморро ба мурдахона мебаранд.

– Маро ба куҷо бурда истодаед? - бемор бо овози заиф мепурсад.

– Ба мурдахона!

– Чаро, ман ҳоло зиндаам ку! – Зеро мо ҳанӯз нарасидаем!

\\\*

Дар ҷои намоён дар девор плакати рангоранг овезон аст, ки дар он бо ҳарфҳои калон навишта шудааст:«Алкогол оҳиста – оҳиста ба марг мерасонад!»

Ва дар поёни он касе бо ҳарфҳои хурд навиштааст: «Ва ман шитоб намекунам ...».

\\\*

– Бигӯед, - бемор аз ҳамҳуҷра мепурсад, – вақте духтур аз назди ман берун баромад, дар бораи ман чизе нагуфт?

– Мутлақо ҳеҷ чиз! Ӯ танҳо пурсид, ки тобут аз дар мегузарад ё не.

\\\*

Бобои ман ҳеҷ гоҳ ба табибон бовар намекард. Ӯ ҳамеша худро тибқи китоби кӯҳнаи дорухатҳо табобат мекард ...

– Ӯ пирамарди хубе буд. Аз ғалати чопие дар китоби кӯҳнааш мурдааст.

\\\*

Шавҳар, ки зуком шуда буд, дар бистар мехобид. - Азизам, агар ман мурда монам, ҳеҷ месўзӣ ?

- Албатта, азизам, худат медонӣ, ки ба ҳар кори намеарзидагӣ ҳам ашк мерезам.

\\\*

Франсуа ҷавон мурд. Баъди дафн беваи ҷавонро дугонааш то хонааш гусел кард.

- Бечора, ту акнун тамоман яккай. Ҳамсаре, ки ҳар бегоҳ интизораш мешудӣ, дигар намеояд...

- Э, ин бори аввал не. Вале акнун ман аниқ медонам, ки ў шабро дар куҷо мегузаронад.

\\\*

ЧAPOҒPO ДИДА...

Зани Афандӣ хомила буд. Як шаб дард гирифт. Афандӣ момодояро ҷеғ заду чарогро даргиронда дошта истод. Ҳануз момодоя як кудакро ҷобачо накарда, «ваа» гуён кудаки дигар ба дунё омад, момодоя, вайро гирифта куҷо монам гуфта фикр карда истода буд, ки садои кўдаки сеюм баромад. Афандӣ саросема чароғашро кушт.

Ў, мардак, шумо чй кор кар дед?! – гуфт момодоя ҳайрон шуда.

– Э ин фалокатҷо чароғро дида баромадан гиранд, аҳволи ман чӣ мешавад?! – ҷавоб дод Афандӣ.

ИЛОҶИ КОР

Зани Афандиро дард гирифт. Зоиданаш мушкил шуд. Дояҳо илоҷе наёфта, пеши Афандӣ омада аз ў маслиҳат пурсиданд. Афандӣ лаҳзае ба фикр рафту баъд чанд дона чормағз оварда, ба онҳо дод ва гуфт:

– Инҳоро зери зан бигзоред, бача, ки онхрро дид, барои бози бо чормағз зуд берун хоҳад омад.

АЗОБИ АФАНДӢ

Афандӣ ду зан дошт, яке ҷавон, дигаре пир. Ҳар вақт ба пеши зани ҷавонаш равад, торҳои сафеди ришашро меканад, ки ҷавон намояд, ба пеши зани пираш равад тоҳнои сиёҳи ришашро меканад, ки пиртар намояду ба пеши зани ҷавонаш наравад. Як рўз ба оина нигоҳ карда, дар муқобили худ марди беришеро диду ангушти ҳайрат газид.

ЗАНИ ДЎСТДОШТА

Мулло Насриддин ду зан дошт, як рўз занонаш пурсиданд:

– Кадоми моро бисёртар дўст медорӣ?

– Мулло Насриддин гуфт:

– Ҳардуятонро баробар дўст медорам.

Занҳояш аз ин ҷавоб қонеъ нашуда, саволашонро такрор накарданд ва зани хурдӣ пурсид:

–Агар мо ба завраке савор бошему заврақ дар миёни дарё чаппа шавад, кадоми моро халос мекунӣ? Мулло Насриддин ба зани калониаш рў оварда

гуфт:

– Ба фикрам, ту каме шино карда метавонӣ, маро лозим мешавад, ки туро ба ҳоли худат монам.

ПАЙКИ ТЕЗРАФТОР

Афандӣ зан гирифт. Зан баъди чаҳор моҳ писар зоид ва ба шавҳараш гуфт: – Ба писар чӣ ном медиҳи?

Гуфт:

«Пайки тезрафтор», чаро, ки роҳи нуҳ моҳро дар чаҳор моҳ тай кард.

МАКТАБ РАВ

Зани Афандӣ – арўси ҳафтрўза кўдак таваллуд кард. Афандӣ шитобон рафта, китобу дафтару қалам харида омад.

Пурсиданд:

– Афандӣ ин барои чӣ?

– Гуфт:

– Кўдаке, ки роҳи нўҳмоҳаро дар ҳафт рўз тай кард, яқин аст, ки дар ҳафт рўз ҳафтсола мешавад. Ҳафтсолаҳо ба мактаб мераванд ба онҳо китобу дафтару қалам лозим.

\\\*

БА ШАВҲАРИ ҲАФТУМ

Афандӣ зане гирифт, ки аз ў пеш панҷ шавҳар карда буду ҳамаи шавҳарҳояш аз олам чашм пўшида буданд.

Афандӣ ҳам рўзе сахт бемор шуд. Занаш ба сари болини ў омада гириста гуфт:

– Эй шавҳар, аз дунё рави, маро ба кӣ мемонӣ? – Гуфт:

Ба шавҳари ҳафтум.

НАВБАТ

Дар тавалудхона чанд нафар мард нигарони муждаи таваллуди фарзанд буданд, ки парасторе берун баромада ба яке гуфт: Қадами наврасида муборак, занатон як писари заркокул таваллуд кард.

Марди дигар, ки чаҳор соат боз интизорӣ кашида қадам мезад, ранҷида гуфт:

– Ин чи беинсофӣ, ман аз ин кас пештар омадам-ку! Чаро шумо аввал ба ин кас хабар овардед?!

БА ЧОИ СУРАТ

Афандиро зани таннозе ба меҳмонӣ таклиф кард. Афандӣ дар девори хонаи зан сурати мардеро дида, ҳазломез:

– Кошкӣ ман ба ҷои ҳамин мард мебудам, – гуфт.

– Агар ба ҷои вай мебудед, даҳ сол пеш мемурдед, – гуфт зан.

АФАНДӢ ВА ХОСТГОРҲО

Афандӣ як гови ношуд дошт, ба бозор бурда ба дасти даллол дод.

Даллол харидоронро даъват карда, гови Афандиро «гови зотй, синакалон, шири бисёр медихад, пагоҳ – фардо мезояд» – гуфта хуб таъриф кард, гов зуд ба фуруш рафт.

Афандӣ ба ҳунари даллол қоил шуда, ба хонааш омад, занаш гуфт, ки ба духтарашон хостгорҳо омадагӣ.

–Ман ба онҳо чӣ гуфтанамро медонам! – гўен Афандӣ ба хона даромад.

– Шумо духтар доштед, мо писар дорем, ба умеди бо шумо хешу табор шудан ба даргоҳатон қадам мондем, гуфтанд хостгорҳо.

Афандӣ ин гапро шунида, хурсанд шуда ба таърифи духтараш cap карда:

–Духтари хушрўй, зотӣ, синаҳояш калон калон, буғўз, пагоҳ– бегоҳ мезояд, шири бисёр медиҳад – гуфт.

Хостгорҳо ин гапро шунида:

– Аа, ин хел бошад, духтаратон ба худатон насиб кунад! – гуфта баромада рафтанд.

Зани Афандӣ доди бедод карда гуфт:

– Вай ман мурам, шумо чӣ хел падар, ки духтари худатона бадном карда суханҳои беҷо гуфтед. Духтартаърифкунй ҳаминхел мешавад-мӣ?

– Э, нодон,– гуфт Афандӣ, ман ин гапҳоя барои он гуфтам, ки бозори духтарамон тез шавад.

ЗАНИ САВДОГАР

Рўзе зани Афандӣ ба ў гуфт: Дар байни занҳо шинам, яктааш худаша ман зани қозй, дигараш ман зани муфтӣ, сеюмаш ман зани ҳоким гуфта таманно мекунанд, ман зани Афандӣ гуям механданд. Шумо то кай дар кунҷи хона мешинед, хезед равед ба ягон кор машғул шавед, ки ман ҳам забони дароз қати шавҳари ман ҳам фалону бисмадон гуям.

Гапи занаш ба Афандӣ маъқул шуду пагоҳӣ ба бозор рафта, даҳ дона тухмро дутангагӣ харида, як 47 тангагй фурухтан гирифт. Одамҳо тухми арзонро тала карда хариданд. Афандӣ бегоҳи кори кардагиашро ба занаш гуфта дод.

– Вой, вой, ин чӣ кори кардагиатон, ки ба ҷои фоида зарар кашидед?! – гуфт занаш.

– Эй занаки кутоҳақл, ба фоидаву зарараш чӣ кор дорӣ, маро савдогару туро зани савдогар гуянд шудаст – дия! – тасалло дод уро Афандӣ.

пешина
аз 11
навбатӣ