Зеҳн
ХОЛМУРОДИ МИРЗОБЕК ҲАМТАҚДИРОН ҚИССАИ ВОҚЕӢ

Хонандаи азиз! Китобе, ки инак ба даст гирифтӣ, қиссаи воқеӣ буда, аз зиндагии ду оила ва наздикону пайвандони онҳо ҳикоят мекунад ва зимнан чандин саҳифаҳои рўзгори нобасомони солҳои 90-уми асри гузаштаи ҷомеаи Тоҷикистонро равшан месозад. Китоб аҳаммияти тарбиявӣ дошта, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.

Зеҳн · 24 октябри 2024 · 22 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пагоҳӣ меҳмонон ширчойи соҳибхоназанро нўши ҷон карданду ба нияти рафтан анҷомҳояшонро ғундоштанд. Қайла ҳам тайёр буд, боз, соҳиби хона ба онҳо як халта дода гуфт, ки дар дарунаш талқони себ аст, талқони одӣ не, сахт печонда, хушк карда шудааст, бисёр ғизонок аст, онро махсус барои сафарҳои дурудароз тайёр кардаанд.

Соҳибхона рост мегуфтааст, роҳҳо бисёр душворгузар баромаданд. Аксар вақт лозим меомад, ки ба баландӣ баромада, сапас таваккал карда, сарозер ба поён фароянд. Қайлаву талқони хушк дар пайраҳаҳои пурмашаққату қувватфарсо ба онҳо хеле кумак карданд.

Бегоҳии рўзи сеюм ба қуллаи баланде расиданд.

Ҳавои ин ҷо хунук буд. Нохост болои сари онҳо абри сиёҳе пайдо шуду борон гирифт. Бачаҳо худашонро зери харсанге гирифта, то гузаштани борон, ним соат он ҷо монданд. Қариби бегоҳ аз пешашон бинои кўҳнаву нимвайроне баромад. Хона аз лой сохта шуда, бомашро андова карда буданд, дару мўрӣ ҳам дошт.

Боз борон бориду бачаҳо ба он ҷо паноҳ бурданд. Дар як кунҷ болои палосе чанд кўрпаи кўҳна рўи ҳам тал зада шуда буд. Шояд ин хонаро барои роҳгузарон сохта бошанд. Бачаҳо манзили муваққатияшонро рўбучин карда, ҳезум ҷамъ оварданд ва дар сандалии миёни хона оташ гиронда, либосҳояшонро хушконданд. Пас аз ноништа ҳамаро майли хоб омад.

Хоби ҳамаро нохост дод зада хестани Валӣ барҳам зад. Ў доду воайло мекард, ки ўро чизе газидааст.

Қобилҷон бархеста, ҳамроҳи Аббос, ки навбатдор буд, шамъро рўшан карда, пушти Валиро аз назар гузарониданд. Аввал пушту миён, баъд тамоми бадани ў ҳар ҷо - ҳар ҷо сурх шуда, варам кард. Баъд Ҳикмат ба доду вой даромад. Фаҳмида намешуд, ки онҳоро чӣ газидааст, шояд ягон ҳашароти заҳрдоре буд.

Мирзоҷон бедор шуда, аз борхалтааш чанд қуттичаи оҳанинро баровард ва яке аз онҳоро кушода, бо малҳами даруни он гиёҳи кўфташударо омехта кард ва ба захмҳои бадани Ҳикмату Валӣ молид.

Қарибиҳои субҳ, ки навбатдориро Қобилҷон қабул карда буд, дид, ки Ҳикмат боз ба ҷунбуҷул даромада, гоҳе даст ва гоҳе пояшро мехорад. Акнун ҳама аз хоб бедор шуда, сару тани худро мехориданд. Маълум шуд, ки ҳашарот канаи сабз буда, даруни кўрпаву палос хона кардааст. Бачаҳо либосҳояшонро бадар карда, аз сару бадани ҳамдигар канаҳоро канда партофтанд ва сипас ҳазориспанд дуд карда, малҳами омодакардаи

Мирзоҷонро ба ҷойҳои канагазида молиданд ва сипас хуб ба ҳоли худашон хандида, ба роҳ баромаданд.

То гашти рўз аз теппае гузашта, ба як дараи васеъ ворид шуданд. Аз даруни дара роҳи мошингард мегузашт, аз ин сабаб Мирзоҷон дастур дод, ки аз канортари роҳи калон хоҳанд рафт, бояд ҳушёру зирак бошанд ва ҳарчӣ зуд дараро убур карда, ба теппаи дигар бароянд. Бадии кор дар он буд, ки дара буттае ҳам надошт, то дар сурати мабодо бачаҳо пушти он пинҳон шаванд. Ҳарчанд ки бачаҳо зуд ҳаракат мекарданд, дараро ногумон убур карда натавонистанд.

Роҳ ним шуда буд, ки ногоҳ ба гўшашон садои мошин расид ва баъд аз як лаҳзаи дигар ду мошини калон ба назар намоён гаштанд. Мирзоҷон супориш дод, ки ҳама дар пушти тўдасангҳои начандон баланди дара дароз кашанд. Аммо аз назари онҳое, ки дар болои мошин савор буданд, пинҳон мондан муяссар нашуд.

Ҳарду мошин дар наздикии онҳо қарор гирифт ва мили силоҳи зиёде ҷониби бачаҳо рост шуд. Мирзоҷон рўмоли сафеди миёнашро кушода, болои сар алвонҷ додан гирифт. Силоҳдорон аз мошинҳо поин шуданд ва сардори онҳо ба бачаҳо нидо кард:

—Дастонатонро пушти сар дошта, ин ҷо биёед!

Мирзоҷон бо ишора ба Қобилҷон фаҳмонд, ки таппончаро пинҳон кунад ва гуфт, ки касе аз аҳли гурўҳ гап назанад, “танҳо гуфтаҳои маро тасдиқ намоед, шуд”, таъкид кард вай. Ҳанўз ҳам даҳ-ёздаҳ мили автомат ҷониби онҳо равона гардида буд. Бачаҳо ба мошинҳо наздик шуда буданд, ки чор силоҳбадаст давида омаданд ва дашномкунон ҳамаи онҳоро қатор монда, ба кофтуков сар карданд. Яке аз онҳо, ки хеле қаддароз буд, рў ба рўи Қобилҷон истоду як лагад дар пои ў зада гуфт, ки пойҳояшро аз ҳамдигар дур монад.

Қобилҷон мижа назада, чун дигар ҳамроҳонаш дастҳо пушти сар меистод. Ҷангии афғон ҳама ҷои ўро даст- даст карда, чизе пайдо накард. Халтаашро кофт, он ҷо ҳам чизе набуд. “Он тараф гузар!” гуфт вай бо овози хирии дағал. Чун гумонбарҳо “тоза” баромаданд, яке аз силоҳбадастон ба назди мошини якум рафта, ба нафари дар кабина нишаста чизе гуфт. Марди тахминан 30-35-солаи тануманде аз мошин фаромада, назди бачаҳо омаду бо чашмони хуморолудаш ҳар яке аз онҳоро синчакорона таҳқиқ кард. Вай ба назди Мирзоҷон расида, дар рў ба рўяш қарор гирифт ва рост ба чашмон ў нигоҳ кард. Лабонаш ба хандаи таҳқиромез моил буданд, аён буд, ки таҳти таъсири маводи мухаддир қарор дорад. Мирзоҷон беҳаракат меистод, вай медонист, ки як ҳаракати зиёдатӣ, як сухани ноҷо дар муқобили ин нашъаманду кўкнорӣ оқибати нохуш хоҳад дошт. Чунин ашхос худро ғолибу қудратманд эҳсос карда, ҳеҷ гуна муқобилиятро намепазиранд. Мирзоҷон ба саволҳои вай кутоҳу фаҳмо ҷавоб мегардонд, кўшиш мекард, ки “саги девона” ба ғазаб наояд. Аз суханонаш маълум шуд, ки сарвари ҷангиён Сабур ном дошта, дар ин минтақа қумондон будааст. Сабур пурсид, ки агар бачаҳо аз зиндон ҷавоб шуда бошанд, пас, либосҳои ҳарбиро аз куҷо гирифтаанд? Мирзоҷон гуфт, ки либосҳоро ба онҳо зиндонбонҳо додаанд. Ин посух қумондонро қаноатманд карда натавонист ва вай фармуд, ки онҳоро ба мошин савор карда, ба қароргоҳ баранд.

Мошинҳо дарун-даруни дара тахминан 4-5 км роҳ паймуданд ва баъд тоб хўрда, ба як баландӣ баромаданд. Дар ҳамворие дур-дур аз якдигар 4 бино қомат афрохта буд. Мошинҳо ба назди як бинои дуошёнаи боҳашамати сангӣ расида истоданд. Атрофи хона ҳам бо сангдевор иҳота шуда буд, дар як тарафи ҳавлии васеъ боғи калон, дар ҷониби дигар чанд хоначаи пастак ба назар менамуданд. Сабур фармон дод, ки бандиҳоро бурда, дар хонаи панҷарадори канори ҳавлӣ маҳкам кунанд.

Хонаи сангин аз ду тарафаш тирезаҳои панҷарадор дошт ва аз афташ, ҳамчун ҳуҷра-зиндон истифода мешуд. Бачаҳо ба хона даромадан баробар, ду силаҳдор дари чўбинро аз пушти онҳо қуфл зада рафтанд. Бисёр аламовар буд, ки онҳо ҳамагӣ чандсад қадами охиринро то хоки Ватан гузашта натавонистанд. Ҳама хомўшу ғамгин болои гилеми фарсуда ва чор курпаи куҳнае, ки рўи фарши гилини хона партофта шуда буд, нишастанд.

Рўз ҳам торик мешуд. Нафаре як чароғи хирасўз овард, дар назди бачаҳо нону шавлаю чой монд ва чизе нагуфта, дарро маҳкам карду рафт. Аз тирезаи хона дида мешуд, ки бинои дуқабатаи боҳашамат чароғон аст, онро як генератор равшанӣ медод.

Пагоҳӣ бандиёнро бароварда, аз хонаи сангин дуртар бурданд ва ба дасти ҳар кадоме бел дода, фармуданд, ки мувофиқи нақшаи дар он ҷо тарҳрезишуда барои рехтани таҳкурсии хона заминро канда чуқур кунанд. Онҳо то бегоҳ таҳти назорати ду силоҳдор кор карданд.

Саҳарии рўзи дигар, пеш аз ба кор баромадан Мирзоҷон аз посбонҳо илтимос кард, ки ўро ба назди Сабур баранд, ба вай гапи муҳим дорад. Яке аз посбонон ўро пеш-пеш карда, бурд. Қумондонро дар беруни бино вохўрданд, аммо ҳанўз Мирзоҷон лаб накушода буд, ки вай бо истеҳзо гуфт:

—Аллакай кор ба дилатон зад, хаста шудед? Шумо камаш ду ҳафта ин ҷо мемонед. Ман, то он вақте ки дурустии гуфтаҳоятро дақиқ накунам, шуморо озод нахоҳам кард. Кӣ медонад, шояд ҷосусҳои Покистон ё

Амрико бошед. Сабур бошеду коратонро кардан гиред, ман нафареро ба Файзобод равон кардам, вай масъаларо рўшан карда бармегардад.

Сабур гапашро тамом кард ва ба Мирзоҷон эътиное накарда, ба мошин нишасту рафт. Мирзоҷон ноумед ба назди шароиконаш баргашт. Онҳо аз авзои ў пай бурданд, ки оқибати корашон ба хайр нест.

Дуртар аз он ҷое, ки бачаҳо таҳкурсӣ меканданд, теппаи сербуттаву дарахте намудор буд. Мирзоҷон тамоми манзараи атрофро таҳқиқ карда буд. Аз хонаи сангин то ҷойи корашон 120 қадам, аз ҷойи кор то бешазор тахминан 700-800 қадам масофа буд.

Бегоҳӣ, вақте пеш-пеши силоҳдоре ба хонаи сангин медаромаданд, бо нигоҳаш дари хонаро муоина кард.

Он ба воситаи чўбҳои ғафс ба девор часпонда шуда буд. Бо арра ё ҳатто корди калоне чўби бо девор пайвастшударо буридан ё шикастан мумкин буд. Аммо онҳо бо худ ин гуна асбоб надоштанд. Ҳар бегоҳ, пас аз анҷоми кор асбобу анҷомҳоро аз дасташон мегирифтанд.

Шаб нақшаи гурехтан дар фикру андешаи Мирзоҷон пухта расид. Вай рўзи дигар, ҳангоми хўроки нисфирўзӣ Қобилҷонро аз нақшаи худ огоҳ кард. Танҳо бегоҳи рўзи дигар, яъне рўзи чорум ба онҳо муяссар гардид, ки асбоберо бо худ ба хона дароранд. Пас аз он ки посбонҳо дарро ба рўи бачаҳо баста рафтанд, Қобилҷон аз таги либосҳояш ашёи латтапечшудаеро баровард, ки он як арраи бедаста будааст. Посбон шабона сари ҳар ним соат ба назди хонаи сангин омада, дару тирезаҳои онро аз назар мегузаронид ва пас аз он ки ба хоб будани бандиҳо итминон ҳосил мекард, баргашта ба бинои худашон мерафт. Ана ҳамин фосилаҳои нимсоатинаро истифода бурда, бачаҳо банавбат чўбҳои ғафси поядариро буриданд. Арра, бедаста бошад ҳам, хайрият, дандонаҳояш тез буданд, кор то саҳар идома ёфта, ба анҷом расонида шуд. Соати фирор шаби оянда муқаррар гардид.

Рўзи панҷум пас аз нисфирўзӣ, аз чӣ бошад ки онҳоро ба кор набароварда, оварда, дар ҳуҷра-зиндон дарро ба рўяшон бастанд. Яке аз посбонҳо дар пушти дар монду дуюмӣ рафт. Аз тиреза дида мешуд, ки чун посбони дуюм ба назди бинои асосӣ, яъне идора баргашт, Сабур бо ҳамроҳии муҳофизонаш ва 10-12 силоҳбадасти дигар аз он хона баромаданд ва ҳамаашон ба ду мошин нишаста, бо саросемагӣ рафтанд. Маълум буд, ки дар бинои асосӣ ба ғайр аз зане, ки шояд ошпаз ва хизматгор буд, касе намондааст. Он зан гоҳ-гоҳ ба рўи ҳавлӣ даро-баро карда, ба рўбучини хона машғул буд. Он ҷо як зан ва пушти дар як силоҳбадаст, дигар ҳеҷ кас. “Ин фурсати қулайро набояд аз даст дод” гуфт худ ба худ Мирзоҷон ва гўшакӣ карда, ба бачаҳо нақшаи гурехтанро гуфта дод. Дар ин кори пурхатар ҳар кадоме аз онҳо вазифаи худро доштанд. Нақша аз амали Қобилҷон оғоз меёфт.

Посбон бори навбатӣ хонаро давр зада, ба назди дар расида буд, ки Қобилҷон дарро афтонда, ўро аз пояш паронд. Сипас дасту пои посбонро баста, ба даҳонаш латтапорае сахида, бачаҳо аз хона баромаданд ва мувофиқи нақшаи пешакӣ сўйи беша давиданд. Қобилҷон силоҳи посбонро гирифта, аз паси бачаҳо тохт. Онҳо зуд ба бешазор расиданд. Аз пешашон ҷарие баромад, ки аз он поин шудан имконнопазир менамуд. Мирзоҷон роҳи фаромаданро меҷуст, Қобилҷон бошад, аз ҳама охир мавқеъ гирифта, ақибро назора мекард, ки мабодо аз пушташон расида биёянд. Ниҳоят, Мирзоҷон роҳи аз ҷарӣ поин шуданро дарёфт намуда, ҳамаро аз пушти худаш даъват кард. Онҳо чанд километри дигарро пушти сар монда, дар як ҳамворие таваққуф карданд.

Дар пешашон боз як нишебии дигаре меистод, ки аз аввалӣ дида пурхатар буд. Мирзоҷон арғамчини дарозашро аз халта бароварда, ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Дар ҳақиқат, пухтакору дурандеш буд вай.

Охир, чӣ гуна тавонистааст, ки чунин асбоби наҷотбахшро барои ин лаҳза нигоҳ дорад? Як тарафи арғамчинро ба дарахти калоне бастанд ва тарафи дигарашро Қобилҷон ба миёнаш баста, бо эҳтиёт аз ҷарӣ поён фаромад. Мирзоҷон арғамчинро дошта истода, онро кам-кам сар медод. Ў ҳамаи шариконашро фароварду баъд худаш поин шуд. Ҳамин тавр, боз чандин кўҳпораро гузашта, дар охир ба як ҳамворӣ баромаданд. Аллакай рўз ҳам ба бегоҳ расида буд. Мирзоҷон чун дид, ки ҳама аз по монда, дигар қуввати ҳаракат надоранд, гуфт, ки чанд соат дам гиранд. Миёни буттазоре нишастанд ва Мирзоҷону

Қобилҷону Аббос ба ҷустуҷўи ягон ҷои муносиб баромаданд, то шабона он ҷо бимонанд. Аббос 200-қадам онсўтар кашаре пайдо намуда, ҳамаро даъват кард. Кашар миёни дарахтону буттазор ҷойгир буд.

Ҳезум ҷамъ карда, гулхани пастакаке афрўхтанд.

Хайрият, Қобилҷон ҳушёрӣ карда, каме аз ҳамон талқони себи чўпониро дар халтааш нигоҳ дошта будааст, ки ин лаҳза онро нўши ҷон карданд ва сипас гулханро хомўш намуданд. Мирзоҷон гуфт, ки ў навбатдор мемонад, дигарон хоб кунанд.

Ними шаб ба гўши Мирзоҷон садои хишир-хишире расид ва ў дарк намуд, ки ин ҷайра асту меваҳои аз дарахтон афтидаро мехўрад. Қобилҷонро бедор кард ва онҳо дукаса калтак гирифта, ҷайраро сайд карданд. Бачаҳо ҳама аз хоб бедор шуда хурсандӣ карданд, ки акнун шикамҳояшонро бо хўроки серғизо сер хоҳанд кард.

Субҳ нодамида Аббос Ҳикматро аз хоб бедор кард ва онҳо дукаса ҷайраро пўст канда, гўшташро майда карданд. То ин вақт дигарон ҳам аз хоб хеста оташ гиронданд, дар он аз гўшти лаҳми ҷайра сихкабоб пухта, ба серӣ хўрданд ва боқимондаашро дар қўри алов пазонда, дар халтаҳо бардоштанду роҳашонро давом доданд. Мирзоҷон гуфт, ки бояд онҳо ба тарафи ғарб ҳаракат карда, ҳарчӣ зудтар аз кўҳи дар рў ба рўяшон истода гузаранд.

То нисфирўзӣ ба нимаи кўҳ расида, қарор доданд, ки бояд то бегоҳ ба қуллаи он расида гиранд, аммо Валӣ, ки аз гўшти ҷайра хўрдан нахоста буд, дигар қуввати роҳ рафтан надошт. Қобилҷон исрор кард, то ў гўшти ҷайраро бихўрад, вагарна бачаҳо маҷбур мешаванд, ки ўро партофта раванд. Валӣ чашмонашро пўшида, чанд бурда гўштро аз ноилоҷӣ фурў бурд.

Бачаҳо бо фаромадани торикӣ ба қуллаи кўҳ расиданд. Ҳавои баландӣ хеле хунук буд, вале гулхан афрўхтан имкон надошт, зеро онҳоро ба осонӣ метавонистанд аз чор тараф ошкор намоянд. Болои сўфасангеро бо матоъ пўшонда, гулхани хурдакаке афрўхта гарм шуданд ва пасон банавбат сари хобашонро гирифтанд.

Субҳ надамида Мирзоҷон хесту атрофро аз назар гузаронд. Дар самти шимол, каме дуртар аз онҳо ҳамвории васеъ метофт. Вай каме ҳезуми хушк ҷамъ оварда, бачаҳоро аз хоб бедор кард ва гулхан афрўхт.

Онҳо аз ғояти сардӣ ба ҳамдигар часпида мехобиданд.

—Шумо хеста, гарм шудан гиред, ман атрофро як дида бароям,— гуфт Мирзоҷон ба сўи ҳамворӣ ишора карда.

—Мирзоҷон, нав ба ёдам зад, охир ман дурбин дорам-ку! Рўзе, ки дастгирамон карда анҷомҳоямонро кофтанд, ҳангоми ҷамъ кардани либосу коло ана ин дурбинро, ки силоҳбадасте онро дар назди ман фаромўш карда буд, ба миёни либосҳоям гирифта, ба халта андохта будам,— гуфт Аббос ва дурбинро ба

Мирзоҷон дароз кард.

Аз байн қариб ним соат гузашт, вале аз Мирзоҷон хабар набуд. Боз чанд дақиқаи дигар гузашту Қобилҷон бетоқат гашта, сўйи ҳамворӣ равона шуд.

Чанд қадам монда буд, ки аз дур давида омадани Мирзоҷонро дида, ба дилаш таҳлука афтод. Вай бачаҳоро ба пушти харсанг гузаронда, худаш ба пешвози Мирзоҷон баромад.

—Кўпрук, кўпрук!,— гуфт аз шодӣ шукуфта

Мирзоҷон ва Қобилҷонро ба оғўш кашид.

Бачаҳо ҳам аз пушти харсанг баромада, якдигарро ба оғўш гирифтанд, бўсиданд ва шодӣ ашк рехтанд.

—Он ҷо, он ҷо,— ба самти шимол ишора карда мегуфт Мирзоҷон, ки ҳанўз ҳам нафасашро рост карда наметавонист,— пушти ҳо ана ҳамон баландӣ дарёи Панҷ аст ва рўи он кўпрукест, ки ду соҳилро ба ҳам пайваст мекунад. Ман бо дурбин ҳатто парчами Тоҷикистонро, дидам, ки дар болои баландие алвонҷ мезад.

Хурсандии бачаҳоро тасвир кардан мушкил аст. Як номи Ватан ва бўи он гўё ҳама ранҷу дарди ғурбатро аз ёди онҳо бурда буд, ки механдиданду мерақсиданду якдигарро муборакбод мегуфтанд.

—Ману Қобилҷон рафта, бо дурбин кўпрукро, ин тарафу он тарафи онро аз назар мегузаронем. Аббос, ту роҳи ба ҳамворӣ фаромаданро ҷустуҷў кун, вале эҳтиёт шав, дар ин ҷоҳо ҳам шояд гурўҳҳои силоҳбадаст бошанд,— гуфта Мирзоҷон дурбинро ба гардан овехту аз ҷо бархост.

Вақте ки онҳо ба канори ҳамворӣ расиданд,

Қобилҷон дар поён, дар рў ба рўяшон купрўкро дид, кўпрукеро, ки ўро ба орзуҳои деринааш мепайваст.

Онҳо зери буттаи баланде истода, бо дурбин он тарафи дарёро хуб тамошо карданд. Паҳноии купрўк тахминан 3 метр менамуд. Охири он дар қисмати Тоҷикистон бо девори муваққатии бетонӣ маҳкам карда шуда буд.

Начандон дуртар аз кўпрук парчами хушранги Тоҷикистон ба чашм мерасид, поёнтар хонаҳои аз хишт бунёдгардидаи сарҳадбонҳо қомат афрохта буданд, дар майдони васеъ ду мошини ҷангии “БТР” меистод. Дуртар аз дидбонгоҳи сарҳадӣ деҳаи калоне ҷойгир шуда буд, ки дар як тарафи он бинои мактаб менамуд. Ана, як гурўҳ духтарони деҳа ба лаби дарё мефарояд, дар дастҳояшон сатилу кўза доранд... Дили

Қобилҷон ба ёди Ватан гум зад, вуҷудашро эҳсоси ширине фаро гирифт, лаҳзае худашро дар олами афсонавӣ тасаввур кард.

—Хўш, чӣ пешниҳод дорӣ, чӣ тавр аз кўпрук гузаштан даркор?,— пурсид Мирзоҷон.

—Ҳоло намедонам, лекин рўзона намешавад, шаб гузаштан даркор,— посух дод Қобилҷон.

—Дуруст мегўӣ, шабона гузаштан даркор, чунки сарҳадбонҳо бе ҳуҷҷат ба мо бовар намекунанд,— гуфт

Мирзоҷон оҳ кашида ва пас аз сукути кутоҳе қотеона илова намуд:— Имшаб реҷаи кори сарҳадбононро омўхта, шаби оянда мегузарем.

Аббос ҳам роҳи аз баландӣ фаромадану пинҳонӣ ба кўпрук расиданро пайдо карда буд. Бегоҳӣ бачаҳо дар зери харсанг оташ афрўхта гарм шуданд, гўшти боқимондаи ҷайраро тановул карда, то як поси шаб дар бораи он нақшаҳое, ки дар Ватан амалӣ хоҳанд кард, суҳбат оростанд.

Мирзоҷон, Қобилҷон ва Аббос ба сари баландӣ рафта, қариб то саҳар реҷаи посбонии сарҳадбононро назора карда омўхтанд. Посбонҳо то соати 11-и шаб дар назди кўпрук истода, баъд ба хонаи дамгирияшон, ки тақрибан 100-120 метр дуртар аз соҳил буд, рафтанду дигар то рўз шудан аз он ҷо набаромаданд.

Рўзи дигар бачаҳо бо он роҳу гузаргоҳҳое, ки дирўз Аббос ошкор карда буд, ба соҳили дарё наздик омада, даруни оббурдае мунтазири шаб шуда, мавқеъ гирифтанд ва чун шаб бо пардаи сиёҳи худ ҳама ҷоро пўшонд, аз роҳи мошин гузашта, дар наздикии кўпрук пинҳон шуданд. Онҳоро мебоист дар ин паноҳгоҳе, ки на он қадар хушоянд буду хорҳои буттаи гулхор ба либос дармонда, панҷаҳои дастро хуншор менамуданд, то соати ёздаҳи шаб, яъне боз бештар аз як соати дигар тоқат мекарданд. Аббоси тезчашм посбонҳоро назора карда, ҳар як ҳаракати онҳо, нишасту хезашонро ба шариконаш гуфта медод.

Ғурриши баланди дарё амалиёти гурўҳро осонтар менамуд, яъне агар онҳо аз болои кўпрук давида гузаранд ҳам, садои пойҳояшон дар миёни ҳуштаккашиҳои рўди сармасти Панҷ гум шуда мерафту ба гўши сарҳадбонҳо намерасид. Аз ин ҷиҳат бачаҳо хотирҷамъ буданд, фақат дуо мекарданд, ки дар вақти аз болои кўпрук гузаштан ягон мошини раҳгузари афғонҳо пайдо шуда, ҳама ҷоро рўшан накунад.

Соат ёздаҳу сӣ дақиқа. Ҳама ҷо ором. Аҳли гурўҳ дастмъона дуо карданд, ки Худованди меҳрубон онҳоро дар лаҳзаҳои охирини интизорӣ, интизорие, ки чандин бор ҷони онҳоро ба гарав гирифта буд, ноумед накунад. Аббос ба пеш даромад, аз қафояш Мирзоҷон ва баъд дар масофаи пешакӣ муайянгардида чор нафари боқимонда гаваккашон аз болои кўрук гузаштанд. Аббос боэҳтиёт девори муваққатии рўи кўпрукро аз назар гузаронд. Аз он гузаштан ғайриимкон буд. Ду тарафи деворро санҷида дид, ки аз як тарафи он таваккал карда поён фаромадану аз рўи болори оҳанини қабати якуми кўпрук гузаштан мумкин буд. Мирзоҷон дасти ўро дошта кумак кард, ки поён фарояд, баъд ҳамин тавр ба бачаҳои боқимонда ҳам кумак карду дар охир худаш бо ёрии Қобилҷон ба қабати якум гузашт. Дигарон аллакай ба соҳил баромада аз назар пинҳон шуда буданд. Акнун бояд гурўҳро Қобилҷон раҳнамоӣ мекард, зеро вай дирўз наздиктарин хонаи назди соҳил ва пайраҳаи онро мушаххас карда буд.

Аз дидбонгоҳи сарҳадӣ хеле дур рафтанд. Ана, хонаи канори деҳа низ ба чашм намоён шуд. Ба ҳавлӣ наздик шуда буданд, ки саги азимҷуссае беист аккос зада, ба пешвози онҳо баромад. Аккоси саг соҳибхонаро ҳам безобита намуд, ки пас аз чанд лаҳза марди шаст-шаступанҷсолае дар сари китф ҷома ва ба дасташ фонус аз хона берун шуда, номи сагашро гирифта садо баровард. Саги ҳушёр ҳамоно ба сўи меҳмонҳои нохонда аккос мезад. Чароғи ҳавлӣ равшан шуд. Соҳиби хона пештар омад. Мирзоҷон бо ишора шариконашро “ҳамин ҷо шинед” гуфту худаш овоз равшан карда, ҷониби соҳибхона рафт. Онҳо саломалайк карда, суҳбаткунон ба яке аз ҳуҷраҳои канори хона даромаданд. Аз миён панҷ дақиқа нагузашта буд, ки Мирзоҷон ҳамроҳи соҳибхона омада, дигаронро ҳам гирифта бурданд.

Соҳиби хона меҳмонони шабгардашро хайрамақдам гуфт, зери пояшон кўрпа партофт ва аз рўи таомули тоҷикӣ барои овардани чою нон ба хонаи дигар гузашт.

Мирзоҷону Қобилҷон, Аббосу Самад, Ҳикмату Валӣ ба чашмони ҳамдигар нигариста, оҳи сабук кашиданду беихтиёр ашки шодӣ рехтанд ва сипас худашонро ба пушт партофта, каме хастагии кўҳнашудаашонро бароварданд. Соҳибхона, ки як марди чорпаҳлуи кушодчеҳра буд, дар як дасташ дастурхон, дар дасти дигараш чойники чой ба назди меҳмонон даромад. Зуд ҳама аз ҷойҳояшон хеста чорзону зада нишастанд. Дар як лаҳза ҷурғоту чормағз ҳам муҳайё шуд.

Бачаҳо суханони якдигарро бурида соҳибхонаро саволборон мекарданд. Аҷаб ширинзабон буд ин ҳамватан ва аҷоиб лаззате дошт нону чойи тоҷикӣ.

Онҳо ҳар як сухани соҳибхонаро бо тамоми ҳушу гўш мешуниданду аз он ки дар Тоҷикистон сулҳу тинҷӣ шудааст, дар дилашон шуълаи умед фурўзонтар мегашт. Бачаҳо то субҳ суҳбат карданд, хуб хандиданд, барои зиндагии ояндаашон нақшаҳо кашиданд, орзуҳо парвариданд. Чӣ гуна хурсанд нашаванд, ки дуояшон мустаҷоб шуду Худо ба онҳо меҳрубонӣ кард. Соҳиби хона Комроншоҳ низ ваъда дод, ки ҳама хоҳишҳояшонро иҷро мекунад. Мирзоҷон пайсаҳои боқимондаи афғонӣ ва боз чанд доллари амрикоиро аз ҷайбаш бароварда ба вай дод ва хоҳиш кард, ки барояшон либос пайдо кунад ва агар илоҷашро ёбад, роҳу воситаҳои то Душанбе рафтани онҳоро ҳам фаҳмида гирад.

Акои Комроншоҳ субҳи барвақт аз хона баромаду қариби нисфирўзӣ баргашта ба бачаҳо либос овард.

Ҳама шустушў карда, ришу рўяшонро тоза карда, либосҳои нав ба бар карданд. Соҳибхона гуфт, ки пас аз ду рўз як мошини боркаш ба Душанбе меравад ва агар бачаҳо хоҳанд, аз ронанда хоҳиш мекунад, ки онҳоро сиҳат саломат то пойтахт бурда расонад. Аз чунин пешомади кор ҳама хурсанд шуданд.

Пагоҳии рўзи дигар, вақте ки Қобилҷон хост ришҳояшро тарошад, акои Комроншоҳ ўро ба хонаи дигар гузаронд. Он ҷо чашми Қобилҷон як назар ба сурати умумие афтод, ки онро дар як чорчўба ҷой карда, дар девори хона овехта буданд. Вай дар аввал ба сурат аҳамият надод, аммо он чорчўба қувваи ноаёне дошт, магар ки нигоҳи ўро ба сўи худаш кашидан гирифт. Баъд аз он ки ришашро тарошиду дасту рўяшро бо сачоқи сап сафед пок кард, ба назди чорчўбаи суратдор омада, қувваи ҷозибаи онро муайян карданӣ шуд. Худоё, он сурати умумии донишҷўён- хатмкунандагони чанд сол пештари донишкадаи политехникӣ, ҳамкурсони акааш Олимҷон буд. Ана,

Олимҷон дар миёни ҳамкурсонаш, бо ҳамон табассуми ширину зебандааш. Қобилҷони ҳайратзада дар назди чорчўбаи суратдор шах шуда монда буду ба хона даромадани акои Комронро пайхас ҳам накард.

Соҳибхона пештар омада аввал ба Қобилҷон, баъд ба сурат нигарист, аммо чизеро нафаҳмида китф дарҳам кашид.

—Ин акаи ман, бародари ҳамхунам аст,— гуфт ниҳоят ба худ омада Қобилҷон ва бо ангушташ Олимҷонро нишон дод.

пешина
аз 22
навбатӣ