Зеҳн
ХОЛМУРОДИ МИРЗОБЕК ҲАМТАҚДИРОН ҚИССАИ ВОҚЕӢ

Хонандаи азиз! Китобе, ки инак ба даст гирифтӣ, қиссаи воқеӣ буда, аз зиндагии ду оила ва наздикону пайвандони онҳо ҳикоят мекунад ва зимнан чандин саҳифаҳои рўзгори нобасомони солҳои 90-уми асри гузаштаи ҷомеаи Тоҷикистонро равшан месозад. Китоб аҳаммияти тарбиявӣ дошта, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.

Зеҳн · 24 октябри 2024 · 22 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар ҳақиқат, Аббос дар торикӣ ҳама чизро медидааст. Суръати ҳаракати онҳо баландтар шуд. Аз нишебии дилбазан ва аз миёни буттаҳои гулхору хўч гузашта, ба ҳамворӣ расиданд. Мирзоҷон амр кард, то барои дамгирӣ чанд дақиқа бозистанд. Онҳо каме дами худро рост карданд. Мирзоҷон Самадро назди худ хонда, дасташро молид ва фаҳмид, ки он аз буғумаш баромадааст. Аз борхалтааш чароғаки дастиро баровард ва ба Қобилҷон гуфт, ки болои рўшноиро бо латтае пўшонад, то шўълаи он ба берун нарасад. Ба Аббос фармуд, ки дасти Самадро сахт дошта ба тарафи худ кашад. Самад як дод гуфту баъд ором гирифт.

Дасти ўро бо дока сахтакак печонда бастанд.

—Ана, тамом, дигар туро ҳеҷ бало намезанад,— гуфт Аббос.

—Акнун хестем. Аббос, ба пеш, ана ба ин тараф, ба самти шимол ҳаракат мекунем. Рафтем!— фармон дод Мирзоҷон.

Бачаҳо тақрибан дуюним се соат роҳ паймуданд.

Ҳарчанд ки роҳ ба ҳамворӣ расида буд, аз буттазорҳо гузаштан мушкилоти зиёд дошт. Ана, боз аз пеши онҳо бешаи сердарахт баромад. Мирзоҷон, чун ҳис кард, ки ҳама хаста шудаанд, амр дод, то чанде таваққуф кунанд. Зери дарахти калоне, ки ба дўлона монанд буд, нишастанд. Мирзоҷон гуфт, ки акнун ба ҷои бехатар расидаанд ва мешавад, ки то дамидани субҳ дам гиранд. Қобилҷонро навбатдор монда, дигарон дароз кашиданд. Аз ғояти хастагӣ дар як лаҳза ҳамаро хоб бурд. Фақат Мирзоҷон баъди ҳар 15-20 дақиқа бедор мешуд ва чун ба бедор будани Қобилҷон эътимод пайдо мекард, дубора чашмонашро мепўшид.

Субҳ шуд. Мирзоҷон хест ва ҳамроҳи Қобилҷон рў ҷониби офтоббаро намуда, хомўш сапедадамро тамошо кард. Баъд аз он ки нурҳои хуршед ҳама ҷоро равшан карданд, бачаҳо диданд, дар миёни ҷангалзори беканоре қарор доранд ва дар самти шарқ кўҳи баланде сар ба фалак кашидааст. Онҳо ноништа карда, ба рафтан омода шуданд. Мирзоҷон қоидаҳои сафари дурурдарози дарпешистодаро шарҳу тавзеҳ дод ва худ пеш даромада, амр кард, ки ҳама дар як қатор саф кашида, беақибмонӣ аз қафои вай ҳаракат кунанд.

Қобилҷон, бинобар пурбардошт буданаш, аз ҳама ақиб мерафт. Дар ҳолати бо одамон рў ба рў шудан, мувофиқи қарордод фақат Мирзоҷон бо онҳо суҳбат мекард, чунки ў лаҳҷаи афғониҳои шимолиро нағз ёд гирифта буд. Агар касе пурсида монад, онҳо худашонро тоҷик не, афғон муаррифӣ мекунанд.

Мегўянд, ки 3 сол пеш зиндонӣ шуда буданд ва акнун мураххас гардида, ба зодгоҳашон Файзобод равонанд.

Либосҳои низомии худро бароварда, дар халтаҳо ҷой карданд ва либосҳои афғонӣ пўшида, ба сарҳошон кулоҳҳои афғонӣ монданд. Мирзоҷон тапончаро бо тирдонаш бароварда ба Қобилҷон дод ва гуфт, ки:

—Дар байни мо ту нишонзани беҳтаринӣ, бигзор он дар дасти ту бошад, аммо то даме ки зарурати сахт пайдо нашавад, онро истифода намебарӣ.

Маслиҳат шуд, ки рўзона ҳарчӣ бештар роҳ рафта, шабона дам гиранд.

—Мо ба ҳеҷ ваҷҳ ба деҳаҳои калон намедароем, танҳо метавонем аз деҳкадаҳое, ки ҳамагӣ 5-10 хона доранд, ягон ҳоҷат бипурсем,— дастур дод сардор.

Дар ҳақиқат, бачаҳо бо ришҳои расидаву либосҳои таҳҷоиён аз афғонҳо ҳеҷ мондание надоштанд.

Мирзоҷон харитаро хуб аз назар гузаронда, самти ҳаракатро дақиқ намуд ва гурўҳ ба роҳ даромад. То торик шудан роҳ гашта, ба доманакўҳе, ки дар тарафи шарқии ҷангал буд, расиданд ва барои шабгузаронӣ камареро интихоб намуданд. Аз наздикӣ ҷўйборе ҷорӣ буд, ки оби ширину гуворо дошт. Ҳезуми бисёре ҷамъ карда, гулхан афрўхтанд. Тўшаву талқонашонро бароварда, каме тановул карданд ва азбаски мондагӣ корашро карда буд, ҳамаро хоб зер кард. Ин дафъа

Аббос навбатчигиро ба зимма гирифт ва пас аз нисфи шаб ўро яке аз шарикон иваз намуд.

Акнун ҷангалзор пушти сар монда буд. Рўзи дигар роҳи онҳо аз доманакўҳҳо мегузашт. То нисфирўзӣ ба дашти калоне расиданд, ки саросар буттазор буд. Ҳар ҷо-ҳар ҷо аз дўлонаҳои калон-калону бомазза даҳон ширин мекарданду кам-кам аз он дар борхалтаҳояшон ҳам мегирифтанд. Барои тановули хўроки нимрўзӣ зери як дўлонаи бисёрсолаи сернавдаву серсояе нишаста, аз консерваҳои гўшти аспашон “шўрбо” пухтанд.

То бегоҳӣ ду теппаи баландро гузашта, ба пояи як кўҳи начандон баланди сангӣ расиданд. Мирзоҷон зери харсангеро ҷои дамгирӣ ва хоб интихоб намуд. То ки шабона хунук нахўранд, бачаҳо болои сарашонро бо брезенти сабук пўшонданд. Дар муддати ду рўзи роҳпаймоӣ касе бо онҳо рў ба рў наомад, аниқтараш худро канор гирифтанд, то дар чашми чўпонҳо шубҳаангез нанамоянд.

Саҳарӣ Мирзоҷон харитаро аз назар гузаронида, гуфт, ки агар ҳодисае рўй надиҳад, бегоҳи имрўз ба як деҳа мерасанд ва баъдан аз пешашон боз деҳаҳои дигар мебароянд. Ҳоло озуқаашон камтар мондааст, шояд то фардо расад, бояд фикри онро ҳам кард.

Дар ҳақиқат, онҳо қарибҳои шом ба баландие расида диданд, ки поёнтар аз он, дар ҳамвории ду теппаи баланд як деҳаи калон ҷойгир шуда буд. Аз афташ, дар болои ҳамин теппае, ки ҳоло бачаҳо меистоданд, деҳаи пешина ҷойгир будаасту сипас сокинонаш ба ҳамворӣ кўчидаанд. Онҳо барои шабгузаронӣ хонаи кўҳнаеро интихоб карданд, ки бомаш кандагӣ бошад ҳам, деворҳояш баҷо буданд. Даруни хонаро тоза карда, ҷои хобашонро тайёр карданд. Мирзоҷон бо белча дар миёнҷои хона чуқурие кофта, дар даруни он ҳезуми бисёр партофт ва пас аз фаромадани торикӣ оташ гиронда онро ҳамчун сандалӣ истифода бурданд. Пас аз хўрдани нони хушку об, ҳама ба либосу латтаҳояшон печида ба хоб рафтанд.

Ин субҳ низ Мирзоҷон пеш аз дигарон аз хоб бедор шуда, дар масофаи якуним ду километр поёнтар як биное ба монанди кашари гўсфандонро мушоҳида кард. Ў зуд ҳамаро аз хоб бедор карда, таъкид намуд, ки эҳтиёт шаванд, ҳеҷ кас ба берун набарояд то онҳоро набинанд. Худаш Аббосро ҳамроҳ гирифта, сўйи кашар равона гашт. Ба Қобилҷон супориш дод, ки ҳушёриро аз даст надиҳанд. Мирзоҷон бо дурбин ҷою макони чўпонҳоро аз назар гузаронда, миқдори худашону сагҳо ва рамаашонро муайян намуд. Се чўпон аз хайма берун шуда, молашонро аз кашар бароварданд. Чун маълум кард, ки он ҷо ба ғайр аз чўпонҳо каси дигаре нест, ўву Аббос ба кашар наздик шуданд. Сагҳои чўпонӣ аккосзанон сўйи онҳо давида буданд, ки аз миёни чўпонҳо як нафар онҳоро хомўш кунонид.

Чўпонҳо, ки ҳаштсад сар моли як сарватмандеро мечаронидаанду ин ҷойҳо чарогоҳашон будааст, одамони нағз баромаданд. Акнун, ки тирамоҳ омадаасту сардиҳо оғоз мешаванд, баъди ду-се ҳафта онҳо гўсфандонашонро ба дашту водӣ ҳай мекунанд.

Чўпонҳо розӣ шуданд, ки “мусофирон”-ро гирди дастурхони худ меҳмондорӣ карда, ба қадри имкон барояшон кумак ҳам расонанд. Мирзоҷон ба Аббос супориш дод, ки рафта дигаронро ҳам бо бору бандашон гирифта биёрад. Маълум шуд, яке аз чўпонҳо бояд ҳоло ба водӣ, ки дар он ҷо деҳаи калон аст, барои овардани ғизо мерафтааст. Мирзоҷон ба вай пул дода, илтимос кард, ки ба онҳо ҳам хўрока биёрад.

Ниҳоят бачаҳо хўроки гарми дуруст ва серғизову бомазза хўрда, неруи аздастрафтаашонро барқарор намуданд. Сарчўпон “барои роҳ” гуфта, ба онҳо гўштбирён ҳам пухта дод. Оне, ки барои хўрока ба деҳа рафта буд, баргашт. Бачаҳо нон ва мағзу мавизеро, ки чўпон барояшон харида оварда буд, гирифта, ба сарчўпону шариконаш барои иззату икром ташаккур гуфта, роҳашонро давом доданд.

Акнун захираи хўрокаи онҳо барои 5-6 рўз басанда буд. Мирзоҷону Қобилҷон дар вақти дамгирии шариконашон бо сарчўпон суҳбат карда, вазъияти минтақа ва роҳҳои самти Файзободро пурсида гирифтанд. Сарчўпон одами доно будааст, ҳама ҷойи кўҳистонро панҷ панҷааш барин азёд медонистааст. Вай дар бораи ҳар як пайраҳа маълумот дода, илова кард:

—Агар шумо якмаром ҳаракат кунед, баъд аз панҷ рўз ба лаби дарёи Панҷ мерасед. Он тарафи роҳ мушкилтар мешавад, он ҷо кўҳҳои касногузаранд. Бояд роҳи ба поин фаромаданро ёбед, вагарна дар кўҳҳои баланд дармемонед. Баъд лаб-лаби дарё, тахминан дар масофаи ду километр шуморо лозим меояд, ки роҳи хавфнокро гузаред. Дар баъзе ҷойҳои он пайраҳа як ҳаракати беҷо шуморо ба қаъри дарё мебарад.

Ҳамин тавр, бачаҳо чор шабу рўзро паси сар карда, нисфирўзии рўзи панҷум ба баландкўҳ, ба ҳамон ҷое, ки сарчўпон гуфта буд, расиданд ва баъд аз ҷустуҷўи зиёд пайраҳаро дарёфт карданд. Дар ин панҷ рўзи сафар онҳо аз канори якчанд деҳа гузаштанду аз роҳашон ду рамаи гўсфанд баромад. Ин чўпонҳо ҳам ба онҳо лутф карда, барои шабгузаронӣ дар манзилашон иҷозат доданд, барояшон нону хўрок ҳадя карданд.

Шабро дар камари кўҳ рўз карданду пагоҳӣ, бо дамидани субҳ, роҳашон сўйи нишебӣ идома ёфт. Роҳ рафтан аз пайраҳаи борику мушкилгузар осон набуд, онҳо мебоист то нисфирўзӣ ба соҳили дарё расида, минтақаи аз ҳама хавфнокро дар равшании рўз мегузаштанд. Зеро шаб дар он ҷо мондан хатар дошт, ба чашми силоҳбадастон афтидан аз эҳтимол дур набуд. Сарчўпон гуфта буд, ки силоҳбадастон дар соҳилҳои дарё гаштугузор карда меистанд ва ҳамин ки пайт ёфтанд, ба марзи Тоҷикистон мегузаранд, маводи мухаддир мегузаронанд.

Қариби нисфирўзӣ онҳо ба пайраҳаи назди дарёи Панҷ наздик шуданд. Мирзоҷон дастур дод, ки бачаҳо дар пушти буттаҳо ҷойгир шаванд ва худаш ба поён фаромад, то бубинад, ки дар наздикиҳо ягон кас ҳаст ё не? Вай пас ним соат баргашта омаду гуфт, ки ҳама ҷо тинҷ аст, тезтар фаромада, пайраҳаи хавфнокро гузаштан лозим. Онҳо аз нону қайлаи чўпонӣ шикамҳошонро сер карданду борхалтаҳояшонро пуштора карда, ба поён фаромаданд.

Баъд аз паймудани тахминан якуним километр роҳ аз пешашон шахи баланде баромад, ки як тарафи он ба дарё рафта мерасид. Пайраҳа аз бари дарёи ваҳшӣ мегузашт. Аз як дидани он дили одам дар таҳлука меафтод. Як қисмати роҳ пайраҳаи сунъие буд, ки онро бо паҳноии тақрибан 1 метр аз чўб ва арғамчин сохта буданду зиначўбҳои он ҷо-ҷо пўсида ва баъзе батамом рехта буданд. Аз поёни ин пайраҳаи ларзон дарё шитобон ҳаракат мекард. Тасаввур кунед, ки шумо дар миёни он пайраҳа рафта истодаеду ногаҳон чашматон ба поён меафтад ва мавҷҳои ғуррон чашматонро мебарад. Саратон чарх зад? Акнун фикр кунед, ки ҷойи ақибгардӣ надоред.

Мирзоҷон, ҳамон тавре ки сарчўпон ба ў гуфта буд, қоидаҳои гузаштанро ба ҳамроҳонаш фаҳмонд.

Қатъиян ба поён, ба дарё нигаристан мумкин нест, агар мабодо, чашмат ба оби басуръат ҷоришаванда афтад, ба пеш рафтанат душвор мешавад. Қоидаи дуюм, арғамчинро сахт бо панҷаҳо дошта ҳаракат кардан, шарти дигар пойҳоро аз ғундачўбҳо наканда, ба қавле “пошакак” карда рафтан ва аз ҳама асосӣ, тарсро аз дил берун кардан зарур буд.

Нахуст Мирзоҷон, пас аз вай дигарон қадам ба пеш монданд. Мирзоҷон арғамчини дарози барои чунин мавридҳо гирифтаашро бароварду гуфт, ки ҳар кадоме дар фосилаи се қадам истода, онро ба миёнҳошон бубанданд.

Бист-сӣ қадамро тай карда буданд, ки ҷунбидани роҳи сунъӣ ва ғурриши дарё ба дилҳо воҳима андохт, замину осмон дар сарашон чарх зад. Мирзоҷон қадами навбатияшро монданӣ буд, ки натавонист. Арғамчини тарангшуда намегузошт, ки вай ба пеш равад. Аз афташ кадоме аз шарикон шах шуда мондаасту дигар ғайрати ҷунбидан надорад. Бо эҳтиёт ба қафо нигаристу дид, ки он нафар Ҳикмат аст. Вай дар занҷира пеш аз Аббос ҷойгир шудааст. Ҳикмат дар болои пайроҳа бо зону нишаста, аз ҷояш намеҷунбид.

Мирзоҷон фарёд зада ба Аббос фаҳмонд, ки ўро бардорад. Аббос бо дасти росташ арғамчинро мустаҳкам дошта, бо дасти чапаш Ҳикматро бардошт.

Вале пойҳои ў дарақ-дарақ меларзиданду худаш ёрои ҳаракат кардан надошт. Аббос шарикашро оҳиста ба пеш тела карда:

—Фақат ба пеш нигоҳ куну арғамчинро маҳкам дошта, рафтан гир!— гуфт.

Ҳикмат бо ёрии Аббос оҳиста-оҳиста, гўё хазида ба ҳаракат даромад. Қобилҷон аз ҳама ақиб ҷойгир шуда буд ва таваккал карда пеш мерафт. Вай дар дилаш Худоро зора мекард, ки тарсро аз дили ҳамроҳонаш дур кунад. Нисфи пайраҳаи маргу наҷот тай шуд. Ба гумонаш умре дар ин ҷодаи пурхавфу хатар равона буду ҳаросу таҳлука доманашро сар намедод.

Ҳеҷ не, ки охири роҳ намоён шавад. Аҷиб аст хислати одамӣ, танҳо дар ана ҳамин гуна вазъияти хатарнок, дар ҳолате ки байни ту ва марг ягон фосилае вуҷуд надорад, ҳақиқати умрро дарк мекунӣ, ба қадри зиндагии орому осуда ва бехавфу хатар мерасӣ.

Овози Мирзоҷон ба ў ва дигар шариконаш қувват бахшид:

—Бачаҳо, расидем! Миёнро маҳкам баста, боз як зўри дигар занед, ҳамааш тамом!— мегуфт вай, ки аллакай аз пайраҳаи марг гузашта, ба ҳамвории наҷот расидан дошт.

Қобилҷон ҳама диққаташро ба зинапояҳо равона карда, кўшиш менамуд, ки ба поён нигоҳ накарда, садои дарёи хуношомро нашунавад. Худоё, ана, боз нафаре, ки пеш-пеши ў мерафт, бозистод, шах шуда монда буд, ҳаракат намекард. Қобилҷон дасташро дароз карда ба вай ёрӣ расонд, то зонувонашро рост намуда, пеш равад. Шарикаш пояшро бардоштан баробар, қариб буд ки ба поён саросер шавад.

Қобилҷон худро ёзонда аз банди миёни вай дошт ва нагузошт, ки дастонаш аз арғамчин раҳо шаванд. Аз як тараф, кам шудани қуввати мушакҳои дасту пойҳо, аз тарафи дигар, тарсу ҳарос неруи идроки ўро лаҳза ба лаҳза коста мегардониданд ва ў ҳақиқати ҳамин лаҳзаро дарк карда наметавонист. Танҳо ғаризаи мубориза барои зинда мондан буд, ки ўро ба пеш, ба сўи ҳамворӣ таҳрик медод. Инак, он касе, ки пеш аз вай буд, охирин зинаи пайраҳаро гузашту ба ҳамворӣ баромад. Ана, тамом, ҳамааш тамом шуд, ду қадами дигар ва ў ҳам мисли дигар ҳамроҳонаш рўи алафҳои нарми ҳамворӣ дароз хоҳад кашид. Як..., ду..., се...

—Худоё, ин қадар зебост ин осмони кабуди болои сар,— гуфт Қобилҷон худашро ба пушт партофта.

—Ҳа, баъди ин пули сиротро гузаштан, албатта, ба қадри осмону замин мерасӣ,— луқма партофт Мирзоҷон.

Акнун, ки тапиши дилашон пасттар шуда буд, бачаҳо ба гап даромада, кам-кам шўхӣ мекарданд.

—Шуморо намедонам, ман бовар ҳосил кардам, ки одам барои ба қадри зиндагӣ расидан, бояд ҳатман аз боло ана ҳамин пайраҳа гузар кунад,— мегуфт Самад.

—Э хўш-э,— суҳбатро ба шўхӣ гардонд Ҳикмат,— бас кунед дар бораи ҳамин пайраҳаи ларзанда гап заданро, ки дилам боз ба шўридан даромад.

Баъд аз ним соат Мирзоҷон ҳамаро ба хестан даъват кард, вале Ҳикмату Валӣ аз ҷояшон хеста наметавонистанд, онҳо дигар қуввати роҳ рафтан надоштанд, дар ҳақиқат, дилашон мешўриду онҳо ҳама чизи хўрдаашонро қай карданд. Мирзоҷон гуфт, ки ҳама хўрок хўрда, зудтар барои ба роҳ баромадан омода шаванд, чунки ин ҷо мондан хавфнок аст.

Акнун пайраҳа каме васеътар шуда, ҳар ҷо-ҳар ҷо аз ҳамвориҳо мегузашт. Мирзоҷон гуфт, ки боз ду пайраҳаи сунъӣ дар пеш аст, онҳоро гузашта, ана баъд истироҳат хоҳанд кард. Аммо масофаи зиёдро тай карда, нав ба пайраҳаи якум наздик мешуданд, ки аллакай торикӣ фаромад. Бачаҳо ба дарунтари дарае, ки аз ҷониби рости онҳо мегузашт, даромада шабро рўз карданд.

Саҳари рўзи дигар Ҳикмату Валӣ гуфтанд, ки онҳо дигар қуввати роҳ рафтану аз пайраҳаи ларзон гузаштанро надоранд.

—Дар пеш боз ду роҳи ларзонак. Кай мо ин дарёи ваҳширо убур карда мегузарем? Инаш ҳам майлаш, аммо дар он ҷо моро чӣ интизор аст, номаълум. Шумо равед. Мо тақдирамонро ба Худо супорида, ақиб мегардем,— гуфтанд онҳо.

Ҳама хомўш монданд. Воқеан, дар пеш онҳоро чӣ интизор буд, касе намедонист.

Хомўширо Қобилҷон шикаст:

—Буздилҳо, тарсидед?! Қавлу қасамро фаромўш кардед? Оё ин шумо набудед, ки “мурем ҳам, дар роҳи

Ватан мурем” мегуфтед?— асабонӣ шуда, дод зад ў ва аз таги чашм ба онҳо нигариста илова намуд:— майлаш, агар шумо ин қадар беору беномус бошед, дар дар ҳамин сарзамини бегона мондан гиред, дар ин ҷангал шуморо гургу шағолҳо мехўранд ё ба дасти ягон шағоли дупо афтода ғуломи ў мешавед!

Ҳама хомўш монданд. Қобилҷон боз суханашро давом дод:

—Акаи Мирзоҷон, меравем. Рафтем бачаҳо! Бигзор ин тарсончакҳо ҳамин ҷо монда, гардан ба ғурбату ғуломӣ ниҳанд. Мо меравем, пайраҳаҳои ларзонро ҳам мегузарему дарёро ҳам. Мо, албатта, ба Ватани азизамон мерасем, моро хоки азизи диёрамон интизор аст!

На Мирзоҷону на дигарон чизе нагуфта, ба роҳ даромаданд.

Ҳикмату Валӣ чанде он ҷо монда фикр карданду аз раъяшон гаштанд. Бачаҳо ба пайраҳаи сунъии якум наздик шуда буданд, ки онҳо ҳам расида омаданд.

—Моро бубахшед, ҳамааш аз тарсу таҳлука буд.

Ҳоло тарс гузашт. Мо бо шумоем— гуфт Ҳикмат.

—Мо асло дар ин ҷо намемонем, ҳамроҳи шумо меравем,— илова кард Валӣ.

Мирзоҷон маънидорона табассум кард ва нигоҳашро сўйи Тоҷикистон равон намуда, бо эҳсоси таъсирбахше гуфт:

—Медонистам, ки меоед. Охир, ин ҷо мондан маънии худро ба марг маҳкум карданро дорад. Зиндагӣ он ҷо, дар он сўи дарёст, зеро хуни нофи мову шумо он ҷо рехтааст... Ҳамон хок моро калон карда ба воя расондааст. Танҳо ҳамон хоку ҳамон ҳаво ба рўҳу ҷони мо оромӣ мебахшад... Фақат давлату Ватани худамон моро дар пушту паноҳаш нигоҳ дошта, бароямон умед бахшида метавонад! Мо ҳама фарзандони ҳамон марзу буми озодаем, ки номаш Тоҷикистон аст... Ман, агар даркор шавад, барои Тоҷикистонам ҷонамро фидо мекунам!

—Ман ҳам барои Ватанам ҷонамро дареғ намедорам!— ҳамовозӣ кард Қобилҷон.

—Ман ҳам!— гуфт Аббос.

—Ман ҳам!— гуфт Самад.

—Мо ҳам!— такрор карданд ба як овоз Ҳикмату Валӣ.

Ҳама дасти якдигарро фишурданд, чашмонашон аз ғояти ишқи Ватан шуълабор гашт.

—Ин тавр ки бошад, ба пеш,— гуфта Мирзоҷон озими роҳ шуд ва дигарон ҳам аз ҷояшон бархестанд.

Ба назди пайраҳаи сунъӣ расиданду мувофиқи таҷрибаи пешина ба миёнҳошон арғамчин бастанд.

Чун ин пайраҳа нисбат ба пайраҳаи якум кутоҳтару мустаҳкамтар буд, онро ба осонӣ гузаштанд.

Мувофиқи гуфтаҳои сарчўпон баъди тахминан дуюним се километри дигар бояд онҳо ба пайраҳаи чўбин наздик мешуданд. Инак, гурўҳ дар пешорўи худ кўҳи азими сангинеро дид, ки гўиё дар болои дарё овезон шуда меистод. Пайраҳаи худсохт дар танаи ана ҳамин кўҳ насб шуда буд.

Боз таҳлукаву тарс ба дилҳо ҳамла кард. Нисфи пайраҳа бомуваффақият пушти сар шуд. Аҳли гурўҳ монанди қатори мўрчагон ба пеш ҳаракат доштанд, ки нохост аз таги пои Ҳикмат як ғундачўб шараққос зада шикаст ва ў дар ду банд- банди пайраҳа ва банди миёнаш овезон монд. Банди миёни Қобилҷон ҳам, ки аз пушти вай мерафт, таранг шуда буд ва ў худашро базўр нигоҳ медошт. Арғамчини пайраҳаро бо ҳарду дасташ дошт ва ба Ҳикмат наздик шуда, бо як дасташ аз дасти

Ҳикмат гирифта, ба сўйи худаш кашид. Ниҳоят, пас аз ҷонталошиҳо Ҳикмат худро ба болои пайраҳа гирифт.

Вай сахт тарсида буду тамоми баданаш дарақ-дарақ меларзид. Чанд сония нафасашро рост кард. Қобилҷон бо дасти чапаш ўро бардошта маслиҳат дод:

—Дилатро бақувват гир, ҳама ҳушу гўшатро ба пеш равона кун. Рафтем!

Ҳамин тавр, се пайраҳаи чўбини ларзон пушти сар монд ва онҳо ба водие баромаданд, ки дар канори дарё ҷойгир шуда буд. Водӣ беохир менамуду дар шарқ ба баландкўҳе рафта мерасид. Мирзоҷон, бо андешаи он ки бо ягон гурўҳи силоҳбадаст рў ба рў нашаванд, пешниҳод намуд, ки ба доманаи кўҳ наздик шуда ба пеш ҳаракат кунанд. Гурўҳ дар рўзи чоруми сафар ба баландие расид, ки он ҷо чанд соат мондану хастагии чандрўзаро баровардан мумкин буд. Бачаҳо баъд аз истироҳату нерўи аздастрафтаашонро барқарор намудан даври ҳам нишастанду харитаро аз назар гузаронида, самти ҳаракати минбаъдаашонро муқаррар намуданд.

Мебоист, ки дарёро ҳамчун раҳнамо гирифта, аз он дур нашаванд. Рўзи дигар аз дур ба чашмашон ба як рустои хурдакаке намудор шуд, ки 4-5 хоҷагӣ дошт. Чун наздиктар омаданд, Мирзоҷон бачаҳоро он ҷо монда, худаш ҷониби деҳа роҳ пеш гирифт.

Оилаҳое, ки ин мавзеъро макони зист интихоб кардаанд, ба чорводорӣ машғул буданд. Рўз ҳам бегоҳ мешуд. Калони деҳа таклиф кард, ки Мирзоҷон ҳамроҳонашро гирифта биёрад, шаб ҳамин ҷо монда меҳмон шаванд. Онҳоро дар як хонаи сақфпасте ҷой карданд. Соҳибхона, ки марди солманди пуртаҷриба менамуд, ба Мирзоҷон чӣ тавр, бо кадом роҳҳо то ба Файзобод расиданро фаҳмонда дод. Гуфт, ки агар раҳгум назананд, то ба кўпруки миёни Афғонистону Тоҷикистон чор-панҷ рўза роҳу пайраҳаҳои мушкилгузар аст. Таъкид кард, ки ҳангоми ба кўпрук наздик шудан ҳушёр бошанд, зеро дар он ҷоҳо ғоратгарону яроқбадастон бисёр гашту гузор мекунанд. Мирзоҷон аз ҷайбаш чанд пайсаи афғонӣ бароварда, ба соҳибхона доду илтимос кард, ки ў ягон гўсфанди фарбеҳашро кушта, гўшташро қайла карда, ба онҳо диҳад.

пешина
аз 22
навбатӣ