АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.
Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа
1.4. Сатҳи салоҳиятмандии кадрҳои педагогӣ ва фаъолияти ташак- кулдиҳандаи мустақилонаи таълимӣ дар робита бо имконоти зеҳнию нутқии талабагони синфҳои ибтидоӣ
“Зеҳни инсон (шахс) ҳамчун неруи маърифаткунанда дар такя ба чунин қобилиятҳо ташаккул меёбад ва омилҳои зеринро ҳал менамояд: банизомдарории донишҳо, таҳлил ва тавсифи онҳо, ёфтани робитаҳо, қонуният, ки ҳама тавассути фикр, фикри бедор, солим, мантиқӣ, мустақилона ва эҷодӣ анҷом дода мешавад”.
Истилоҳи «салоҳият» (ба русӣ компетенция) аз ҷониби педагог психолог Н.Хомский бо истифодаи илмӣ ворид карда шудааст ва аз ҷониби дигар олимони дунё ба таври муфассал ва эътимодбахш асоснок гардидааст. Дар адабиёти психологию педагогӣ салоҳият (competentia) вожаи лотинӣ буда, «як навъ зуҳури нави ботинӣ, имконоти захиравӣ ва ниҳонию равонии шахсият, тасаввурот, барномаҳо, амалҳо, низоми арзишҳо ва муносибат аст ва дар тавонмандӣ ва салоҳиятмандии одам ҳувайдо мешавад”.
Сатҳи салоҳиятмандии кадрҳои педагогӣ оид ба фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ дар робита бо имконияти зеҳнию нутқии хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маротиб боло рафта истодааст.
Ҳамаи инро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ин зинаи таҳсилот диққати махсус дода, барои ҳалли мушкилоти он тадбирҳои иловагӣ меандешад. Аввалин иқдоми давлат ва ҳукумат аз он иборат буд, ки ба хотири баланд бардоштани мақоми муассисаҳои олии касбӣ дар кишвар қисми зиёди донишкадаҳои омӯзгориро ба донишгоҳҳои давлатӣ табдил дод. Соли 1992 дар шаҳри Хоруғ донишгоҳи давлатӣ таъсис дода шуд, ки ин барои васеъ шудани фаъолияти муассисаҳо шароит фароҳам овард.
Дар ин давра, инчунин, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа (ҳозира
Бохтар) ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ факултетҳои тиббӣ таъсис ёфтанд. Дар ҳамон давра ба хотири тайёр кардани кадрҳо чунин иқдом саривақтӣ ва зарурӣ буд. Баъдтар, баъди ба эътидол омадани вазъи кишвар ва мутамарказ намудани муассисаҳои таълимӣ, бинобар нарасидани омӯзгорону устодони дараҷа ва унвони илмидоштаи соҳаи тиб Вазорати маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 1995, №519 «Дар бораи ташкили сохтори маълумоти олӣ» донишҷӯёни ихтисосҳои тиббии донишгоҳҳои номбаршударо ба Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино интиқол дод. Тибқи қарори маскур қабул аз рӯйи равия ва ихтисосҳои иқтисодӣ, ғайр аз Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ манъ шуд.
Ба хотири танзими муассисаҳои таълимӣ дар ин давра фаъолияти як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ғайридарвлатию давлатӣ, аз қабили Донишгоҳи тиҷорати Конибодом, филиалҳои Донишгоҳи омӯзгорӣ дар шаҳраки Ғарм, Донишгоҳи техникии ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Бохтар қатъ гардиданд. Ин чорабиниҳои давлату ҳукумат оид ба зинаи таҳсилоти олии касбӣ барои ба низом даровардани онҳо таъсири зиёде расонид.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти истилоҳоти соҳа ва талабот ба мутахассисон дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон таълими ихтисосҳои навро ба роҳ монда, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аспирантура ва шуъбаи ғоибонаро таъсис дод.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи салоҳиятмандии кадрҳои педагогӣ тайи ин солҳо таҳия ва мавриди татбиқ қарор ёфтани ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ аз муваффақиятҳои даврони истиқлолият мебошад. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо тағйироту иловаҳо аз нав таҳия ва ба тасдиқ расид (2013) Барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот қонунҳои алоҳидаи соҳавӣ таҳия гардиданд. Аз ҷумла, барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимии олии касбӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии
Тоҷикистон» ва як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари зинаи таҳсилоти олии касбӣ таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардиданд. Нақши ин санадҳо дар гузаштани донишкадаю донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ба низоми бисёрзинагии таълим хеле бузург аст.
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, пешгӯйиҳои иҷтимоӣ, банақшагирӣ ва танзими номгӯйи ихтисосҳо, миқдори мутахассисон ва сифати тайёр намудани онҳо мувофиқи талаботи ҷомеа ва бозори меҳнат «Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, ба тасвиб расидааст.
Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар солҳои аввали истиқлолият нақшаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (ихтисосҳои омӯзгорӣ, техникӣ, технологӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва ғ.) аз нав таҳия ва тасдиқ шуданд. Онҳо ба замони нав ва муҳити муосир мутобиқ гардонида шуданд. Олими шинохта И.А.Зимняя дар асарҳояш қайд мекунад, ки “. тағйироти ҷаҳонӣ бо исрор талаб мекунад, ки таҳсилоти нисбатан мукаммал ба манфиати шахсият майлдошта ва ба иҷтимоъ ҳамгирошаванда бояд ба насли нав дода шавад, то ин гуна таҳсилот воридшавии инсонро ба ҳаёти иҷтимоӣ,мутобиқшавии босамари ўро ба ин олами глобалӣ таъмин намояд”.
Бо ин мақсад, баҳри муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмию техникӣ, технологӣ, инноватсионӣ ва рушди минбаъдаи онҳо дар муассисаҳо, паркҳои технологӣ, марказҳои илмие, ки дар сохтори муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд, инчунин, дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд:
- таҷдиди назар ба мазмуну мундариҷаи таълим;
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки илмӣ;
- созмони технопаркҳо;
- таъсиси корхонаҳои хурди илмию истеҳсолӣ;
- такмили ихтисоси кормандон ва устодон;
- ривоҷу равнақ додани робитаҳои байналмилалӣ дар асоси табодули донишҷӯён, кормандони илмӣ, омӯзгорон ва ғайра.
Барои тақвияти ҷараёни таълиму тарбияи мутахассисони варзи- даи муосир дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ коллеҷҳо ва литсейҳо таъсис дода шуданд.
Бо мақсади тақвияти заминаи моддию техникии муасисаҳои таҳ- силоти олии касбӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ сол то сол маблағҳои зиёд ҷудо гардида, аз ҳисоби ин маблағҳо аксарияти биноҳои муассисаҳои таълимӣ, хобгоҳҳои онҳо таъмир гардида, биноҳои нави таълимӣ сохта шуданд.
“Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст”-ро пешбинӣ намуд”.
Ҳукумат тули солҳои соҳибистиқлолӣ пайваста кӯшиш менамуд, ки ҷиҳати ҳаллу фасли ҳар як мушкилоти соҳаи маориф тадбири алоҳида андешад. Бо ин мақсад дар ин самт назоратро аз рӯйи фаъолиятҳои муассисаҳои таълимӣ бештар карда, барои рафъи норасоиҳо чораҳои аввалиндарачаро амалӣ мекард. Чунончи, бо мақсади ҷалби мутахассисони ҷавон ба муссисаҳои таълимӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ соли 1995 қарор «Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани истифодаи мутахассисони ҷавон баъди хатми мактаби олӣ ва миёнаи махсус» ба тасвиб расонида шуд, ки барои беҳтар гардидани таъмини муассисаҳои таълимӣ ба кадрҳои омӯзгорӣ мусоидат намуд. Моҳи апрели соли 1996 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи низомнома дар бораи бомаром тайёр кардани мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ бо роҳи шартномавӣ” қабул карда шуд, ки зимни он мутахассисон бо роҳи шартнома ва ба мақсад мувофиқ тайёр карда шуда, ба ҷойи кори муайянгардида фиристода шаванд. Дар давраи истиқлолият, бахусус, баъди соли 2005 фаъолияти донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ то андозае ба танзим даромада, дар онҳо пешравиҳо ба мушоҳида мерасид.
Тайи солҳои 2006-2011 дар ҳаёт ва фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тағийроти куллӣ ба вуқуъ пайваст. Маҳз дар ҳамин давра дар ҷумҳурӣ 6 донишкада ва 5 филиал таъсис дода шуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, кӯҳӣ-металлургӣ, энергетикӣ ва иқтисодӣ донишкада ва филиалҳои зеринро таъсис дод: филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара, Донишкадаи кӯҳӣ- металлургии Тоҷикистон (аз 03.05.2006, №212), Донишкадаи энергетикии
Тоҷикистон (аз 03.05.2006, №211), филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев дар ноҳияи Рашт (аз 01.11.2 № 501), Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (аз 02.11.2007 № 547), филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.05.2 №655), Донишкадаи молияи Тоҷикистон (аз 18.06.2009 №345), Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (аз 12.02.2010 №58), Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (аз 12.02.2010 №59), филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6.10.2010 № 934) ва филиали Донишгоҳи миллӣ-таҳқиқотии технологии Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва дар шаҳри Душанбе (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6.10.2010 №935).
Ҳамаи ин саъю кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани сатҳи салоҳиятмандии кадрҳои педагогӣ барои ташаккули фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ дар робита бо имконияти зеҳнии талабагону донишҷӯён сурат гирифта, соҳаи таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ зери парчами Истиқлолият рушд карда, симои худро ба куллӣ тағйир дод ва низоми муайянеро ба даст овард. “Ҳамаи ин аз баракати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф сарчашма мегирад”.
Бо максади баланд бардоштани сатҳи салоҳиятмандии кадрҳои педагоги муассисаҳои такмили ихтисос ҳамасола 20-25 ҳазор нафар кормадони соҳаи маорифро ба курсҳои такмили ихтисос фаро мегирад.
Соли 2019 дар муассисаҳои такмили ихтисос тибқи нақша аз курсҳои баланд бардоштани маҳорати касбӣ 24308 нафар омӯзгорони соҳаи маориф гузаштаанд.
Бо мақсади муайян намудани дараҷаи тахассус, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, мувофиқати омӯзгор ба вазифаи ишғолнамуда ва баланд бардоштани масъулияти шахсии омӯзгор барои беҳтар гардидани сифати таълим Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи низомномаи тартиби гузаронидани аттестатсияи коркунони педагогии муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои низоми такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул намуд. Ҳар сол дар ин замина 20%-и кормандони соҳаи маориф аз аттестатсия гузаронида мешаванд.
То солҳои 2015 аксари курсҳо ба таври сайёр дар ноҳияҳо гузаронда мешуданд. Аз соли таҳсили 2016 курсҳои такмили ихтисос дар
ДҶТИБКСМ ва филиалҳои он гузаронида мешаванд. Шароитҳои гузаронидани курсҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Шунавандагон бо ҷойи хоб таъмин карда мешаванд. Донишкадаҳои такмили ихтисос дорои кафедра ва кабинетҳои фаннии бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз мебошанд.
Истиқлолияти давлатӣ дар рушду нумуи соҳаи маориф, пеш аз ҳама, дар инкишофи такмили ихтисоси омӯзгорон такони ҷиддиеро ба амал овард. Дар зарфи 32 соли истиқлолият фаъолияти Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф куллан тағйир ёфта, дар ҳамаи самтҳои фаъолияти донишкада пешравиҳо ба вуқуъ пайваст.
Фаъолияти асосии донишкада ба такмил додани маҳорати касбӣ, ба роҳ мондани бозомӯзии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф расонидани ёрии амалии методӣ ба кормандони шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ равона гардидааст.
Дар Донишкада ва филиалҳои он мунтазам омӯзгорону кормандони соҳаи маориф аз рӯйи 40 ихтисос такмили тахассус менамоянд. Агар дар соли 1991 дар ҷумҳурӣ 12464 нафар ба курсҳо ҷалб гардида бошанд, ин нишондод дар соли 2015 ба 23760 нафар расид.
Нақша ва барномаҳои таълим аз рӯйи 58 ихтисос, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷиикстон аз
28.11.2013, № 19\16 тасдиқ гардидаанд, аз 01.01.2014 дар ҳамаи филиалҳои донишкада мавриди амал қарор дода шуданд. Нақша ва барномаҳои нави таълмии КТИ ҷавобгӯйи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф буда, ба муносибатҳои нави иқтисодию иҷтимоӣ, инкишофи босураъти техникаю технология, фазои муттасил вусъатёбандаи иттилоотӣ, ба низоми таҳсилоту стандартҳои байналмилалии таҳсилот наздик шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, суръат бахшидан ба самтҳои асосии ислоҳоти соҳаи маориф нигаронида шудаанд.
«Барномаи давлатии рушди такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон тасдиқ карда шуд.
Барнома ҷиҳати беҳтар кардани мазмун ва мундариҷаи такмили ихтисос, гузаштан ба низоми сесолаи аз курс гузаштани омӯзгорону кормандони соҳаи маориф имконият фароҳам оварад; Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани бозомӯзии омӯзгорон бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон
«Диплом»-и намунаи давлатӣ ва «Низомнома барои тартиби бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф», 16 барномаи таълимии курсҳои озмойишии бозомӯзии тахассусҳои «Ҳуқуқи инсон», «Суруд ва мусиқӣ», «Тарбияи ҷисмонӣ” таҳия ва аз ҷониби ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Барои гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва баргузории курсҳои такмили ихтисос дар Донишкада ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва Душанбе озмойишгоҳи илмӣ-таълимии муҷаҳҳаз бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ (химия, физика, биология, синфҳои ибтидоӣ, таҳсилоти томактабӣ, баландбардории маҳорати педагогӣ, коркарди чӯб, коркарди оҳан, коркарди пластмасса, дӯзандагӣ ва пухтупаз) мавриди истифода қарор дода шуд.
Самти муҳимми фаъолияти Донишкада ташкили корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ мебошад. Рушди ҳамаҷонибаи таҳқиқоти илмӣ вазифаи ҳатмии устодони Донишкада аст, чунки бе фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии онҳо имконнопазир аст. Самт ва масоили илмии Донишкада ва мавзуъҳои илмии кафедраҳо бо қарори Шурои олимон аз 01.10.2013, №8\6 тасдиқ гардида, дар ҳамаи кафедраҳо ва филиалҳои Донишкада мавриди амал қарор дода шудаанд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2014, №345 «Дар бораи муттаҳид намудани муассисаҳои давлатии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» донишкадаҳои минтақавӣ (Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд) ва Маркази такмили ихтисоси раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар заминаи Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф муттаҳид карда шуданд, ки ин ба болоравии сатҳи салоҳиятмандии кадрҳои педагогӣ дар самти иҷрои фаъолияти мустақилонаи таълимӣ дар робита бо имконияти зеҳнию нутқии хонандагон рушд мебахшад.
Фаъолияти эҷодии кормандони Донишкада хеле фарох буда, паҳлуҳои гуногуни ҷараёни таълиму тарбияро дар мактабҳо тавассути омӯзгорони хатмкардаи курсҳои такмили ихтисос ё омӯзгорони ба курсҳои минбаъда номнависшуда, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, кормандони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо фаро мегирад.
Бо мақсади тақвияти раванди таҳқиқоти илмӣ дар Донишкада таҳқиқи мавзуи илмӣ (фармоишӣ) «Дарёфти роҳҳои баландбардории маҳорати касбӣ дар асоси истифодаи технологияи ҳозиразамон барои солҳои 2013-2017» татбиқ шуд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи салоҳиятмандии кадрҳои педагогӣ оид ба рушди фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ дар робита бо имконияти зеҳнию нутқии хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар шуъбаи магистратура ва арспирантура доир ба илмҳои педагогӣ ва методикаи таълими фанҳои мухталиф мутахассис тайёр мекунад. Шаш нафар корманди донишкада ба ҳайси унвонҷӯ таҳсилашонро идома дода, дар самтҳои мухталифи методикаи таълими фан корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истодаанд.
Шумораи кормандони унвони илмидошта низ пайваста афзуда, ҳоло шумораи онҳо ба 22 нафар мерасад. Ҳамасола 5-6 конференсияи илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-амалӣ, семинарҳои мақсаднок, ҷамъомадҳо ва баромадҳои кормандону омӯзгорони донишкадаҳо оид ба сатҳи салоҳиятмандии кадрҳои педагогӣ оид ба рушди фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ дар робита бо имконияти зеҳнию нутқии хонандагон доир мегардад.
Китобхонаи Донишкада дорои 14960 нусха китоби таълимӣ, бадеӣ, техникӣ ва ғайра мебошад. Фонди китобхона бо китобҳои навчопи дарсӣ, дастурҳои илмию методии навин пурра мегардад. Соли 2009 дар Донишкада китобхонаи электронӣ ба кор оғоз кард.
Дар Донишкада озмойишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Таълими маҳорати педагогӣ» созмон дода шудааст, ки дар пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотии масъалаҳои такмили ихтисос саҳмгузор аст.
Аз ҷониби ҳайати омӯзгорону кормандони Донишкада ва филиалҳои он танҳо дар соли 2015 беш аз 188 мақолаи илмӣ-методӣ ва оммавӣ, 5 китоби дарсӣ, дар ҳаммуаллифӣ 3 китоби дарсӣ, 16 дастури методӣ таълиф гардида, 21 конференсия, 42 мизи мудаввар гузаронида шуд ва ҳамчунин 36 тақриз таҳия ва пешниҳод шудаанд. Дар маҷмуъ, аз ҷониби омӯзгорону кормандони Донишкада ва филиалҳои он дар даврони соҳибистиқлолӣ (1991-2015) зиёда аз 627 мақолаи илмӣ-методӣ ва оммавӣ, 65 китоби дарсӣ ва тавсияҳои методӣ, 229 дастури методӣ таҳия ва нашр шуда, 233 конференсия, 98 мизи мудаввар гузаронида шуд ва 86 тақриз таҳия ва пешниҳод карда шудааст.
Дар доираи ҳамкориҳо бо фонди глобалии шарики таҳсилот (ГПО-4) то охири соли 2016 3600 нафар омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, дар доираи ду модули таълимӣ – «Методикаи таълими стандарти фанҳои забони модарӣ ва математика» ва «Арзёбӣ дар низоми таълимии салоҳиятнок» омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ пурра аз такмили ихтисос гузаронд.
Вазифаҳои асосии минбаъдаи муассисаҳои такмили ихтисос чунинанд:
- таҳия ва татбиқи барномаҳои таълими замонавӣ ва ба роҳ мондани раванди бозомӯзии омӯзгорони фанни ғайритахассус амалкунанда;
- бунёди пояи муосири техникӣ ва технологии такмили ихтисос ва бозомӯзӣ;
- коркарди механизми ба бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии ҳарчи бештар ҷалб намудани мутахассисони варзида ва унвони илмидошта;
- такмили пояи илмию методии раванди такмили ихтисос ва бозомӯзӣ;
- гузаштан ба сикли 3-солаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф;
- бунёди инфраструктураи ба талаботи такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ҷавобгўй;
- гузаштан ба маблағгузории сарикасии такмили ихтисос;
- коркард ва ҷорӣ намудани низоми музди кори ҳавасмандкунанда;
- гузаштан ба низоми супориши давлатӣ ва такмили ихтисос;
- ҷорӣ намудани шаклҳои муосири такмили ихтисос (кредитӣ, фосилавӣ ва модулӣ);
- коркард ва ҷорӣ намудани барномаҳои таълими алтернативӣ (гуногунроҳ) дар такмили ихтисос;
- беҳтар намудани нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатии такмили ихтисос;
- коркарди механизими дарёфт, омӯзиш ва тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогӣ ва роҳбарӣ.
1.5. Вазъи ташкили фаъолияти мустақилонаи таълимии талабагони синфҳои ибтидоӣ дар машғулиятҳои забони модарӣ Ташкили фаъолияти мустақилонаи омӯзишии хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба фаолияти мустақилонаи шуур вобаста мебошад.
Фаъолияти мақсаднок бунёдгузори раванди фикр, амал, муайянкунанда ва идоракунандаи самтҳои фикр ё қобилияти фикрронӣ аст.
Дар назди худ гузошатани мақсадҳои наҷиб ва арзишманди ҳаётӣ ва азми заҳмати ба даст оввардани онҳо ба рушду нумуи фикр таъсири амиқ ва мусбат марасонад. Агар инсон фикру андешаи худро пайгирона ва фаъолона рушд доданӣ шавад, бояд пеши худ мақсадҳои олӣ, арзишманд ва мураккабтар гузорад, барои расидан ба фаҳмишу донишҳои асоснок оид ба мавзуъ ва масъалаҳои таълимӣ, рӯйдод, ҳодисаю воқеоти олами ҳастиро дақиқона мушоҳида ва муқоиса кунад, оид ба онҳо сарчашмаҳои муътамад (мувофиқи синну сол) ва дастрасро қироат ва таҳлил кунад, хулоса барорад, нақшасозӣ кунад, амалҳои ҳадафманд анҷом диҳад, монеаҳои фикрталабро бартараф созад, хатоҳои содиркардаашро дарёфта ислоҳ кунад, саъю кӯшишҳои наву такрорӣ анҷом диҳад, то ки ба мақсади арзишманди гузоштааш бирасад. Зеро «шараф ва шарафмандии инсон аз илм аст, илме ки на сарсарӣ ва рӯякӣ, балки бо заҳмату фаросат омӯхта мешавад».
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои самаранок гардондани раванди таълим тадбирҳои зиёдеро андешида, ба мақсади таъмин намудани шароити мувофиқ дар доираи Барномаи ҳамкории глобалӣ дар соҳаи маориф (ГПО-4) силсилаи модулҳои таълимиро таҳия намуда, омӯзгорони синфҳои ибтидоиро тавассути курсҳои такмили ихтисос ба омӯзиш ва татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим омода намуд.
Мақсад аз омӯхтани силсиламодулҳо равшанӣ андохтан ба зарурати гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим ва таҳлили омилҳои номувофиқатии низоми таълими анъанавӣ мебошад.
Коршиносону омӯзгорон тавассути мустақилона омӯхтан ё дар машғулиятҳои курси такмили ихтисос иштирок кардан, низоми таълими анъанавиро таҳлилу баррасӣ карда, зарурати такмил додани низоми таълими анъанавӣ ва гузаштан бо муносибати босалоҳият ба таълимро зарур шумориданд.
Барои сабаби ворид намудани тағйирот ба низоми таҳсилотро донистан, бояд таърихи инкишофи педагогикаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеши назар овард. Таърихи инкишофи илми педагогикаи муосир дар ҷумҳурии мо ба даврони Шуравӣ алоқаи хеле зич дорад.
Барои ин таҳқиқи инкишофи илми педагогикаи Шуравӣ, ки заминаи асосии назариявӣ ва амалии низоми таълими кунуниро ташкил медиҳад, мувофиқи мақсад аст.
Низоми анъанавии таълим аз назарияи таълими Я.А.Коменский сарчашма мегирад. Низоми мазкур аз ҷиҳати ташкили раванди таълим низоми синфӣ-дарсӣ буда, мазмуну мундариҷа тавассути методҳои шарҳӣ-аёнӣ амалӣ карда мешавад. Назарияи мазкур ҳанӯз дар асри XVII дар асоси принсипҳои дидактика ташаккул ёфтааст.
Низоми синфӣ-дарсӣ хусусиятҳои хоси худро дорад:
- синф аз хонандагони синну сол ва омодагии якхела иборат буда, дар тамоми раванди таҳсилоти мактабӣ дар ҳамин ҳайат боқӣ мемонад;
- ҳайати синф дар асоси як нақшаи солона ва барномаи таълим мувофиқи ҷадвали дарсҳо таълим дода мешавад. Хонандагон бояд дар як вақти муайян, фасли муайян ба муассисаи таълимӣ ҳозир шаванд;
- дарс воҳиди асосии таълим ба шумор меравад;
- дарс ба як фан, мавзуъ бахшида шуда, тамоми хонандагони синф аз рӯйи як мавод кор мекунанд;
- фаъолияти хонандагонро дар раванди дарс омӯзгор идора мекунад: ӯ натиҷаҳои таълими фанни худро арзёбӣ карда, дараҷаи азхудкунии ҳар як хонандаро дар алоҳидагӣ санҷида, дар охири соли таҳсил оид ба гузаронидан ё нагузаронидани хонанда ба синфи оянда қарор қабул мекунад;
- китобҳои дарсӣ асосан барои вазифаи хонагӣ истифода мешаванд.
«Соли таҳсил, рӯзи дарсӣ, ҷадвали дарсҳо, таътил, танаффуси байни дарсҳо нишондиҳандаҳои низоми синфӣ-дарсӣ мебошанд».
Дар низоми синфӣ-дарсӣ, асосан, методҳои шарҳӣ-аёнӣ истифода мешавад. Чунин тарзи таълим имконият медиҳад, ки дар вақти кӯтоҳ миқдори зиёди ахбор интиқол дода шавад.
Дар таълими шарҳӣ-аёнӣ омӯзгор дониш (маълумот)-ро дар шакли тайёр пешниҳод менамояд, хонандагон онро қабул ва бозгӯйӣ мекунанд.
Мундариҷаи таълим дар ин навъи таълим ботартиб ва алоқанок пешниҳод карда мешавад.
Фаъолияти омӯзгор, асосан, барои ба таври шифоҳӣ фаҳмонда додани мавзуъ ва истифодаи аёният равона мегардад. Ин навъи таълим ба анъана ва одат табдил ёфтааст.
Дар таълими шарҳӣ-аёнӣ диққати асосӣ ба инкишофи хотир равона шуда, хонанда пас аз шунидан (ё хондан)-и маълумот онро бояд дар хотир гирад, дертар ба хотир орад ва бозгӯйӣ карда тавонад. Раванд ва натиҷаи таълим ба андозаи донише, ки хонанда аз суханони омӯзгор ё китоби дарсиву дигар маводи таълим дар хотир гирифтааст, маҳдуд мегардад. Хонандагон дониши азхудкардаашонро ба таври гуногун пешниҳод мекунанд: нақл, бозгӯйӣ, нақли хаттӣ, иншо, корҳои санҷишӣ ва амсоли инҳо.
Барномаҳои таълим дар низоми мазкур маводи таълимро бо тартиби мушаххас пайиҳам пешниҳод карда, барои аз худ кардани мавзуъҳо миқдори муайяни вақтро аниқ месозад. Барои ҳар як фан барномаи таълими алоҳида таҳия карда мешавад ва онро ба муҳлати 5 то
10 сол истифода мебаранд. Дар асоси барномаҳои таълим китоби дарсӣ таҳия мешавад. Омӯзгор дар асоси барнома ва китоби дарсӣ нақшаи тақвимӣ-мавзуӣ таҳия карда, дар асоси он раванди таълими фанро ба роҳ мемонад. Дар низоми мазкур нисбат ба хонанда омӯзгор бештар дар дарс фаъолият мекунад.
Ҳангоми арзёбии фаъолияти омӯзгор санҷишгар ба саволҳои Чӣ тавр омӯзгор дарсро ташкил кард? Ҳангоми пурсиши вазифаи хонагӣ чӣ қадар вақт сарф кард? Чанд хонандаро пурсид? Мавзуи навро чӣ тавр баён кард? Мустаҳкамкуниро гузаронд ё не? Баҳоро эълон кард ё не? ва ғайра бештар диққат медод. Инчунин, ҳангоми санҷишҳо мувофиқати нақшаи тақвимӣ ба мавзуи дарсӣ, китоби дарсӣ ва дафтари синф сахт назорат карда мешуд.
Аз худ накардани барномаи таълим аз тарафи хонанда маънои мавзуъҳои таълимро нафаҳмидани ӯ арзёбӣ мешуд.
Кадом омилҳо ин навъи таълимро устувор ва доимӣ гардондааст?
Асосан, ба таври пайдарҳамӣ пешниҳод ва аз худ кардани дониш, фарогирии миқдори зиёди хонандагон ва тартиботи камхарҷи додани дониш омилҳои асосии устувории ин навъи таълим буда метавонанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё