Зеҳн
АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.

Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа

Маориф
Аз аввал хондан

Дарсҳо дар таълими шарҳӣ-аёнӣ мувофиқи қолабҳои мушаххас ба нақша гирифта шуда, вазъи ташкили фаъолияти мустақилонаи омӯзишии хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар машғулиятҳои забони модарӣ (озмойиши муайянсозандаи пешакӣ) дуруст ба нақша гирифта нашуда, фаъолияти омӯзгору хонандагон дар он мушаххас дарҷ намешаванд. Вазифаҳои асосии таълим дар низоми мазкур, асосан, ҷудо кардан, хат кашидан, дар хотир гирифтан, нақл кардан, дар асоси намуна ҳал кардани мисолу масъалаҳо, тартиб додани ибора, ҷумла мебошад. Ҷараёни таълимиву маърифатӣ дар хонандагон услуби тазаккурӣ будани таълимро ташаккул медиҳад. Яъне, хонандагон шунидан, хондан ва бозгӯйӣ, ё дар асоси намунаҳо, қоидаҳо иҷро кардани мисолу масъаларо ҳамчун фаъолияти асосии маърифатӣ ҳисоб мекунанд.

Дар хусуси фаъолияти маърифатӣ, устод Ф. Шарифзода дар мақолааш «Ташаккули маданияти зеҳнӣ ва рушди тафаккури хонандагон» чунин андеша дорад. «Барои он ки одам тафаккури худро босамар инкишоф диҳад, вай бояд донишомӯз (толибилм) шавад, яъне кӯшиши «ҳамаро донистан» кунад, кӯшиш кунад, ки ҳама чизи заруриро фаҳмад, кӯшад, ки донишҳои гирифтаашро дар ҳаёт бисанҷад ва натиҷаҳои даркориро ба даст оварад. Бифаҳмад, ки ҳаҷми донишҳо нопайдоканор аст»

Аз ин ҷо саволе ба миён меояд: Чӣ зарурат пеш омад, ки низоми таълими кунунӣ/анъанавӣ бояд тағйир дода шавад?

Барои ба ин савол ҷавоб додан, бояд, шароити иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии давраҳои гуногуни инкишофи ҷомеаи башарӣ ба ҳисоб гирифта шавад. Дар давраҳое, ки низоми синфӣ-дарсӣ ва шарҳӣ-аёнӣ ташаккул ёфта, ба қуллаҳои баланди худ расида буд, шароити иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву маърифатии одамон, арзишҳову дастовардҳои илму техника дар сатҳи дигар қарор дошт. Масалан, аксари корҳо

(истеҳсолот) ба таври дастӣ сурат мегирифт, нақлиёт ва алоқа кам рушд карда буд, сарчашмаҳои ахбор хеле маҳдуд буданд, китобҳо намерасиданд. Зиёда аз он, шахси босавод гуфта, шахсеро мешумориданд, ки ахбори зиёдро медонад.

Мо аз сарчашмаҳои гуногун ақидаҳоро оид ба номувофиқатии низоми таълими мазкур ба шароити иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии муосир аз нигоҳи психолог-педагогҳо оид ба вазъи ташкили фаъолияти мустақилонаи омӯзишии хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар машғулиятҳои забони модарӣ(озмойиши муайянсозандаи пешакӣ) баррасӣ менамоем:

1. Ба ақидаи педагог-психолог Р.Аткинсон, «яке аз норасоиҳои низоми мазкур дар он аст, ки диққати асосӣ ба хотира равона мешавад, на ба инкишофи тафаккур. Он ба ташаккули қобилияти эҷодӣ, мустақилӣ, фаъолнокии хонандагон таъсири кам дорад. Илова бар ин, миқдори ахбору маълумоти пешниҳодшаванда нисбат ба қобилият ва равандҳои азхудкунии хонанда зиёд мебошад»

Соли 2016, “Маҷмўи модулҳо оид ба муносибати босалоҳият ба таълим” таҳия гардид, ки дар он якчанд номувофиқатии низоми анъанавиро ошкр сохтаанд: “Мундариҷа ва фаъолияти таълим ба гузашта нигаронида шудааст. Яъне, ахбор, маълумот, қоидаҳое, ки дар раванди таълим аз худ карда мешаванд, ба ҳаёти воқеӣ алоқаи ночиз доранд. Илова бар ин, намуна, таҷриба ва ақидаҳои пешниҳодшаванда порчаи алоҳидаи замонро ифода мекунад. Ин боис мегардад, ки таълимгирандагон мавқеи худро дар чаҳорчӯбаи замон муайян карда наметавонанд ва мавқеи таълим паст мегардад. Ин сатҳи ҳавасмандии хонандагонро ба таълим хеле паст мегардонад. Яъне онҳо намедонанд, ки барои чӣ, кай ва дар куҷо ин ё он донишро истифода баранд. Аксари таҷриба ва намунаҳои пешниҳодшаванда тахайюлӣ буда, ба хонандагон имконияти таҳлилу баррасии проблемаҳоро фароҳам оварда наметавонанд, зеро рафтору ҳодисаҳо, қоидаву қонунҳо ба ҳаёти ҳозира мувофиқат намекунанд”.

В.А. Болотов ва В.В.Сериков якчанд омилро нисбат ба камнуфуз шудани низоми пешинаи таълим мавриди баррасӣ қарор додаанд. Ба ақидаи онҳо “тағйирот дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иттилоотиву технологӣ боиси пайдо шудани фарҳангу маданияти нав гашта, дар он таҳсилоте, ки танҳо ба андӯхтани дониш нигаронида шудааст, самаранокӣ ва мақсаднокиашро аз даст додааст. Айни замон бо боварии том гуфтан мумкин аст, ки низоми таълими ба дониш нигаронидашуда ба буҳрони амиқ рӯ ба рӯ шудааст. Буҳрони мазкур якчанд сабаб дорад. Яке аз сабабҳо ба тағйир ёфтани моҳияти дониш ва таҷрибаи ҷомеа вобастагӣ дорад: айни замон ба даст овардани ахбор соҳаи муҳимми фаъолияти касбии инсон гашта, асоси ҳама гуна истеҳсолоти муосирро ташкил медиҳад. Суръати нав шудани донишҳо бо тағйир ёфтану ислоҳотидастгоҳҳои истеҳсолӣ баробар шудааст. Маҷрои бузурги ахборро, ки то мактабро хатм кардани хонанда куҳна мешавад, акнун дар чаҳорчӯбаи барномаи таълим ҷо додан ғайриимкон аст. Таълим додани “маълумоти дақиқ” муҳим аст, аммо агар имконияти сари вақт иваз кардани унсурҳои он фароҳам оварда нашавад, он гоҳ мо наметавонем хонандаро ба ҳаёт омода намоем. Сабаби дигари буҳрони низоми таълими ба дониш нигаронидашуда дар он аст, ки зарурати пур кардани хотираи кӯдакон бо ахбори барзиёд аз байн рафтааст, зеро маъхазҳои дигари нигоҳ доштани ахбор мавҷуданд,монанди почтаи электронӣ, интернет, флешкарта, компютер. Ба хонандагон бояд тарзи истифодаи ин маъхазҳо омӯзонда шавад”.

Дониши муайян аз сарчашмаҳои аниқ (санҷидашуда, илман асоснок) тавассути омӯзгор (ё китоби дарсӣ) ба хонандагон пешниҳод карда мешавад. Роҳҳои пешниҳоди дониш гуногун буда, вобаста ба эҷодкорӣ ва таҷрибаи омӯзгор, хонандагон метавонанд дониш (қолаб)-и муайянро аз худ ва бозгӯй кунанд (ё дар асоси қолаби пешниҳодшуда амалеро иҷро кунанд). Натиҷаи таълим тавассути андоза ва сифати бозгӯйӣ ё то кадом андоза ба намунаи додашуда дуруст иҷро кардани мазмуни матн арзёбӣ карда мешавад.

Барои фикр кардан вақти муайян дода намешавад, бенақшагӣ, набудани тадбирҳои ташаккули малакаҳои фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ, додани донишҳои тайёр, набудани ҷустуҷӯйи мустақилонаи донишҳо ба мушоҳида мерасад. Хонанда натиҷаи корашро арзёбӣ ва таҳлил карда, ғалатҳои худро муайян намекунад, сабаби содир кардани ғалатро мустақилона, бо ёрии ҳамсинфон ё омӯзгор аниқ намесозад.

Корашро дар асоси нишондиҳандаҳо такмил намедиҳад.

Дар раванди низоми таълими ба дониш асосёфта (анъанавӣ) ба ташаккули малакаҳои фаъолияти мустақилонаи омӯзишии хонандагон диққати ҷиддӣ дода намешуд.Дар низоми таълими ба дониш асосёфта чунин раванд мувофиқ аст:

Мушкилоти мактаби имрӯза дар он аст, ки баъзеҳо муҳиммияти хотираро аз рушди тафаккур болотар мегузоранд, ки ин дуруст нест.

Солҳост, ки (аз замони Шуравӣ то имрӯз) ба ин мақсаду вазифаи муҳимтарини таълиму тарбия – бедории рушди зеҳну тафаккури таҳлилии кӯдакон, ки дар илми педагогика заминаи устувори фаъолияти мустақилона,ҷӯёӣ ва эҷодӣ шинохта мешавад, хеле кам ва рӯякӣ аҳаммият дода мешавад. Ҳол он ки маҳз ҳамин заминаи устувори фикрӣ чи ояндаи донишандӯзӣ ва чи ояндаи ҳаётии шахсияти насли созандаро муайян хоҳад кард. Пас маълум мешавад, ки «агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва ба ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем».

Яке аз сабабҳои асосии тағйири низоми таълим (мундариҷа ва раванди таълим) талабот ва нақшаҳои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020, №526 тасдиқ шудааст) талаб менамояд, ки “Низоми нави маориф, ки мутобиқи тамоюлоти ҷаҳони муосир на ба дониш, балки ба салоҳиятнокӣ асос ёфтааст, бояд ба хонандагон имконияти аз худ намудани салоҳияту малакаҳои асосии иҷтимоиро, ба монанди қабули масъулиятнокии қарорҳо ва банақшагирии пешравӣ дар касб, илмомӯзӣ дар давоми тамоми ҳаёт, салоҳияти алоқадорӣ, тайёрии касбии дар бозори меҳнат талаботдошта, донишу малакаи барои худтакмилдиҳӣ зарур, малакаитарзи ҳаёти солим, арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмин намояд”.

Стратегияи миллии рушди маориф (СТРМ-2012-2020 ва то 2030) самтҳои тағйироти низоми таълимро мушаххас карда, гузаришро аз низоми анъанавӣ (ба дониш асосёфта) ба низоми муносибати босалоҳият ба таълим ба нақша гирифтааст. Қарори мазкур дар асоси таҳқиқоту мушоҳидаҳои назаривию амалӣ бароварда шудааст. Низоми таълими ба дониш асосёфта ба талаботи соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ ва маърифатии ҷомеаи муосир мувофиқат намекунад.

Сабабҳои номувофиқатии ин низом аз ҷониби олимони соҳа ва сарчашмаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ шарҳ дода шудаанд. Гузариш ба низоми нав боиси ба ҳаёт ва талаботи муосири соҳаҳои гуногун наздик шудани мундариҷаи таҳсилот мебошад.

Мафҳуми салоҳият дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ лоиқ будан, сазовор будан, шоистагӣ, сазоворӣ тафсир дода шудааст.

Дар стандартҳои фаннии зинаи таҳсилоти ибтидоӣ мафҳуми “салоҳият” чунин шарҳ дода шудааст: Салоҳият – маҷмуи дониш, малака ва маҳоратҳои ба ҳам пайванде, ки ба мақсади ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаётӣ (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ), маърифатӣ ва касбӣ равона карда мешаванд.

Дар баъзе адабиёти илмӣ мафҳумҳои салоҳият, қобилият, малака ва маҳорат баробар истифода мешаванд.

Аз тафсири баррасигардида ба хулосае омадан мумкин аст, ки шахси салоҳиятманд аз уҳдаи қобилона ва боэътимодона иҷро кардани амале баромада метавонад. Муносибати босалоҳият ба таълим низомест, ки дар он диққати асосӣ ба ташаккули малакаҳои амалӣ (ҳаётӣ, ҳақиқӣ, функсионалӣ)-и хонанда равона гардидааст. Муносибати босалоҳият ба таълим ба саволҳои “Хонанда чӣ кор карда метавонад?”, “Хонанда кадом амалҳоро иҷро карда метавонад?” ва ғайра посух медиҳад.Донистан ё дониш дар муносибати босалоҳият ба таълим ҷузъи таркибии малака ҳисоб шуда, барои санҷидан, муқоиса кардан бо намуна, барои ислоҳи ғалатҳо истифода мешавад.

Салоҳиятро таълим намедиҳанд, салоҳият дар натиҷаи аз худ кардани дониш, малака ва маҳоратҳо ташаккул меёбад”.

Салоҳият натиҷаи амалии дониш, малака ва маҳорат аст.

Муқоисаи натиҷаҳои таълим аз рўи китоби дарсии “Забони модарӣ” барои синфи 4. Душанбе, 2021 дар ҷадвали №4 оварда шудааст.

Чуноне аз ҷадвал маълум мегардад, унсурҳои таълими салоҳиятмандӣ, махсусан, зинаи дониш (донистан) дар низоми таълими ба дониш асосёфта низ вуҷуд дорад. Фарқ дар он аст, ки дар низоми таълими босалоҳият диққати асосӣ ба фаъолияти хонанда дода мешавад.

Яъне, фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳни хонандагони синфҳои ибтидоӣ равона карда мешавад. Дар низоми таълими ба дониш асосёфта тартиби мантиқӣ, пайдарҳамии мавзуъҳо дуруст пешниҳод шуда бошанд ҳам, раванди таълим ва натиҷаҳои он барои хонанда дар доираи вақт маҳдуд инъикос меёбанд. Яъне, вақти зиёд сарфи фаъолияти омӯзгор буда, ба фаъолияти мустақилонаи хонанда вақти кам дода мешавад, ки ин барои фаъолияти эҷодӣ ва рушди тафаккури хонанда таъсири манфӣ дорад.

Ба ақидаи В.Н.Липник «омӯзгор дар ҷараёни фаъолияти педагогӣ бояд чизеро хабардор созад, ки роҳату манфиатро нишон диҳад, бояд ба дарсҳо бозиҳоро ворид намояд, ки машқҳои фикрронӣ ба шавқу ҳавас ва бозӣ мубаддал гарданд».

Ба эътибор гирифтани имконияти ақлии хонандагон гуногун буда, методҳои таълим ва воситаҳою тадбирҳои таълим дар низоми муносибати босалоҳият ба таълим хусусиятҳои ба худ хос дорад.

пешина
аз 32
навбатӣ