АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.
Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа
“Забони модарӣ” як фан аст, вале мебинем, ки онро бо номҳои таълими савод, хониш, грамматика ва имло, ҳусни хат, хониши беруназсинфӣ дар ҷадвал дарс мегузоранд ва мехонанд”.
Фанни забони модарӣ, ки мақсаду вазифаи ягона ва умумӣ дорад, ба фанҳои гуногун ҷудо шуда, аз рӯйи барномаю китобҳои дарсии ҷудогона дарс дода мешавад. Оё мумкин нест, ки ҳамаи инро “Забони модарӣ” гӯему дар як барномаю китоби дарсӣ муттаҳид намоем. Ин фанҳо табиатану таърихан яканд, вале мо худамон имрӯз дар бораи алоқаи онҳо гап мезанем. Ҳангоме ки ин қисмҳо бо номи умумии як фан муштарак дарс дода мешаванд, мақсаду вазифаҳои дидактикӣ ва тарбиявии он дучанд зиёд мешавад. Дар ҳар як дарси забони модарӣ ҳамаи унсурҳо (хониш, грамматикаю имло, машқи хат, инкишофи нутқ) мавҷуданд.
Таҳлил ва баҳодиҳӣ ба сифати нақша ва барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ, дастур ва маводи дидактикӣ оид ба таълими забони модарӣ собит сохтанд, ки дар мактаб фанҳое таълим дода мешаванд, ки чанд сол қабл боб ё фасли ягон фанни таълимӣ буданд. Ин вазъият теъдоди фанҳои мактабӣ ва сарбории хонандагонро афзуд ва мушкил мекард. Масалан, академик М.Луфуллозода дар мақолааш “Тадриси муштараки фанҳо” дар ин бора чунин андешаро пешниҳод намудааст:
“Нақшаҳои таълимии имрӯза барои гузаштан ба ҳафтаи 5-рӯзаи таълим имконият намедиҳанд. Таваҷҷуҳ фармоед: хонандаҳои синфҳои 2-юм ва 3-юм ҳафтае (6-рӯзаи таълим) 27-28 соат дарс мехонанд, ки 4 рӯз 5-соатӣ ва 2 рӯз 4-соатӣ рост меояд. Агар ин миқдори соатҳоро ба ҳафтаи 5- рӯзаи таълим гузаронем, он гоҳ хонандаҳои хурдсоли 8-9-сола рӯзе 5-6 соат дарс мехонанд, ки ин тамоман мумкин нест”.
Дар ин бора махсус бояд таъкид кард, ки тоқатфарсо кардани сарбории зеҳнии кӯдакон возеҳан зараровар буда, ба саломатӣ ва сифати азхудкунии онҳо садамаи ислоҳнопазир ворид месозад.
“Вале, вақте ки таълими муштараки фанҳоро пеш мегирем, масъалаи 5- рӯзаи таълим худ аз худ ҳал мешавад”.
Нақшаи таълими мактаб низ хеле сербор аст. Возеҳан, зарурати вокеӣ ба миён омадааст, ки ба стандартҳои нави таҳсилот, ки ба маҷрои талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ мувофиқ бошанд, рӯ оварем, то ки ҳаҷми буҷаи таълимии хонандагон аз ҷиҳати илмӣ асоснок бошад ва ба ҳалли босамари вазифаҳои таълимию тарбиявӣ мусоидат намояд.
Асоснокӣ ва махсусияти пешниҳоди мазмуни фанҳои ҳамгироигаштаи таълимӣ ба таълимот (қонуният)-и фалсафӣ- диалектикӣ такя мезанад, ки дар табиат ва ҷомеа тамоми чизҳо (ашё), ҳодисот ва равандҳо дар робитаи мутақобила арзи вуҷуд доранд. Ва маҳз ҳамин қонунияти фалсафӣ бояд бунёди боэътимоди мазмуни таҳсилоти мактаби муосирро ташкил намояд. Вагарна дар ҷаҳонфаҳмии насли наврас, дар зеҳну тафаккури ӯ табиат ва ҷомеа на ҳамчун воқеияти ягонаву яклухт, ҳамгиро ва дониши мураттабу бонизом, балки ҳамчун мафҳумҳои пароканда, ахбори алоҳидаву маҳдуд ташаккул меёбад. Дар натиҷа хонандагон ашхоси номустақил, маҳдудназар, беташаббус ба воя расида, аз уҳдаи ҳалли мустақилона ва эҷодкоронаи вазифаҳои ҳаётӣ баромада наметавонанд. Дар гузаштаи начандон дур эътибор нагирифтани қонунияти фалсафӣ, баробари дигар камбудиҳо сабаби асосии афзудани ҳаҷми умумии мазмуни таҳсилот ва тоқатнофарсоии сарбории хонандагон гардида буд, зеро қабл аз ҳама, принсипи илмият ва дастрасии таълим риоя нашуда буд. Заифии тафаккури мантиқӣ ва эҷодии хонандагон, фоизбозӣ дар фаъолияти мактаб ҳамчун рӯйдоди номатлуб аз ин саҳлназарӣ ва беэътиноӣ ба таълимоти фалсафӣ, педагогӣ ва методӣ сарчашма гирифта буд.
Ба ақидаи педагог-методистон: Мирзоев Р., Ҳомидов Ҳ. “барои такмили мазмуни таълим зарур аст: мундариҷа ва ҳаҷми маводи фанҳои омӯхташавандаро аниқ бояд кард, барномаҳои таълимию китобҳои дарсиро субуктар намуда, аз онҳо маводи аз ҳад зиёд мураккабу дуюмдараҷаро хориҷ бояд кард.”
Ба синфи I бачаҳо аз оилаҳои гуногун омада, ҳар яке дорои характер, рафтор, кирдор, психологияи худ мебошанд. Худи ҳамин вазифаҳои омӯзгорро муайян мекунад: “Муҳимтарин вазифаи ӯ дар ҳафтаи аввал дар коллективи ягона муттаҳид намудани бачагон, муайян намудани ҷойи ҳар як бача дар синф, ҷамъ намудани маъълумот дар бораи дониш, инкишофи нутқ ва ба хондану навиштан омода сохтани хонандаҳо мебошад.Муаллим дар охири моҳи август анкета тартиб дода, дар бораи ҳар як шогирди ояндааш маълумот гирд меорад”.
Омӯзгор аз синфи I сар карда, ба инкишоф додани малака ва маҳорати хониши хонандагон диққат медиҳад. Саъй мекунад, ки хонандагони синфи I мазмуни асарҳои хондаашонро дуруст ва бошуурона фаҳманд. Ҷумлаҳоро вайрон накарда, калима ё ҳиҷоро такрор накарда, дар хондан дарнамонда ва дар айни замон маънои чизи хондаашонро пурра фаҳмида хонанд. Ҳангоми хондан ба риоя кардани оҳанги нуқта ва аломати савол одат кунад. Дар вақти хондан саросема нашуда, бо суръати муқаррарӣ хонданро ёд гирад.
Машқҳои бошуурона ва бурро хондан бояд баробар давом кунад.
Ба саволҳо аз рӯйи матн ҷавоб додан, ба нақшҳо тақсим карда хондан, тартиб додани нақша, аз ёд кардани шеърҳо ва ғайра суръати зарурии хониши хонандаи синфи якумро таъмин менамояд.
Мазмун ва мундариҷаи барномаи синфҳои I-II, асосан, характери тайёрӣ доранд, ки иборат аз хондану навишта тавонистан аст. Барномаи забони тоҷикӣ дар синфи I ба ду қисм ҷудо мешавад. Қисми якум давраи тайёрии таълими савод аст, ки чунин масъалаҳои марбут ба кори мустақилонаро дар бар мегирад: а) инкишофи нутқи шифоҳии хонандагон ва аз рӯйи расму шакл ва контураҳои дар алифбо буда шифоҳӣ тартиб додани ҷумла ва ҳикоячаҳо, тайёрӣ ба навиштан ва ба расмҳои мазмунноки алифбо шифоҳӣ савол гузоштани хонандагон; б) амалӣ шинос шудан бо ҷумла, калима, аз ҷумла ҷудо карда тавонистани калима ва сарфаҳм рафтани фарқи ҷумлаю калима; в) аз калима ҷудо карда тавонстани ҳиҷо, пайхас карда тавонистани овозҳои дар ҳиҷо буда ва талаффузи овозҳои фарқ кардашуда; г) аз калима ва ҳиҷоҳо ҷудо карда тавонистани овозҳои садоноку ҳамсадо; д) машқҳои содаи хатнависӣ ва навишта тавонистани унсурҳои асосии ҳарфҳо.
Қисми дуюми барнома давраи алифбост, ки чунин масъалаҳои марбут ба фаъолияти мустақилонаи таълимиро дар бар мегирад:
1. Хониш ва инкишофи нутқ муҳимтарин ва масъулиятноктарин давраи таълими савод мебошад. Дар ин давра доираи кори аз нутқ ҷудо кардани ҷумла ва ҷумларо ба калимаҳо, калимаҳоро ба ҳиҷоҳо ва овозҳо ҷудо карда тавонистан, амалӣ омӯхтани овозҳои садоноку ҳамсадо васеъ гардида, ҳарфҳо аз рӯйи мушкилӣ ва осонии худ ба як тартиби муайян омӯхта мешаванд. Аз ҳарфҳо ҳиҷоҳо тартиб дода калима сохтан, аз калима сохтани ҷумлаҳои сода, хондани ҳиҷоҳои кушода ва баста (ҳа, ана, мана, хон, хом), хондани калимаҳои бо ду ҳамсадо тамом шудагӣ ва хондани калимаҳои бо ду ҳамсадо саршаванда дар макази диққат меистад: асп, шарм, трактор ва ғайра.
2. Мувофиқи талаботи барномаи синфҳои ибтидоӣ (соли 1989) раванди хондану навиштан ҳар ду баробар торафт мураккаб шудан мегирад: бачагон чизи хондаашонро бояд фаҳманд; матнҳои ҳаҷман хурди содаро бояд фаҳмо, равон ва буррою дуруст хонда тавонанд; ба талаффузи калимаҳои аломати сактадор (ъ) эътибор диҳанд; аломатҳои китобатро риоя карда тавонанд; ба саволҳо оид ба ҷумла, матнҳои хондашуда ва расми додашуда ҷавобҳои аниқ ва равшан дода тавонанд.
Дар ин давра гузаронидани бозиҳои шавқовар, аз қабили “Бозии хомӯшона”, “Аз ҳиҷоҳои бутун сохтани калима”, монанди пар (та, тав, воз, во); хуш (рӯ, мӯ, бӯ, гӯ, рафтор); о (на, лу, ҳу, ру, бид, дил, лим); “Ба ҳиҷоҳои додашуда ҳамроҳ кардани ҳиҷоҳои мувофиқ”, “Садонокро иваз карда, калимаи нав сохтан”, “Бозии хаткашон”, “Бозии сохтмончиён”, “Бозии варзишгари ҷасур”, “Кор бо ребус”, ”Кор бо чайнворд”, “Зинача” ва монанди инҳо суръат ва сифати дарсҳои саводомӯзиро беҳтару шавқовар гардонида, оид ба маводи омӯзиш дар хонандагон шавқмандиро бедор намуда, дар онҳо ҳисси кунҷковӣ, ҳозирҷавобӣ ва эҷодкориро тарбия мекунад. Масалан, бозии “Зинача”
Баъди суҳбати муқаддимавӣ доир ба сабзавот, меваҳо ва намудҳои ашёҳои рўзгор бозии “Зинача” оғоз меёбад. Омӯзгор варақчаҳоеро, ки дар онҳо номи меваҳо, сабзавот ва асбобҳои рўзгор навишта шудааст, ба болои миз гузошта аз се қатор се хонандаро даъват мекунаду супориш медиҳад, ки хонандаи якум номи меваҳо, хонандаи дуюм номи сабзавот ва хонандаи сеюм номи асбобҳои рўзгорро ёфта, ба зинаҳо гузоранд.
Ҳамон хонандае дар бозӣ ғолиб дониста мешавад, ки ба тезӣ “давида”, ба баландӣ барояду парчамро гирад.
Дар ҳамин давра бачагон бояд ҳикояҳои ҳачман хурди ҳаётӣ ва порчаҳои назмии бачагонаро аз ёд карда, мазмунашонро аз рӯйи саволҳои омӯзгор нақл карда тавонанд. Фаҳмиш ва дарк карда тавонистани хонандагони синфи якум ба раванди дурусти таълими савод ва хониш вобаста аст. Бе хато ва бе такрори ҳиҷою калимаҳо бо овози баланд хондани матнҳо гарави фаҳмиши хонандагон буда, шифоҳӣ нақл кардани мазмуни асари хондашуда ба он вобаста аст.
3. Ёд додани хат аз рӯзҳои аввали омухтани ҳарфҳо сар шуда, тадриҷан мураккаб мегардад. Мувофиқи талаботи барнома хонандагони синфи якум аз рӯйи диктаи омӯзгор бояд ҷумлаҳо ва калимаҳоро беғалат навишта тавонанд ва аз китобу тахтаи синф тарзи рӯбардор кардани ҷумлаҳо, калимаҳо ва ҳарфҳои дастнавису чопиро ёд гиранд, ки ин тадриҷан мураккаб шудан мегирад.
4. Мувофиқи боби III, қисми II барнома (соли 1989) хонандагони синфҳои якум доир ба грамматика, имло ва овозҳои нутқ бояд мустақилона чунин малакаҳоро ҳосил ва иҷро намоянд: нутқ, аз нутқ ҷудо кардани ҷумла, саволҳои кӣ, чӣ, нуқта, ҳарфи калон дар аввали ҷумла; савол гузоштан ба калимаҳо; чӣ кор мекунад?, чӣ хел?, чӣ гуна?, ҳарфи калон дар аввали номҳои хос, тарзи аз як сатр ба сатри дигар кӯчонидани ҳиссаи калима, фарқ карда тавонистани овозҳои садоноку ҳамсадо; малакаҳои зарурӣ оид ба талаффуз ва имлои овозҳои у-ӯ, и-ӣ, е- э, ё, ю, я, й ва ғайра. Ҳамин тариқ, маводи дар синфи якум нишон додашуда барои хонандагони ин синф дониш ва малакаҳои асосӣ ҳисоб меёбад.
Дар синфи дуюм ифоданок хондани ҳикояҳо, порчаҳои назму наср, гуфта додани мазмуни асари хондашуда ва ба саволҳои омӯзгор ҷавоби пурра додани хонандагон дар маркази диққат меистад. Аз ёд ифоданок хондани порчаҳои назмии ҳаҷман хурд, нақл карда додани мазмуни асари хондашуда, аз рӯйи суратҳои мазмундор нақл карда тавонистан таълим дода мешавад. Дар синфи II тибқи барномаи забон (1989) ба таълими грамматика, имло, инкишофи нутқ ва машқҳои амалӣ 136 соат дода шудааст.
Мувофиқи талаботи барнома хонандагони синфи II доир ба фарқи овоз ва ҳарф, тартиби ҳарфҳо дар алифбо, фарқ карда тавонистани ҳамсадоҳои ҷарангдору беҷаранг, ҳамсадоҳои шаддадор ва имлои онҳо маълумот ва малакаҳои зарурӣ ҳосил менамоянд, доир ба аломати сакта (ъ) машқҳо иҷро мекунанд. Аз грамматика ва инкишофи нутқ хонандагони синфи II бояд чунин дониш ва малакаҳо ҳосил намоянд: калима, номи ашё, ба калимаҳо гузоштани саволҳои кӣ?, чӣ?, чӣ гуна?, чӣ хел?, чӣ кор мекунад? ва ғайра; тарзи кор фармудани ҳарфи калон дар аввали номҳо, пешояндҳо ва ҷудо навиштани онҳо, ҷумла, мубтадо, хабар, нуқта ва аломати савол дар охири ҷумла; аз рӯйи саволҳои чӣ?, бо чӣ?, бо кӣ?, ба кӣ?, ба чӣ? тартиб додани ҷумлаҳои тафсилӣ; аз рӯйи расм ва саволҳои омӯзгор навиштани нақл, дар бораи муҳити мактаб, оила ва меҳнат нақли шифоҳӣ тартиб додан, навиштани ҳикояҳои ҳаҷман хурд ва ғайра.
Дар синфи III хонандагон ҳамаи маводи синфи II-ро муфассал такрор намуда, маводеро, ки аз хотир фаромӯш кардаанд, аз нав барқарор менамоянд ва омӯхтани грамматикаро давом медиҳанд.
Мувофиқи талаботи барнома, ба хонандагони синфи III дар бораи таркиби калима, реша, пасванд, пешванд, асос ва бандак, инчунин дар бораи калимаҳои мураккаб, имлои онҳо, калимаҳои ҳамреша, имлои ҳамсадоҳои ҷарангдору беҷаранг ва талаффузнашаванда маълумоти зарурӣ дода мешавад.
Пас аз ин хонандагон ҳиссаҳои нутқ: исм, сифат, шумора ва саволҳои онҳо, ҷонишинҳои шахсӣ, феъл, инчунин, пасванду пешвандҳои исмсозу сифатсоз ва пасвандҳои ҷамъбандиро омӯхта, имлои онҳоро ёд мегиранд; дар бораи калимаҳои ёридиҳанда (пешояндҳо ва пасоянди - ро), ҷумла, сараъзо ва аъзоҳои пайрави ҷумла, ҷумлаи хуллас ва тафсилӣ ва ғайра маълумот дода мешавад. Ба ин восита дониш ва малакаҳои грамматикию имлоии хонандагон боз ҳам мустаҳкамтар карда мешавад.
Бо мақсади тараққӣ додани малакаи хониши баланд ва хомӯшона дар ин синф машғулиятҳо оид ба хониши синфӣ ва хониши берун аз синф зиёдтар ва ба тарзи муттасил гузаронида шуда, дар хонандагон маҳорати хаттӣ ва даҳанакӣ баён карда тавонистани фикр ташаккул дода мешавад.
Дар барномаи синфҳои ибтидоӣ (соли 2012) барои синфи I ҳафтае як соат аз нимсолаи 2-юм ва барои синфи II аз аввали соли таҳсил як соат барои машқи хат ва аз сармашқҳо дуруст истифода бурдан, вақт муқаррар карда шудааст ва он як қисми таркибии таълими забон мебошад. Дар синфҳои 3-4 дар ҳар як дарси забони модарӣ 10 дақиқа барои машқи хат ҷудо карда шудааст. Ҳусни хат ва тарзи таълими хат асоси саводнокии хонандагон мебошад, ки беш аз пеш машқ кардану гузаронидани корҳои хаттии гуногунро талаб мекунад.
Дар синфи IV курси ибтидоии грамматикаи забони тоҷикӣ таълим дода мешавад; дар ин синф дар раванди таълими грамматика, имло, инкишофи нутқ ва луғат, корҳои хаттӣ, машқҳои амалӣ ва корҳои мустақилона боз ҳам мураккабтар мешавад. Хонандагони синфҳои IV маводи омӯхтаи синфи III-ро такрор мекунанд ва беғалат хондану навиштанро комилан ёд мегиранд. Дар синфи IV омӯхтани ҳиссаҳои нутқ давом мекунад, маълумоти хонандагон оид ба хелҳои исми хос, пайсвандҳои ҷамъбандии исм, пасванду пешвандҳои исмсоз, сифат ва хелҳои сифат, дараҷаҳои сифат, пасванду пешвандҳои сифатсоз васеътар мешавад. Хонандагони синфи IV доир ба шумора, хелҳои он, саволҳои он, хелҳои нумератив, ҷонишинҳои шахсӣ, бандакҷонишинҳои соҳибӣ, феъл, замонҳои феъл, шахсу шумора дар феълҳо, бандакҳои феълию хабарӣ дониш ва малакаҳои зарурӣ ҳосил менамоянд. Хонандагон дар бораи ҷумла, ҷумлаҳои ҳикоягӣ, саволӣ, амрӣ, аломатҳои китобат (нуқта, савол, хитоб, вергул), ба воситаи саволҳои кӣ?, чӣ?, киро?, чиро?, ба кӣ?, ба чӣ?, чӣ гуна?, кадом?, дар куҷо?, кай? ва ғайра маълумоти заруриро аз бар менамоянд.
“Дар барномаи синфи IV, асосан, асарҳое тавсия мешуданд, ки ба масъалаҳои тарбияи меҳнатӣ, эҳтироми одамони меҳнаткаш, муносибати эҳтиёткорона ба моликияти ҷамъиятӣ, хислатҳои ахлоқи ҳамида, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ғайра бахшида шудаанд.”
Дар барномаи синфҳои I-IV эҷодиёти халқ мавқеи калон дорад.
Хонандагон аз синфи I сар карда, то синфи IV бо афсона, зарбулмасал, чистон, таронаю суруд ва дигар намудҳои эҷодиёти халқ шинос мешаванд.
Ислоҳоти мактаб ба мазмуни таҳсилоти мактабӣ, тағйирот ворид намуда, проблемаи таълими ҳамгиро ҳамчун як рукни ин ислоҳот аз ҷиҳати назария ва амалия таҳқиқ карда, дар мисоли таълими ҳамгирои “Забони модарӣ”, “Санъат ва меҳнат” дар фаъолияти синфҳои ибтидоӣ татбиқ гардид. Ин рӯйдод то андозае имкон фароҳам овард, ки майлу рағбати донишандӯзии кӯдакон қонеъ гардид, мустақилият ва қобилиятҳои онҳо рушд ёфт, ҷаҳонбинӣ ва олами ботинии онҳо ғанитар гардид. Рушди тафаккури мустақилонаи таҳлили бошуурона ва мантиқии кӯдакон таъмин гардад. Барбари ин ҳама хотир, тахайюлот, нутқи хаттӣ, шифоҳӣ, хониши ифоданоку бошуурона ва дигар равандҳои маърифатӣ фаъолтар шуданд. Инчунин, таълими ҳамгиро заминаи воқеии рафъи тоқатфарсоии сарбории таълимии кӯдаконро дар мазмуни таҳсилот муҳайё сохт, ки ба саломатии беғаши онҳо мусоидат кард.
Сабабҳои асосии ҷорӣ намудани таълими ҳамгиро он буд, ки дар гузашта шароити иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии давраҳои гуногуни инкишоф собит намуд, ки низоми синфӣ-дарсӣ ва шарҳи аёнӣ ба қуллаҳоаи баланди худ расид, чунки шароити иҷтимоӣ ва фарҳангиву маърифатии одамон, арзишҳову дастовардҳои илму техника дар сатҳи дигар қарор дошт. Аксари корҳо ба таври дастӣ иҷро карда мешуд, нақлиёт ва алоқа кам рушд карда буд, сарчашмаҳои ахбор хеле маҳдуд буданд. Шахси босавод шахсеро ҳисоб мекарданд, ки ахбори зиёдро медонад.
Мундариҷа ва фаъолияти таълим ба гузашта нигаронида шуда, маълумот ва қоидаҳое, ки хонанда аз китобҳои дарсӣ, дастур ва маводи дидактикӣ меомӯзад, бо ҳаёти воқеӣ алоқаи ночиз дошт. Ин боиси он мегардад, ки таълимгирандагон мавқеи худро дар чаҳорчӯбаи замон муайян карда наметавонанд. Ин сатҳи ҳавасмандии хонандагонро ба таълим хеле паст мегардонад. Чунки аксари таҷриба ва намунаҳои пешниҳодшуда тахайюлӣ буда, ба хонандагон имкони таҳлилу баррасии проблемаҳоро фароҳам оварда наметавонад, зеро рафтору ҳодисаҳо, қоидаву қонунҳо ба ҳаёти имрӯза мувофиқат намекунад.
Дар доираи таълими ҳамгиро принсипҳо, низоми дидактикӣ ва мазмуни таҳсилоти он муайян карда шудааст, ки ба асосҳои назариявӣ ва меъёрҳои дидактикӣ такя намуда, дар нақша ва барномаҳои таълим инъикос гардидааст. Дар асоси як қатор санадҳои меъёрии мушовараи
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикстон китобҳои дарсии ҳамгиро таҳия ва нашр гардида, дар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ истифода мешавад. Китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва маводи дидактикии нав шароит фароҳам меоранд, ки принсипи ягонагии донишҳо, вазифаҳои маърифатӣ, инкишофдиҳандагӣ ва тарбиявии раванди таълим риоя карда шавад. Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки дар шароити таълими ҳамгиро рушди тафаккури хонандагон мақсад ва ақидаи пешбрандаи раванди омӯзиш бояд бошад. Аз ҷумла, дар таълими “Забони модарӣ” амалҳои хондан, навиштан, гуфтан, шунидан, азёд кардан, иқтибос кардан, ки барои пешрафти хонанда хеле муҳим аст, анҷом дода мешавад. Агар ин амалҳои таълимӣ дар заминаи фикри бошуурона, таҳлилӣ ва мантиқӣ анҷом дода шаванд, устувор хоҳанд буд ва дар шароити тағйирёбандаи ҳаёт бо мақсад ва фаъолона истифода хоҳанд шуд. Баръакси ҳол, донишҳои бидуни фаъолии фикрӣ бадастомада рӯякӣ буда, зуд аз хотир зудуда хоҳад шуд. Маълум мешавад, ки ҳамаи амалҳои таълимӣ бояд дар заминаи фикри бошиддату мустақилона, барои паси сар кардани масъалаҳои душвори фикрӣ анҷом дода шаванд, зеро “инкишоф дар минтақаи наздиктарини мушкилот” муяссар мегардад. Таҷрибаҳо собит сохтаанд, ки дар ҳаёти инсон фаъолияти фикрӣ аз ҳама дигар фаъолиятҳо мушкилтарин аст ва агар мо аз рӯзҳои аввали ҳаёт ба кӯдак фикр карданро наомӯзем, вай дар ҳаёти шахсӣ бебарор ва ҳаросон мешавад.
“Олимони соҳаи си фати таҳсилот ба мафҳуми сифати таҳсилоти шахс аҳамияти бештар медиҳанд. Аз ҷумла, В.А.Болотов зери мафҳуми сифати таҳсилот майли ҳамгироии низоми таҳсилотро медонад, ки он то чӣ андоза ба тарттиботи меъёрӣ, иҷтимоӣ ва шахсӣ ҷавобгў мебошад”.
Сифати таълиму дониш гуфта, дониши амиқу устуворро дар назар дорем, ки дар раванди тадрис бо неру ва шиддати фикрӣ аз худ карда шудаанд, яъне фаъолияти фикрии шогирдонро ба таҳлилу таҳқиқ сафарбар кардааст, на бахотиргирии бефикрона.
Дар асоси Қарори мушовараи ғайринавбатии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикстон аз “07” 07 соли 2010, №11/20, барномаҳои таълимии забони модарӣ ва математика дар синфҳои ибтидоӣ (1-4) бори дуюм бо тағйироту иловаҳо соли 2012 аз чоп баромад. Дар консепсияи таълими ибтидоии он омадааст: “Таълими ибтидоӣ заминаи муҳимтарини ташаккули шахсият ва таҳкурсии устувори минбаъдаи омӯзиш буда, ҳамчун баёнгари самти дастовардҳои мактабиёни хурдсол дар фаъолияти ояндаи онҳо нақши муҳим мебозад”.
Мактабиён дар ин давра натанҳо хондан, навиштан ва ҳисоб карданро меомӯзанд, ба ҳодисаҳои табиат шинос мешаванд ва аз мафҳуми зебоипарастӣ бохабар мегарданд, балки шавқу хаваси онҳо ба мактаб, таълим, омӯзгор ва китоб ҳамчун яке аз сарчашмаҳои маърифат меафзояд. Вазифаи ин давра танҳо дар доираи хондан, навиштан ва ҳисоб кардан маҳдуд набуда, балки нисбатан фаррох, доманадор, муҳим ва мушкил аст.
Дар давраи ибтидоии таълим масъалаҳои зерин муҳимманд:
Дарёфтан, ё “кашф” кардани мазмун ва мантиқ (на азёд ё фаро гирифтани мазмуни чизи хондашуда);
Фикр кардан ва самараи фикри худро навиштан, яъне нутқро инкишоф додан;
Дар навиштани матн ё ҷумлаҳо (ҳатто ҳангоми рӯйнавис кардан) ба маънои грамматикӣ ва бадеияти он сарфаҳм рафтан;
Иҷрои ин вазифаҳо саҳл нест, зеро таҳсил фаъолияти мушкилтарини инсон аст ва барои осон намудани мушкилот нигаронида мешавад, вагарна рушду нумуи зеҳнӣ, ақлӣ ва завқи зебоипарастӣ таъмин нахоҳад шуд.
Дар барнома дар хусуси мавқеи муаллим дар тарбияи маънавии хонандагон чунин омадааст “.муаллими синфҳои ибтидоӣ дар ҳаёти мактабиёни хурдсол нақши бузурги ҳидоятӣ- ҳамкорӣ мебозад ва захираҳои зеҳнию фарҳангии шогирдонро барангехта, ба ҳаракат меорад, ки хизматест шоиста ва мувофиқи масъулятҳои тахассусӣ ва ҷамъиятии ҳар як муаллим”.
Талабот ба шахсияти омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ Омӯзгор, пеш аз ҳама, шахсияти созанда, бунёдкор ва раҳнамоест, ки бояд амалҳои мустақилонаи фикрии фаҳмидан, ҷустуҷӯ ва дарёфтани маънию мантиқро омӯзонад ва роҳҳои самарабахштари донишу таҷрибаомӯзӣ, асроркушоии мустақилонаро нишон диҳад.
Миқдори соатҳои таълимӣ тибқи нақшаи таълимӣ дар барномаи таълими забони модарӣ барои синфҳои ибтидоӣ I-IV ба тарзи зайл пешниҳод гардидааст Масалан, барои хонандагони синфҳои I-II дар давоми ҳафта 10 соат ва барои хонандагони синфҳои III-IV, ки малакаҳои гуфтан, шунидан, хондану навиштан дар онҳо инкишоф ёфта, мустақилона фаъолият карда метавонанд, 8 соат дода шудааст.
Консепсияи таълими забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ: забони модарӣ ва хониш дар синфҳои 1-4 ҳамгиро таълим дода мешавад; забони модарӣ тавассути маводи таълиму тарбиявӣ бояд ба:
- идроки муҳити атроф ва муносибати эҳтиёткорона ба табиат ва боигариҳои он;
- фароҳам овардани имконият баҳри инкишофи шавқу ҳаваси маърифатӣ;
- фаҳмидани маводи шунида ё хонда, риояи меъёрҳои навишт, рушди маданияти сухангӯйӣ;
- ташаккули шахсият ва тарбияи сифатҳои шаҳрвандӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, шиносоӣ бо арзишҳои миллию умумибашарӣ;
- тадриҷан ташаккул ёфтани мафкураи аҷдодию миллӣ – пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек мусоидат намояд.
Вазифаҳои таълими забони модарӣ
Тавре ки медонем, забони модарӣ фанни ҳатмии синфҳои ибтидоӣ буда, самараи тамоми ҷараёни таҳсил ба таълими он вобаста аст. Он аз саводомӯзӣ, хониш, грамматика, имло, хат ва инкишофи нутқ иборат аст, ки дар ҳамгироӣ тадрис мешавад”.
Мувофиқи муносибатҳои наву замонавӣ ба таълими забони модарӣ бо назардошти таҳаввулоти сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва эҳтиёҷи хонанда муроҷиат карда мешавад. Ин гуна муносибат имконият фароҳам меоварад, ки раванди таълими забони модарӣ, ки хусусияти муҷаррад (абстрактӣ) дорад, зинда ва мушаххасу шавқангез, яъне ба фаҳмиши бача наздик ва ҳаётӣ шавад.
Саводомӯзӣ, инкишофи нутқи шифоҳию хаттӣ, фикр карда тавонистан ва зуҳуроти он дар забон ва амал, ташаккули фарҳанги муошират ба забони адабӣ вазифаи асосии фан аст. Омӯзиши забони модарӣ барои дарки амиқ, шарҳи илмию мантиқӣ, истифодаи амалии забони адабӣ, хусусияти грамматикӣ ва тобишҳои услубии он, ошноӣ бо осори адабӣ, илмию фарҳангии миллӣ, ташаккули маданияти суханварӣ замина мегузорад.
Забони модарӣ дар синфи 1 ду марҳиларо фаро мегирад:
1. Марҳилаи таълими савод ва инкишофи нутқ, ки дар навбати худ ба ду давра ҷудо мешавад:
Давраи тоалифбо (омодагӣ) – 30 соат.
Давраи алифбо ва баъди алифбо (120+20) – 140соат.
2. Марҳалаи таълими забони модарӣ (хониш ва унсурҳои грамматика, имло, машқи хат ва инкишофи нутқ) – 170 соат.
Бори дуюм барномаи таълими фанни “Забони тоҷикӣ” барои синфҳои 1-4-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “30” июни соли 2022 таҳти №9/7 нашр шудааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дарсҳои хониш ва забони тоҷикӣ пайваста якдигарро пурра мекунанд. Дар дарсҳои забон таваҷҷуҳи хонандагон бештар ба сайқал додани маҳорати навиштан ва луғатомўзии мураттаб ҷалб гардида, дар дарсҳои хониш хонандагон маҳорати хондан, шунидан, суҳбат кардан, фикр кардан ва нақл карданро рушд медиҳанд. Аз ин рў, дар китоб ҷумлаҳо ва матнҳои хурд (чистонҳо, афсонаҳо, ҳикояҳо, порчаҳои хурди шеърӣ, матнҳои муколамавӣ, расмҳо ва кор бо онҳо) оварда мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё