Зеҳн
АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.

Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа

Маориф
Аз аввал хондан

«Суръат ва оҳанги нақли омӯзгор ҳам аз аҳаммият холӣ нест.

Суръати тези сухани омӯзгор рафти фаҳмиши мавзуъро душвор мегардонад. Баръакс, агар суръат аз ҳад зиёд суст бошад, шавқу ҳавас ба он кам шуда, диққатнокӣ барҳам мехӯрад. Оҳанги хеле паст ва баланди сухан ҳам таъсир дорад. Ҳазлу шӯхӣ, суханҳои нишонрас низ муҳимманд.

Яъне, дар дарс шӯхӣ кардан мумкин, вале онро ба масхара табдил гардондан лозим нест»

Нақли омӯзгор дар синфҳои ибтидоӣ 5-10 дақиқа давом мекунад.

Омӯзгор дар давоми нақл асбобҳои аёнӣ, воситаҳои техникии таълимро истифода барад ҳам, дар раванди дарс оҳанги ифода, имою ишора, далелҳои аниқ мавқеи асосиро ишғол менамояд.

Суҳбат саволу ҷавоб буда, дар байни омӯзгору хонанда (хонандаҳо) сурат мегирад. Дар суҳбат омӯзгор ба дониш ва таҷрибаи амалии бачаҳо такя менамояд. Ҳам саволҳо ва ҳам ҷавобҳо ба ҳалли масъалаи муайян нигаронида шуда, аз ҷиҳати илмӣ ва тарзи ифода дурусту равшан баён карда мешаванд. Суҳбатро дар ҳар як лаҳзаи дарс метавон истифода кард. Суҳбат ҳамчун методи таълим фаъолияти мустақилонаи бачаҳоро таъмин менамояд. Вале тайёрӣ ва гузаронидани он аз омӯзгор меҳнати зиёдро талаб менамояд. Муваффақияти суҳбатро интихоби дурусти мавзуъ, фаҳмидани мақсади таълимии мавзуъ, мантиқан дуруст тартиб додани саволҳо, ҷавобҳои гуногун ва иштироки фаъолонаи бачаҳо таъмин менамояд.

Н.К.Крупская таъкид доштааст, ки «мактаб, пеш аз ҳама, бояд дар бача шавқу завқи фаъоли кунҷковӣ нисбат ба чизҳои атроф, шавқу ҳаваси тадқиқотчигиро нисбат ба зуҳурот ва фактҳо, чи дар соҳаи табиатшиносӣ ва чи дар соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ, бедор намояд».

Масалан, омӯзгор ҳангоми таълими матни «Мӯрча ва паша»

Забони модарӣ барои синфи 2. чунин фаъолиятро анҷом медиҳад:

Тавассути саволҳои ёридиҳанда барои баъзе маълумотро оид ба мӯрча ва паша фаҳмидан ба хонандагон супориш медиҳад, ки матни «Мӯрча ва паша»-ро мустақилона, вале хомӯшона хонанд. Барои хондан вақт дода мешавад. Баъди хондан мазмуни афсона аз хонандагон тавассути саволҳои зерин пурсида мешавад, аз ҷумла:

1. Дар ҳикоя сухан дар бораи чӣ меравад?

2. Паша чӣ кор мекард?

3. Паша ба мўрча чӣ гуфт?

4. Мўрча чӣ ҷавоб дод?

5.Оқибати кор ба чӣ анҷомид?

6.Шумо ба рафтори Пашаю Мўрча чӣ баҳо медиҳед?

Азбаски мазмуни афсона ва тарзи баёни он хеле сода ва фаҳмо аст, хонандагон зуд оид ба мазмуни он маълумот пайдо намуда, ба саволҳои омӯзгор ҷавобҳои пурра мегардонанд.

Кори мустақилона:

Афсонаро бори дигар хонед. Амалҳои симоҳои матнро дар ҷадвал нависед

Симоҳои афсона Чӣ кор кард?

Мӯрча

Паша

Духтарча

Дар вақти савол додан меъёри зерин ба назар гирифта мешавад:

1. Саволҳо бояд мантиқан фаҳмо, равшан ва дар шакли кӯтоҳ баён карда шаванд.

2. Вақте ки саволҳоро пешниҳод менамоем, ҷавоби онро низ пешакӣ тарҳрезӣ менамоем, то ки вақт аз ҳад зиёд кашол наёбад.

3. Пайдарҳамӣ ва тадриҷан душвортар шудани саволҳо. Дар ин маврид қобилияти маърифатҷӯйӣ ва фикрии бачаҳоро инкишоф медиҳем.

4. Савол набояд дар доираи як шакл маҳдуд монад.

Дар баъзе синфҳо саволи хонандагон ба хонандагон, яъне ба ҳамдигар савол додан таҷриба карда мешавад. Беҳтараш дар ин маврид савол ба омӯзгор дода шавад. Омӯзгор онро ислоҳ карда, ба хонанда медиҳад. Яъне, саволҳо бояд характери педагогӣ гиранд.

Ин чӣ маъно дорад?

Вақте ки як хонанда ба дигараш савол медиҳад, вай чанд чизро ба ҳисоб намегирад. Аз ҷумла: а) гаштаю баргашта такрор ёфтани савол; б) дараҷаи дониши хонанда; в) сахт расидан ба иззати нафси якдигар, бахусус, ба ҷавобдиҳанда.

Вақте ки савол аввал ба омӯзгор дода мешавад, вай онро аз ҳар ҷиҳат аз назар гузаронида, баъдан хонанда ба он ҷавоб медиҳад.

Агар омӯзгор ҳамаи он чизҳоеро, ки хонандаҳо ҳангоми савол додан ба ҳисоб намегиранд, ба назар гирад, савол рӯҳи педагогӣ мегирад.

Нақш ва назорати омӯзгор ҳам ҳангоми саволборон кардан ҳамин аст.

Айни замон баъзе омӯзгорон дар дарсҳояшон аз методи мубоҳиса истифода мебаранд. Вале қолаби шахшуда имконият намедиҳад, ки омӯзгорони мо дар раванди дарс нисбат ба истифодаи методи мубоҳиса боҷуръат бошанд. Ҳақиқат дар баҳс ошкор мегардад. Барои он ки шогирдонро бо дониши ҳақиқӣ, пойдор, илмӣ ва амалкунанда мусаллаҳ созем, дар раванди дарсҳо аз методи мубоҳиса самаранок истифода бурдан дорои манфиати калон аст.

Саъдии Шерозӣ фармудааст: «Се чиз пойдор намонад: мол бе тиҷорату илм бе баҳс ва мулк бе сиёсат»

Мубоҳиса дар гузашта мавқеи муҳим дошт. Дар натиҷаи чунин фаъолият, яъне баҳси беғаразона ва холисона на танҳо дониши шогирдон пухта мегардад, балки девори байни омӯзгору шогирд аз байн бардошта шуда, муносибати инсондӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар барқарор мегардад.

«Бояд иқрор шуд, ки мо дар муассисаҳои таълимии худ ин тарзи таълиму ин тарзи муомиларо аксаран аз даст додаем ва акнун эҳё карданием»

Вазъи бошуурона ташкил намудани фаъолияти мустақилонаи хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар машғулиятҳои забони модарӣ аз гуфтану шунидан иборат аст. Дар раванди дарс ташкили мубоҳисаи таълимиро ба вуҷуд овардан мушкил аст, зеро мо хонандаҳои имрӯзаро бо додани донишҳои тайёр ба шунавандаи камфаъолу танбал табдил додаем. Омилҳои дигаре, ба мисли дар раванди дарс вуҷуд доштани бенизомӣ, бенақшагӣ (гоҳо бе тайёрӣ ба дарс омадан), набудани тадбирҳои ташаккули малакаҳои фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ, дар фаъолияти амалии хонандагон, набудани малака ва маҳорати ҷустуҷӯйӣ, эҷодкорона ва мустақилона фикр карда аз бар намудани донишҳо – ҳамаи ин сабабгори ба шунавандаи камфаъол табдил додани хонандагон мегардад.

Ташкили бенизоми фаъолияти мустақилонаи омӯзишии хонандагон имкон намедиҳад, ки дар онҳо руҷуи эҷодкорӣ, мустақилона амал кардан рушд ёбад. Омӯзгорони мо бештари вақтро ба нақл кардан, фаҳмондан ва баъзе масъалаҳои дигар мебахшанд, аз ин лиҳоз, барои кори мустақилонаи хонандагон, рушди қобилияти эҷодии онҳо вақт кифоят намекунад. Муссалам аст, ки «Парваридан ва мустаҳкам намудани малакахои мустакилона кор кардан дар дарс зери роҳбарии омӯзгор мегузарад. Бо ин тарз кӯдак метод, усул ва роҳҳои мустақилона кор кардан бо китоб, бо маводи дидактикиро ёд мегирад, ҳаёти атроф ё таҷрибаи ҳаётиро дарк карда, баробари аз худ кардани дониш дар амал ҷорӣ намудани онро ҳам меомӯзад».

Барои рафъи ин камбудӣ, омӯзгор вазифадор аст, ки ба шогирдонаш роҳи бошуурона ва мустақилона аз бар намудани донишандӯзиро омӯзонда, фикри эҷодии онҳоро инкишоф диҳад.

Дар раванди дарс ба вуҷуд овардани вазъияти проблемавӣ ё истифода бурдан аз усулҳои ҳамфаъол гуногунфикриро дар фаъолияти мустақилонаи хонандагон ба вуҷуд оварда, онҳоро ба ҳалли масъала омода сохта, ба дарс рӯҳи тоза мебахшад. Истифодаи самараноки усулҳои фаъол ба омӯзгор имконият медиҳад, ки дар симои шогирдонаш на мушоҳидакорони пассив, балки ҳамкорони ҳақиқиеро бинад, ки онҳо нисбат ба омӯхтани мавзуъ бетараф нестанд. Дар навбати худ, хонандаҳо низ дар симои устодашон шарикдарси худро мебинанд, ки масъаларо ба миён гузошта, шогирдонро ба кунҷковӣ, эҷодкорӣ, баҳс кардан ва мустақилона фаъолият намудан ҳидоят мекунад.

Хулоса, дастовардҳои асосии ин давра бо хусусиятҳои фаъолияти таълимӣ асоснок карда шудаанд ва бисёртар муайянкундаи асосии солҳои ояндаи хониш мебошанд: дар интиҳои давраи хурдсолии мактабӣ кӯдак мехоҳад хонад, хонда тавонад ва ба худ боварӣ дошта бошад.

Самаранокии гузаронидани ҳаёти ин давра ба азхудкуниҳои мусбати вай заминаи зарурӣ маҳсуб меёбад, ки дар он инкишофи ояндаи кӯдак ҳамчун субъекти фаъоли фаъолияти таълимӣ ташаккул меёбад. Вазифаи асосии калонсолон дар ҷараёни кор бо кӯдакони хурдсол ташаккули шароитҳои муҳимми ошкор ва амаликунии имконияти кӯдакон бо назардошти хусусиятҳои фардии ҳар як кӯдак мебошад.

Агар омӯзгор тавассути бошуурона иҷро намудани фаъолияти мустақилона дар ҳамкорӣ бо шогирдон қарор дошта бошад, он гоҳ омӯзгор ба ҷойи калимаи «Ман» калимаи «Мо»-ро истифода бурда, эътибор ва обрӯйи ӯ назди шогирдон дучанд меафзояд, шогирдон дар шахсияти омӯзгор шахси ёридиҳанда, кумаккунанда, шахси аз ҳама наздикашонро мебинанд.

Ба вуҷуд овардани вазъияти проблемавӣ ё истифода бурдан аз усулҳои ҳамфаъол ҷараёни таълимро аз қоидаи маъмули шахшудамондаи «ман мефаҳмонам, шумо дар хотир нигаҳ доред ва баъд такрор мекунем» озод карда, нуфуз ва мавқеи хонандаҳоро дар бошуурона ва мустақилона омӯхтани мавзуъ баланд мебардорад.

Мушоҳидаҳо собит сохтанд, ки дар раванди таълими забони модарӣ ҳангоми иҷрои корҳои мустақилона қобилияти зеҳнии хонандагон ба таври зарурӣ ба назар гирифта намешавад. Масалан, дар мактаби ибтидоӣ вазифаҳои таълимии хондан, навиштан, ҳисоб кардан (ҳалли мисолу масъала) ба андозаи талаботи барномаҳои таълимӣ анҷом дода мешавад. Вале ба вазифаҳои муҳимтарини таълиму тарбия – рушди зеҳну тафаккури хонандагон, ки заминаи устувори маданияти зеҳнӣ ва тафаккури мустақилонаю эҷодии шахсиятро муайян менамояд, камтар аҳаммият дода мешавад.

Хонанда чизи тайёрро муддате дар хотир нигоҳ дошта, онро нақл карда метавонад. Аммо оид ба воқеаҳои дар матн рухдода, сабабҳои ба вуҷуд омадани масълаҳои ҳалталаби матн фикр намекунад. Яъне дар раванди таълими забони модарӣ дар хонанда малака ва маҳорати фикр кардан, таҳлилу хулоса баровардан ба қадри зарурӣ рушд намеёбад.

Муносибати босалоҳият ба таълим ба таври амалӣ аз худ намудани донишҳоро талаб менамояд. Аммо дар хонанда қобилият ё маҳорату малакаи дарки мазмуни зинаҳои донишандӯзӣ – фаҳмидан, дар хотир гирифтан, истифода бурдан, таҳлил кардан рушд наёфтааст.

Академик Ф.Шарифзода дар яке аз мақолаҳояш дар хусуси ташаккули маданияти зеҳнӣ ва рушди тафаккури хонандагон чунин овардааст: «Зеҳн ҳамчун истеъдод бо ёрии чунин қобилиятҳо ташаккул меёбад ва амалӣ карда мешавад: фаҳмидан (маърифат), омӯхтан, муқоиса, фикри мантиқӣ, банизомдарории ахбор (дониш), таҳлил ва таснифи он, ёфтани равобит, қонуният ва фарқият дар ашё, ҳодисаву воқеоти олам ва ғайра».

Пас, ба эътибор гирифтани имконоти зеҳнии хонандагони хурдсол дар раванди ташкили фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ дар инкишофи фаъолияти амалӣ ва рушди тафаккури зеҳнии онҳо нақши калидӣ дошта, дар таълими забони модарӣ яке аз ҷузъҳои асосии кори таълиму тарбия ба шумор меравад.

Аз ин лиҳоз, дар раванди дарсҳои забони модарӣ бошуурона амал намуда, роҳу усулҳоеро интихоб ва истифода кардан лозим аст, ки худи хонандагон дар иҷрои фаъолиятҳо мустақилона амал кунанд.

Мустақилона иҷро намудани фаъолиятҳо ба рушди қобилияти фикр кардан, ҷустуҷӯ ва таҳлилу хулосабарории хонандагон мусоидат карда, сатҳи донишандӯзии онҳоро вусъат мебахшад.

Мушоҳидаи хонандагон аз муҳити иҳота кардашуда оғоз меёбад.

Аз ин ҷост, ки барои инкишофи нутқ ва санҷиши дониши хонандагон истифодаи иншоҳои шифоҳӣ ва хаттӣ самаранок мебошад.

Намуна: Навиштани нақли хаттӣ дар мавзуи “Тирамоҳ.”

Нақша:

1. Тирамоҳ чанд моҳ давом мекунад?

2.Авали тирамоҳ ҳаво чӣ хел аст?

3.Кадом намуди меваҳо мепазанд?

4.Барои чӣ баргҳои дарахтон зард мешаванд?

5.Дар ин фасл деҳқонон ба чӣ кор машғул мешаванд? “Тирамоҳ се моҳ( сентябр, октябр,ноябр) давом мекунад.Аввали фасли тирамоҳ гарм аст.Бачаҳо бо либоси тобистона ба мактаб мераванд.Меваҳо: ангур, анор, себи тирамоҳӣ, нок,биҳӣ пухта мера- санд.Деҳқонон пахтаро ҷамъоварӣ мекунанд.Ғаллаи тирамоҳӣ мекоранд.

Баъд шамоли хунук вазида, ҳаво хунук мешавад.Баргҳои дарахтон зард шуда мерезанд”.

Рушди неруи зеҳнии хонандагон ба қобилияти эҷодии фикрӣ вобастагии хоса дорад. Педагог, психолог С.Алиев дар мақолааш

«Хусусиятҳои хоси давраи аввали ташкили таълими проблемавии имло» менависад: «Пайваста инкишоф додани қобилияти эҷодии фикрии насли наврас ва дар онҳо ҳосил кардани малакаҳои худмаълумотгирӣ вазифаи мактаби замони муосир мебошад».

Бо ин мақсад, дар раванди таълим ба кори мустақилона диққати асоси дода, иҷрои самараноки он аз тарафи омӯзгор сари вақт арзёбӣ карда мешавад.

Иҷрои мақсадноки кори мустақилона асоси донишандӯзии хонандагон буда, қобилияти зеҳнии онҳоро рушд медиҳад. Масалан, зинаи аввали таълими забони модарӣ (давраи саводомӯзӣ) давраи масъулиятноктарини таълим буда, маҳз дар ҳамин давра нутқи мураттаби хонандагон ташаккул меёбад.

Барои ноил гардидан ба ин мақсадҳо омӯзгорро лозим меояд, ки аз чунин фаъолиятҳои таълимӣ самаранок истифода барад:

1. Ба ҷумлаҳо ҷудо кардани матни яклухт. Дар мавриди истифодаи усули ба ҷумлаҳо ҷудо кардани матнҳои яклухт омӯзгор имконоти зеҳнии хонандагони хурдсолро ба назар гирифта, ба доираи дониши шогирдон такя ва амал мекунад. Машқи номбурдаро дар доираи овозу ҳарфҳое, ки бачаҳо омӯхтаанд, чун маводи иловагӣ гузаронидан ба мақсад мувофиқ мебошад. Масалан, омӯзгор ба аҳли синф лавҳаеро пешниҳод мекунад, ки дар он матни яклухти зерин навишта шудааст.

«Самеъ, Саъдӣ ва Маъруф дар синфи мо мехонанд онҳо аз ҳамаи фанҳо баҳои аъло мегиранд Самеъ шеър мехонад овозаш бурро ва баланд мебошад».

Супориш: Матнро хомӯшона хонда, аз чанд ҷумла иборат будани онро муайян кунед. Дар охири ҳар ҷумла аломати мувофиқ гузоред.

2. Тартиб додани матни мураттаб дар асоси калимаҳою ҷумлаҳои пароканда Аҳаммияти ин машқ дар он аст, ки хонандагон бошуурона амал карда, дар асоси иҷрои чунин машқҳо тартиби калимаю ҷумлаҳоро дар матн бо хубӣ дарк менамоянд. Иҷрои машқи мазкурро дар давраи алифбо ва баъди он бо ду роҳ гузаронидан ба мақсад мувофиқ аст:

Тарзи якум. Ҷумлаҳое интихоб карда мешаванд, ки аз се-чор калимаи номураттаби ба як мавзуъ бахшидашуда иборат бошанд.

Маводи машқро омӯзгор метавонад аз саҳифаҳои китоб интихоб намояд ё худаш тартиб диҳад.

Калимаю ҷумлаҳои матни тартибдодашуда аз доираи мавзуъҳои омӯхтаи хонандагон гирифта мешавад.

Масалан, машқи 2. Мавзуи «Парчами мо». Аз калимаҳои пароканда ҷумла созед.

Омӯзгор диққати хонандагонро ба ҷумлаҳои калимаҳояш парокандаи поён, ки пешакӣ дар тахтаи синф навишта шудааст, ҷалб менамояд:

1. Дорад, се, парчам,Тоҷикистон, ранг.

2. Дӯст, Ватан, ман, худро, медорам.

3. Рӯз, 9-уми сентябр, Тоҷикистон, аст, истиқлолият.

Ҳамин тариқ, аз ин калимаҳои парокандаи пасу пеш додашуда хонандагон бошуурона амал карда, ҷумлаҳои зерин месозанд:

«Парчами Тоҷикистон се ранг дорад. Ман Ватани худро дӯст медорам. 9-уми сентябр рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон аст». Тарзи дуюм. Ба хонандагон матнҳое пешниҳод карда мешавад, ки ҷумлаҳои он ба тариқи пароканда дода шудаанд. Ин намуди машқ аз давраи баъди алифбо шуруъ ёфта, хонандагонро ба нақлу иншонависӣ тайёр мекунад. Масалан, матни «Ҳавз» (асл):

«Мактаби мо ҳавлии калон дорад. Мо дар ҳавлии мактаб ҳавз сохтем. Оби ҳавз соф аст. Бачаҳо дар ҳавз оббозӣ мекунанд. Ҳабиб хеле нағз шино мекунад»

Баъди хондани матн бачаҳо бо супориши омӯзгор ин ҷумлаҳои парокандаи пешакӣ навишташударо хомӯшона аз назар гузаронида, ба матни аввал хондаашон муқоиса мекунанд:

«Бачаҳо дар ҳавз оббозӣ мекунанд. Ҳабиб хеле нағз шино мекунад.

Мо дар ҳавлии мактаб ҳавз сохтем. Мактаби мо ҳавлии калон дорад.

Оби ҳавз соф аст»

Пас аз иҷрои супориш матни китоб бо матни навакак пешниҳодшуда ин тавр муҳокима карда мешавад.

– Бачаҳо, матни хондаю муқоисакардаатон аз якдигар фарқ мекунад?

– Ҳа, фарқ мекунад.

– Фарқи онҳоро чӣ тавр ҳис кардед?

– Аз он ҳис кардем, ки ҷумлаҳои матни китоб пай дар пай буда, ҷумлаҳои матни тахтаи синф пароканда навишта шудааст.

– Хеле хуб.

пешина
аз 32
навбатӣ