Зеҳн
АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.

Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа

Маориф
Аз аввал хондан

Халос хўрдани ҳезумкаш

Баъди фаҳмондани мақсади асосии дарс, ки ба ташаккулу инкишофи фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ба хотири рушди зеҳн ва нутқи хонандагони хурдсол равона шудааст, чунин усули кор истифода бурда шуд:

Хонандагон ба чор гӯруҳ чорнафарӣ тақсим шуданд.

Ба гурӯҳи якум ва сеюм иҷрои саволи якум ва гурӯҳи дуюму чорум – иҷрои саволи дуюм супорида шуд. Барои иҷрои супориш ба гурӯҳҳо чор дақиқа вақт дода шуд. Баъд, таркиби гурӯҳҳо иваз шуданд: се хонанда аз гурӯҳи якум ба гурӯҳи дуюм гузаштанд ва се хонандаи гурӯҳи дуюм ба якум.

Вазифа: хонандагони гурӯҳи якум, ки ба гурӯҳи дуюм гузаштанд, саволи якумро ба гурӯҳи дуюм фаҳмонданд ва хонандагони гурӯҳи дуюм саволи худро ба гурӯҳи якум фаҳмонданд. Баъди муҳокимаронӣ хонандаҳо ба саволҳои зерин ҷавоб доданд:

– Чӣ гуна ҳезумкаш ҳаёти худро таъмин мекард?

– Барои чӣ ҳезумчин бо фикри мор розӣ нашуд? – Мафҳуми «хубию» «бадиро» фаҳмонед.

– Маънои ибораи «сазо ба касе, ки бадӣ мекунад» чист?

Ҷавобҳои хонандагон чунин буданд:

Хонандаи Б. – Ҳезумчин ҳезум ҷамъ мекарду мефурӯхт.

Хонандаи А. – Мор нияти бад дошт. Вай мехост ҳезумфурӯшро газад.

Хонандаи В. – Некӣ кардан кори хайр аст.

Ҷавобҳои хонандагон қаноаткунанда (хуб) буданд, онҳо на танҳо номҳо, солҳо, далелу рақамҳоро номбар мекарданд, балки ҷавобҳои онҳо хусусияти ташхисӣ, муқоисавӣ ва хулосавӣ доштанд. Масалан, яке аз хонандагони гурӯҳи якум – хонандаи “Б” чунин ҷавобро пешниҳод кард: «Ҳезумфурӯш мехост ба мор фаҳмонад, ки ба некӣ бо некӣ ҷавоб мегӯянд. Вай мехост морро аз нияти бадаш гардонад».

Омӯзгор ҷавобҳои хонандагонро пурра ва илова мекард ва якҷоя бо онҳо машғулиятро ҷамъбаст кард.

Машғулиятҳои ташхисӣ бо хонандагони синфҳои ибтидоӣ якҷоя бо ташаккулу инкишофи фаъолияти мустакилонаи омӯзишӣ ба хотири рушди зеҳн ва нутқ қисми муҳимми таҳқиқоти моро ташкил карданд.

Мақсади гузаронидани ин машғулиятҳо муайян кардани сатҳи ташаккули маърифатии хонандагон ҳангоми гузаронидани фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ба хотири рушди зеҳн ва нутқ мебошад. Ба ин машғулиятҳои таълимие дохил мешуданд, ки ҳар яки онҳо ба омӯзиши сатҳи ташаккули фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ба хотири рушди зеҳн ва нутқи хонандагони хурдсол бахшида шуда буданд. Дар таҳқиқот, асосан, хонандагони синфҳои 3-4-и озмоишию назоратӣ дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон иштирок доштанд.

Хулосаҳо шавқовар буданд. Агар то вақти таҷриба аз 137 нафар (дар синфҳои таҷрибавӣ) хонандагон 113 нафари онҳо тавонистанд ба саволҳо ҷавоб гӯянд, ки аз онҳо танҳо 44 нафарашон ҷавоби дуруст буд, баъди таҷриба шумораи ҷавобдодагон ба 130 нафар расид, ки аз байни онҳо 94 нафар дуруст ҷавоб гуфтанд.

Таҷрибаи мо боз як маротибаи дигар тасдиқ кард, ки ҳар як хонанда маҳорату истеъдод дорад, табиатан хоҳиши хондан дорад ва нисбат ба он ҳавасманд мебошад. Барои он ки кӯдакон имконияти амалӣ кардани истеъдодҳои худро дошта бошанд, роҳбарии дурусти педагогӣ зарур аст.

Таҷрибаи педагогӣ дар шароитҳои табиӣ мегузашт, дар ҷараёни таълим аз барномаи таълими забони модарӣ ба таври васеъ истифода шуд. Дар раванди таҳқиқот дурустии дастурамалҳои назариявӣ ва усулҳои дидактикии пешниҳодшуда санҷида шуд.

Яке аз усулҳои пешниҳодшудаи дидактикӣ ташаккули инкишофи фаъолияти мустакилонаи омӯзишӣ ба хотири рушди зеҳн ва нутқи хонандагони хурдсол, дастрас кардани донишҳо бо роҳи мустақилона омӯхтану муқоиса ва тартиб додани ҷадвалҳо мебошад. Қисми асосии раванди муқоиса муайян кардани хатти муқоиса мебошад. Вазифаи дидактикии омӯзгор ба хонандагон ёд додани тарзи муайян кардану ташаккул додани аломатҳо аст. Сатҳи баланди фаъолнокии азхудкуниро хонандагон дар он ҳолат нишон доданд, ки онҳо мустақилона муқоисакуниро истифода бурда, зарурати истифодаи вайро дарк карданд.

Сатҳи баланди ташаккули фаъолияти мустакилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар ҷараёни истифодаи бозиҳои дидактикӣ ошкор гардид. Онҳо ба ташаккули масъулиятнокӣ, тайёрӣ ба худомӯзӣ, худтанзимкунӣ, худбаҳодиҳӣ мусоидат мекунанд. Дар раванди фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ хонандагон бо ҳолатҳое дучор меоянд, ки маҳорату истеъдодҳои худро ҳангоми ҳалли вазифаҳо имконият доранд бисанҷанд, масъалаҳои мушкилро дар донишҳои худ ошкор кунанд. Хонандагон мустақилона зарурати баҳогузории ин ё он ахборро муайян мекунанд, ҷустҷӯйи итилоотӣ мегузаронанд. Онҳо рӯйхати иловагии адабиёти пешни- ҳодшударо қабул карда, пеш аз дарёфти иттилооти иловагӣ ба ҳалли он мепардозанд. Китобу мақолаҳо, расму ҷадвалу графикаҳоро онҳо ё мустақилона меомӯзанд, ё ба ёрии омӯзгорон эҳтиёҷ доштанд, ки дар ин маврид омӯзгорон нақши маслиҳатгарро бозӣ мекунанд.

Дар яке аз синфҳои озмойишӣ дар ҷараёни тайёрию гузариши дарс бо намуди бозии касбӣ аз рӯйи афсонаи «Боғбон ва хирс» махсус муайян карда шуд, ки заминаю тайёрии худомӯзӣ дар хонандагон вуҷуд дорад.

Чунин усули гузариши дарс ба пайдошавии имконияти бештари ташаккули тайёрӣ ба дарс мусоидат мекунад. Дар ибтидо нақшҳои муайяни иштирокчиёни бозӣ тақсим шуда буданд. Нақши пешбарандаи бозӣ-дарсро омӯзгор мебозад. Дар назди ҳар як иштирокчӣ вазифаҳои муайян гузошта мешаванд:

- Пайдошавии дӯстии байни боғбону хирс.

- Дӯстии байни хирсу боғбон чӣ гуна мегузашт?

- Хирс мехост ба боғбон некӣ кунад.

- Хулосаи афсонаи «Боғбон ва хирс».

Истифодаи бозиҳои дидактикӣ дар дарсҳои забони модарӣ ба хонанда имконият медиҳад, ки тайёрии аз худ кардани ахбори робитавиро дар суҳбат ташаккул диҳад, нуқтаи назари худро пешкашу ҳифз кунад. Натиҷаҳои истифодаи бозиҳои дидактикиро дар дарсҳои забони модарӣ ташхис карда, мо муайян кардем, ки;

- дар ҷараёни фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ донишҳои хонандагон пурра ва доираи сарчашмаҳои донишомӯзӣ васеъ мегарданд;

- донишҳои азхудшуда шахсию муҳим мегарданд, ҳисси зебоипарастии хонандагон рушд ёфта, хонанда дар нақши иштирокчии фаъоли воқеаҳои гузошташуда бозӣ мекунад; - шакли фаъолият тавассути бозӣ фаъолияти ақлонии хонандагонро метезонад;

- фазои озод, тафаккури озод. Ақидаи озоди хонанда ва омӯзгор баробар мешавад, чунки худи омӯзгор дар нақши тамошобин мебошад;

- фаъолияти коллективӣ, ҳисси ёрӣ расонидан, якдигарро хубтар шинохтан дар коллектив мушоҳида мешавад;

- фаъолияти коллективӣ ба муоширати касбӣ имкон медиҳад, маҳорати баромад карданро пайдо кунад;

- бозии нақшавӣ имконияти татбиқи донишҳоро ба хонандае, ки донишҳои хуб надорад, фароҳам месозад, тарсу ҳароси дохилиро оид ба огоҳиҳои омӯзгору ҳамсинфон бартараф мекунад;

- барои омӯзгор чунин шаклҳои кор имконият медиҳад, ки маводи иловагиро барои дарсҳои оянда ҷамъоварӣ кунад.

Таҳқиқоти мо ошкор кард, ки ҳатто дигаргуниҳои ками ташкили фаъолияти мустакилонаи омӯзишӣ – ҳолатҳои проблемавӣ, ворид кардани усулҳои нав ва ҳолатҳои эҷодӣ ба хонандагони хурдсол таъсир мерасонанд. Дар таҷриба мо муайян кардем, ки бозиҳои таълимӣ ҳамчун усули педагогӣ имкониятҳои зиёдеро баҳри ташаккули фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ба хотири рушди зеҳн ва нутқ дар ҷараёни омӯзиши забони модарӣ доранд.

Дар ин ҳолат хонанда худро объекти таълимию омӯзиш ҳис накарда, балки субъекти баробарҳуқуқи фаъолияти таълимӣ ҳисоб мекунад. Ин муоширатро бо хонандагони хурдсол шавқовар, ҳиссиётӣ ва барои якдигар манфиатовар мегардонад.

Ҳамин тариқ, дар асоси омӯзишу ташхиси адабиёти дидактикӣ, психологию педагогӣ, таҷрибаи омӯзгорони синфҳои озмойишӣ ва коркардҳои амалӣ роҳу усулҳо, инчунин, талаботи асосии ташаккулу инкишофи фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ба хотири рушди зеҳн ва нутқи хонандагон ҳангоми омӯзиши забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ муайян карда шудаанд.

Мо ба хулосае расидем, ки фаъолияти мустақилонаи таълими забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ ҳангоми омӯзиши забони тоҷикӣ гуногунранг мебошанд.

Аз ин рӯ, вазифаи асосии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар он аст, ки дар ҷараёни фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз муносибатҳои гуногун ба таълим истифода баранд.

Ба ақидаи мо, омили асосии объективӣ, ки ташаккули фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоиро таъмин мекунад, ин мазмуни таълим оид ба фанни забони модарӣ мебошад. Агар омӯзгорон дар ҷараёни таълим имконияти бедор кардани хоҳишу ҳаваси хонандагонро ба донишомӯзӣ бедор карда натавонанд, он гоҳ мазмуни таълим маънии худро гум мекунад ва онҳо он вазифаҳоеро, ки дар давлату ҳукумат дар наздашон гузоштааст, ҳал карда наметавонанд.

4.2. Иҷрои бошууронаи фаъолияти мустақилонаи кӯдакон дар омӯзиши забони модарӣ

Дар ташаккули фаъолияти таълимию маърифатӣ, рушди дараҷаи донишандӯзӣ, маҳорату малака, ҷанбаҳои зеҳнию ақлонӣ, равонӣ, тафаккури эҷодӣ ва ҷаҳонбинии илмии хонандагон бошуурона будани иҷрои фаъолияти мустақилона мавқеи бағоят муҳим дорад. Ҳаёт собит намудааст, ки агар дониш тавассути бошуурона иҷро намудани фаъолияти мустақилона ба даст оварда шавад, пояндаву устувор мемонад.

Бошууронагии иҷрои фаъолияти омӯзишии мустақилонаи кӯдакон дар омӯзиши забони модарӣ яке аз воситаҳои асосии ташаккули нутқи навишторию гуфторӣ, баланд бардоштани фаъолияти зеҳнию ақлонии хонандагони синфҳои ибтидоӣ маҳсуб меёбад.

“Кори мустақилонаи хонандагон яке аз омилҳои беҳтарини азхудкунии дарс ба шумор меравад. Бинобар ин барномаи нави забони тоҷикӣ мувофиқи талаботи ислоҳоти нави мактаб талаб мекунад, ки дар хонанндагони синфҳои ибтидоӣ ҳосил кунонидани малакаҳои кори мустақилона бояд аз рўзҳои аввали соли хониш шуруъ гардад.Ба воситаи кори мустақилона фаъолияти фикрӣ ва истеъдоди эҷодкории онҳо парвариш меёбад”.

Барои ташаккули бошуурона иҷро намудани корҳои мустақилонаи хонандагони синфҳои ибтидоӣ, бахусус, дар дарсҳои грамматика ва имло машқҳои гуногун истифода бурда мешаванд. Масалан, рӯбардоркунӣ, имлоҳои гуногун, таҳлили грамматикӣ, ба саволҳо ҷавоб навиштан, фикр кардани мисолҳо (калима, ҷумла), нақли хаттӣ, хелҳои гуногуни иншо ва ғайра. Омӯзгор ҳангоми мустаҳкамкунии дарс аз як- ду намуди машқҳо истифода мебарад, ки иҷрои онҳо боиси ташаккули бошуронаи корҳои мустақилонаи хонандагон мегардад. Масалан, нақши кори мустақилонаро дар синфҳои камнуфус пеши назар меорем. Дар ин гуна синфҳо, ки омӯзгор дар як вақт бо якчанд синф сару кор дорад, хонандагон донишҳоро, асосан, бо роҳи хуб бошуурона ташкил намудани корҳои мустақилона аз бар мекунанд.

Дарвоқеъ, бошуурона будани кори мустақилона барои аз худ намудани асосҳои дониш ба хонандагон ёрӣ расонда, қобилияти фикрии онҳоро инкишоф медиҳад.

Ин аст, ки дар мавриди гузаронидани дарсҳои забони модарӣ омӯзгор, пеш аз ҳама, ба фаъолиятнокӣ ва бошуурона иҷро намудани кори мустақилонаи хонандагон такя карда, ба иштибоҳи ҳар як кори мустақилонаи хонанда ва тарзи иҷрои он диққати ҷиддӣ медиҳад, назорат мекунад, бо роҳи муҳокимаи умумӣ месанҷад. Корҳои мустақилона намудҳои зиёд дорад ва интихоби онҳо ба тарҳи маводи таълим ва мавзуъ, инчунин, дараҷаи тайёрӣ ва қобилияти хонандагон вобаста аст. Ба ин хотир, ба эътибор гирифтани имконияти ақлию зеҳнии хонандагон, барои самаранок гузаронидани корҳои мустақилона аз аҳаммият холӣ нест. «Дар маҷмуи модулҳо оид ба низоми таълими салоҳиятнокӣ» ба ақидаи Л.С.Виготский муайян кардани минтақаи наздиктарин бе муоширати доимӣ ва ҳамкорӣ бо кӯдак имконнопазир аст.

Корҳои мустақилона ҳангоми аз як синф ба синфи дигар гузаштан такрор ёфта, вобаста ба мундариҷаашон мураккабтар мешаванд. Барои муайян намудани донишҳои заминавии хонандагон муошират ва ҳамкории пайвастаи омӯзгор лозим аст, то ин ки хонандагон ҳангоми мустақилона фаъолият намудан ба гирифтани донишҳои нав ба нав ҳавасманд гарданд.

Кори мустақилона ҳамчун қисми ҷудонашавандаи дарс дар лаҳзаҳои баёни мавзуи нав, мустаҳкам намудани донишҳои ҳосилкарда, такрорӣ, ҷамъбастӣ ва санҷиши вазифаи хонагӣ истифода бурда мешавад.

Масалан, омӯзгор пеш аз он ки хонандагонро ба тартиби ҳарфҳои «Алифбо» шинос кунад, аввал ба онҳо якчанд калима тавсия менамояд ва таъкид мекунад, ки ба ҷадвали алифбо нигариста, калимаҳои додашударо ба тартиб рӯбардор намоянд. Масалан, бачаҳо, китоб, гулҳо, забон, дӯстдоштаатон, алифбо, модар ва ғайра.

Хонандагон ба ҷадвали алифбо нигариста, бо тартиби он пайиҳам калимаҳои алифбо, бачаҳо, гулҳо, дӯстдоштаатон, забон, китоб, модарро менависанд. Дар ин маврид иҷрои бошууронаи кори мустақилона барои аз худ намудани қоидаи нав ёрӣ мерасонад.

Дар вақти гузаштани мавзуи нав хонандагон дониши мукаммал мегиранд, ки мустаҳкам намудани он, асосан, бо роҳи бошуурона ташкил намудани кори мустақилона сурат мегирад. Омӯзгор ҳангоми мустаҳкамкунӣ аз як-ду намуди машқҳо истифода мебарад, ки иҷрои онҳо аз хонандагон мустақилиятро талаб мекунад. Доираи кори мустақилонае, ки ҳангоми мустаҳкамкунии дониши хонандагон ташкил карда мешавад, аз доираи кори мустақилонаи дар аввали дарс ташкилшуда бояд васеътар ва мураккабтар бошад.

Баъзан бо роҳи ташкили бошууронаи кори мустақилона омӯзгор вазифаи хонагиро месанҷад. Ба ин восита, ӯ фаҳмиданӣ мешавад, ки хонанда супориши додашударо ҳақиқатан худаш иҷро кардааст, ё не.

Бо ин мақсад омӯзгор монанди вазифаи хонагӣ ба хонандагон кори мустақилона месупорад. Масалан. Калимаю ибораҳои зеринро навишта,зери аломати ашё хат кашед.

Аломати ашёҳо: душмани ғаддор, фарзанди бовафо,дили бузург,халқи заҳматкаш, шаби торик,чингизиёни хунхор,нафаси охирин,коғази хатнок, одами некхоҳ.

Намуна: Душмани ғаддор.

Дарс ягон лаҳзае надорад, ки бе ташкил ва гузаронидани кори мустақилонаи хонандагон гузарад. Дар ҳақиқат, истифодаи бошууронаи корҳои мустақилона дар ҷараёни дарсҳо боиси фаъол гардидани тафаккури эҷодии хонандагон мегардад, муносибати шууронаи онҳоро нисбат ба маводи таълим инкишоф медиҳад. Ба таври дигар гӯем, самаранокии таълим ба он вобаста аст, ки омӯзгор дар ин ё он лаҳзаи дарс аз кадом хели корҳои мустакилона истифода мебарад ва чӣ тавр диққати аҳли синфро ба иҷрои он сафарбар менамояд.

Дуруст аст, ки ҳангоми истифодаи усули таълими кор бо китоб ҷанбаи шифоҳии он зиёдтар ҳис карда мешавад, яъне ҳам омӯзгор ва ҳам хонандаҳо баъди хондан натиҷаи онро шифоҳӣ баён менамоянд. Вале ин ба мо ҳуқуқ намедиҳад, ки тарафҳои дигари масъаларо ба назар нагирифта, онро ба гурӯҳи усулҳои шифоҳӣ шомил бисозем: хонанда метавонад натиҷаи фаъолияташро аз рӯйи китоб ба тарзи таҳрирӣ (хаттӣ) ҳам пешниҳод намояд.

Усули кор бо китоб яке аз усулҳои кори мустақлонаи хонандагон мебошад. Беҳуда нест, ки Абдураҳмони Ҷомӣ китобро «Аниси кунҷи танҳоӣ» шумурда, дар ҷойи дигар «Фурӯғи субҳи доноӣ» номидааст.

А.Эшонҷонов дар китоби «Методикаи таълими забони тоҷикӣ дар мактаби ибтидоӣ» сухани А.М.Горкийро иқтибос овардаааст, ки ӯ гуфтааст: «Китобро дӯст доред: он манбаи дониш аст».

Хонандагонро аз соли аввали ба мактаб омаданашон ба китобхонӣ одат кунонидан лозим аст, то ки тадриҷан китобхонӣ кори муқаррарии онҳо шавад. Кӯдак, ки ҳанӯз ба ҳодисаҳои ҳаёт ва адабиёт сарфаҳм намеравад ба воситаи китобхонӣ фикр карданро ёд мегирад, аз китоб таҷрибаи ҳаётӣ ҷамъ мекунад. Китоб яке аз воситаҳоест, ки фикри бачаро мекушояд, тафаккури ӯро инкишоф медиҳад. Хонандагон дар натиҷаи китоб хондан маҷбур мешаванд, ки фикр кунанд. Кор бо китобҳои дарсӣ ва дигар китобҳо тамоми давраи мактабхонӣ давом ёфта, маҳорати махсусро талаб мекунад. Хусусан, дар синфҳои ибтидоӣ хонандагон бе омӯзгор ин гуна маҳоратро ҳосил карда наметавонанд.

Дар ихтиёри мактаббачагон ғайр аз китобҳои дарсӣ маводи зиёди иловагӣ мавҷуд аст: маълумотномаҳо, воситаҳои таълим, луғатҳо, албому ҷадвалҳо, асарҳои назмию насрии бачагона, илмӣ, маҷаллаҳо, рӯзномаҳои гуногун ва ғайра.

Китоб на танҳо воситаи муҳимми донишҳосилкунӣ, инчунин дастурест, ки аз рӯйи он такрору ҷамъбаст гузаронида шуда, дониши хонандагон ба низом дароварда мешавад.

Китобҳои (барориши соли 2012) ба омӯзгор имкон намедиҳад, ки вақтро беҳуда сарф намояд. Раванди дарс пурра ҳамгиро буда, дар он хондан ва навиштан баробар дар ҷараён аст. Аз омӯзгор кордонӣ ва самараноку мақсаднок, бошуурона истифода бурдани вақту иҷрои супоришҳоро талаб мекунад.

Масалан, матни «Гармчашма» Забони модарӣ барои синфи 3.

Омӯзгор оид ба обҳои шифобахши кишварамон ангезиши зеҳн гузаронда, доир ба донишҳои заминавии хонандагон маълумот пайдо карда, ба хонандагон супориш медиҳад, ки матни «Оби шифо»-ро аз китоб мустақилона хонда, аз матн сархати дуюмро нависанд ва муайян кунанд, ки он ҳамагӣ аз чанд ҷумла иборат аст.

Савол. Оби Гармчашма ба кадом дардҳо дармон мебахшад?

Супориш: Ба расмҳои китоб нигоҳ карда дар бораи манзараи

Гармчашма мушоҳидаатонро гӯед.

Супориш: Аз матн исмҳоро нависед ва савол гузоред.

Супориш: Ба калимаҳои об, дарё, соф, шифобахш ҷумла тартиб диҳед ва нависед.

Агар омӯзгорон аз тартиби дар китоб пешниҳодшуда бошуурона истифода баранд, дарс пурра ба кори амалии хонандагон, яъне ба кори мустақилона бахшида мешавад. Дар ин сурат ҳамкории омӯзгору хонанда зич гардида, донишандӯзии онҳо дучанд меафзояд.

Баъзан вохӯрдан мумкин аст, ки бархе аз омӯзгорон байни тарзу восита фарқе намебинанд, ҳол он ки ин мафҳумҳо дар таълим тафовути ҷиддӣ доранд. Воситаи таълим гуфта маводеро меноманд, ки ҳам омӯзгор ва ҳам хонандагон барои ба даст овардани ин ё он мақсади муайяни таълимӣ истифода мебаранд. Масалан, ба воситаҳои таълим китоби дарсӣ, матнҳо, ҷумлаҳо, ибораю калимаҳо, мисолу масъалаҳо, инчунин воситаҳои аёнию маводи дидактикӣ, воситаҳои техникӣ, компютерӣ дохил мешаванд. Кори мустақилонаи хонандагонро бидуни истифодаи ин воситаҳои таълим тасаввур кардан номумкин аст. Метод ва тарзҳои таълим доимо инкишофу такмил меёбанд.

Хусусан, дар замони муосир – замони инкишофи илму техника ва афзудани доираи маълумот комилан такмил додани усулҳои таълим хеле муҳим аст. Ҷараёни такмили методҳо бояд ба фаъол намудани шавқу ҳаваси маърифатҷӯйии хонандагон ва ташаккули маҳорату малакаи минбаъдаи онҳо нигаронда шавад.

Аз ин лиҳоз, методҳои таълим, ки онҳо чи аз ҷиҳати амалӣ ва чи аз ҷиҳати содагии тарзи ифода ва мавқеи имрӯзаашон мувофиқ мебошанд, инҳоянд:

  1. методҳои шифоҳӣ;

  2. методҳои аёнӣ;

  3. методҳои амалӣ.

Айни замон, ба гурӯҳи методҳои омӯзиши мустақилона таълими проблемавӣ, тадқиқотӣ-ҷустуҷӯйиро илова кардан мумкин аст. Ҳарчанд ки амалиёти мустақилонаи хонандагонро дар дигар усулҳои тадрис мушоҳида карда метавонем, вале ҳангоми истифодаи ин гурӯҳи методҳо хонандагон бештар фаъол гашта, кори онҳо ба эҷодкорӣ мепайвандад.

Ба гурӯҳи методҳои таълими шифоҳӣ кор бо ҳикоя, чистону зарбулмасалҳои бачагона, суҳбат, лексияи мактабӣ ва мубоҳиса дохил мешаванд. Дар солҳои аввали ташкили муассисаҳои таълимии шуравӣ методҳои таълими шифоҳиро ҳамчун боқимондаи тарзи таълими гузашта маънидод карда, ба он чандон эътибор намедоданд.

Баъдтар, солҳои 30-юм ба ин силсилаҳои таълимӣ аз будаш зиёдтар диққати ҷиддӣ дода, самаранок ва дар алоқаи методҳои дигар истифода бурдани онҳоро таъкид кардаанд.

«Каломи зиндаи омӯзгор, агар ба дархостҳои педагогӣ ҷавоб дода тавонад, на танҳо манбаи ҳақиқии чароғи маърифат аст, балки он хонандагонро ба ваҷд оварда, дар рӯҳияи хулқу атвори нек тарбия менамояд. Дар ин сурат фаъолияти маърифатҷӯйии хонандагонро дучанд мегардонад».

Устод Лутфуллозода Маҳмадулло дар асарашон “Педагогикаи миллии халқи тоҷик” дар хусуси ташаккули фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии онҳо дар тавъамӣ ба баёни шифоҳии омӯзгорон чунин пешниҳод намудааст:

  1. Аз ҷиҳати илмӣ ва мақсаднокӣ пухта бошад. Ин ҷо интихоби илмии мавод, ки оҳанги ифода нақши асосӣ дорад, дар назар аст.

  2. Баён ва ифодаи мантиқӣ мусалсалии муайяни донишҳоро таъмин менамояд.

  3. Равшан, фаҳмо ва дастрас будани баёни шифоҳӣ, ки барои ҷамъбасту хулосабарорӣ ва мустаҳкам намудани мавзуъ кумак мерасонад.

  4. Аз ҷиҳати бадеият ғанӣ, пурэҳсос ва муассир будани нақли омӯзгор ба тезтар омӯхтани дониш ёрӣ расонда, дар ташаккули ақлу фаросат ва рушди зеҳнию нутқи шифоҳии хонандагон нақши ниҳоят калон дорад.

  5. Ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои синнусолии хонандагон, ки тадриҷан омӯхтани дониш (зина ба зина) ва инкишофи тафаккурро таъмин менамояд»

Баёни шифоҳии омӯзгор ҳамон вақт муҳим мегардад, ки агар омӯзгор барои нақл кардан нақша, харита, машқу масъала ва дигар аёнияту маводи дидактикиро дар дарс истифода барад ва дар раванди нақл кардан фаъолнокӣ ва шавқу рағбати хонандагонро нисбат ба мавзуи дарс бедор карда тавонад, хонандагонро ба бошуурона фикр кардан водор созад.

Намуна:

Мавзуи «Ҳифзи табиат» Забони модарӣ барои синфи 1. Омӯзгор доир ба мавзуи «Ҳифзи табиат» ба саволи «Табиат чист?» ангезиши зеҳн гузаронда, барои фикр кардан ду дақиқа вақт медиҳад.

Хонандагон баъди ду дақиқа фикрҳояшонро баён мекунанд ва омӯзгор андешаҳои хонандагонро дар тахтаи синф менависад.

Табиат чист?

дарё, ҷангал;

кӯҳ, саҳро;

дарахтон, ҳайвонот;

одамон, гиёҳҳо, буттаҳо….

Омӯзгор андешаҳои хонандагонро тақвият дода илова мекунад.

Он чи ки дар гирду атрофамон мебинем, ин табиат аст. Табиат хонаи мо, онро бояд тоза, озода сабзу хуррам нигоҳ дорем. Кӯҳҳо, талу теппаҳо, гиёҳҳои шифобахш, дарёҳо, кӯлҳо, баҳрҳо, уқёнусҳо, дашту саҳро, майдони кишту кор, дарахтони мева ва сояафкан, ҳайвонот, ҷангалҳо … ин ҳама бойгариҳои табиат маҳсуб меёбанд. Қарзи ҳар яки мо бойгариҳои табиатро нигоҳ доштан аст, зеро бе табиат дар замин зиндагӣ кардан аз имкон берун аст.

Омӯзгор суҳбатро идома дода, аз аҳли синф мепурсад: «Табиатро чӣ гуна муҳофизат мекунем?», «Ҳифзи табиат чист?» Барои фикр кардан ба хонандагон вақт дода мешавад. Баъди ду дақиқа андешаҳои хонандагон шунида мешавад: тозаю озода нигоҳ доштани ҳавлию хонаҳо ва муҳити гирду атроф; тоза нигоҳ доштани оби чашма ва ҷӯйҳо; парвариши гулу гиёҳҳо ва буттаҳо; шинонидани ниҳолҳои мева ва сояафкан; ифлос накардани муҳити гирду атроф; нигоҳубини парандаҳо. Омӯзгор ба хонандагон супориш медиҳад, ки саҳифаи 72-73-и китоби забони модариро кушода «Ҳифзи табиат чист?»-ро мустақилона хонда бароянд.

нашикастани шохи дарахтон;

ниҳол шинонидан;

парвариши гулу гиёҳҳо, дарахтон ва буттаҳо;

дӯст доштани парандагон, ғамхорӣ ба онҳо;

дӯст доштани ҳайвонҳо, ғамхорӣ ба онҳо;

тоза нигоҳ доштани об ва сарфа кардани он;

тозаю озода нигоҳ доштани ҳавлию майдонҳо;

дӯст доштани ҳама мавҷудоти табиат;

пешина
аз 32
навбатӣ