Зеҳн
АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.

Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа

Маориф
Аз аввал хондан

Ҳамин тавр, дар асоси саволу ҷавоб ҷумлаҳои парокандаро бошуурона ҷо ба ҷо гузошта, матни алоқанок тартиб дода мешавад.

Ҳамин ки ба дуруст будани матн боварӣ ҳосил шуд, хонандагон бо кумаки омӯзгор ба он сарлавҳаи мувофиқ мегузоранд.

3. Дар асоси бозӣ тартиб додани ҷумлаҳо. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки машқи мазкур роҳи осони ҷумласозӣ буда, фаъолияти зеҳнию фикрии бачаҳоро ташаккул медиҳад. «Тартиб додани ҷумлаҳои кутоҳ яке аз омилҳои асосии инкишофи нутқи хонандагон аст».

Ҳангоми таълим чунин чумлаҳоро тартиб додан мумкин аст. (Калимаҳо барои истифода: Қалам, Қобил, баҳор, қоқу, Ҷамила, Эраҷ, пахта, қатора, гул,офтоб)

Омӯзгор диққати хонандагонро ба худ ҷалб карда, онҳоро ба ҷуфти калимаҳои дар тахтаи синф навишташуда шинос мекунад. Баъди шиносоӣ ба онҳо супориш медиҳад, ки аз ҷуфти калимаҳои додашуда ҷумла тартиб диҳанд. Барои омодагӣ дидан вақт муайян карда, сипас, хоҳишмандонро ба тахтаи синф даъват менамояд. Хонандагон аз ҷуфти калимаҳои дар сутунчаҳо навишташуда ҷумлаҳо тартиб медиҳанд.

Ғолибият ба хонандае дода мешавад, ки зуд, бехато аз уҳдаи шарти гузошташуда баромада тавонад.

Ба эътибор гирифтани имконоти зеҳнии хонандагони хурдсол дар раванди ташкили фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ яке аз омилҳои асосии рушди тафаккури хонандагон буда, ба малакаҳои фарқ карда тавонистани хелҳои ҷумлаи сода аз ҷиҳати оҳанги талаффуз, дарк намудани тартиби калимаю ҷумла дар матн, ба мустақилона навиштани нақлу иншо замина мегузорад. Вобаста ба рушди қобилияти зеҳнии хонандагон педагог В.П.Стрезикозин навиштааст: «… таълим ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба мактаб қадам ниҳодани кӯдак бояд инкишофдиҳанда бошад. Ҳанӯз аз синфи 1 сар карда, ба хонандагон фикр кардан, муҳоқима ронданро омӯзонидан зарур аст».

Аз тарафи хонандагон фақат такрор кардан ва баён кардани он чизеро ки омӯзгор дар дарс гузаштааст ё худи хонандагон аз китоби дарси хондаанд, талаб кардан кифоя набуда, бошуурона фаҳмондан ва исбот карда тавонистанро ба онҳо ёд додан зарур аст. Ба хонандагон бояд ҳамеша саволҳои «чаро?» ва « чӣ гуна?» дода шавад ва онҳо бояд ба ин саволҳо аввал сода, баъд торафт муфассал ҷавоб доданро ёд гиранд.

Нақши таъсири маҳорати омӯзгорро дар ташаккулу инкишофи қобилияти таълимии хонандагон ба назар гирифта, В.А. Сухомлинский зикр намудааст, ки «муносибатҳои ғайриэҳсосотии байни омӯзгор ва хонандагон бемаънӣ мебошанд, ҳангоми бо омӯзгор вохӯрдани хонандагон дар дарс, онҳо таъсири омӯзгорро ҳис мекунанд, кӯшиш мекунанд, ки ба вай тақлид кунанд».

Аз ин лиҳоз, дар раванди дарсҳои забони модарӣ роҳу усулҳоеро интихоб ва истифода кардан лозим аст, ки худи хонандагон дар иҷрои он бошуурона ва мустақил амал кунанд. Мустақилона иҷро намудани фаъолиятҳо ба қобилияти фикр кардан, ҷустуҷӯ ва таҳлилу хулосабарории хонандагон тақвият бахшида, сатҳи донишандӯзии онҳоро мукаммал мегардонад.

«Агар раванди таълим аз тарафи омўзгор идора карда шавад, ҳамон қадар имконияти омўзишии хонанда маҳдуд гашта, малакаҳои худидоракунӣ, худназоратӣ ва худбаҳодиҳии онҳо рушд намеёбад.

Идоракунии пурраи раванди таълим аз ҷониби омўзгор хонандаро барои “дар тули ҳаёт омухтан” омода намекунад. Аз ин лиҳоз, ҳангоми иҷрои кори мустақилона ба назар гирифтани омилҳои зеринро зарур мешуморем:

- қобилияти зеҳнии хонандагони хурдсол;

- синну сол ва хусусиятҳои психологии хонандагон;

- интихоби фаъолият аз мавзуъҳои таълимӣ;

- ҷавобгӯ будани фаъолият ба талаботи дарси замони муосир;

- характери таълимию тарбиявӣ доштани мавзуи таълимӣ.

Омилҳои пешниҳодшуда шароит фароҳам меоранд, ки ҳангоми иҷрои корҳои мустақилона қобилияти зеҳнию нутқии хонандагон рушд дода шавад.

4.3. Самарабахшии технологияи ташаккули малакаи фаъолияти таълимии мустақилона ва рушди зеҳнию забонии талабагони синфҳои ибтидоӣ

Технологикунонии ҷараёни таълим – ин раванди инкишофест, ки баҳри баланд бардоштани самарабахшии ҷараёни таълим, кафолати ба натиҷаҳои чашмдошт расидани хонандагон равона шудааст.

1. Технология – ин усули пешакӣ банақшагирии натиҷаҳои таълимест, ки онро метавон тавассути роҳу воситаҳои гуногун ба даст овард.

2. Технология ва методика – баробарҳуқуқанд.

3. Методика – мафҳуми васеъ аст. Вай метавонад чанд технологияро дар бар гирад. Дар ин сурат, аксар вақт методика ба сифати системаи педагогии ягона дида мешавад.

4. Дар методикаи анъанавии таълим омӯзгор бештар нақши актёр (ҳунарманд)-ро мебозад. Вай расонандаи ахбор аз китоб ба шогирд аст.

Дар технологияи таълим омӯзгор асосан ба режиссёрӣ (коргардонӣ) машғул аст. Вай намеомӯзонад, балки роҳнамоӣ мекунад, ҳавасманд мегардонад, фаъолияти таълимии хонандагонро ба танзим медарорад. Нишондиҳандаҳои технологӣ будани таълим инҳоянд: аввал, таҳия кардани мақсадҳои таълим дар шакли натиҷаҳои чашмдошт (интизоршаванда) пешниҳоди мазмуни маводи омӯхташаванда дар шакли система (пайдарпайии мантиқӣ)-и вазифаҳои маърифатӣ.

Дар лексикаи забони тоҷикӣ як гурӯҳ калимаҳо вобаста ба маҳал ё минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон истеъмол мешаванд, ки онҳо хоси шева ё лаҳҷаи ҳамон маҳал буда, дар шакли калимаю ибораҳое, ки аз ҷиҳати фонетикӣ, морфологӣ ё лексикӣ хоси маҳалли истифодашавӣ мебошанд, зоҳир мегарданд. Калимаҳои шевагӣ ё лаҳҷавӣ аз доираи меъёрҳои забони адабии умумихалқӣ берунанд ва дар байни лексикаи фаҳмои умумихалқӣ истеъмол шуданашон ҳамчун калима ва ибораҳои номафҳуми бегона ба назар мерасанд.

Бо максади сермаъноии ҳаракати ашё шинос намудани хонандагон аз машқҳои нисбатан сода ва дастрас истифода кардан беҳтар аст.

Аз ҷумла, феъли “хӯрдан” чанд маъно дорад (хӯрок хӯрдан, пешпо хӯрдан, фиреб хӯрдан, афсус хӯрдан). Ибораи хўрок хўрдан ба маънии аслӣ омада бошад, ибораҳои пешпо хӯрдан, фиреб хӯрдан, афсус хӯрданба маънои маҷозӣ истифода шудаанд.

Ба ин монанд феъли “задан” ҳам ба маъноҳои гуногун меояд (ҷеғ задан, аккос задан, гап задан).

Дар дарсҳои забони модарӣ ҳангоми омӯхтани «Ҳаракати ашё» аз машқҳо ёфтани калимаи сермаъно, муқоиса кардан, шарҳи он бо калимаи сермаъно, тартиб додани ҷумла, байни маънои аслӣ ва маҷозӣ фарқ гузоштан ва ғайра истифода кардан мумкин аст.

Намуна.

Супориши 1. Калимаҳои зерашон хат кашидашударо муқоиса кунед. Чанд маъно доштани онҳоро фаҳмонед: 1.Асп гӯё парвоз мекард. 2. Уқоб баланд парвоз мекард. 3.Абрҳои сиёҳ аз Шарқ ба Ғарб медавиданд. 4.Собиру Аҳмад медавиданд. 5.Бача механдад. 6.Гули лола механдад.

Намуна:

1.Асп гӯё парвоз мекард.(парвоз ба маънои маҷозӣ истифода шудааст)

2.Уқоб баланд парвоз мекард. (парвоз ба маънои аслӣ истифода шудааст)

Ҷумлаҳои боқимондаро хонандагон шарҳ медиҳанд.

Супориши 3. Аз ин ҷумлаҳо калимаи ба маънои аслӣ ва маҷозӣ кор фармудашударо ҷудо кунед, маънои онро фаҳмонед:

1.Гул шукуфт. 2.Мақсуд якбора шукуфт. 3.Коғаз сӯхт. 4.Дилаш ба ҳоли бемор сӯхт.

Намуна: 1.Гул шукуфт.(маънои аслӣ)

2.Мақсуд якбора шукуфт. (маънои маҷозӣ)

Шаклҳои таълими беруназсинфӣ, ки ба фаъолияти мустақилонаи омӯзишии хонандагон, ба хотири рушди зеҳн ва нутқи хонандагон мусоидат мекунанд, инҳоянд:

- саёҳат ба маҳалҳо ва суҳбатҳо бо соҳибони забон, ки лаҳҷаашон аз забони модарӣ фарқ мекунад;

- дар дафтарҳои хотира қайд кардани унсурҳои шева ва лаҳҷаҳо;

- дар дафтари хотира қайди тарзи гуфтори волидайн, бобою бибӣ, ҳамсоягон;

- истифодаи қайдҳои дафтарҳои хотира дар дарс ва ислоҳи хатоҳои забонӣ;

- дар раванди саёҳатҳо ба табиат ва истифода аз гуфтори мардуми маҳалли саёҳат, ба хотир гирифтани номи гиёҳҳо, наҳру дарёҳо, мавзеъ- ҳои ҷуғрофӣ, муқоиса ва ёфтани муродифи онҳо дар луғату фарҳангҳо;

- таҳлили натиҷаи забонии сафару саёҳатҳо ба маҳалҳои гуногун. Масалан, омӯзгор ҳангоми таълими мавзуи «Кабўтар» Забони модарӣ барои синфи 2. барои фаҳмидани шева ё лаҳҷаи гуфтори хонандагон диққати асосиро ба нақли хонандагон медиҳад.

Матни «Кабўтар» пешниҳод мегардад.

Сайёде барои рўзгузаронӣ дом ниҳода буд.Ногоҳ кабутаре бо зоғон бар он дом нишастанд. Ҳангоме ки сайёд аз ҷой хест, зоғон фирор карданд,аммо кабўтар ба дом афтод.

Чун сайёд ба сари дом омад, кабўтар аз гирифтории худ дар изтироб будва барои наҷоти худ узрҳо хоста, мегуфт:

- Ман парандаи содаам, ҳамеша хайрхоҳи инсонам, хизмати падару модарро ба ҷо меорам. Рамзи сулҳу озодӣ ҳастам.

Сайёд гуфт:

- Он чи гуфти, рост аст, вале ин гирфторӣ аз ҳамсўбати бадон ба ту расидааст.Агар ту насиҳати падар ва модаратро гўш карда, бо бадон ҳамнишин намешудӣ, ин бало ба сарат намеомад.

Калимаҳои лаҳҷагӣ дар нақли хонандагон:

Тур-дом,

Ҳаяҷон, тарс-изтироб

Гуретан –фирор кардан

Дар раванди саёҳат ба ба ноҳияҳои Данғара, Ховалиг, Шамсиддин Шоҳин ва шаҳру ноҳияи Кӯлоб рафта, ба тази гуфтор ва лаҳҷаи мардуми он як андоза ошноӣ пайдо намудем.

Хусусиятҳои низоми овозии забони шеваи ин мардумро омӯхта пай бурдем, ки дар гуфтори онҳо (дароз ё кӯтоҳ) талаффуз шудани садонокҳо, ба ҷойи овози маълуми калима омадани овози дигар, ҳодисаҳои ассимилятсия, диссимилятсия, метатеза ва ғайра). Ҳодисаҳои фонетикӣ дар сохтори овозии калимаҳо зоҳир мегарданд ва ба ин восита худи ҳамин калимаҳоро аз шакли маъмулии забони адабии умумихалқӣ фарқ мекунонад. Масалан: чишм (чашм); декдӯн//дегдун, (дегдон); авҳол

(аҳвол), гуфтмша (гуфтамаш), дидамша (дидамаш), қиртак (гулу) дар лаҳҷаи мардуми н. Данғара, моиндар (модарандар), пияндар (падар- андар), бахчӣ (барои чӣ), клет (вайрон), усал (мазоҳ, масхара), туридан (рамидан), локӣ (ҳамён, миёнбанд) дар шеваи мардуми н.Ховалинг, гизала (асабӣ), доргӣ (наздикӣ), каштал (гиребон), ҳова (бале!) дар лаҳҷаи мардуми Кӯлоб, ҳеча (лонаи паранда), бехӣ (зардак, сабзӣ), ктидан (майда кардан) ва даҳҳо чунин калимаҳо дар шеваи мардуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин истифода карда мешавад.

Ҳангоми нақли шифоҳии ҳикоя, афсона кўдакон бештар аз калимаҳои лаҳҷавӣ истифода мебаранд. Лекин дар вақти навиштан ба гуфтори адабӣ риоя мекунанд. Масалан, супориш дода шуд, ки бо номи “Мевачинӣ” ҳикояча тартиб диҳанд.

Ҳикояи хонандаи синфи 3”А” МТМУ №1 ш. Кўлоб чунин аст.

Мевачинӣ

Мо боғи калон дорем. Ҳар тобистон он ҷо рафта дам мегирем.

Имсол меваҳои боғи мо ҳосили фаровон гирифтанд. Падарам, Аҳмад, акоям Шарифҷон, ман, Лола ва хоҳараконам Наргису Шаҳлоро барои мевачинӣ ба боғ бурд. Мо дар боғ ба падарамон дар мевачинӣ ёрӣ расондем. Падарамон аз кори мо хурсанд шуд.

Супориш. Ба расм бо диққат нигоҳ кунед. Бо номи “Фасли зимистон” ҳикояча тартиб дода, ба дафтар нависед.

Ҳикояи хонандаи синфи 4”А” МТМУ №2 н.Шамсиддин Шоҳин

Фасли зимистон

Фасли зимистон. Ҳаво хунук. Рӯйи замин ях баста лағжонак буд.

Шодию Зебӣ аз мактаб меомаданд. Пеш-пеши онҳо пиразане мерафт...

Ногоҳ пиразан лағжида ба замин афтод. Шодӣ дарҳол ба Зебӣ муроҷиат карда гуфт: –Ҷузвдони маро дошта ист, ман ҳозир... Шодӣ рафта аз дасти пиразан бардошт ва борхалтаашро бардошта то ханааш бурд. Пиразан ба Шодӣ миннатдорӣ баён карда, ба ӯ дуои нек дод.... Расми 4.Фасли зимистон.

Расмро аз назар гузаронед. Гӯед, ки рафтори ин бача ба шумо маъқул шуд? Ҳамин хел ҳодиса ба шумо ҳам рӯй додааст? Аз расм истифода бурда, аз ҳаёти худатон ҳикояча нависед.

Ҳикояи хонандаи синфи 4”А” МТМУ №2 н.Муъминобод

Рӯзи истироҳат Собир бо ҳамроҳии падараш ба автобус савор шуда ба шаҳр рафт.

Дар истгоҳи дуюм ба автобус як паразани солхӯрда савор шуд. Собир дарҳол аз ҷояш хеста: “холаҷон, марҳамат кунед” гуфта, ҷойи нишасташро ба ӯ нишон дод. Паразан ба Собир нигоҳи маънидоронае карду ташаккур гуфт. Падари Собир аз ин рафтори писараш хурдсанд шуд.

Расми 5.Рўзи истироҳат.

Расмро бодиққат аз назар гузаронда, якчанд ҷумла тартиб диҳед, ки мазмуни ин ҳикояро дар бар гирад.

Ҳикояи хонандаи синфи 4”А” МТМУ №9 ш.Кулоб.

Дар истгоҳ Мусофирон мунтазири омадани автобус буданд. Ногоҳ автобус омада монд. Насими хурдакак аз пеши модараш давида, ба автобус наздик шуд. Шариф ин ҳолро дида, дарҳол Насимро аз роҳи автобус ба зудӣ гирифт. Модари Насим ба Шариф дуои нек карда, ба ӯ миннатдорӣ баён кард.

Истифодаи расмҳои мазмундор ба ташаккули малакаи фаъолияти омӯзиши мустақилона ва рушди зеҳнию забонии хонандагон мусоидат намуда, шавқу рағбати забондонии хонандагонро рушд бахшида, баҳри баланд бардоштани дараҷаи саводнокӣ, инкишофи нутқи шифоҳӣ, хаттӣ, корҳои эҷодӣ ва фаъолгардонии диққати хонандагон ба дарс, пурра аз худ кардани маводи омӯхташуда, дар рӯҳияи меҳнатдӯстию ватандӯстӣ тарбия кардани хонандагон мусоидат мекунад. Дар ин маврид Нозирии Нишопурӣ хеле олӣ фармудааст:

Дарси адиб, агар бувад замзамаи муҳаббате,

Ҷумъа ба мактаб оварад тифли гурезпойро.

Хонанда ҳангоми иҷрои супоришҳо ба фикр кардан одат карда, бе ёрии дигарон кӯшиш мекунад, ки мустақилона супоришҳоро иҷро намояд.

Таҷриба ва корҳои илмӣ-методии олимони ботаҷрибаи соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ошкор сохтаанд, ки хонандагони хурдсол тавассути рушди фикрӣ дар бораи овоз, ҳарф, ҳиҷо, калима, ибора, ҷумла, дониши худро ташаккул дода, ниҳоят асрори матнро “кашф” мекунад. Яъне, тавассути силсилаи фикр бедорсозии шавқу рағбати забондонии онҳо рушд ёфта, дар хонандагон ҳисси кунҷкобӣ, ҳозирҷавобӣ ва эҷодкорӣ пайдо мешавад. Ҳамин тавр, рағбати маърифатҷӯйӣ якчанд зинаи инкишофро аз сар гузаронида, дар хонандагон раванди фикр кардан рушд ёфта, онҳо бо нигоҳи тоза ва диди нав ба ҳаёт омода мешаванд. ХУЛОСАИ БОБИ ЧОРУМ

Мувофиқкунонии усулҳо ба мазмун, ташкил ва технологияи ҷараёни таълим бояд ҷараёнҳои амиқу алоҳидаи таълимро инкишоф диҳад, ки ҳангоми сиёсату таҷрибаи дуруст метавонад ба ҷараёни пурраю самараноки таълим мубаддал гардад.

Ташхиси адабиёт ва таҷрибаи педагогӣ оид ба масъалаи асосҳои методии ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ моро ба хулосаҳои зерин овард:

1. Ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоиро дар шароити имрӯза ҳамчун масъалаи асосии баланд бардоштани сифати таълими муассиса ҳисобидан мумкин аст.

2. Дар муассисаҳои таъҳсилоти миёнаи умумӣ мушкилиҳои муайян вуҷуд доранд. Ба ин сатҳи омодагии касбии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, натиҷаҳои имтиҳонҳои ҷорию хатмкунӣ дар мактаб, имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои олии таълимӣ ва натиҷаҳои аттестатсияи донишҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбии ҷумҳурӣ, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, шаҳодат медиҳанд.

3. Сатҳи маърифатнокии хонандагони хурдсол дар дарсҳои забони тоҷикӣ хеле кам инкишоф ёфта, дар назария ва таҷрибаи педагогӣ хусусиятҳои мазмунии ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба таври пурра ошкор нагардиданд.

4. Норасоиҳо ва камбудиҳои фаъолияти гурӯҳӣ муайян карда намешудаанд, ки ин ба самаранок инкишоф ёфтани ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ монеа эҷод мекард. 5. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон стандартҳо ва барномаҳои нави давлатӣ оид ба фанни забони тоҷикӣ коркард шудаанд, ки ба ҳадафу мақсадҳои сатҳи ҳозираи таълим ва стандартҳои байналмилӣ ҷавобгӯ мебошанд.

6. Масъалаи асосҳои методии ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ воқеият доранд.

7. Барои баланд бардоштани сифати таълим ва ба чорчӯбаи ҳозиразамони стандартикунонии мазмуни таҳсилот ворид кардани он шаклҳои нави самараноки воситаҳои таълим, санҷиши сифати дониш ва дигар чорабиниҳо равона карда шудаанд.

8. Дар ҷараёни таҳқиқот муайян кардем, ки дар солҳои мактабӣ дар баробари омӯхтани фанҳои таълимӣ хонандагони хурдсол асосҳои илмии аз худ кардани донишҳоро дар кори амалӣ, яъне дар самаранок гузаронидани фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ва инкишофи зеҳнӣ аз бар мекунанд.

9. Асосҳои методии ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ танҳо дар ҷараёни ташкили фаъолияти мақсадноки таълим муяссар мегардад.

10. Бо мақсади муайян кардани ҳадафу вазифаҳои асосҳои методии ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ

(тоҷикӣ) ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба омӯзгорон зарур аст, ки дарки амиқи мафҳуми ин сифатҳо ва хусусиятҳои синнусолии хонандагонро дар назар дошта бошанд, чунки масъалаи мувофиқкунонии маҳоратҳо ба хусусиятҳои синнусолӣ дар назарияи педагогика ва психология мавқеи махсусро ишғол мекунад.

11. Ташхиси паҳлуҳои гуногуни психологӣ, педагогӣ ва методии масъала имконият дод, ки роҳҳои асосии ташкили фаъолияти мустақилонаи хонандагонро дар синфҳои ибтидоӣ дар ҷараёни таълими забони модарӣ муайян кунем: а) машғулиятҳо бо бозӣ ҳангоми ҳалли вазифаю масъалаҳо; б) фаъолияти мустақилонаи хонандагон бо матни китобҳои дарсӣ.

12. Ташхиси натиҷаҳои кори таҷрибавию озмойишӣ ошкор намуданд, ки ҳақиқати фарзия нисбат ба самаранокии ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ (тоҷикӣ) ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ дуруст аст.

Мо мазмуни асосӣ, навовариҳо, меъёрҳои самаранокии он, роҳҳои ворид кардани усулҳои инноватсиониро, ки ба ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ равона шудаанд, муайян сохтем.

пешина
аз 32
навбатӣ