АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.
Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа
Фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар синф, дар мактаб, дар хона, ҳангоми сайру гашт дар маҳалҳо ва суҳбатҳо бо соҳибони забон, ки лаҳҷаашон аз забони модарӣ фарқ мекунад, аз тарафи шогирдон сурат мегирад. Ҳангоми суҳбат дар маҳалҳо бо соҳибзабонон, ки лаҳҷаашон аз забони модарӣ фарқ мекунад, шогирдон одоби муошират ва тарзи гуфтори адабиро риоя кунанд ва гуфтори одамони маҳалро бо калимаҳои забони адабӣ муқоиса намоянд.
Агар дар машғулиятҳои беруназсинфӣ аз дафтарҳои хотира истифода карда, унсурҳои шева ва лаҳҷаҳоро навишта, онҳоро бо муродифи калимаҳои забони тоҷикӣ муқоиса намоем, сатҳи забономӯзӣ ва захираи луғавии шогирдон рушд ёфта, кори омӯхтани забони модариро хеле самарабахш мегардонад. Дар дафтари хотира тарзи гуфтори волидайн, бобою бибӣ, ҳамсоягон низ ба қайд гирифта мешавад.
Масалан, ҳангоми таҳқиқот дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мо аз гуфтори мардуми маҳаллӣ калимаҳои «Да» – падар, «Ма» – модар,
«Бобӣ» – бобо, «шаттапоя» – «нордбон» ва ғайраро шунидем, ки инҳо калимаҳои лаҳҷавию гуфтории мардуми ин маҳал ҳисоб меёбанд.
Вале афсӯс, ки дар синфҳои ибтидоӣ оид ба таълими грамматика, имло ва инкишофи нутқ машғулиятҳои беруназсинфиро раво намедонанд ва инро, асосан, барои синфҳои боло хос мешуморанд. Ҳол он ки бачагони синфҳои ибтидоӣ кунҷков буда, бисёр чизҳоро донистан мехоҳанд. Аз ин ҷост, ки баъзан саволҳои Дар забонамон чанд калима ҳаст? Чаро он ашё ин тавр номида мешавад? Чаро ин калимаҳоро хешу табор меноманд? ва ғайра вомехӯранд. Бачагони ин синну сол чистону зарбулмасалҳо, шеъру тезгӯякҳоро дӯст медоранд ва дар лаҳзаҳое, ки омӯзгор машғулиятҳои беруназсинфиро шавқовару ба мақсади муайян мегузаронад, ҳама фаъолона иштирок мекунанд.
Кӯдак аз нуқтаи назари биологӣ то синни даҳсолагӣ ҳазлу шӯхиро дӯст медорад. Вай бо ҳама ва ҳар чӣ бозӣ мекунад ва дар бозӣ бисёр чизҳоро ёд мегирад, ҷаҳони иҳотакардаашро дарк менамояд, нозукиҳои забони модариро меомӯзад, мусиқии онро ёд мегирад.
Зарурати истифодаи қайдҳои дафтарҳои хотира дар дарс ва ислоҳи хатоҳои забонӣ аз иборат аст, ки дар машғулиятҳои беруназсинфӣ кӯдакони ин синну сол кунҷков мешаванду бисёр чизҳоро ёд гирифтан мехоҳанд. Аз рӯйи дафтари хотира ба омӯзгор савол дода, аз ӯ ҷавобҳои дурустро шунидан мехоҳанд. Машғулиятҳои беруназсинфӣ имконият медиҳад, ки маводи дар дарс омӯхташуда ва дафтари хотира шуурона аз худ карда шуда, мустаҳкамтар гарданд, захираи луғавии бачаҳо зиёд гашта, нутқи шифоҳӣ ва хаттиашон инкишоф ёбад, рағбати онҳо ба омӯхтани забони модариашон афзояд. Ниҳоят, вақте ки онҳо ба синфҳои боло мегузаранд, кори дар машғулиятҳои беруназсинфӣ кардаашонро давом медиҳанд.
Маводи дидактикӣ. Маводи дидактикии зиёде мавҷуданд, ки омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ҳамчун шаклҳои таълими беруназсинфӣ дар фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ бо мақсади болоравии сатҳи дониши хонандагон аз фанни забони модарӣ истифода мебаранд.
Мазмуни маводи дидактикӣ дар синфҳои 1-4, асосан, аз ҷудо кардани ашё ба гурӯҳҳо, аз рӯйи савол муайян кардани категорияи калимаҳо, дуруст муайян кардани аломату ҳаракати ашё, гурўҳбандии ашё ва ғайра иборатанд. Як қисми маводи дидактикиро ислоҳ кардани ғалатҳои имлоӣ, пурра кардани калима, ёфтани ҳарфи зарурӣ ва монанди инҳо ташкил мекунанд. Масалан, партофтан ва иваз кардани ҳарфҳо ҳангоми хондан ва навиштан.
Бо мақсади моҳият ва аҳаммияти маводи дидактикиро дар аз худ намудани овоз ва ҳарфи нав ошкор намудан, дар дарсҳои саводомӯзии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ иштирок намуда, бо раванди дарсҳо аз наздик шинос шудем. Масалан, ҳангоми омӯзонидани мавзуи “Овоз ва ҳарфи «Н» омӯзгор аз чунин маводи дидактикӣ истифода намуд.
Қадами 1. Ба шакли омехта ба намоиш гузоштани расми ашёи гуногун. Қадами 2. Аз байни ин варақаҳои суратдор варақчаҳоеро ҷудо карда мегиранд, ки дар он расми ашёи зарурӣ тасвир шуда бошад, яъне, номи ашё бо овози «Н» сар шавад:
Қадами 3. Гуфтани номи ашёе, ки дар расмҳои интихобшуда тасвир ёфтааст.
Қадами 4. Дар зери расм номи ашё навишта шуда бошад ҳам, ягон ҳарфаш партофта шудааст. Хонандагон ҳарфи заруриро ёфта, калимаро пурра карда мехонанд. Хонандагон баробари омӯхтани овозу ҳарфҳо аз уҳдаи хондани чунин калимаҳо мебароянд.
Намуна: нома (.ом.) нок (но.), нағора (.ағора), най (на.), нон (но.),
Қадами 5. Дар тарафи дигари расм номи ҳамон ашё навишта шудааст, бачаҳо мустақилона мехонанд ва барои санҷидани дурустии дониши худ ба расм нигоҳ мекунанд. Агар ба ҷойи як ҳарф ҳарфи дигарро хонда бошанд, ба расм нигоҳ карда, ғалати содиршударо ислоҳ менамоянд.
Қадами 6. Ягон ҳиҷои калима партофта шудааст, бачаҳо онро пурра мекунанд:
ЛО.. (ЛОНА), СО.. (СОРО), . . ЛАХ (МАЛАХ)
..НА (ЗИНА), СӮ … (СӮЗАН), ХО.. (ХОНА)
Сипас, омӯзгор ба хонандагон супориш медиҳад, ки аз алифбои бурида истифода карда, калимаҳои А-НА, ЛО-ЛА, ЛО-НА ва ҷумлаҳои
А-на, Ло-ла, хо-на. А-на, хо-на-ро тартиб диҳанд. Ҳангоми таълими савод аз расмҳои ҳархелаи мазмундор истифода бурдани омўзгор ба максад мувофиқ аст. Чунин расмҳо дар китоби дарсӣ ниҳоят зиёд мебошанд, ки онҳо характери таълимӣ ва тарбиявӣ доранд. Зимни истифодаи онҳо захираи луғавии бачаҳо инкишоф ёфта нутқи хаттӣ ва шифоҳиашон инкишоф меёбад.
Дар синфи дуюм баробари ин, бозиҳои дидактикии дигар, ба монанди калимаҳои ҳамоҳанг (омонимҳо), калимаҳои “дӯст”
(синонимҳо), калимаҳои “душман” (антонимҳо)-ро метавон гузаранд.
Калимаҳои шаклан монанд
Калимаҳои дӯст Калимаҳои душман шона – шонаи одам шона – шонаи сар дунё: олам, гетӣ, даҳр… сиёҳ – сафед баланд – паст ток – токи ангур ток – токи барқ рӯй: чеҳра, лиқо, башара хуб – бад бар – бари хона, девор бар – феъли фармоиш қадим: куҳна, дерина, пештара… ширин – талх…
Як қисми бозиҳо дар синфи II вобаста ба мавзуи «Таркиби калима» гузаронда мешавад.
Дар синфи III доираи мавзуъҳои грамматикӣ-имлоӣ, чи аз ҷиҳати миқдор ва чи аз ҷиҳати мазмун, васеъ мегарданд. Дар ин синф, пеш аз ҳама, як қатор бозиҳое гузаронида мешаванд, ки онҳо характери лексикӣ доранд ва барои омухтану мустаҳкам кардани таркиби калима ва ҳиссаҳои нутқ нигаронида шудаанд. Баъзан омӯзгор ҳангоми бозиҳо дар хусуси он гап мезанад, ки баъзе калимаҳо куҳна шуда мераванд, ҳамчунин, калимаҳои нав ба таркиби луғавии забонамон ворид мегарданд. Ҳамин тавр, бозиҳо, ки доир ба лексика гузаронида мешаванд, машғулиятҳои ҳақиқии омӯхтани забон мегарданд.
Омӯзгор метавонад як қисм бозиҳои дигар ташкил намояд, ки мақсади онҳо инкишофи нутқ ва маданияти он мебошад.
Масалан, «Калимаҳои муҳим ва зарур», «Калимаҳои зарарнок»,
«Нутқи моро чӣ вайрон мекунад?», «Захираи луғавии кӣ зиёдтар?» ва ғайра.
Фосилаи байни машғулиятҳои беруназсинфӣ набояд дур бошад.
Беҳтараш, ҳафтае як маротиба ташкил кардан лозим аст. Давомнокии чунин машғулиятҳо 35-40 дақиқа аст.
“Ба дарсҳои забони модарӣ, ки шакли асосии таълиму тарбия мебошанд, агар машғулиятҳои берун аз синфиро илова намоем, кори омўхтани забони модарӣ хеле самараи нек медиҳад.”
Дар машғулиятҳои беруназсинфӣ ба ҷавоби бачаҳо баҳо додан лозим аст. Баҳо ба тариқи хол дода мешавад. Чанд холро соҳиб шудани хонанда ба душвории савол ва тарзи ҷавоб додани ӯ вобаста аст.
Ҳангоми баҳо додан омӯзгор аз ситорачаҳо, байрақчаҳо ва ё расмҳои гуногун истифода мебарад, яъне, агар ба ҷавоби хонанда як хол доданӣ бошем, як ситорача ва ё як байрақча медиҳем. Дар охир маълум мешавад, ки касе бисёртар ситорача ё байрақча гирифта бошад, холи бисёрро ҳамон гирифтааст. Холҳоро на танҳо ба бачаҳои алоҳида, балки ба қаторҳо низ медиҳем.
Дар охири ҳар машғулият омӯзгор вазифаи хонагӣ месупорад.
Бачаҳо метавонанд, то машғулияти оянда чистону шеърҳо навишта оянд ва ё расмҳо гирд оранд. Мазмуни машғулиятҳо дар синфҳои ибтидоӣ ба қисмҳои забон (овоз ва ҳарф, калима, ҷумла, нутқи алоқанок) мутобиқ кунонида шуда, бештар дар шакли бозиҳои дидактикӣ гузаронида мешавад.
Чунончи, оид ба ҳарф ва ҷойи он:
Ҳар як ҳарф дар калима ҷойи истифодаи худро дорад. Ин қоидаи умумиро на ҳар як мактаббачаи хурдсол медонад. Илова бар ин, агар донад ҳам, дар натиҷаи бетаҷрибагӣ ё бемасъулиятӣ ба он риоя намекунад. Инро ба бачаҳо чӣ тавр фаҳмонем, то ки онҳо минбаъд хато накунанд?
– Бачаҳо, – мегӯяд омӯзгор, – ҳафтаи гузашта ҳамаамон ба боғ рафта будем. Таъкид карда будем, ки чизҳои дидагию шунидаатонро бо 3-4 ҷумла нависед. Қисми зиёди шумо ҷумлаҳои хуб тартиб додед, ҳатто баъзеҳо иншо навиштаанд. Аммо як нафар аз синфи мо ин тавр навишта аст (омӯзгор болои ҷумлаҳои хонандаро, ки пешакӣ дар тахтаи синф навишта монда буд, мекушояд). Ана, он ҷумлаҳо. Хомӯшона хонед ва баъд гӯед, ки хато дар чист ва тарзи дурусташ чӣ хел мешавад:
Зимистон буд. Мо ба зоғ рафтем. Ҳама ҷо барф. Як боғ қар-қар карда парид.
Як диқиқа нагузашта синф ба ҷунбиш меояд. Баъзеҳо механданд.
– Барои чӣ механдед?
– Навиштааст, ки ба зоғ рафтем. Ба зоғ не, ба боғ навиштан дуруст аст.
– Навиштааст, ки як боғ қар-қар гуфта парид. Боғ намепарад. Зоғ мепарад.
– Дуруст. Чӣ кор кунем? Калимаи «боғ»-ро хат зада «зоғ» нависем- мӣ?
– Не. Танҳо ҳарфи аввалро ислоҳ мекунем: ба ҷойи ҳарфи «з» ҳарфи «б», ба ҷойи ҳарфи «б» ҳарфи «з» менависем. – Хеле хуб. Ана, дидед, бачаҳо. Дар натиҷаи бедиққатӣ хатои дағал рӯй додааст. Ҳарфҳо, ки дар ҷойи худ навишта нашудаанд, маънои калимаҳо тағйир ёфтааст. Ҳол он ки мо маънои «боғ» ва «зоғ»-ро медонем (омӯзгор расми зоғ ва расми боғро дар тахтаи синф мечаспонад).
Акнун ин ҷумлаҳоро хонед (ҷумлаҳо пешакӣ навишта монда шудаанд) ва гӯед, ки оё ҳамаи калимаҳо дуруст навишта шудаанд?
Ҳаво тунук шуд. Бачаҳо либоси парм пӯшиданд. Шаб борик аст. Мо дар кафтар менависем. Модарам гӯштгирён кард. Шитоб сарчашмаи дониш аст. Қабза дамид. Соҳиб одами бағал нест. Мо гӯшачинӣ рафтем.
Бачаҳо ҷумлаҳоро хонда мефаҳманд, ки дар натиҷаи бедиққатона ва шитобкорона навиштан ва дар ҷойи худ наомадани ҳарфҳои т, ч, б, к, ш, қ, ғ, г калимаҳо тамоман маънои дигар гирифтаанд: тунук – хунук шитоб – китоб парм – гарм қабза – сабза борик – торик бағал – дағал кафтар – дафтар гӯшанишинӣ – хӯшачинӣ
Пош хўрдани ҳарфҳо. Омӯзгор мегӯяд, ки ман барои шумо бачаҳо, дар хона калимае фикр карда будам. Аммо дар роҳ ҳарфҳо аз дастам афтида, пош хӯрданд. Акнун худам ҳам намедонам, ки он калима кадом буд. Ҳарфҳо ин хел тит шуданд:
Бачаҳо ҳарфҳоро ҷо ба ҷо гузошта, калимаи фикр кардаро ёфта, мехонанд (модар) ва бо ҳамин калима ҷумла мегӯянд ё ягон шеъри ба модар бахшидашударо аз ёд мехонанд.
Ҳамин тавр, калимаҳои Ватан, китоб, дафтар ва монанд ба инҳоро хонда, метавонанд, ҷумлаҳо тартиб диҳанд.
М
Р Д
А О Базми калимаҳо. Қисми зиёди машғулиятҳои беруназсинфиро ба бозии «Базми калимаҳо» бахшидан мумкин аст. Мазмуни ин машғулиятҳо ба луғатомӯзӣ, кори лексикӣ ва грамматикӣ бахшида мешавад. Дар натиҷаи ин гуна бозиҳо захираи луғавии бачаҳо меафзояд, онҳо ба маъноҳои гуногуни калимаҳо шинос гардида, мавқеи истифодаи онҳоро ёд мегиранд. Баъзан як ашё (калима)-ро интихоб намуда, мавзуи як машғулият қарор медиҳем. Масалан, калимаи «рӯбоҳ». Омӯзгор расмашро ба бачаҳо нишон медиҳад ва мепурсад, ки дар хусуси ҳамин ҳайвон чӣ медонед. Бачаҳо, албатта, баъзе маълумот доранд. Рӯбоҳ ҳайвони ваҳшӣ буда, дар ҷангалу бешазорҳо, буттаю чакалакзорҳо зиндагӣ мекунад. Рӯбоҳ бештар дар назди қишлоқҷойҳо ғор месозад, то ки шабҳо ба деҳа омада шикор кунад. Вай полезҳоро помол карда, мурғҳоро бурда мехӯрад. Ҳамин маълумоти умумии бачаҳоро ба назар гирифта, таснифоти калимаҳоро мегузаронем, ки ба он ҳайвон (рӯбоҳ) алоқаманданд ранд. Баъзан як ашё (калима)-ро интихоб намуда, мавзуи як машғулият қарор медиҳем. Масалан, калимаи «рӯбоҳ». Омӯзгор расмашро ба бачаҳо нишон медиҳад ва мепурсад, ки дар хусуси ҳамин ҳайвон чӣ медонед. Бачаҳо, албатта, баъзе маълумот доранд. Рӯбоҳ ҳайвони ваҳшӣ буда, дар ҷангалу бешазорҳо, буттаю чакалакзорҳо зиндагӣ мекунад. Рӯбоҳ бештар дар назди қишлоқҷойҳо ғор месозад, то ки шабҳо ба деҳа омада шикор кунад. Вай полезҳоро помол карда, мурғҳоро бурда мехӯрад. Ҳамин маълумоти умумии бачаҳоро ба назар гирифта, таснифоти калимаҳоро мегузаронем, ки ба он ҳайвон (рӯбоҳ) алоқаманданд.
Таснифоти калима (дар мисоли рўбоҳ) калима исм (ҳайвон) аломати исм амали исм рӯбоҳ номи ҳайвон зард, ваҳшӣ, ҳилагар, мегардад, мебинад, ме- (синфҳои 1-2); исм(синфи 3 ва 4), ба саволи чӣ? ҷавоб мешавад. фиребгар, хурдакак, камқувват, беқувват, нотавон, чаққон, зирак, ҳушёр, зараррасон, тезбин. давад, меҷаҳад, мехӯрад, медуздад, мебарад, помол мекунад, мекобад, месозад, бӯй мегирад, ҳила месозад, фиреб мекунад.
Агар сифатҳои пӯсти рӯбоҳро ба ҳисоб нагирем, захираи луғавии хонандагон ба андозаи 27-28 калима зиёд мешавад. Аммо машғулият бо номбар кардани аломату ҳаракати калимаи «рӯбоҳ» ба охир намерасад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё