АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.
Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа
Бо мақсади инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ бачаҳо мазмуни ягон афсона ва ё ҳикояи ба рӯбоҳ бахшидашударо нақл мекунанд. Ҷумла тартиб медиҳанд.
Маъноҳои калима. Хонандагон ба калимаҳои зиёде вомехӯранд, ки шаклан як хел навишта шуда бошанд ҳам, ба маъноҳои гуногун меоянд.
Омӯзгор ба хонандагон расмҳои анор (мева), Анор (номи духтарак), лола (гул), Лола (номи духтарак), асо (асбоби такя), Асо (номи писарак), товус (паранда), Товус (номи духтарак) ва ғайраро нишон медиҳад. Маълум аст, ки ин калимаҳо сермаъноаанд ва яке номи ашё бошад, дигаре номи одамон аст. Масалан: калимаи «асо». Худи бачаҳо медонанд ва нақл мекунанд, ки чаро одамони калонсол асо мегиранд. «Бобои ман ҳам асо дорад», – мегӯянд қисме аз хонандагон. Вале чаро ба ин бачаяк асо ном мондаанд? Барои он ки ӯ ҳам дар вақти пирии падару модараш ба онҳо асо гардад, яъне онҳоро нигоҳубин кунад.
Ҳамин тавр маъноҳои калимаҳоро шарҳ дода, ба қисми дигари онҳо дучор мешавем, ки бо 3-4 маъно меоянд. Омӯзгор расмҳои зеринро дар тахтаи синф меовезад:
1. Ситораи (осмон). 2.Ситораи (панҷгўша). 3. Ситора (номи духта- рак). 4.Ситора( тилло). Бачаҳо расмҳоро мушоҳида мекунанд ва ба маъноҳои гуногуни калимаи “ситора” сарфаҳм мераванд. Лекин барои мактаббачаи хурдсол маънои ҳар як калима дар ҷумла ва дар матн равшантар мегардад.
Бинобар ин, ба ҳар яки ин «ситораҳо» ҷумла тартиб додан беҳтар аст:
1. Дар осмони соф ситораҳо чашмак мезананд. 2. Мо расми ситораро кашидем. 3. Ситора духтари доно ва зирак аст. 4. Падарам ордени Ситораи Тиллоӣ дорад.
Дар ин ҷумлаҳо калимаи «ситора» барои ифодаи маъноҳои гуногун омада бошад ҳам, онҳо ба якдигар наздикӣ доранд ва аз ягон ҷиҳат алоқаманданд. Аммо калимаҳои дигаре мавҷуданд, ки дар мавриди як хел навиштан ҳам маъноҳои онҳо ба якдигар муносибате надоранд.
Масалан, омонимҳо (истилоҳ номбар карда намешавад) мутааллиқ ба ин гурӯҳанд:
1. Падари Фирӯз чанг менавозад. 2. Мошина чанги роҳро ба ҳаво бардошт. 3. Ба пойи Қосим хор зад. 4. Бачаҳои синфи мо дар хори умумии муассисаи таълимиамон иштирок мекунанд. Амакам намегузошт, ки ман хор шавам.
3-4 машғулияти беруназсинфиро ба синонимҳо (офтоб, хуршед; олам, ҷаҳон, дунё); калимаҳои муқобилмаъно (пасту баланд, сафеду сиёҳ, дӯсту душман, ҷангу сулҳ) бахшидан мумкин аст.
Дар ин гуна машғулиятҳо бозиҳои дидактикии грамматикӣ ва ребусҳо мавқеи муҳимро ишғол мекунанд. Масалан, аз калимаҳои ҷисм, қисм номи як ҳиссаи нутқ созед ( Агар ҳарфҳои аввали ин калимаҳо (ҷ, қ)-ро партоем, номи ҳиссаи нутқ – исм боқӣ мемонад.
Баҳси ҳиссаи нутқ. Як рӯзи зимстон буд. Се ҳиссаи нутқ – исм, сифат, феъл дар як ҷо ҷамъ омаданд. Дар байнашон баҳси сахте ба амал омад. Ба ҳамааш исм гунаҳкор. Баҳсро ӯ сар кард.
– Ман, – гуфт исм, – ҳиссаи нутқи аввалинам. Маро бачаҳо аз ҳама пеш меомӯзанд ва медонанд. Бе ман ҳар дуи шумо нестед. – Не, – гуфт сифат. – ана гӯш кун, агар ман набошам, бачаҳо аз куҷо медонанд, ки ки ту зебоӣ, тозаӣ ё ки чиркин; чаққонӣ, далерӣ, зиракӣ, ё танбал? Бинобар ин, бе ман ту вуҷуд надорӣ.
– Гапи ҳар дуят маъқул-куя, – гуфт феъл, – вале гӯед, ки агар ман набошам, шумо чӣ хел ҳаракат мекунед, гап мезанед, механдед. Ана, ман, ки ҳаракатам, биёед, ба назди бачаҳо меравем. Бигзор онҳо гӯянд, ки кадоме аз мо асосӣ ва кадоме ғайриасосием.
Маслиҳати Феъл ба Исму Сифат маъқул шуд. Онҳо назди бачаҳо омаданд, то ки ҷанҷолашонро яктарафа кунанд.
– Канӣ, бачаҳо, шумо ҳар сеи ин ҳиссаҳои нутқро омӯхтед. Гӯед, ки даъвои кадомашон дуруст аст?
Мактаббачагони хурдсол тоқати 40-50 дақиқа нишаста кор карданро надоранд. Дар ин муддат фаъолияти амалии бачаҳо чандин карат иваз шуда меистад. Дар байни амалиёти гуногун машқҳои дамгирӣ ё дақиқаҳои дамгирӣ нақши муҳим дорад. Ин гуна машқҳо ҳам дар раванди дарс ва ҳам дар машғулиятҳои берун аз дарс гузаронида мешаванд.
Машқҳои дамгирӣ хелҳои гуногун дорад: себчинӣ, гулчинӣ, барфбозӣ, гулгардонӣ, шиноварӣ, куҳнавардӣ ва амсоли инҳо.
1.Себчинӣ (пахтачинӣ, гулчинӣ). Машқҳои себчинӣ ва пахтачинӣ дар фасли тирамоҳ, дар он фасле, ки себ мепазаду пахта мешукуфад, гузаронида мешавад. Амалиёт як хел бошад ҳам, баъзе ҷиҳатҳои фарқкунанда дида мешавад. Бачаҳо дар себчинӣ хаму рост шуда дастҳоро боло мебардоранд ва гӯё аз шоҳаҳои дарахт себ чида дар сабадчаҳо ҷо мекунанд. Дар машқи пахтачинӣ бошад, аввал омӯзгор оид ба аҳаммияти пахта суҳбат гузаронида, чистон мегӯянд.
Омӯзгор мепурсад, ки дар фасли тирамоҳ дар саҳроҳои мо чӣ мешукуфад?
Бачаҳо: – Дар фасли тирамоҳ пахта мешукуфад. Омӯзгор: – Бале, бачаҳо, дар ин фасл пахта мешукуфад. Пахта ифтихори мост.
Омӯзгор: – Мо оид ба пахта кадом чистонро аз ёд карда будем?
Бачаҳо:
Он чист, ки панҷ хона дорад,
Дар нармии худ нишона дорад.
Ҳар хонаи он пур аз барф,
Ин турфа, ки барф дона дорад?
Омӯзгор: – Бисёр нағз. Мо низ дар пахтачинӣ ба падару модарамон ёрӣ мерасонем. Биёед, ҳозир машқи пахтачиниро иҷро мекунем (Бачаҳо аз партаҳо берун баромада, ҳаракатҳои гуногунро ба ҷо меоранд: хам мешаванд, пешдоманҳоро гирифта ба миёнҳо мебанданд).
Омӯзгор: – Барои он ки дурии роҳро ҳис накунем, чӣ кор мекунем?
Бачаҳо: – Шеър мехонем. Чӣ хел? «Байтбарак карда, бо навбат шеър» мехонем.
-Гуфт: -Шариф.
Розӣ шуданд бачаҳо.
-Кӣ шуруъ мекунад? Омўзгор таклиф кард, ки ман як ашёро дар кафи дастам нигоҳ медорам, касе, ки аввалин шуда он ашёро ёфт, шеърхониро ў сар мекунад.
Каримҷон: Барфи фаровон борид,
Барфи дурахшон борид.
Шариф: Дастам бигирифту по ба по бурд
То шеваи роҳ рафтан омўхт.
Умеда: Ту-хонаи умеди дил
Ҳам қиблаи имони мо…
Ҳамин тавр бачаҳо ба шеърхонӣ шуруъ мекунанд.
2.Барфбозӣ. Машқи мазкурро дар фасли зимистон, рӯзҳое, ки дар берун барф меборад, мегузаронем. Хонандагон аз ҷой хеста амалиёти барфбозӣ, бобои барфисозиро дар синф иҷро мекунанд ва яке аз сурудеро, ки ба фасли зимистон ё бобои барфӣ бахшида шудааст, месароянд. Шеъри Алӣ Бобоҷон. Зеби зимистон.
Барфи фаровон борид, Шуд боғу майдон сафед,
Барфи дурахшон борид. Дору дарахтон сафед.
Ба дашту саҳро нигар: Барфи калон, марҳабо,
Либосашон шуд дигар. Нуқрафишон,марҳабо!
3.Гулчинӣ. Ин машқ бештар ба фасли баҳор хос аст. Вақте ки дашту даман аз гулҳои баҳорӣ: сиёҳгӯш, бойчечак, лола ва монанди инҳо пур мегардад, гузаронидани ин машқ ба мақсад мувофиқ аст.
Дар бозгашт аз гулчинӣ онҳо даста-даста гул чида, аз фолклори бачагона таронаи «Гули сиёҳҳгӯш»-ро месароянд:
Гули сиёҳгуш қошгардон,
Табақ пур кун гулгардон,
Бидеҳ дар дасти гулгардон,
Баҳори нав муборак бод.
Машқи гулчиниро баъзан лолачинӣ ҳам меноманд. Дар ин машқ бачаҳо сурудеро месароянд, ки дар васфи лола гуфта шудааст. Масалан, шеъри М.Миршакар «Гули лола»-ро:
Дар дашту кӯҳсори мо
Рӯйидаву бишкуфтааст.
Бо ҳусни худ саҳроро
Хушрӯтар намудааст.
Аз дур агар бинедаш
Чун байрақча мерахшад
Шинед агар дар пешаш,
Хурсандиҳо мебахшад.
Медонед номи онро?
Номаш гули лола аст,
Чун байрақча бачаҳо
Мегиранд онро ба даст. 4. Бозии кабӯтар. Бачаҳо аз ҷой хеста, чун кабӯтарон ба парвоз меоянд. Дастҳоро ба ду тараф монанди болҳои кабӯтар паҳн мекунанд ва хаму рост кардан мегиранд, яъне болою поён мефуроранд. Баробари ҳаракатҳои худ суруди У.Раҷаб «Кабӯтари ман»-ро месароянд.
Болу парат кушо, биё,
Кабӯтари ман,
Нишин ба тори боми мо
Кабӯтари ман.
Биё, ки сила мекунам
Болу паратро,
Биё-биё, ки мебарам
Туро ба ҳар ҷо.
Биё, биё, ки медиҳам
Дона бароят,
Биё, биё, ки кардаам
Лона бароят.
5. Шиноварӣ. Ин машқро баъзан машқи «Бозии моҳӣ» ҳам меноманд. Бачаҳо аз ҷой хеста, чун шиноварон тайёр мешаванд. Онҳо дастҳоро пеш гирифта, худро ба об мепартоянд ва монанди шиноварони моҳир шино кардан мегиранд. Дар ин вақт дастҳо, поҳо хеле ҳаракат мекунанд ва гуё монда мешаванд.
6. Харгӯш. Машқро бо супориши омӯзгор яке аз хонандаҳо мегузаронад. Ӯ ба назди тахта баромада, бо ангуштҳояш ишора карда аз ёд мехонад:
Яку дую сею чор
Харгӯш баромад аз ғор
Чӣ кунему бо чӣ роҳ
Ба даст орем онро?
Мешуморем боз аз нав
Яку дую сею чор Бачаҳои дигар низ аз ҷояшон нахеста, барбари он хонанда бо овози баланд мехонанд ва ишора мекунанд.
Дақиқаи чолокӣ. Дар синфҳои ибтидоӣ қариб дар ҳамаи дарсҳо аз дақиқаҳои чолокӣ (тарбияи ҷисмонӣ) истифода мебаранд. Бачаҳо аз ҷой хеста 3-4 машқ иҷро мекунанд ва бо сурудҳои зерин ҷамъбаст менамоянд:
Яку дую се
Мо зӯрем хеле.
Мегирем баҳои «4»-у « 5»
Лозим нест баҳои «се».
Ё худ:
Мо навиштем бору бор
Дастҳо монда шуд зи кор.
Яку дую се чор
Менамоем боз такрор.
Чунинанд навъҳои машқҳои дамгирии нисбатан маълум. Дар таҷрибаи амалии омӯзгорон намудҳои дигари ин машқҳо истифода мешаванд. Дар мавриди самаранок ташкил кардан ва гузаронидани машқҳои дамгирӣ бачаҳо на танҳо каме дам мегиранд, инчунин, аз нав ба меҳнати фикрӣ шуруъ менамоянд, матни шеъру таронаҳои зиёдеро аз ёд карда, нутқашонро инкишоф медиҳанд.
Дар раванди саёҳатҳо ба табиат ва истифода аз гуфтори мардуми маҳаллӣ дар хотир нигох доштани номи гиёҳҳо, наҳру дарёҳо, мавзеъҳои ҷуғрофӣ, муқоиса ва ёфтани муродифи онҳо аз луғату фарҳангҳо ба таври васеъ истифода шуда, дар фаъолияти омӯзгорон зиёд ба кор бурда мешавад. Омӯзгор ба хонандагон эълон мекунад, ки мо пагоҳ (рӯзи истироҳат) ба табиати маҳалламон ба саёҳат меравем. Бачаҳо аз нақшаи омӯзгор огоҳ шуда, барои ба сайёҳат рафтан омодагӣ мебинанд. Онҳо бо ҳамроҳии омӯзгорашон ба табиати маҳалли худ ба сайёҳат рафта, бо гулу гиёҳҳои маҳаллашон шинос мешаванд. Бачаҳо ҳангоми саёҳат нохост ҷайраро дида мемонанд. Ҷайра ҳайвони на он қадар калони кӯзапушт аст. Баданаш пур аз сӯзанхор тез мебошад. Хорҳои вай дароз- дарози рангаанд. Хори ҷайра барои худро аз душман муҳофизат кардан хизмат мекунад.
Калимаҳо ва шарҳашон:
Ҷайра (хорпушт) на он қадар калон, на хурд, миёна, кӯзапушт, пушташ каме ба берун баромадагӣ, хорҳо-сихҳои ҷайра барои муҳофизат кардан истифода мешавад.
3.3. Методикаи ибтикории ташкили фаъолияти таълимии мустақилонаи хонагӣ дар рушди зеҳнию забонии талабагони хурдсол.
Мушоҳидаҳо собит сохтанд, ки дар раванди таълими забони модарӣ ҳангоми иҷрои корҳои мустақилона дар синф ва хона қобилияти зеҳнии хонандагон ба таври зарурӣ ба назар гирифта намешавад.
Масалан, дар синфҳои ибтидоӣ вазифаҳои таълимии хондан, навиштан, ҳисоб кардан, (ҳалли мисолу масъала) ба андозаи талаботи барномаҳои таълим анҷом дода мешавад. Вале ба вазифаҳои муҳимтарини таълиму тарбия – рушди зеҳну тафаккури хонандагон, ки заминаи устувори маданияти зеҳнӣ ва тафаккури мустақилонаю эҷодии шахсиятро муайян менамояд, камтар аҳаммият дода мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё