АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.
Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа
Барои бедорӣ ва рушди тафаккури фикрии кӯдак волидайн метавонанд аз бозиҳои фикрӣ (ёфтани асрори ашё, ҳодисаю воқеаҳо), ҷисмонӣ, парвози хаёл (сафарҳои ҳаёлӣ), расмкашӣ, суробсозӣ, сохтани лоначаҳо барои парандагон, бофтани афсонаҳо, давом додани афсонаҳои нотамом, амали қаҳрамонони ҳикояҳо, филмҳои тасвирӣ ва бадеӣ ва монанди инҳо истифода кунанд. Силсилаи ин бозиҳо ва тадбирҳои ба бедорӣ ва рушди фикри кӯдак нигаронидашуда хеле сода мебошанд:
Дигаргуниҳои имрӯзаи иҷтимоию иқтисодӣ дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон масъалаи ташаккули шахсияти баркамол, эҷодкор, фаъол ва кордону масъулиятшиносро ба миён гузоштааст. Баробари расидан ба ваҳдати миллӣ ва таҳкими пояҳои давлати демократӣ, соҳибистиқлол ва ҳуқуқбунёд барои равнақу ривоҷи илму фарҳанг шароити мусоид фароҳам омад.
Дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва раванди илмӣ, аз ҷумла, талаботи нав дар ҷодаи фаъолияти педагогӣ зарурати дигаргунии сохтори таҳсилотро ба миён овард. Яке аз роҳҳои рушди баъдинаи ин соҳа инноватсия, яъне, роҳҳои идорашавандаи ташкил, идрок, арзёбӣ ва татбиқи навгониҳои педагогӣ мебошад.
Калимаи «инноватсия» аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънояш
«навсозӣ, навгонӣ, тағйирот» аст. Инноватсияи педагогӣ тағйиротест, ки ба беҳтарсозии вазъи тарбия ва таълими хонандагон нигаронида шудааст. Инноватсия дар таълим, дар фаҳмиши васеъ ҳамчун воридсозии чизи нав, табдилдиҳӣ, такмил ва беҳтарсозии чизи мавҷуда фаҳмида мешавад.
Дар робита бо модели инноватсионӣ фаъолияти омӯзгор низ тағйир меёбад. Байни мафҳумҳои “ислоҳот” ва «инноватсия» бояд марз гузошта шавад. Фарқи ин ду мафҳумро дар ҷадвал нишон медиҳем:
Ислоҳот Инноватсия
Дигаргунӣ дар муҳлати саршавии таҳсилот
Дигаргунӣ дар ташкили фаъолиятҳои дохилии мактабҳо
Афзоиши маблағгузорӣ Дигаргунӣ дар мазмуни таҳсилот
Дигаргунӣ дар таҷҳизоти муассисаҳои таълимӣ
Дигаргунӣ дар методикаи таълим Дигаргунӣ дар давоми таҳсил Дигаргунӣ дар муносибати
«омӯзгор – хонанда»
Баланд бардоштани вазъи маориф
Талаботи нави санитарӣ-гигиенӣ
Тағйири сохтори низоми маориф
Инноватсия навовариест, ки он тавассути кормандони соҳаи маориф ташкил, амалӣ, коркард ва паҳн карда мешавад.
Ислоҳот навовариест, ки он тавассути қонунгузории давлат таҳия ва татбиқ мешавад.
Муассисаҳои таълимии инноватсионӣ мактабҳоеанд, ки дар онҳо омӯзиш бо назардошти дастовардҳои охирини илму техника ба роҳ монда шудааст. Масалан, компютерро на фақат дар дарсҳои инфор- матика, балки дар дарсҳои забони модарӣ ҳангоми иҷрои матни имло бо санҷиши фаврию автоматии сатҳи дониш истифода мебаранд. Вале тавсифи муассисаҳои таълимии инноватсионӣ танҳо аз ин иборат нест.
Барои шарҳи ботафсил мактаби инноватсиониро бо мактаби анъанавӣ муқоиса мекунем.
Аз рӯйи тавсифи шахсияти педагог, ки кӯшиши рушд кардан дорад.
Дар мактаби анъанавӣ раванди омӯзиш ба азхудкунии қоидаҳои асосии фаъолият ба азхудкунӣ ва такрори таҷрибаҳои мавҷудаи иҷтимоӣ равона гардидааст. Дар мактаби инноватсионӣ омӯзгор саъй дорад, ки дар хонандагон қобилияти фаъолияти эҷодиро дар шароити ғайримаъмул инкишоф диҳад.
Аз рӯйи тавсифи мақсадҳои дидактикӣ: Дар мактаби анъанавӣ ҳама вақт диққат ба бозгӯ кардани дониши тайёр дода мешавад, вале дар мактаби инноватсионӣ ҳадафи педагог ташаккули қобилияти минбаъд мустақилона азхудкунии донишҳо, инкишофи мулоҳизаронии интиқодӣ ва муҳокимаронии озод мебошад.
Аз рӯйи тавсифи мақсадҳои тарбиявӣ: Дар мактаби анъанавӣ афзалиятнокии тарбия назаррас буда, худи тарбия чун ташаккулдиҳандаи мустақилият ва ҳамкорӣ танҳо дар вақти зарурӣ эълон гардидааст. Чунки тарбия асоси ақидаи аниқи маънавӣ ва ҷаҳонбинии хонандагонро ташкил медиҳад. Дар мактаби инноватсионӣ омӯзгор мувофиқи шиори «Таълим дода тарбия мекунам; тарбия карда меомӯзонам!» амал мекунад. Ин ду равандро аз ҳам ҷудо накарда, педагог дар кӯдак кӯшиши амалисозии имкониятҳои шахсиро тарбия мекунад.
Аз рӯйи тавсифи мақсадҳои инкишоф: Дар мактаби анъанавӣ инкишофии қобилиятҳои фардӣ эълон мегардад, вале ин аввалиндараҷа нест, диққат, асосан, ба хонандаи миёнахон равона гардидааст. Дар мактаби инноватсионӣ бошад, баръакс, ҳаддалимкон муносибати фардӣ ба хонанда афзалият дорад.
Аз рӯйи муносибати омӯзгор ба хонанда: Дар мактаби анъанавӣ муносибати намуди субъект-объект, яъне, омӯзгор – шахс, ки меомӯзонад, хонанда – касе, ки ӯро меомӯзонанд, вуҷуд дорад. Дар мактаби инноватсионӣ муносибати субъект-субъект, яъне омӯзгор ва хонандагон, ки иштироккунандагони баробарҳуқуқи раванди эҷодии омӯзиш мебошанд, амал мекунад.
Умуман, ҳар ду намуди мактаб ҷанбаҳои мусбат ва норасоиҳои худро доранд. Вале дар ҷаҳони босуръат тағйирёбандаи мо вазифаи асосии кумактаб кӯдакро омӯзондан аст.
«Инноватсия маҷмуи ақида, раванд, имконият ва натиҷаҳои дар низоми педагогии ташаккулёфта сифатан нав мебошад. Объектҳои инноватсия проблемаҳои зерин мебошанд: 1. Ҳавасмандкунии фаъолияти таълимӣ-тарбиявиро чӣ тавр ба вуҷуд овардан мумкин аст.
2. Ҳаҷми маводи дар як дарс омӯхташавандаро чӣ тавр зиёд кардан мумкин аст?
3. Бо кадом роҳҳо суръати омӯзишро зиёд кардан мумкин аст?
4. Вақтро чӣ тавр самаранок истифода бурдан мумкин аст ва ғайра.”.
Намоишгоҳи маводи дарс
Дар хусуси паҳлуҳои дигари дарс муаллифони гуногун сухан рондаанд, вале ин мавзуъ бори аввал ба қалам дода мешавад. Тавре ки маълум аст, ягон дарси ҳақиқӣ худ аз худ пайдо намешавад, омӯзгор ҳам мисли шоир аст. Шоир шабзиндадорӣ мекашад, ҷигархун мешавад то мисрае пайдо шавад. Ба ин маънӣ, устод Мирзо Турсунзода фармудааст:
То сухан чун қоматат мавзун шавад,
Дар сари ҳар мисрае дил хун шавад.
Барои ташкил ва гузаронидани дарсҳои ҳақиқӣ даҳҳо олимон ва педагогҳо, муаллифони китобҳои дарсию дастурҳои методӣ, офарандагони маводи зиёди дидактикиву аёнӣ барномаю воситаҳои гуногуни техникӣ, маълумотномаҳоро дастраси омӯзгорон намудаанд.
Вазифаи ҳар як омӯзори асил аз он иборат аст, ки аз маводи мавҷуда ё қисме аз онҳоро аз руйи имкон ва вобаста ба талаботи давр самаранок ва дар мавридаш истифода барад. Вале боиси таассуф аст, ки баъзеи ин мавод ба суроғаи худ намерасад ва омӯзгорон аз истифодаи онҳо маҳруманд, ҳатто омӯзгорони зиёде огоҳ нестанд, ки роҷеъ ба таълими фанни онҳо чиҳо ба табъ расидааст.
Ба ақидаи мо, беҳтар мешавад, ки дар кабинетҳои дахлдори донишкадаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии коркунони соҳаи маориф хонаҳои методии шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои алоҳида намоишгоҳи маводи дарс ташкил карда шавад. Албатта, касе рад намекунад, ки ҳоло дар дафтарҳои методӣ маводи гуногуни таълимию методӣ қатор чида шудааст. Вале ин таҷриба он қадар самаровар нест. Савол ин ҷост, ки ҳар як дарси хубу судманд дар заминаи мутолиаи кадом мавод ба вуҷуд меояд?
Шахсони мутасаддӣ онро «Тавлиди дарси хуб» унвон гузошта, зери он маводи заруриро ба намоиш мегузоранд.
Масалан, барои ташкил ва гузаронидани дарсҳои алифбо маводи зеринро мегузорем. Барномаи таълим, китоби «Алифбо», «Усули таълими Алифбо», «Таълими савод», расмҳои таълими савод ва инкишофи нутқ. Ҷадвалҳои гуногуни ҳиҷо ва алифбои бурида, ҳарфнамо ё тасмаи ҳарфҳо, чанд намунаи мақолаҳо, ки аз таҷрибаи омӯзгорони пешқадам навишта шудаанд. Барои хубтар дарк намудани омӯзгорону шунавандагон худи ҳаминро методист (мушовир) дар шакли аёнӣ нишон медиҳад.
Ба фикри мо, ин кор аз ду ҷиҳат аҳаммиятнок аст:
Якум. Омӯзгорон мебинанд ва хуб мефаҳманд, ки дарси хуб бе омодагии қаблӣ ва мутолиаи маводи зарурӣ ва саъю кӯшиши шахсии омӯзгор ҳеҷ гоҳ тавлид намеёбад.
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод хосил.
Дуюм. Барои такмили ихтисоси омӯзгорон, махсусан омӯзгорони ҷавону донишҷӯёни таҷрибаомӯз – омӯзгорони оянда ҳамчун асбоби аёнӣ хизмат менамояд.
Истифодаи методҳои таълим марбут ба санъат ва маҳорати педагогии омӯзгор аст. Ҳамаи метод ва тарзҳои таълим метавонанд ҷараёни омӯзишро фаъол гардонанд, ба шарте ки омӯзгорон аз онҳо моҳирона истифода баранд. Бо вуҷуди он, илми педагогика чанд соли охир тарзҳоеро пешниҳод менамояд, ки дар таҷрибаи омӯзгорон бештар мавқеъ пайдо кардаанд. Ба таври дигар бигӯем, педагогика ин тарзҳоро ҷамъбаст намуда, истифодаи онҳоро ба оммаи васеи омӯзгорон тавсия медиҳад.
1. Пурсишнома (анкета). Барои фаҳмидани фикру андешаҳои хонандагон пурсишномаҳо таҳия гардида, аз рӯйи он пурсиш гузаронида мешавад. Дар мавриди дуруст гузарондани пурсиш омӯзгор имконият пайдо мекунад, ки мулоҳизаҳои шогирдонро бобати ин ё он мавзуи барнома, раванди дарс, тарзи фаҳмондани мавзуъ, муносибати омӯзгор ва ғайра бифаҳмад. Тавсия мешавад, ки пурсиш дар ибтидо ва анҷоми соли таҳсил гузаронда шавад. Натиҷаҳои пурсиш ҳам ба сифати фаъолияти омӯзгор таъсир мерасонад ва ҳам ба пешравии худи хонандаҳо мусоидат мекунад. Ин чунин маъно дорад, ки омӯзгор ба фаъолияти педагогии худ аз диди шогирдон назар мекунад.
2. Суҳбат. Суҳбат муҳимтарин усули фаҳмондани мавзуъ буда, рағбати хонандаҳоро ба дарс меафзояд ва ҷараёни таълимро фаъол мегардонад. Суҳбат (саволу ҷавоб) метавонад байни омӯзгору хонанда
(хонандаҳо) ё байни худи хонандаҳо сурат бигирад. Дар суҳбат тарзи гузориши савол муҳим аст, яъне онро тарзе гузоштан лозим, ки хонандаҳоро ба фикр кардан водор намояд. Барои ҳамин яке аз талаботе, ки назди савол гузошта мешавад, педагогӣ будани он аст. Дар ин гуна савол маводи омӯхташуда, дараҷаи осонию душвории он, хусусиятҳои психологии хонандаҳо (ҷуръатнокӣ, беҷуръатӣ, шармгинӣ, равонии нутқ…) ба назар гирифта мешавад.
3. Кори инфиродӣ. Омӯхтан ва донистани хусусиятҳои психологии хонандаҳо корҳои зиёди инфиродиро тақозо мекунад, ки кор бо хонандагони алоҳидаро дар назар дорад. Кор ё машғулияти инфиродӣ ба унсурҳои ибтидоии фаъолияти эҷодии хонандаҳо ва бедор намудани шавқу рағбати онҳо барои омӯхтани мавзуъ мусоидат менамояд. Пеш аз супориш ё кори инфиродӣ сатҳи дониши ҳар як хонандаро муайян кардан лозим. Масалан, вақте ки назди хонандагони алоҳида варақа мегузорем, ҳаминро ба назар мегирем, ки ӯ (хонанда) то чӣ андоза барои ҳалли супоришҳои варақа омодааст. Дар акси ҳол, вақт беҳуда мегузарад, хонанда баҳрае намебардорад. Навъҳои корҳои инфиродӣ гуногунанд: варақаҳо, супоришҳои санҷишӣ (назоратӣ), ба вуҷуд овардани вазъияти таҳлил, ба саволҳо ҷавоб навиштан, иншои эҷодӣ, тестҳои психологӣ.
Омӯзгор метавонад корҳои инфиродиро дар лаҳзаҳои гуногуни дарс, махсусан, пас аз омӯхтани мавзуъҳои бутун, пеш аз гузарондани корҳои санҷишӣ аз фанҳои дақиқ, имло аз забони модарӣ, иншо аз адабиёт ва ғайра ташкил намояд. Усули инфиродӣ ба хонандаҳо имконият медиҳад, ки қобилият ва ҷойҳои холии дониши худро фаҳманд, омӯзгор бошад, пешравии шогирдонашро барои худ муайян менамояд ва бо мақсади ислоҳ тадбирҳо меандешад.
4. Корҳои ҷуфтӣ. Барои корҳои дукасӣ ё ҷуфт худи синфҳои мо шароит муҳайё кардааст, яъне аксаран хонандаҳо дар паси мизҳо дукасӣ мешинанд. Дар ин корҳо хонандагонро огоҳ ва назорат кардан лозим, ки ҳар кас мустақилона амал намояд. Тарзи кор: омӯзгор болои ҳар миз супориш мегузорад, хонандаҳо ҷуфт-ҷуфт анҷом медиҳанд. Ин кор оҳиста-оҳиста хонандагонро ба корҳои гурӯҳӣ омода месозад.
Дар раванди таълим дар хонандагон шавқу рағбат пайдо мешавад.
Рағбати таълимӣ хусусияти хоси худро дорад ва аз дигар намудҳои рағбати маърифатҷӯйи хонандагон фарқ мекунад. Олими рус Сластенин В.А. гуфтааст: «Танҳо дар замоне, ки дар хонандагони хурдсол нисбат ба натиҷаи меҳнати таълимии худашон рағбат ба вуҷуд меояд, маҳз ҳамон вақт дар онҳо нисбат ба мазмуну мақсадҳои фаъолияти таълимӣ рағбат ва ба донишандӯзӣ талабот пайдо хоҳад шуд».
Ба ақидаи И.М.Чередов, фаъолияти коллективии хонандагон «дар гурӯҳҳо ба муқарраршавии ҷараёни таълим мусоидат карда, фаъолнокии хонандагонро баланд намуда, сифатҳои мустақилиятро рушд бахшида, якҷоя дарёфт кардани донишҳоро ба хонандагон меомӯзад, то ки сари вақт ба ёрии якдигар оянд, байни худ алоқа кунанд, якҷоя назорат кунанд.».
5. Дарс ва мусиқӣ. Мушаххасан сухан дар бораи дарсҳои мусиқӣ намеравад, балки перомуни лаҳзаҳои мусиқӣ дар рафти дарсҳои ҳамаи фанҳо суҳбат карданием. Дар робита ба ҳамин лаҳзаҳо баъзеҳо чунин ақида доранд, ки мусиқӣ ба рафти дарс халал мерасонад. Баръакс, нафъаш хеле зиёд аст. Омӯзгорони зиёдеро медонем, ки дар ин ё он лаҳзаи дарс вобаста ба мавзуъ мусиқӣ мешунавонанд. Хонандаҳо мусиқии оромро гӯш карда, супоришҳои мустақилонаро анҷом медиҳанд.
Омӯзгорони фанни забони хориҷӣ аз мусиқии русӣ, немисӣ, англисӣ, омӯзгорони забон ва адабиёт, таърих, фанҳои дақиқ аз мусиқии классикӣ ва муосири тоҷик истифода мебаранд. Ҳатто хонандагон мета-вонанд дар лаҳзаҳои дамгирӣ бо овозхон ҳамроҳ шаванд. Дарс дар баробари супоришҳои ҷиддию заҳматталаб ҷойи хушҳолӣ низ мебошад.
6. Мизи мудаввар. Таҷрибаи кунунии гурӯҳ-гурӯҳ шинондани хонандаҳо оқибати хуби педагогӣ надорад. Ин кор шояд ба каҷшавии сутунмуҳра биёрад. Беш аз ин, онҳо аз дидани тахтаи синф ва тамошои намоиши лаҳзаҳои телевизион (дар он ҷое ки имконият ҳаст) маҳрум мешаванд. Вале омӯзгор метавонад дар рафти дарс гоҳ-гоҳ мизи мудаввар ташкил намояд. Методикаи ташкили он чунин аст:
Омӯзгор оид ба мавзуъ ва мустаҳкам намудани он муҳокимаи озод эълон мекунад. Дар рафти муҳокима мушоҳида менамояд, ки гурӯҳе аз хонандаҳо ҳамақидаанд. Ҳамин тавр, дар синф 3-4 гурӯҳ пайдо мешавад.
Ҳамин хонандаҳои ҳамақида гирди ҳам нишаста, муҳокимаашонро то охир мепазонанд ва бо андешаҳои худ ба ақидаҳои гурӯҳи дигар ҷавоб мегардонанд. Дар ин мавридҳо хонандаҳо на ба тахта ё телевизор ё дигар воситаи техникӣ, балки рӯ ба рӯ ба ҳамдигар менигаранд. Дар ҷараёни таълим ҳангоми фаъолияти гурӯҳӣ дар байни хонандагон ивазшавии иттилоот ва арзишҳои иҷтимоӣ баргузор мегардад (ёрии ҳамдигарӣ, эътироф ва ғайра). Дар фаъолияти гурӯҳӣ ҳар як хонанда нақши «интиқолдиҳандаю қабулкунандаро» бозӣ мекунад.
7. Бозии нақшҳо. Ин тарзи таълим дар муассисаҳои таълимии мо хеле паҳн шудааст. Хонандаҳою омӯзгорон вобаста ба мавзуъ метавонанд нақши қаҳрамонон, одамони воқеӣ ва ҳатто ниқоб пӯшида, нақши ҳайвонҳо, парандаҳо ва ҷонваронро бозанд.
8. Таълими таҷрибавӣ. Мутаассифона, дар таҷрибаи омӯзгорони мо ин тарзи таълим хеле кам истифода мешавад, ҳол он ки бобати омӯхтани донишҳо ва татбиқи онҳо дар амал, дидан, боварӣ ҳосил кардан аз аҳаммият холӣ нест.
Таълими таҷрибавӣ, чӣ тавре ки аз номаш маълум аст, аз таҷриба оғоз меёбад. Хонандаҳо маводи хонда ва мушоҳида кардаашонро дар амал таҷриба карда, ба хулосаи зарурӣ меоянд. Таълими таҷрибавиро дар ҷараёни таълими ҳамаи фанҳо ба роҳ мондан мумкин аст, хусусан, дар дарсҳои табиатшиносӣ, хониш ва забони модарӣ. Чунин тааҷрибаҳоро бачаҳо метавонанд дар шароити хона низ гузаронанд.
Мисоли 1. Дар арафаи наздик шудани ҷашни Наврӯз хонандаҳо дар зарфе гандум хобонда сабзиши онро ҳар рӯз мушоҳида мекунанд.
Мебинанд, ки модарон чӣ андоза онро дар пухтани суманак истифода мебаранд.
Мисоли 2. Хонандаҳо дар матне мехонанд, ки шаб одаме зери барф монда, саҳар хеста роҳашро давом додааст. Ё одамон тирамоҳ кабудӣ мекоранд, зимистон зери барф майса зада месабзад, хунук намезанад.
Барои бовар кардан бачаҳо шабҳои сарди зимистон дар ду шиша об мегиранд. Якеро болои барф, дигареро зери барф мегузоранд. Саҳар мебинанд, ки кадоме аз онҳо ях кардааст. Аз ин ҷо хулоса мебароранд, ки барф кӯрпаи замин аст. Агар мо тавонем, ки ҳамаи маводи таҷрибашавандаро таҷриба карда, донишандӯзиро дар асоси он ба роҳ бимонем, нураналонур мешавад.
9. Муҳокима. Баъзан омӯзгор мавзуъро баён намуда, нақшаи онро пешниҳод менамояд ва ба муҳокима мегузорад.
Хонандаҳо оид ба мавзуъ матни китоби дарсиро нахонда бошанд ҳам, чизҳои дида, шунида ва мушоҳида кардаашонро изҳор менамоянд.
Баъд матни китобро хонда ба чизҳои гуфтаашон муқоиса менамоянд ва хулосаи зарурӣ мебароранд.
Ё худ, хонандаҳо матнро дар хона хонда, дар синф оид ба мавзуъ ва мазмуни он муҳокима ташкил менамоянд.
10. Ангезиши зеҳн – чунин номида мешавад яке аз тарзҳои таълим, ки вақтҳои охир ба илми педагогика ворид гардидааст. Дар адабиёти илмӣ-методӣ гоҳе аз истилоҳи “ҳуҷуми фикрӣ” истифода мекунанд, ки дуруст нест. Дар мавриди ин ибора мо номҳои «Бедории фикр» («фикри бедор»), «Равонии фикр» (фикри равон, равшан), «Фаъолияти фикр» (фикри фаъол) ва ғайраро пешниҳод менамоем. Албатта, вақте ки худи амал фаъолият дорад, номи мувофиқ пайдо мешавад.
Моҳияти ангезиши зеҳн ё фикри фаъол ҳамин аст, ки омӯзгор ин ё он ашё, савол, муаммо (проблема) ё масъалаеро пешниҳод ва супориш медиҳад, ки хонандаҳо давоми 2-3 дақиқа ҳар чи бештар аломатҳо ва ҳаракатҳои ҳамон ашёро нависанд. Масалан:
- чӣ гуна шахсро қаҳрамон номидан мумкин аст?
- сифатҳо ва аҳаммияти аспро дар зиндагӣ нависед.
- сифат ва ҳаракатҳои одамони некро нависед.
Масъалагузорӣ мушкил шудан мегирад ва тадриҷан ба вазъияти проблемавӣ табдил меёбад.
11. Тасвири шифоҳӣ. Омӯзгор мавзуеро гузашта, ба хонандаҳо рӯ меорад: «Бачаҳо, агар мо рассом мебудем, расми ҳамин ашёро чӣ хел мекашидем? Биёед, ҳамон расмҳоро шифоҳӣ (даҳонӣ) тасвир мекунем».
Ҳар як хонанда аввал мегӯяд: «Агар ман рассом мебудам...» ва баъд тасвирашро изҳор менамояд.
12. Расмкашӣ. Ин тарзи таълим танҳо ба фанни «Санъат ва меҳнат” дахл надорад. Омӯзгорони фанҳои адабиёт, таърих зоология, биология, ботаника ва ғайра низ метавонанд аз он истифода баранд.
Вақте ки ин ё он мавзуъро мегузаранд, хонандаҳоро таъкид мекунанд, ки расми онро кашанд. Хонандаҳо ба расми китоб ё дидаю мушоҳидаҳои худ такя карда, расм мекашанд. Барои ин кор баъзеҳо дафтар, албом ва ё тахтаи синфро истифода мебаранд. Самаранок гузаронидани фаъолияти мустақилона дар хонандагон эҷодкорӣ, шавқу рағбат ба азхудкунии донишро бедор намуда мустақилияти онҳоро дучанд афзун мекунад.
3.2. Ташкили шаклҳои таълими беруназсинфӣ ва фаъолияти мустақилонаи таълимӣ аз забони модарӣ дар рушди нутқи талабагони синфҳои ибтидоӣ
«...талабагони мо як умр шогирди мактаб нестанд ва ҳамеша паси миз нишаста дарс намехонанд. Ба онҳо лозим меояд, ки бештар ҳаёти худро мустақилона гузаронда, мустақилона амал намоянд».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё