Зеҳн
АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.

Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа

Маориф
Аз аввал хондан

Вазифаи омӯзгор «додани» дониш набуда, балки бедор намудани шавқи хонанда ба омӯзиш, кушодани имконият ва ташкил кардани фаъолияти маърифативу эҷодии ҳар як хонанда мебошад. Мувофиқи технологияи мазкур барои ҳар як хонанда барномаи таълими фардии таълимӣ таҳия карда мешавад. Барномаи мазкур дар асоси хусусиятҳои фардии хонанда тарҳрезӣ шуда, ба имконияти зеҳнӣ ва суръати рушд мутобиқ гардонида мешавад.

Дар технологияи таълими ба ташаккули шахсияти хонанда нигаронидашуда маҳаки тамоми низоми таҳсил-фардияти хонанда аст.

Аз ин лиҳоз, дар татбиқи технологияи мазкур истифодаи муносибати тафриқавӣ ва фардикунонии раванди таълим зарур аст.

Масъалаҳои асосии арзёбии рушд ва тағйиротеро, ки ба омӯзгор барои татбиқи масъалаҳо зарур мебошад, дида мебароем: тағйирпазирии нақшҳо; кам шудани нақли омӯзгор ва зиёд шудани фаъолияти хонандагон; саволгузорӣ аз ҷониби хонанда (на танҳо ҷавоб додан); омӯзгор дар раванди дарс муколама ташкил мекунад ва ин муколама бо посух додани хонанда ба анҷом мерасад; хонандагон масъала мегузоранд ва барои ҳалли ин масъалахо муҳаққиқ мешаванд; фазои таълимии дарс бояд ҳамаи хонандагонро ба омӯзиш ҷалб кунад; фазои сохторбандишудаи омӯзиш, ки шогирдонро ба худмухторӣ ва мустақилона татбиқ кардани омӯзиш ҳидоят менамояд.

Яке аз рукнҳои асосии арзёбии рушд (ташаккулдиҳанда) мутобиқ намудани раванди таълим, омӯзиш ва тарбия ба ниёзи хонанда мебошад.

Хонандагон аз ҳамлигар бо чиҳатҳои гуногун фарқ мекунанд ва ба этибор гирифтани хусусият, услуб ва ниёзи таълимии онҳо дар шароити низоми синфӣ- дарсӣ яке аз масъалаҳои мураккабтарини раванди таълиму тарбия ба шумор меравад.

«Дар низоми синфӣ-дарсӣ хонандагонро аз рӯйи хусусияти синнусолӣ гурӯҳбандӣ мекунанд, барномаҳо, китобҳои дарсӣ ва дигар маводи дидактикӣ мувофиқи ҳамин синну сол таҳия карда мешавад. Дар ин низом муносибати «як ченак барои ҳама» истифода мешавад. Низоми мазкур дар заминаи корҳои назариявӣ оид ба рушди равонию физиологӣ ва мутобиқшавии иҷтимоии хонандагон ба роҳ монда мешавад».

Дар таълими тафриқавӣ омӯзгор маводи таълимии барнома, усулҳо, фаъолиятҳо, мавод ба захираҳои таълим ва арзёбиро ба ниёзи маърифатӣ (таълимӣ)-и ҳар як хонанда мутобиқ месозад. Тафриқа кардан воситаҳои дидактикиро ба талабот (ниёз)-и ҳар як хонанда мутобиқ кардан аст. Хонандагон қобилияти якхела, ниёзи якхела ва тарзи кори якхела надоранд. Бинобар ин, шароити мувофиқи омӯзиш барои як хонанда наметавонад барои хонандаи дигар созгор бошад.

Стратегияии тафриқагузорӣ ба ақидаи Перреноуд.

Барои муваффақ шудан дар кори таълим омӯзгор бояд то ҳадди зарурӣ хонандагони худро донад. Онҳо бояд дар барои сабақ ва суръати омӯзиш, дониши қаблӣ, сифатҳои шахсӣ монанди мизоҷ ва шавқмандӣ, шавқу ҳавас ба ягон кору фаъолият, вазъи саломатӣ, шароити оилавӣ ва ба омӯзиши ягон забон шавқ доштани ҳар як хонанда огоҳӣ дошта бошад. Донистани ҷанбаҳои ҷисмонӣ, ақлонӣ, эҳсосотӣ ва иҷтимоии ҳар як хонанда барои тафриқагузорӣ кардан муҳим аст.

Мушоҳида ва дарёфти далел

Мушоҳида назорати нақшавии ягон фаъолияти дарс ё тамоми раванди он буда, мақсади он дарёфти мушкилоти таълимӣ ва омӯзишӣ аст, ки дар раванди дарс ва ё баъдан ошкор мегардад.

Омӯзгороне, ки усулҳои арзёбии ташаккулдиҳандаро истифода мебаранд, ба таври доимӣ мушоҳида мегузаронанд ва ба ниёзҳои омӯзишии хонандагон, ки дар рафти ин мушоҳидакунӣ муайян шудаанд, тавассути мувофиқ намудани барномарезӣ ва тарзи дарсгузаронии худ посух медиҳад. Мушоҳида бояд ба манзури дарёфти иттилооти зарурӣ барои беҳтар намудани раванди омӯзиш гузаронида шавад.

Мушоҳида бояд ба нақша гирифта шуда, таҳлилӣ, мақсаднок ва дорои сохтор бошад, то равиши омӯзиши хонандаро муайян кунад.

Омӯзгор бояд дар раванди мушоҳидакунӣ саволҳои зеринро дар мадди назар дошта бошад:

Хонанда дар масири омӯзиши худ дар куҷо қарор дорад? Хонанда бояд чӣ кор кунад?

Хонанда дар масири омӯзишии худ ба куҷо раҳсипор аст?

Ниёзи омӯзишии хонандагон бояд дар кори барномарезии таълиму омӯзиш нақши марказӣ дошта бошад. Муайян кардани он, ки хонандагон дар равиши омӯзишии худ дар кадом нуқта қарор доранд, тарзи кумак расонидан ба онҳо ва қонеъ кардани ин ниёзҳои омӯзишӣ тавассути усулҳои мувофиқи таълимӣ сабабгори омӯзиши самараноктар ва чуқуртар мегардад.

Мушоҳида, ки яке аз қисматҳои муҳимми арзёбии рушд аст, бояд ба таври доимӣ гузаронда шавад. Агар арзёбӣ на ба тарзи доимӣ, балки давравӣ ва ё ба тарзи тасодуфӣ ба роҳ монда шавад, маълумоти бадастомада наметавонад дар ташаккули раванди таълиму омӯзиш ба кор равад, зеро хонандагон аз омӯзиш бознамеистанд, яъне беист меомӯзанд. Аз ин рӯ, раванди арзёбӣ низ бояд доимӣ бошад ва раванди омӯзишро дастгирӣ кунад.

Ба ақидаи олимони соҳаи педагогӣ Е.В.Бондаревския, В.П.Сериков, И.С.Якиманская моҳияти технологияи таълими ба ташаккули шахсият нигаронидашуда,шинохти хонанда ҳамчун симои (субъекти) асосии раванди таълим мебошад.

“Дар техногогияи таълими ба ташаккули шахсият нигаронида- шуда шахсияти хонанда ва омўзгор ҳамчун субъектҳои раванди таъллим фаҳмида мешаванд; мақсади таълим ташаккули шахсияти хонанда ва хусусиятҳои фардии нотакрори ў мебошад; дар раванди таълим арзишҳои шахсии хонанда, ақидаи ў ба эътибор гирифта шуда, дар асоси ин омилҳо “ҷаҳонбинии шахсии хонанда”ташаккул дода меша- вад.Муносибати омўзгор ва хонанда дар асоси принсипи ҳамкорӣ ва интихобии озод ба роҳ монда мешавад.”.

Дар асарҳои педагогӣ роҷеъ ба таълими тафриқа маълумоти муфассал пешниҳод гардидааст. Таърифи мушаххаси онро дучор наомадем. Таълими тафриқа гуфта, дар асоси қобилият, лаёқат, дониш, пешрафт, имконият ва шавқу ҳаваси бачаҳо ба роҳ мондани таълимро меноманд. Пас, дар таълими тафриқа қисмҳои таркибӣ аз инҳо иборатанд:

1. Қобилият, лаёқат, дониш, пешрафт.

2. Имконият.

3. Шавқу ҳавас.

Дар асоси ба назар гирифтани ҳамин ҷиҳатҳо ё нишондодҳо мо метавонем, хонандаҳоро ба гурӯҳҳо ё зергурӯҳҳо тақсим кунем. Вале байни ин нишондиҳандаҳо имконият мавқеи муҳимро ишғол мекунад, зеро вай на танҳо ба шогирд, инчунин, ба падару модар, давлат, ҷомеа низ вобаста аст. Баъзан хонандае ҳама чиро (қобилият, дониш…) дорост, вале имконияти таҳсил надорад. Баръакс, баъзан барои касе имконияти зиёдеро муҳайё месозанд, вале чун донишу қобилият надорад, аз имконият истифода бурда наметавонад.

Тафриқа кардани хонандаҳо, яъне ба синфҳо, гурӯҳҳо ва зергурӯҳҳо тақсим намудани бачаҳо дар мамлакатҳои гуногун ба тариқи гуногун сурат мегирад. Масалан, «…дар як қисм муассисаҳои таълимии

Амрико, Канада тафриқа ин тавр аст: дар синфи 1 ҳамаи хонандаҳо баробар мехонанд. Охири соли таҳсил аз ҳамаи онҳо имтиҳон мегиранд.

Натиҷаи имтиҳонро ба назар гирифта хонандагонро тахминан ба се гурӯҳ тақсим менамоянд ва барои фарқ кардан ба ҳар як гурӯҳ ё синф ном мегузоранд. Масалан, синфи А, синфи Б, синфи В. Баъди таътил ҳамаи бачаҳо боз ба мактаб меоянд ва аз аввали синфи ду тафриқа сар мешавад. Яъне ҳамаи бачаҳои синфи 1А, 1Б, 1В ки таҳсилро дар синфи 1 бо баҳои «5»-у «4» хатм кардаанд, дар синфи онҳое, ки бо баҳои «4 ва «3» хатм кардаанд, дар синфи 2Б ва онҳое, ки баҳоҳои “3” ва “2” доранд, дар синфи 2В ҷамъ меоянд. Ҳамин тавр, ҳар сол дар охири соли таҳсил хонандаҳо имтиҳон гирифта, мувофиқи донишу пешрафташон ба синфҳои А, Б, В тақсим мекунанд. То солҳои охир дар илми педагогикаи мо ин тарзи тафриқаро танқид мекарданд, ки барои тарбияи бачаҳо зарар меорад, яъне гӯё онҳо якдигарро «аълохонҳо»-ю «бадхонҳо» гуфта таъна мезада бошанд.

Оё мумкин аст, бачаҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо накарда, таълими тафриқаро ба роҳ бимонем? Бале, мумкин аст. Ва ин роҳи дигари тадриси тафриқа аст. Вале бояд эътироф кард, ки ин роҳ мушкилтар буда, аз озмӯзгор заҳмату тайёрии бештареро талаб мекунад. Шартан ин тарзи тафриқаро тафриқаи ботинӣ меномем. Дар ин тарз омӯзгор бачаҳоро ба синфҳои алоҳида ҷудо намекунад, балки ба се гурӯҳ тақсим менамояд, ки ҳамаи онҳо дар ҳамон як синф мешинанду мехонанд:

Қатори 1 – бачаҳои аълохон; қатори 2 – бачаҳои миёнахон; қатори 3 – бачаҳои сутхон. Ҳамаи ин корро омӯзгори эҷодкору фаъол танҳо барои худаш мекунад, ки чаро маҳз дар ин маврид ба тариқи зайл аст: вақте ки омӯзгор мавзуи навро мефаҳмонад, шарҳу эзоҳ медиҳад, гурӯҳ ё қатори бачаҳоро ба назар намегирад. Вай ба ҳама бо лаҳни фораму ҷаззоб муроҷиат менамояд ва як хел мефаҳмонад. Аммо вақте ки ягон хел кори мустақилона сар мекунад, дониши ҳар қаторро ба ҳисоб мегирад.

Тафриқаи ботиниро ҳатто аз рӯйи як машқ ҳам метавон ташкил кард. Масалан, дар китоби дарсии «Забони модарӣ” барои синфи IV машқи 326 дода шудааст, ки се супориш дорад.

Қад-қади ҷўйборҳо ва лаб-лаби киштзорҳо гулҳои хушрангу дилрабо мерўиданд. Дар ҷариҳо ва саҳроҳо лолаҳои гуногунранги роғӣ мерўиданду мешукуфтанд. Вале онҳо хурду заиф буданд.

Супориш:

1.Хонед ва нависед.

2.Аз матн сифатҳоро ёфта ба зерашон хат кашед.

3.Ба ибораҳои “гулҳои хушранг”, “лолаҳои гуногунранг” ҷумла нависед.

Вале ин се супориш ба тарзи таълими тафриқа далолат намекунад.

Чаро? Зеро супориши якум, ки мақсади асосии таълими забонро ифода менамояд, ба ҳамаи хонандагон баробар тааллуқ дорад. Супориши дуюм ҳам айнан ҳамин тавр, яъне хонандагон ҳатман машқро рӯбардор карда ба зери сифатҳо хат мекашанд. Аммо навбат, ки ба супориши сеюм расид, тафриқа оғоз меёбад. Хонандагон оид ба ибораҳои “гулҳои хушранг”, “лолаҳои гуногунранг” ҷумла таҳия мекунанд.

Чунин унсурҳои одии таълими тафриқаро аз рӯйи машқҳои дилхоҳ китоби дарсии забони модарӣ метавон ташкил кард.

Вале омӯзгори пуркор зуд вобаста ба мавзуи пешояндҳо, ба як гурӯҳ хонандаҳо мефармояд, ки порчаро рӯнавис кунанд ва ба зери пешояндҳо хат кашанд, ба гурӯҳи дигар месупорад, ки оид ба кору бори кишоварзӣ (деҳқонӣ) чанд ҷумлаи алоқаманд нависанд ва пешояндҳоро ишора кунанд. Ин аст унсурҳои одии тафриқа аз рӯйи як хел машқу як хел супориш. Дар ҳар сурат, ҳамеша дар назар доштан лозим аст, ки фаъолияти хонандаҳо дар кадом маврид якҷоя ва дар кадом маврид аз ҳам ҷудо мешавад. Дар вақти хондану шарҳ додану муайян намудани пешояндҳо, ки мавзуи асосии ҳамин дарс аст, фаъолияти ҳамагон бо ҳам даст медиҳад, дар вақти дигар ҳамин фаъолият тарзи тафриқаро қабул мекунад. Бинобар ин, эрод гирифтани он ки омӯзгорон ин ё он китоби дарсиро бо мақсади таълими тафриқа намефаҳманд, поя надорад.

Нақши таъсири маҳоратҳои омӯзгорро дар ташаккул ва инкишофи қобилиятҳо омӯзишии хонандагон ба назар гирифта, В.А.Сухомлинский дарк намудааст, ки «муносибатҳои ғайриэҳсосотии байни омӯзгор ва хонандагон бемаънӣ мебошанд, ҳангоми бо омӯзгор вохӯрдани хонандагон дар дарс, онҳо таъсири омӯзгорро ҳис мекунанд ва кӯшиш мекунанд, ки ба вай тақлид кунанд.».

Таълими ташкили тафриқа асрори ниҳоние надорад ва онро омӯзгорони ботадбиру ботаҷриба метавонанд дар асоси ҳар як китоби дарсию ҳар як машқу матни мисолу масъала ташкил намоянд. Фақат донишу маҳорат ва завқу заҳмат лозим асту бас. Таълим мувофиқи қобилият, а хоҳиш ва аз рӯйи соҳаҳои ҷудогонаи илм тафриқа карда мешавад, ки онро равия, ришта ё тамоил меномем.

Тамоил ё равияи самти таълим аст, ки баҳри чукуртар омӯхтани гурӯҳи фанҳои ба ҳам наздик мусоидат мекунад. Хонанда ин ё он тамоилро интихоб намуда, худро як андоза озод ҳис мекунад ва барои давом додани таҳсил дар муассисаи таҳсилоти олӣ хубтару беҳтар тайёр мешавад.

Аз ин рӯ, муассисаҳои таълимӣ ё синфҳои тамоилӣ беҳтарин зинаи тайёр намудани довталабон барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар таълим ду хели тафриқаро ба кор мебарем: а) тафриқаи муфассал; б) тафриқаи мухтасар ё маҳдуд.

Тафриқаи муфассал, ки аз синф V оғоз ёфта, то охири синф IX давом мекунад, мувофиқи вазифа, ҳамоҳангӣ ва робитаи фанҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад: гурӯҳи фанҳои ҷамъиятию гуманитарӣ ва гурӯҳи фанҳои табиию риёзӣ. Ин гурӯҳҳо ҳамаи фанҳои таълимиро фаро мегиранд. Хонандаҳо дар давраи асосӣ (синфҳои V- IX) вобаста ба натиҷаи ҷамъбасти синфи IV ва майлу рағбаташон ба ду гурӯҳи номбурда тақсим шуда, таҳсилро давом медиҳанд. Ғайр аз ин, синфҳо ё гурӯҳи умумӣ амал мекунад. Бачаҳое, ки дар давоми сол (ҷамъбасти ҳар як чоряк) аз фанҳои интихобии худ баҳои «2» ё “3” мегиранд, ба гурӯҳи умумӣ гузаронида мешаванд.

Тафриқаи мухтасар ё маҳдуд дар доираи гурӯҳҳои фанҳои ҷамъиятию гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ ташкил ёфта, миқдори нисбатан маҳдуди фанҳоро дар бар мегирад, ки бевосита ба ихтисоси ояндаи хонанда вобаста аст. Тафриқаи маҳдуд хоси синфҳои боло (X-XI) мебошад. Дар ин синфҳо таълими тафриқаро аз рӯйи тамоилҳои зерин метавонем ташкил кунем:

- гуманитарӣ: забон ва адабиёт, забонҳои хориҷӣ, - ҷамъиятӣ: санъату фарҳанг, таърих…

- физикаю риёзӣ,

- кимиё ва табиӣ,

- техникӣ-иқтисодӣ ва ғайра.

Одатан, дар ин равияҳо бачагоне ҷалб мешаванд, ки бо баҳои хубу аъло мехонанд. Аз ин рӯ, ҷараёни дарсҳо дар чунин синфҳо ба тариқи проблемагузорӣ, мубоҳиса ва ҷустуҷӯ мегузарад. Ҳеҷ кас аз ин мубоҳисаҳо дар канор намемонад.

2.4. Вусъати фаъолияти мустақилонаи таълимӣ дар робитаи мутақобила бо рушди зеҳнию нутқии талабагони синфҳои ибтидоӣ

«Дар синфҳои ибтидоӣ мунтазам машғулиятҳои зеҳнӣ созмон дода шаванд, то дар онҳо кӯдакони аз ҷиҳати зеҳнӣ соҳиби имконот ва омодагии гуногун, чи заиф ва чи неруманд, тавонанд масъалаҳои ғайриодӣ, ҷустуҷӯйӣ ва эҷодиро, ки берун аз маводи таълимӣ мебошад, ҳал кунанд».

Кӯдакон дар оила ва ё кӯдакистон тарбия ёфта, баъд ба муассисаҳои таълимӣ меоянд. Табиист, ки фаъолияти пешбарандаи кӯдакон дар хона ва кӯдакистон бозӣ мебошад. Ҳамин ки ба мактаб омаданд, дар шароити нав, фаъолияти пешбарандаи бозӣ ба фаъолияти таълимӣ иваз мешавад. Барои он ки кӯдакон аз як навъи фаъолият ба фаъолияти дигар, яъне аз бозӣ ба таълим гузаранд, ҷиҳатҳои равонию синнусолии онҳоро ба эътибор гирифтан шарт ва зарур аст. Дар ин бора ақидаи педагогҳои машҳури рус В.В.Давидов ва Д.В.Элконин чунин аст:

«Вақте ки кӯдак ба мактаб қадамҳои аввалини худро мегузорад, мазмуни фаъолияти ӯ тағйир меёбад; вай аз бозӣ ба фаъолияти азхудкунии таълимӣ (хонишу хат, фаҳмидану ҳал карда тавонистани масъалаҳои таълимӣ ва донистани воситаҳои ҳалли онҳо) мегузарад». Давраи синну соли хурди мактабӣ давраи асосии рушдкунандаи қобилиятҳои зеҳнӣ ва нутқии хонандагон мебошад. Аммо бо сабаби қобилияти гуногуни зеҳнӣ доштани хонандагон, баъзан фаъолиятҳои таълимро пурра аз худ намекунанд, аз ин лиҳоз, қисми асосии кор (яъне, барои азхудкунии донишҳои нав истифодаи усулҳои гуногун ва мувофиқи таълим) ба зиммаи омӯзгор меафтад.

Педагоги рус А.Р.Арутюнов мегӯяд: «Нақши омӯзгор дар ташкил ва гузаронидани бозӣ нақши режессёри театрро мемонад.». Дар ин ҳолат омӯзгор ба хонандагон роҳҳои ҳалли мушкилотро нишон надода, балки дар ҷӯстуҷӯйи мустақилонаи роҳҳои ҳалли душвориҳо кӯдаконро дастгирӣ менамояд.

Ба ақидаи педагог Е.Аракин, «бозӣ бояд яке аз воситаҳои бузург ва ниҳоят хуби ивазнашавандаи инкишофи қобилиятҳои зеҳнӣ ва тафаккури кӯдак ҳисобида шавад».

Аз нуқтаи назари мо, муҳим он аст, ки аз рӯзҳои аввали давраи саводомӯзӣ сар карда, омӯзгор дар раванди дарсҳо бо мақсади рушди қобилияти зеҳнӣ ва нутқии хонандагони хурдсол дар ҳар як лаҳзаи дарс мақсаду вазифаҳои бозиро бо мақсаду вазифаҳои мавзуи дарс дуруст муайян намояд.

Ҳамин тавр, фаъолияти кӯдакон дар ҷараёни бозӣ метавонад ба рушди қобилияти зеҳнӣ ва нутқии онҳо мусоидат намояд. Барои рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва инкишофи нутқи хонандагон бозиҳоеро интихоб намудан лозим аст, ки ба ғанӣ гардонидани захираи луғавии онҳо мусоидат намояд.

Масалан, бозии «Калимаҳои дугоник»-ро шарҳ медиҳем:

Дар ин бозӣ калимаҳоеро интихоб менамоем, ки аз 3 то 5 ҳарф иборат бошанд. Ҳангоми яке аз ҳарфҳои онро иваз намудан, калимаи нав ҳосил шавад, ки миқдори ҳарфҳо дар калимаҳои ҳосилшуда бо ҳам баробар бошанд. Масалан: хола, шола, лола, нола, ….; ё ин ки мард, гард, сард, зард,….; шарм, гарм, нарм,чарм, Ғарм,…; нома, ҷома, хома, мома,…;

Гузаронидани чунин бозӣ барои дарёфти калимаҳои дугоник (ба ҳам монанд) ба қобилияти зеҳнии хонанда рушд бахшида, захираи луғавиро бой, хотираро мустаҳкам, маҳорату малакаи дарки маънӣ кардани хонандагони хурдсолро устувор мегардонад.

Дар давраи таълими савод ба як ҳиҷо зам намудани ҳиҷои дигар ва сохтани калимаи дорои маънои луғавӣ захираи луғавии хонандаро бой намуда, қобилияти зеҳнӣ ва нутқи шифоҳию хаттии хонандаро инкишоф медиҳад.

Барои мисол бозии «Аз рӯйи ҳиҷои охир»-ро таҳлил мекунем:

Хонандагон дар шакли давра гирд меоянд. Яке аз хонандагон ягон калимаро ба таври ҳиҷо талаффуз мекунад. Хонандаи дар назди хонандаи якум истода, бояд калимаеро, ки ҳиҷои аввалаш ҳиҷои охири калимаи якум бошад, талаффуз кунад.

Масалан: Хонандаи 1-ум: ха-ри-та; Хонандаи 2-юм: та-бар;

Хонандаи 3-юм: Бар-но; Хонандаи 4-ум: но-ма; Хонандаи 5-ум: ма-кон… ва ғайра. Бозӣ ҳамин тавр идома меёбад. Иҷрои бозии мазкур хеле шаавқовар буда, аз хонандагон ҷустуҷӯ, эҷодкорӣ, ковишҳоро талаб мекунад, ки ин ҳама ба зиракии хонандагон мусоидат мекунад.

Ташкил ва доир намудани чунин фаъолиятҳо аз омӯзгор муносибати махсуси навҷӯйиро талаб намуда, иҷрои пай дар пайи фаъолиятҳои эҷодӣ бошад, боиси инкишофи зеҳнӣ ва бой гардидани захираи луғавии кӯдакон гардида, барои амалан аз худ намудани донишҳои нав кумак мерасонад.

Дар хусуси аҳаммияти бозиҳо ақидаҳои гуногуни файласуфон, педагогҳо ва равоншиносон вуҷуд дорад. Масалан, файласуфи амрикоӣ

Герберт Спенсер гуфтааст, ки «бозӣ воситаи хориҷ кардану сӯзондани қувваи пуршудаи кӯдак мебошад, ки онро дигар намедонад дар куҷо сарф кунад, чунки аз фаъолияти қонеъ гардондани талаботи худ вай аз тарафи калонсолон озод карда шудааст».

Назарияи дигари илмӣ аҳаммияти биологии бозиро дар он мебинад, ки вай мактаби ҳақиқии тарбия мебошад. Ақидае вуҷуд дорад, ки ба бозӣ машғул шудан кайфияте дорад, ки он ҷисми кӯдакро маҷбур месозад, то аз фаъолияташ ин кайфиятро пайдо кунад.

Д.Дьюи тасдиқ мекунад, ки «бозӣ ин шакли татбиқ кардани намудҳои рафтор аст, ки дар асоси ирсият, тақлид ва омӯзиш пайдо шудаанд».

Тавассути бозӣ кӯдакон таҷрибаи нави иҷтимоиро аз худ карда, онро дар амал татбиқ менамоянд ва ҳудудҳои тафаккури худро васеъ мекунад.

Муҳиммияти бозиро дар ташаккули ҳаматарафаи хонандагон асос шуморида, бозиҳои таълимии зеринро пешкаш менамоем:

«Ёбед, ки ин чист?» (Ин бозиро бо хонандагони синфҳои 1-ум ва 2- юм гузаронида беҳтар аст.)

Хонандагон ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд. Омӯзгор калимаҳои парокандаро номбар мекунад, хонандагон меёбанд, ки сухан дар бораи чӣ меравад.

Чунончӣ: Омӯзгор: сафед, калон, дар осмон равуо мекунад. (сухан дар бораи чӣ меравад?) Хонандагон:

- Сухан дар бораи абр меравад.

Омӯзгор:

- гарм, тафсон, дар паси кӯҳҳо пинҳон мешавад. (сухан дар бораи чӣ меравад?).

Хонандагон:

- Сухан дар бораи офтоб меравад.

Омӯзгор: - сурх, зард, сабз, дар тирамоҳ мепазад. (сухан дар бораи чӣ меравад?) Хонандагон:

- Сухан дар бораи себ меравад.

Дар ин бозӣ мазмуни калимаҳо мушаххас буда, ба дарку фаҳми кӯдакон мувофиқ мебошад. Кӯдакон аломату хусусият ва амалу харакати ашёро ба хотир оварда, онҳоро зуд муайян мекунанд.

Қобилияти зеҳнӣ ва тафаккури рушдёбанда ҳамсафари доимии хонандаи хурдсол буда, дар раванди таълим омили бакорандозии қобилиятҳо ва истеъдодҳои фардии онҳо мегардад.

Барои расидан ба мақсади ниҳоӣ ба омӯзгор лозим аст, ки бештар аз ҷадвали калимаҳои якҳиҷодор истифода карда, тавассути дарёфти ҳиҷои мувофиқ калимаи нав созад. Хондани калимаҳои якҳиҷодор ва бо ҳам пайваст намуда, сохтани калимаи нав ба қобилияти зеҳнӣ, нутқӣ, эҷодкорӣ ва дарки маънӣ сахт алоқаманд аст.

Намунаи дигар: «Аз ду калима сохтани як калима» (Иҷрои ин супориш ба фаъолияти мустақилонаи хонандагони синфҳои 1 -юм ва 2- юм мувофиқ аст.)

Дар ин намуди бозӣ калимаҳои якҳиҷодори сутунчаи якумро бо калимаҳои якҳиҷодори сутунчаи дуюм пайваста калимаҳои нав месозем.

Иҷрои бозии таълимии мазкур дар баробари қобилияти зеҳнии хонандагонро рушд бахшидан дар онҳо мустақилият ва ба худ боварӣ доштанро тарбия мекунад

Дар ҷараёни иҷрои ин гуна бозиҳо нутқи гуфтори мураттаби хонандагон ташаккул меёбад. Ҳангоми иҷрои бозӣ ҳисси масъулиятшиносӣ, ҷустуҷӯйӣ, кунҷковӣ ва ҳозирҷавобии хонанда боло рафта, фаъолнокӣ ва шавқмандӣ тарбия карда мешавад. Ҳар як хонанда саъй меварзад, ки муносибати худро нисбат ба бозӣ нишон диҳад.

пешина
аз 32
навбатӣ