Зеҳн
АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.

Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа

Маориф
Аз аввал хондан

Мавқеъ ва намудҳои бозиҳои таълимӣ, аз як тараф, имконият медиҳад, ки устод нақшаи мустақилона бартараф кардани мушкилиҳои ҳаёти воқеии шогирдро созаду санҷад, аз тарафи дигар, норасоиҳои таҷрибаро ошкор созад:

- вазифаи робитавии бозӣ дар фаъолияти устод ва шогирд нақши калидӣ дорад. Ба шогирд имконият медиҳад, ки ба ҳақиқати ҳоли муносибатҳои байнишахсӣ ворид шавад;

- вазифаи ташхисии бозиҳои таълимӣ ба устод имконият медиҳад, ки ҳаракатҳои гуногуни шогирдро (аз ҷиҳати ақлонӣ, эҷодӣ, эҳсосотӣ ва ғайра) таҳлил намояд. Бар замми ин, бозӣ «майдони худтатбиқкунӣ» мебошад, ки дар он шогирд қувваҳои худро месанҷад, имкониятҳоро истифода карда, дар раванди фаъолияти мустақилона дониши худро татбиқу муайян мекунад;

- мушкилоти гуногуне, ки дар рафтор, муошират ва таълим пайдо мешаванд, ҳангоми ташкил ва гузаронидани бозиҳои таълимӣ муайян гардида, бартараф карда мешаванд;

- таҷрибаи муносибатҳои нави ҳақиқӣ, собит сохт, ки танҳо бозӣ кӯдакро бо калонсолон ва ҳамсолон дар муносибатҳои озоди ҳамкорӣ, ки он берун аз муносибатҳои зӯроварӣ, фишороварӣ ва маҷбуркунонӣ гузаронда мешаванд, дар интиҳо ба самаранокии мусбат оварда мерасонад;

- вазифаи шавқангезӣ яке аз вазифаҳои асосии бозиҳои таълимӣ мебошад. Мазмуни фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ, ки ба рушди зеҳнию нутқии хонандагони синфҳои ибтидоӣ мусоидат мекунад, фазои мусоиди маърифатии фаъолияти устод ва шогирд мебошад, ки дар он вай бо шуғлу ҳавас, шавқу рағбат ба инкишоф қадам мегузорад. Мавқеъ ва нақши технологияи бозӣ дар ҷараёни фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ дар бисёр ҳолат аз тасаввуроти вазифаю таснифоти бозиҳои педагогӣ вобаста аст. Аз рӯйи хусусиятҳои методика бозиҳо ба бозиҳои педагогӣ, фаннӣ, сужавӣ, нақшавӣ, касбӣ, тақлидӣ ва фоҷеавӣ тақсим мешаванд.

Ба бозиҳои фаннӣ ҳамаи бозиҳои фанҳои таълимӣ дохил мешаванд.

Мазмуни фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ, дар он ифода меёбад, ки ҳангоми иҷрои нақшҳо шахсияти кӯдак ташаккул меёбад. Бозӣ барои кӯдак мактаби ҳаёт буда, тавассути он тасаввурот, ақл, чолокӣ ва ғайра ташаккул меёбад. Арзишнокии бозӣ дар он аст, ки вай фаъолияти озоди инкишофёфта мебошад, хусусияти эҷодию фаъолро дар бар мегирад.

Равоншиноси австриягӣ З.Фреид чунин ақида дошт, ки «бозӣ – ин усули шаклонии қонеъ гардонидани кӯдак, ҳавасҳои дар ҳақиқат қонеънашудаи вай мебошад».

Равонишиноси шуравӣ Л.С.Виготский чунин мегуфт, ки «бозӣ аз зиддиятҳои байни талаботи иҷтимоию имконияти амалии кӯдак сар мезанад ва дар вай усули асосии инкишофи шуурро медид».

Фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ дар раванди иҷрои бозии ақлонӣ вазифаҳои таълимӣ низ дорад. Агар нутқ дуруст истифода шавад, кӯдакон шавқманд гардонида мешаванд. Дар охири бозӣ ҳатман хулоса баровардан зарур аст.

Дар синфҳои ибтидоӣ бозиҳои таълимӣ дар лаҳзаҳои мувофиқи дарс гузаронида мешавад. Омӯзгор ҳангоми бозӣ кӯдаконро руҳбаланду ҳавасманд карда, баъдан ба муҳокимаронию фаҳмондадиҳӣ мегузарад. Ӯ бояд назоратро тарзе ба роҳ монад, ки вазифа ва талаботи гузошташуда иҷро ва риоя карда шаванд. Хусусиятҳои хоси бозиҳои ақлонӣ дар он аст, ки онҳо аз тарафи калонсолон бо мақсади таълиму тарбия ва, инчунин, ошкор кардани кӯдакони лаёқатманд ташкил ва гузаронда мешаванд. “Роҳбарӣ ба рафту иҷрои бозӣ касбияти бузурги педагогиро талаб мекунад. Бозиҳоро интихоб карда, омӯзгор бояд муайян кунад, ки кадом вазифаҳои барномавиро ба воситаи онҳо ҳал мекунад”.

Тарҳи мазмун ва намудҳои фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ба рушди зеҳнию нутқии хонандагони синфҳои ибтидоӣ мусоидат мекунад.

Бозиҳои таълимии давраҳои саводомӯзӣ (давраҳои тоалифбо, алифбо ва баъди алифбо) чунинанд:

- «Садонокҳо, як қадам ба пеш!» (бо мақсади дуруст аз худ намудан ва шинохти овоз ва ҳарфҳои садонок);

- “Киштӣ” (бо мақсади омӯзонидан ва мустаҳкам намудани овоз ва ҳарфи нав);

- «Ҷойи ман дар куҷост?» (бо мақсади мустаҳкам намудани овоз ва ҳарфи нав омӯхташуда);

- «Ҳарфҳо, саф кашед!»;

- «Бозии ҳарфҳои зинда»;

- «Ҷароҳии калима»;

- «Бозии рӯз ва шаб»;

- «Зинача» ва ғайра.

Усулҳои гузаронидани бозиҳо ба дониш, тачриба ва маҳорати худи омӯзгор вобаста аст. Зимни истифодаи бозиҳо омӯзгор вазифадор аст, ки дониш, маҳорат ва ҷаҳонбинии аҳли синфро ба назар гирад, зеро ҳар як бозӣ характер ва талаботи хоси худро дорад. Чунончи, бозии «Ҳарфҳо, саф кашед!»-ро шарҳ медиҳем [171, с.23-25]:

Пас аз омӯзонидани якчанд овоз ва ҳарф (масалан, овозу ҳарфҳои

О, А, Н, Ш) 4 хонанда ба назди тахтаи синф омада, ҳар кадоме яктогӣ ҳарф (ҳарфҳо дар варақаҳои «А-4» калон навишта шудаанд) мегиранд: О,

А, Н, Ш. Шогирдон дар нақши ҳарфҳо бозӣ карда, худро ба ҳамсинфон мешиносонанд: Ман – ҳарфи «О», Ман – ҳарфи «Н», Ман – ҳарфи «А»,

Ман – ҳарфи «Ш». Дар баробари шунидани супориши «Ҳарфҳо, саф кашед!» омӯзгор овозҳои калимаи «шона»-ро кашишнок талаффуз мекунад. Мувофиқи талаффузи овозҳо «ҳарфҳо» (хонандагон) бо тартиб дар як саф меистанд. Дар ҷараёни бозӣ хонандагон ҳар овозро пайи ҳам талаффуз карда, калимаи «шона»-ро пурра мехонанд.

Бозии «Шаб ва рӯз». Яке аз хонандагон аз ҳарфҳои бурида калимаи

«дар»-ро тартиб медиҳад. Навомӯзон он калимаро бо овози баланд мехонанд. Бо амри «Шаб!» шогирдон чашмҳоро мепӯшанд, дар ин асно омӯзгор ба калимаи «дар» ҳиҷои «па»-ро ҳамроҳ мекунад, бо амри «Рӯз» навомӯзон чашмҳоро кушода калимаи «падар»-ро мехонанд. Аз рӯйи фармони «Шаб!» боз аз нав хонандагон чашмҳоро мепӯшанд. Аз лавҳа ҳиҷои «па»-ро гирифта, ба ҷояш ҳиҷои «мо» гузошта мешавад. Бо амри

«Рӯз» шогирдон чашмҳоро кушода, калимаи нав – «модар»-ро мехонанд.

Бозиро давом дода, хонандагон калимаҳои «додар», «бародар»-ро тартиб медиҳанд ва мехонанд.

Методистон Д.Б.Элконин, В.В.Давидов, М.Лутфуллоев, Ф.Шариф- зода, И.Абудуллоев оид ба мавқеъ ва нақши бозиҳои таълимӣ ибрози ақида намуда, ёдовар мешаванд, ки дар лаҳзаҳои мувофиқи дарс гузаронидани бозиҳои таълимӣ раванди таълимро шавқовару хотирмон намуда, хастагии шогирдонро рафъ месозад.

Бозие, ки шавқовар аст, иҷрои вай қобилияти баланди ақлониро талаб мекунад. Бартараф кардани баъзе мушкилиҳо ба ҷаҳони ақлонии хонанда вобаста аст. Хонанда тавассути саъю кӯшиш ба ҳалли он муваффақ мегардад. А.С.Макаренко чунин гуфта буд: «Бозӣ бе кӯшиш, бе фаъолияти фаъол бозии бад мебошад».

Омӯзгор бояд хуб дарк кунад, ки вазифаи педагогии бозӣ оё ба мазмуни барнома мувофиқат мекунад ё не. Омӯзгор фаъолияти мустақилонаи омӯзишии хонандагонро ташкил карда, дар батартибандозии таҷрибаи дастрасшуда ба онҳо ёрӣ мерасонад, сатҳи маърифатии онҳоро бо донишҳои нав бою ғанӣ гардонда, мушоҳидакорӣ, шавқмандӣ ва хоҳиши дарк кардани дунёи гирду атрофро талқин менамояд, ки ин яке аз усулҳои ташаккули сифатҳои маърифатии кӯдакон мебошад.

Баъзе равоншиносон ба он ақидаанд, ки реша (асос)-и бозӣ ирсияти тақлидӣ мебошад, дигарон дар он усули азхудкунии ҳақиқати ҳолро аз тарафи кӯдак медиданд. Бозӣ ҳамеша кайфият мебахшад, зеро дар вай зӯроварӣ вуҷуд надорад. Метавонем хулоса барорем, ки инсон таҷрибаи нави иҷтимоиро аз худ карда, худро татбиқ мекунад, ҳудудҳои тафаккури худро васеъ менамояд.

Аз ин лиҳоз, ба шакли дидактикии бозӣ шӯхӣ, ҳазл, шавқ бояд илова шавад. Машғулият бо бозӣ фаъолияти ақлониро метезонад, иҷрои вазифаро осон мекунад.

Бозиҳоро ҳамчун усулу воситаи таълим истифода бурда, чунин хулосаҳо баровардан мумкин аст:

- Бозӣ усули самараноки инкишофи шавқу ҳаваси шогирдон ба донишандӯзӣ мебошад;

- Ташкили дурусти бозӣ (бо назардошти хусусиятҳои маводи таълимӣ) хотираро машқ дода, ба хонандагон дар азхудкунии маҳорату истеъдодҳои суханронӣ кумак мерасонад:

- Бозӣ фаъолияти ақлонии хонандагонро такон медиҳад, диққатнокию ҳаваси азхудкунии фанро инкишоф медиҳад.

Хулоса, бозӣ шакли пешбарандаи фаъолият барои инкишофи маҳоратҳои азхудкунии кӯдакон буда, яке аз воситаҳои фаъолкунонии ҷараёни таълим мебошад. Вай меомӯзонад, ташаккул медиҳад, дигаргун месозад, тарбия медиҳад. Бозӣ, тавре ки равоншиноси машҳур

Виготский гуфта буд, ба инкишоф ёфтан мусоидат мекунад. Ин имконият медиҳад, ки хулоса барорем, ки бозӣ дар инкишофи хонандаи хурдсол аҳаммияти калон ва нақши бузург дорад. Бозиро ҳамчун воситаи шиносоӣ бо дунёи гирду атроф истифода бурда, омӯзгор имконият дорад диққати шогирдонро ба он ҳодисаҳое равона созад, ки барои васеъ кардани доираи фаҳмиши онҳо арзишманд бошад. Бозӣ шавқу ҳавас, кунҷковӣ, раванди азхудкунии донишҳоро вусъат бахшида, барои ғанӣ гардонидани мазмуни бозӣ, ба воситаи бозӣ, дар ҷараёни бозӣ ва дар ҳолатҳои гуногун маҳорати татбиқи донишҳоро инкишоф медиҳад. Бозиро роҳбарӣ карда, омӯзгор мақсадҳои ниҳоии аз худ кардан, ҷустуҷӯ кардан, дарёфт кардан, дунёи рӯҳии шогирдро бою ғанӣ гардонидан, дуруст тарбия карданро ба даст меорад.

2.3. Ҷанбаи талаботию ҳавасмандона анҷом додани фаъолияти мустақилона талабагони синфҳои ибтидоӣ дар рушди зеҳнию нутқии онҳо

«Яке аз вазифаҳои умдаи илми педагогикаи муосир таъмини на танҳо азхудкунии дониш, маҳорат ва малакаҳо (салоҳиятмандӣ), балки ҳамчунин ташаккули тарзҳои фаъолияти маърифатӣ ҳамчун зуҳуроти маданияти зеҳнии хонандагон (донишомӯзон) мебошад».

Ҳангоми иҷрои корҳои мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ баъзан инкишофи зеҳни хонандагон ба таври зарурӣ ба назар гирифта намешавад. Аз ҷумла, дар синфҳои ибтидоӣ вазифаҳои таълимии хондан, навиштан, ҳисоб кардан (ҳалли мисолу масъала) ба андозаи талаботи барномаҳои таълим анҷом дода мешавад. Вале ба вазифаҳои муҳимтарини таълиму тарбия – рушди зеҳну тафаккури хонандагон, ки заминаи устувори маданияти зеҳнӣ ва тафаккури мустақилонаю эҷодии шахсиятро муайян менамояд, камтар аҳаммият дода мешавад.

Масалан, ҳаҷми муайяну дастрасии фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ дар таълими забони модарии синфҳои ибтидоӣ ба масъалаи хондан, навиштан ва инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии хонандагон аҳаммияти хоса дода, ба фаъолияти бозгӯ кардани мазмуни матни хонда (ҳикоя, афсона, шеър ё чистон) баҳогузорӣ менамоянд. Хонанда чизи тайёрро муддате дар хотир нигоҳ дошта, онро нақл карда метавонад.

Аммо оид ба воқеаҳои дар матн рухдода, сабабҳои ба вуҷуд омадни масълаҳои ҳалталаби матн фикр намекунад. Яъне, дар раванди таълими забони модарӣ дар хонанда, малака ва маҳорати фикр кардан, таҳлилу хулоса баровардан ба қадри зарурӣ рушд намеёбад. Зеҳни хонанда фаъол гардонда намешавад. Муносибати босалоҳият дар таълим ба таври амалӣ аз худ намудани донишҳоро талаб менамояд. Аммо дар хонанда қобилият ё маҳорату малакаи дарки мазмуни зинаҳои донишазхудкунӣ: фаҳмидан, ба хотир гирифтан, истифода бурдан, таҳлил кардан рушд наёфтааст.

Ба назар гирифтани қобилияти зеҳнии хонандагон имконият медиҳад, ки ҳангоми иҷрои фаъолияти мустақилона дар онҳо ҳавасмандӣ пайдо шуда, хонандагон аз иҷрои супориш ба осонӣ бароянд.

Кори мустақилона бояд ҳаҷми муайяну дастрасӣ дошта бошад. Ба фикри

Иоганн Генрих Песталотсии «таълим бояд дар мунтазамии қатъӣ ҷараён ёбад. Бача набояд аз иҷрои он коре, ки комилан тайёр аст, маҳрум карда шавад ва ба вай иҷрои кореро, ки аз уҳдааш намебарояд, пешниҳод кардан ҳам ҷоиз нест. Дар бачагон дар баробари инкишоф додани қобилияти фикр карда тавонистан, инчунин, инкишоф додани малакаҳои амалӣ ҳам зарур аст».

Аз ин хотир, омӯзгор имконият ва қобилияти хонандагони синфҳои ибтидоиро вобаста ба осонию мушкилии иҷрои кори мустақилона ба назар гирифта, матнҳои забони модариро барои фаъолияти мустақилона ба чунин тарз пешниҳод мекунад:

1. Такмил дода хондани калима ва ҷумлаҳо. Ин намуди кори мустақилона, асосан, ба давраи таълими савод марбут аст. Дар матнҳои китоби «Алифбо» калима ва ҷумлаҳои зиёде вомехӯранд, ки ягон ҳарф, ҳиҷо ва ё калимае дар онҳо партофта шудааст. Хонандагон бо супориши омӯзгор ҳарф, ҳиҷо ва ё калимаи заруриро ёфта (интихоб намуда), дар ҷояш мегузорад ва бо овози баланд. Баъзан ба ҷойи калима, ки яке аз ҳарфҳояш ҳанӯз омӯхта нашудааст, расми чизе гузошта мешавад. Дар ин маврид омӯзгор метавонад ҳамон ҷумларо бо ҳарфҳои чопӣ дар тахтаи синф бинависад, расмро иваз бикунад ва ё дар айни замон аз чанд расм истифода намояд. Масалан:

Ё ба ҷойи калимаи “об” варақаеро мегузорем, ки дар он калимаи

«дон» навишта шудааст. Ҳамин тавр, мумкин аст ба ҷойи калимаи Лола калимаи Анор, Парвина, Анвар ва ғайраро нависем. Бачаҳо ҳар қадар калимаҳои нав ва зиёдеро хонанд, ҳамон қадар ба нафъи забондонии онҳо хоҳад буд.

2. Аз расмҳо интихоб намудани калимаҳои зарурӣ. Навъи нисбатан мушкили фаъолияти мустакилонаи омӯзишӣ аз калимаҳо ва расмҳои зиёд интихоб намудани калима (расм)-и зарурист, ки онро машқҳои мантиқӣ низ меноманд. Масалан, рӯйи мизи омӯзгор расмҳои гуногун – себ, шер, анор, рӯбоҳ, мурғ, харгӯш, ангур, асп ва ғайра ба таври махлут гузошта шудаанд. Хонанда бояд расмҳои мувофиқро интихоб намуда, ҷумлаи «Дар боғи мо себ, анор ва ангур мерӯяд»-ро пурра намояд ва бихонад.

Ба назар гирифтани душворӣ ва содагии матну супоришҳои фаъолияти мустақилонаи инфиродӣ, дар дарс ба инкишофи нутқи хонандагон, фаҳмидани мазмуни матни хондашуда нақши муҳим мебозад. Аз ин лиҳоз, тавассути расмҳои китоби дарсӣ корҳои зиёди мустақилонаро метавонем анҷом дод, ки баъзеи онҳоро пешниҳод менамоем: 1. Номбар кардани расми ашё (расмҳои ҷудогона), навиштан ва хондани номи онҳо.

2. Аз назар гузаронидани расмҳо ва нақл кардани мазмуни воқеа аз рӯйи саволҳо ё нақша.

3. Мушоҳидаи расмҳо ва пурра кардани мазмуни воқеа.

Аксарияти расмҳои китобҳои дарсӣ ин ё он лаҳзаи муҳимми воқеаро дар бар мегирад. Бо супориши омӯзгор хонандагон расмро аз назар мегузаронанд ва шарҳ медиҳанд, ки он кадом лаҳзаи воқеа (аввал, мобайн, охир)-ро инъикос мекунад. Пас аз он мазмуни лаҳзаҳои дигарро худашон илова менамоянд. Ҳамзамон бо рангҳо нигоҳ карда фасли солро, ки рассом тасвир кардааст, ном мебаранд.

4. Бо тартиб гузоштани расмҳо ва нақл кардани мазмуни онҳо.

Баъзе мазмунҳо дар якчанд расм тасвир ёфтааст, ки аз рӯйи онҳо кори мустақилонаи зеринро анҷом додан мумкин аст: а) пай дар пай нақл кардани мазмуни воқеа аз рӯйи гурӯҳи расмҳо; б) сарлавҳа гузоштан ба ҳар як расм; в) мураттаб сохтани гурӯҳи расмҳои номураттаб…

5. Расмкашӣ, суҳбат аз рӯйи мазмуни он.

6. Аз рӯйи мазмуни расм навиштани иншо.

II. Хониши хомӯшона, ки мақсади дидактикӣ дорад, тарзи муҳимми ташкили кори мустақилонаи хонандагон мебошад. Бачаҳо вазифадоранд, ки баробари хониш супоришҳои омӯзгорро низ ба ҷо оранд, то ки баъд ҷавоб бидиҳанд.

Он супоришҳо гуногунанд. Масалан, дарки мазмун, ба саволҳо ҷавоб ёфтан, номбар кардани симоҳои асосии матн, ба ҷойи як калима гузоштани калимаи дигар (кори лексикӣ), дар вақти муқарраршуда хондани матн ва ғайра.

III. Тартиб додани нақша низ марбут ба корҳои мустақилонаи хонандагон аст. Дар лаҳзаҳои хониш, дар мавриди мунтазам ташкил кардани ин кор хонандагон метавонанд, баъди нимсолаи синфи дуюм бо роҳбарии омӯзгор мустақилона нақшаҳои сода тартиб диҳанд.

IV. Кори амалӣ. Дар китобҳои дарсӣ баъзе мавзуъҳое дучор мешаванд, ки гузаронидани корҳои амалиро талаб мекунад. Масалан, хонандагон матнҳоеро мехонанд, ки дар онҳо баъзе сабзавот, аз ҷумла пиёз, гашнич зимистон зери барф майса зада месабзанд. Ҳатто одамон шаби дарози зимистон зери барф зинда мемонанд.

Омӯзгор, баъди гузаштани чунин мавзуъҳо, ба хонандагон супориш медиҳад, ки шаб ду шишаи пури обро гирифта, якеро зери барф гӯронда, дигареро болои барф дар ҳавои кушод бигузоранд. Саҳарӣ ҳарду шишаро гирифта мушоҳида кунанд, ки оби кадом шиша ях кардааст. Омӯзгор ин мушоҳидаи хонандагонро бо зарбулмасали халқии

«барф кӯрпаи замин аст» ҷамъбаст менамояд.

V. Машғулиятҳои ҷамъбастӣ ва фаъолияти мустақилонаи хонандагон

Омӯзгор дар давоми соли таълим 10-12 маротиба машғулияти ҷамъбасткунанда мегузаронад, ки мақсади онҳо ҷамъбаст ва ба тартиб овардани дониши хонандагон аз рӯйи ягон мавзуи комил ва ё фасли муайян мебошад.

Дар ин машғулиятҳо тамоми маълумоте, ки хонандагон оид ба ҳамон боб пешакӣ омӯхтаанд ва, инчунин, натиҷаи таассуроте, ки аз сайру гашт ва тамошоҳо ҳосил кардаанд, ба таври умумӣ ёдоварӣ карда мешавад. Аммо ин маънои онро надорад, ки дар ин машғулиятҳо ҳамаи мавзуъҳои гузашта айнан такрор карда мешаванд. Дар ин машғулиятҳо омӯзгор нуқтаҳои асосии маводи гузаштаро хотиррас намуда, ҳазамон бештар ба таассурот, таҷриба ва чизҳои дидаю шунидаи онҳо такя мекунад. Дар ин гуна машғулиятҳо фаъолияти амалии бачаҳо нисбат ба фаъолияти омӯзгор зиёд аст. Омӯзгор фаъолияти дидактикиашро ба фаъолияти назорату роҳбарии мақсаднок иваз мекунад, то ки хонандаҳо натиҷаю хулоса бароранд.

Аз ин ҷост, ки фаъолияти мустақилонаи хонандагон дар машғулиятҳои ҷамъбастӣ бештар ба роҳ монда мешавад. Омӯзгор дар ҳар машғулият фаъолияти ҳар як хонандаро ба назар мегирад. Агар чанд нафар хонанда дар ду-се машғулияти аввал фаъолона иштирок накарда бошанд, пас онҳо бояд дар машғулиятҳои минбаъда саҳми фаъолона бигиранд. Махсусан, ба хонандагони камҷуръат бештар диққат бояд дод. Азбаски ин машғулиятҳо то андозае тарҳи такрорӣ доранд ва мавзуъ барои ҳамаи бачаҳо шинос аст, хонандагони сустхону беҷуръат ҳам метавонанд фаъолона иштирок намоянд.

Барои самаранок гузаронидани машғулиятҳои ҷамъбастӣ омӯзгор

7-8 саволе пешниҳод мекунад, ки онҳо тамоми мавзуъҳои боби гузаштаро фаро мегирад. Илова бар ин, ҳамаи расм ва дигар воситаҳои аёнӣ, ки пештар дар вақти хониши ҳамин боб (боби ҷамъбастшаванда) ба кор рафта буданд, оварда ва ба тахтаи синф овехта мешавад. Ин имконият медиҳад, ки ҳар як хонанда маводи гузаштаро боз ҳам хубтар ба хотир биёрад ва дар бораи онҳо муҳокима ронад.

Кӯдак дар натиҷаи фаъолиятҳои амалӣ, асроркушоӣ шавқи маърифатҷӯйии худро ташаккул медиҳад. Дар заминаи шавқи ковиш ва ҷустуҷӯҳои нахустини дониш, тафаккури кӯдак ба ҳаракат медарояд, дар кӯдак тадриҷан азму майли ҳарчи бештар «кашф» кардан, амиқтар фурӯ рафтан ба асрори ашё, ҳидисаву воқеаҳои табиат, олами ҳастӣ ва асрори фанни таълимӣ рушд мекунад. Аз ковиш ва ҷустуҷӯҳо кӯдакон илҳом гирифта, аз пайи аз худ намудани донишҳои амиқ ва фаъолияти минбаъдаи донишандӯзӣ мешаванд. Ин ҷустуҷӯҳо кӯдаконро зина ба зина ба фатҳи куллаҳои баландтари илму дониш ҳидоят мекунанд.

Мақсади таълими «Забони модарӣ» дар синфҳои ибтидоӣ баробари хондан, навиштан ва аз ёд кардан, инчунин, рушди тафаккур, тафаккури бедор, мустақилият ва эҷодкорӣ мебошад. Дар ин силсилаи мақсадҳо, рушди тафаккур бояд пешбаранда бошад, чунки фаъолиятҳои инсонро маҳз фикри солиму тавоно раҳнамоӣ ва идора мекунад. Яъне доноӣ ва гироии фикр инсонро тавонманду босалоҳият мекунад, на чизи дигар…

Дар раванди таълими забони модарӣ чунин вазифаҳо ҳатмист: рушди ҳавасмандӣ ва маърифатҷӯйӣ, шавқ ва малакаҳои фаъолияти мақсадноки фикрӣ, қобилияти инфиродии шахсият, ташаккули қобилияти донишандӯзӣ. Ҳалли ин вазифаҳо барои рушди ақлӣ ва фикрии кӯдакони синни хурди мактабӣ чун обу ҳаво зарур аст. Дар иҷрои ин вазифаҳо рушди маърифатҷӯйӣ ва қобилияти фардии кӯдакон мақоми ҳалкунанда дорад.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» омадааст:

«Дар хонандагони хурдсол тарбия кардани мустақилият, ташаббускорӣ, фаъолнокӣ талаби замони муосир мебошад».

Аз ин рӯ, технологияи раванди таълим мунтазам такмил дода шавад, ба ҷараён ва тарзи усулҳои ҳалли вазифаҳои таълимӣ навгониҳо ворид карда шаванд, то ки хонандагон донишҳоро на ба таври тайёру безаҳмат, балки бо ёрӣ ва раҳнамоии омӯзгор, вале мустақилона, ба таври ковиш, чустуҷӯ бартараф карда, мушкилот ва дигар воситаҳои ба фаъолияти мустақилона шиддатбахшанда аз худ кунанд.

И.Я.Лернер чунин меҳисобад, ки дар асоси усули проблемавии таълим «мақсадҳои дидактикии сифатҳои маънавию маърифатии хонандагони хурдсолро ба воситаи фаъолкунии фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ бедор намоянд».

Гурӯҳбандии андешаҳои олимон И.Я.Лернер ва М.Н.Скаткин диққатро бештар ҷалб менамояд. Онҳо ба ин масъала машғул шуда, бештар фаъолонидани амалияи маърифатҷӯйии хонандагонро ба назар гирифтаанд. Мувофиқи ақидаи И.Я.Лернер ва М.Н. Скаткин, методҳои таълимро ҳамчун воситаи ташкили фаъолияти маърифатҷӯии хонандагон фаҳмидан лозим аст. Аз ҳамин нуқтаи назар онҳо методҳои зеринро номбар кардаанд:

  1. шарҳу намоишдиҳӣ;

  2. таълими проблемавӣ, ки хонандагон дар ҳалли масъалаи гузошташуда фаъолона иштирок менамоянд;

  3. таҳқиқотӣ, ки масъала аз тарафи хонандагон ҳал карда шуда, омӯзгор ҳамчун шахси ташкилотчӣ ва роҳбар баромад менамояд.

  4. ҷустуҷӯ, аниқтараш нимтаҳқиқотӣ, ки ба хонандагон нисбатан дастрас мебошад ва дар як қисм корҳо, аз ҷумла, гузоштани қоидаҳои мушоҳида, ҳалли вазифаҳои мантиқӣ ва ғайра иштирок менамоянд.

Ин тарзи ба гурӯҳҳо ҷудо кардани методҳои таълим ҳам нодуруст аст ва ба талаботи дидактика ҷавоб дода наметавонанд, пайдарҳамӣ ба чашм намерасад. Вақте ки ба таърихи масъала назар мекунем, мебинем, ки методҳоро баъзан аз рӯйи кори мустақилонаи хонандагон ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мекунанд:

- Вазифаҳои таълим (зинаҳои ҷараёни таълим);

- Методҳои таълим.

I. Аз тарафи хонандагон омӯхтани дониш

1. Тайёрии хонандагон ба шунидани нақли омӯзгор.

2. Аз тарафи омӯзгор баён намудани дониш.

3. Мустаҳкам намудани маводи омӯхташуда тавассути мисолҳои худ.

4. Аз тарафи хонандагон гирифтани донише, ки омӯзгор пешакӣ баён накардааст.

II. Ташаккули маҳорат ва малака.

III. Истифодаи дониш дар амал.

IV. Мустаҳкам намудани дониш, маҳорат ва малакаҳо. V. Санҷиши дониш, маҳорат ва малакаҳо. Мушоҳидаҳои пешакӣ, хониши пешакии маводи дарс.

Ташаккули шавқи маърифатҷӯйӣ ва донишандӯзии хонандагон дар раванди омӯхтани асосҳои илм, ки дар он маҷмуи таҷрибаи бисёрсолаи башарият инъикос ёфтааст, яке аз вазифаҳои муҳимтарини МТМУ ба шумор меравад. Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, пеш аз ҳама, бояд ба хонандагон омӯхтанро омӯзад, шароитеро фароҳам оварад, ки барои аз худ кардани асосҳои илм, ташаккули шавқи маърифатҷӯйӣ ва барои ба фикр фурӯ рафтан мусоид бошад. Омӯзгор касест, ки шавқу рағбати хонандагонро ба таҳлил афзуда, дар онҳо фикр карданро меомӯзонад.

Рушди шавқу маърифатҷӯйии хонандагон аксаран ба маҳорати касбии омӯзгор, ба тайёрии методии ӯ вобаста аст. Мувофиқи махсусияти ҳар як фан тадбирҳои методӣ, роҳу усулҳои бедоркунандаи шавқ, технологияи вусъатбахшандаи фаъолияти маърифатӣ ҳам мутафовит ва муҳим аст. Баробари ин омилҳо ва шароитҳои умумипедагогӣ, аз ҷумла, муҳтавои таълим, раванди фаъолиятҳои маърифатҷӯйии хонандагон низ ба ташаккули шавқи маърифатҷӯйии онҳо мусоидат мекунад.

Барои ташаккули шавқи маърифатҷӯйии кӯдакони синни хурди мактабӣ, ба назар гирифтани душворӣ ва содагии матну супоришҳои фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳн дар синфҳои ибтидоӣ барои аълохонҳо, аълохонҳою хубхонҳо, хубхонҳою миёнахонҳо зарур аст, то ки сатҳи донишандӯзии хонандагонро хуб омӯхта, шавқ ва рағбати онҳоро ба кунҷкобӣ ва доништалабӣ бедор созем. Гузаштани шавқ аз як марҳилаи инкишоф ба марҳилаи минбаъда маънои аз байн рафтани аввалиро надорад. Ҳар дуи онҳо боқӣ мемонанд ва баробари шаклҳои нави пайдошуда амал мекунанд.

Шавқи омӯзиш махсусияти худро дорад, ки аз дигар намудҳои шавқи маърифатҷӯйӣ фарқ мекунад. Ташаккули шавқи маърифатҷӯйии хонандагон ҳанӯз аз оғози таълим дар муассисаи таълимӣ шуруъ мешавад. Танҳо баъди пайдоиши шавқ ба натиҷаҳои заҳмати омӯзиши худ дар кӯдакони синни хурди мактабӣ оид ба мазмуни фаъолияти таълимӣ ва зарурати азхуд кардани донишҳо тадриҷан шавқ ва талабот ба шавқи таълимӣ ташаккул ёфтан мегирад.

Дар ин замина дар хонандагони хурдсол метавонад мақсаднокӣ ё сабабнокии омӯзиш ташаккул ёбад. Омӯзгор бояд дар кӯдак ҳама гуна сабабмандии омӯзишро тарбия кунад, ки дониш на танҳо барои шахсияти ӯ, балки барои ҳаёти ҷамъиятӣ ҳам арзишманд хоҳад буд ва хонанда фаҳмад, ки заҳмати ӯ дорои аҳаммияти иҷтимоӣ низ мебошад.

Омӯзиш ва таҷрибаҳо исбот кардаанд, ки шавқи маърифатҷӯйӣ ҳамчун яке аз мақсадҳои омӯзиш нисбат ба дигар мақсадҳо як қатор бартариҳо дорад:

- хонандагон онро аз дигар мақсадҳо тезтар мефаҳманд;

- нисбат ба дигар мақсадҳо аҳаммияти омӯзишро аниқтару возеҳтар ифода мекунад ва фаҳмотар аст;

- барои мушоҳида дастрас аст;

- аз шавқи одӣ дида барои шахсият арзишмандатар аст;

- аз рукни низоми мақсадҳобуда, бо дигар мақсадҳое, ки хонандабарояшон талош мекунад, ҳамбастагии ногусастанӣ дорад;

- дар ҳолати ташкили бомақсади фаъолият шавқи маърифатҷӯйӣ метавонад ба сифати устувори шахсияти кӯдакон табдил ёбад ва ба инкишофи онҳо таъсири амиқ расонад. Хонандагонеро, ки шавқмандӣ ва омӯзиш сифати устувори шахсиашон шудааст, кунҷков, ташнаи дониш низ меноманд. Онҳо ба иҷрои ҳама гуна супориш эҷодкорона муносибат мекунанд, дар ҳалли масалаҳои маърифатӣ ва муаммоҳо роҳу тадбирҳои худро меҷӯянд;

- шавқи маърифатҷӯйӣ метавонад ҳамчун воситаи арзишманди таълим зуҳур намояд. Он на танҳо ба раванди маърифат, балки ба натиҷаи он нигаронида мешавад, ки ҳамеша барои ба мақсад расидан талоши хонандагонро дар назар дошта, ба кӯшиши бошиддати ӯ вобаста аст.

- маълум мешавад, ки шавқи маърифатҷӯйӣ ба ҳама хислатҳои муҳимтарини шахсият ҳамгиро ва дар робитаи ҳамешагӣ қарор дошта, яклухт амал мекунад. Ба ин маъно маърифатҷӯйӣ метавонад ҳамчун мақсад ва воситаи таълим, ҳамчун сабаби омӯзиш зуҳур намояд ва дар натиҷаи анҷом додани тадбир ва технологияи муайяни мақсаднок ба сифати устувории шахсият табдил ёбад ва роҳи донишандӯзии ояндаи кӯдак, наврас ва навҷавонро мунаввар созад.

Омӯзгор дар нақшаи дарсӣ супоришҳоро барои аълохонҳо, хубхонҳо ва миёнахонҳо тахия карда, дар раванди дарс ин супоришҳоро амалӣ месозад. Фаъолияти мустақилонаро хонандагон метавонанд, инфиродӣ, ҷуфтӣ ва гурӯҳӣ иҷро намоянд. Дар китобҳои дарсии забони модарии синфҳои ибтидоӣ рамзи кори ҷуфтӣ ва гурӯҳӣ тасвир ёфтааст.

Омӯзгорон кори мустақилона месупоранд, лекин вақти иҷрои кори мустақилонаро муайян намекунанд. Барои иҷрои кори мустақилона ҳатман вақти муайян (5-7 дақиқа) додан лозим аст. Дар раванди дарс омӯзгор ва хонанда баробарҳуқуқанд.

Омӯзгор бо вуҷуди бо гурӯҳ кор кардан фаъолияти таълимиро барои инкишофи қобилияти шахсии хонанда ба роҳ монда, барои рушди тафаккури таҳлилӣ ва ақидаи шахсии хонанда шароити мусоид фароҳам меорад. Ҳангоми таҳияи нақшаи дарс дар асоси технологияи таълими ба ташаккули хонанда нигаронидашуда ва татбиқи он омӯзгор бояд хонандаро дар мадди назари аввал гузошта, фаъолияти таълим ва мавқеи шахсии худро ба он мутобиқ созад.

Хонандагон гуногунанд, таҷрибаи ҳаётии онҳо нотакрор буда, қобилиятҳои гуногун доранд. Аз ин лиҳоз, омӯзгор дар марҳалаи банақшагирии раванди таълим бояд таҷрибаи инфиродии хонандагонро донанд ва дар асоси он усул, восита, мавод ва шакли кори мувофиқро интихоб намояд. Таълиме, ки ба ташаккули шахсияти хонанда равона шудааст, бояд таҷрибаи инфиродии хонандаро ба этибор гирифта, ба ӯ барои интихоби восита ва шаклҳои фаъолияти таълимӣ имкон фароҳам оварад. Ҳамзамон, на танҳо натиҷаҳои таълим, балки раванди ба даст овардани ин натиҷаҳо арзёбӣ карда мешавад.

Дар раванди дарси ба ташаккули хонанда нигаронидашуда вазъияти таълимие ба миён оварда мешавад, ки ба хонанда на танҳо донишҳои нав пешниҳод мегардад, балки хусусияти шахсии хонандагон муайян ва ташаккул дода мешавд. Дар чунин дарс ҳавасмандии хонанда ба иҷрои фаъолияти омӯзишӣ зиёд буда, дарс барои хонанда шавқовар, ҷолиб ва самаранок мегардад. Омӯзгор на танҳо шароити мувофиқи эҷодӣ бунёд мекунад, балки ҳамеша ба таҷрибаи инфиродии хонанда, яъне таҷрибаи ҳаётии онҳо такя мекунад. Омӯзгор хусусиятҳои шахсии ҳар як хонандаро дарк ва қадр мекунад.

пешина
аз 32
навбатӣ