АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.
Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа
Фаъолияти мустақилонаи хонандагон аҳаммияти ташаккул- диҳандагӣ ва тарбиявӣ дошта, намудҳои гуногун дорад. Омӯзгор бояд дар интихоби ин намудҳо эҷодкорона рафтор намуда, онро вобаста ба мақсади таълим ва мазмуни мавзуъ интихоб намояд.
Дар таълими забони модарӣ оид ба чунин лаҳзаҳо фаъолияти мустақилонаро ташкил кардан мумкин аст: қоидаҳои грамматика, хониш, инкишофи нутқ, хат, (баёни хаттии фикр ва иҷрои хаттии машқҳои гуногун) имло. Ҳамаи ин корҳо аз давраи тоалифбо сар шуда, баробар ва бо навбат, дар вақтҳои муайян ва зарурӣ гузаронда мешаванд.
1. Фаъолияти мустақилонаи хонандагон дар давраи то алифбо
Мақсади асосии таълими ин давра инкишоф додани нутқи хонандагон мебошад. Дар ин давра ба хонандагони синфи I бештар нақли шифоҳии мазмуни расмҳои китоби “Алифбо”, мустақилона тамошо кардани расмҳо ва ҳикоя кардани мазмуни сурат ва иҷрои дигар корҳои мустақилона супурда мешавад.
1. Фаъолияти мустақилона дар давраҳои алифбо ва пас аз алифбо
Намудҳои асосии фаъолияти мустақилонаи хонандагон дар давраи алифбо инҳоянд: хондани китоби “Алифбо”, аз алифбои бурида тартиб додани калимаҳо, ҷудо кардани калима ба ҳиҷо ва аз ҳиҷоҳо ба овозҳо- ҳарфҳо ва боз аз ҳарфҳо ҳиҷо ва аз ҳиҷоҳо калима тартиб додан; аз ҳарфҳои бурида тартиб додани калима ва ҷумла; ба зери суратҳои намоиш додашуда аз алифбои бурида ном гузоштан (хона, чана, гул, мактаб ва монанди инҳо), пурра кардани ҳиҷоҳои калимае, ки ба зери суратҳо навишта шудаанд. Масалан: хо...(на); мак...(таб); ки...(тоб); мо...(дар) па... (дар). Минбаъд фаъолияти мустақилонаи хонандагон мураккабтар шудан мегирад. Масалан, хонандагони синфи I баъди ба хондани “Алифбо” шуруъ кардан аз матни хондашуда ба зери расм мазмуни умумии онро бо ҷумла ифода мекунанд. Мисол: Бачагон ба саёҳат баромаданд. Гулҳо шукуфтанд. Нодира гул мечинад.
Ғайр аз ин, хонандагон боз чунин фаъолиятҳои мустақилонаро иҷро мекунанд: тибқи калимаҳои пешниҳодшуда ҷумла тартиб медиҳанд, мазмуни расмро худашон фикр карда, онро бо ҷумла ифода карда, бо алифбои бурида менависанд ва ғайра. Дар синфи I аз рӯйи расм тартиб додани ҳикоя (шифоҳӣ ва хаттӣ) низ машқ карда мешавад.
Дар синфи I, пеш аз хониш, омӯзгор дар тахта калимаҳои номафҳуми матнро бо эзоҳашон менависад ва ба хонандагон мефармояд, ки ин калимаҳоро мустақилона тавассути алифбои бурида тартиб диҳанд. Иҷрои ин амал ба хонандагон рӯҳу илҳоми нав бахшида, имконият медиҳад, ки бо ин калимаҳо пешакӣ шинос шуда, дар вақти хондан бе ҳеҷ мушкилӣ ва эзоҳи иловагӣ мазмуни матнро фаҳмида гиранд. Баъд аз хониши эзоҳӣ барои мустаҳкам кардани мазмуни матн ва инкишофи тафаккур ва нутқи шифоҳию хаттии хонандагон ба онҳо кори мустақилона супорида мешавад. Оид ба матни хондашуда чунин корҳои мустақидона супурдан мумкин аст: фикр кардани ҷавоб ба саволҳо
(барои ҷавоби шифоҳӣ), ба саволҳо ҷавоб навиштан, ба қисмҳо ҷудо кардани ҳикоя, ба қисмҳои ҳикоя сарлавҳа гузоштан, сарлавҳаеро, ки омӯзгор тайёр кардааст, ба қисмҳои ҳикоя гузоштан, навиштани нақшаи нақли шифоҳии мазмуни матни хондашуда.
Мақсаднок гузаронидани чунин фаъолияти мустақилона ҷанбаи ҳавасмандгардонии хонандагонро нисбат ба фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ дучанд гардонида, онҳоро дар иҷрои кори мустақилона, бахусус, машқҳои гуногун оид ба инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ фаъол мегардонад.
Аёнияти матнҳои таълимӣ ва намудҳои фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ, ки ба дастрасии омӯзиши маводи таълимӣ мусоидат мекунанд, дар китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ хеле фаровон оварда шудааст.
Масалан, дар китоби дарсии “Забони модарӣ барои синфи1” супориш ва бозиҳои зиёде оварда шудааст, ки ҳар яки он аз хонанда мустақилона амал карданро талаб мекунад. Масалан, “Забони модарӣ барои синфи 1”
Калимаҳо барои баромадан ба зина: намакдон, дарвоза, чангкашак, тиреза, хона,нон, яхдон, об
Аз рўйи намуна номи зарфҳоро ёбед ва нависед: коғаз-ғаз=ко+са коғаз - ғаз = ко + са = коса сабук - бук = са + бад = табар - бар = та + бақ = яхмос - мос = ях + дон =
Ба ҳарфҳои калимаи СИТОРА калимаи нав пайдо кунед.
С И Т О Р А
А Н О С А С
Л С Ҷ М Д К
О О И О И А
М Н К Н О Р
Чунончи: Супориш: Мустақилона фаъолият намуда, ба саволҳо ҷавоб диҳед:
1. Номи падари Диловар чӣ будааст?
2. Номи падари Умедҷон чӣ?
3. Номи дугонаи Нигина чӣ?
Ҷавоби хонанда:
Номи падари Диловар Муҳаммадҷон будааст. Номи падари
Умедҷон Фаридун будааст. Номи дугонаи Нигина Мунисаҷон будааст.
Роҳбарии бевоситаи омӯзгор дар фаъолияти мустақилонаи омӯзишии хонандагон ва оид ба иҷро намудани супоришҳо зарур аст.
Омӯзгор пеш аз пешниҳоди фаъолияти мустақиилона, бояд худаш мақсад ва тарзи иҷрои вазифаро ба хонандагон дуруст фаҳмонад.
1. Бозиҳои фонетикӣ. Ин намуди бозиҳо бо мақсади дар хонандагон тарбия намудани маҳорат ва малакаҳои дурусти талаффузи овозҳо, ҷудо намудани овозҳои зарурӣ дар ҳиҷоҳо ва калимаҳо аз ҷиҳати оҳанг гузаронида шуда, шаклу намудҳои зиёде дорад:
Масалан, “Ҳарфҳои пошхӯрда». Омӯзгор дар як варақи коғаз бо ҳарфҳои калон-калон калимаеро менависад, вале онро ба хонандагон нишон намедиҳад. Баъд аз он калимаро бо қайчӣ бурида ба ҳарфҳои алоҳида ҷудо менамояд ва мегӯяд: «Ман калимае доштам, аммо вай пош хӯрд» Омӯзгор ҳарфҳоро нишон дода, онҳоро дар рӯйи миз пош медиҳад.
Супориш: Кӣ тезтар аз ин ҳарфҳо калима месозад. Хонандагон аз ҳарфҳои пошхӯрда 2 ё 3 калима месозанд. Калимае дуруст ҳисобида мешавад, ки ҳамаи ҳарфҳои пошхӯрда дар он истифода шуда бошад.
«Охири калима гум шудааст». Омӯзгор дар коғаз калимаеро менависад, онро ба ду ҳиҷо ҷудо намуда, аз байн бо қайчӣ мебурад ва ҳиҷои аввалро ба хонандагон нишон дода, эълон мекунад: «Ман калимае навиштам, ки номи як ашё аст. Ин ҳиҷои якум аст, ҳиҷои дуюм гум шудааст. Калимаро пурра кунед ва нависед. Ғолиб ҳамон касест, ки аввалин шуда супоришро иҷро мекунад.
«Бо тартиби алифбо навиштани ҳарфҳо»
Хонандагонро ба 3 гурӯҳ баробар тақсим менамоем. Тахтаи синфро ба се қисм тақсим карда, дар ҳар қисмат даҳтогӣ ҳарфҳоро пасу пеш менависем.
- и, ж, а, г, з, ё, е, б, в, п.
(а,б,в,г,е,ё,з,ж,и,п)
- ӣ, м, л, к, н, т, о, п, р,с.
(ӣ,к,л,м,н,о,п,р,с,т)
- у, х, ф, ш, ч, ъ, э, ю, я, ғ
(ғ,у,ф,х,ч,ш,ъ,э,ю,я)
Супориш: а) кадом қатор ҳарфҳоро тезтар ва бо тартиб менависад? б) ҳарфҳои боқимондаро кӣ номбар мекунад? Эзоҳ: Агар аз ҳар қатор яккасӣ пайи ҳам ба тахтаи синф баромада, як ё ду ҳарфро (вобаста ба шумораи хонандагон) бо тартиб нависанд, бозӣ боз ҳам шавқовар мегузарад.
«Бо тартиби алифбо навиштани калимаҳо» а) Дар тахтаи синф дар 3 қатор калимаҳои гуногунро навишта, ба шогирдон мегӯем, ки онҳоро дар дафтари корӣ аз рӯйи тартиби алифбо нависанд (тартиби ҳарфҳо дар алифбо: а, б, в, г, ғ, е, ё, з, ж, и, п, ӣ, к, қ, л, м, н, о, п, р, с, т, у, ф, х, ҳ, ч, ҷ, ш, ъ, э, ю, я).
Бародар китоб Мирзо некӣ модар шона қалам сулҳ ҷаҳон б) Метавон дар сутуни якум номи се намуди гул, дар сутуни дуюм номи се ҳайвони хонагӣ ва дар сутуни сеюм номи се ҳайвони ваҳширо навишт. Тартиби кор чун бозии боло сурат мегирад. сияҳгӯш гӯсфанд гург наргис саг хирс лола асп паланг
Барои чунин навъи бозӣ, монанди намудҳои нақлиёт, парандагон, дарандагон, хазандагон, ҳашарот, меваҷот, сабзавот, рангҳо ва амсоли инҳоро метавон интихоб кард. Ё ин ки супориши дигаре метавон пешниҳод кард, ки бо номҳои умумӣ- кӣ бештар калимаҳои мувофиқ ёфта, тибқи алифбо ҷо ба ҷо мегузорад.
1. Гулҳо 1. Дарахтони мева
2. Ҳайвоноти хонагӣ 2. Дарахтони бемева
3. Ҳайвоноти ваҳшӣ 3. Ғалладона
1. Зарф
2. Асбобҳои хониш
3. Парандагон в) вобаста ба шумораи хонандагон аз ҳар як гурӯҳ, якнафарӣ ба тахтаи синф даъват карда мешаванд. Шогирдони гурӯҳи якум номи гулҳоро, гурӯҳи дуюм номи ҳайвонот ва гурӯҳи сеюм номи ҳашаротро менависанд. Вақте ки аҳли синф яктогӣ мисол навиштанд, ба онҳо супориш додан даркор аст, ки аз рӯйи тартиби ҳарфҳои алифбо ба онҳо рақам гузоранд:
1. лола, наргис, садбарг, сияҳгӯш…..
2. асп, буз, гӯсфанд, саг…….
3. занбӯр, кайк, мӯрча, хомӯшак……..
Агар дар дарсҳои забони модарӣ омӯзгор аз бозиҳои зерини дидактикӣ истифода намоянд, ба ташаккули ҷаҳони ақлию зеҳнии хонандагон мусоидат мекунад:
«Овозҳои садонок ва ҳамсадо» а) ба шогирдони гурӯҳҳои якуму дуюм супориш медиҳем, ки ҳар кадомашон панҷтоӣ калима нависанд, ки бо садонок сар шаванд ва гурӯҳи сеюм калимаҳое нависанд, ки бо ҳамсадо сар шаванд. б) баръакс супориш медиҳем, ки панҷтогӣ калима нависанд, ки бо садонок ва ҳамсадо ба итмом расад.
Дар синфи II иҷрои амали мустақилонаи хонандагон каме мураккабтар шуда, онҳо дар бораи аз рӯйи сурат тартиб додани ҳикоя
(шифоҳӣ ва хаттӣ) малака ва маҳорати худро рушд медиҳанд.
Омӯзгор мумкин аст, ҳикояи шифоҳӣ тартиб додашударо ба тахта нависад ва баъзе калимаҳо ё ҷумлаҳоро нонавишта, ба ҷойи онҳо чанд нуқта гузорад, хонандагон дар вақти навиштани ҳикоя ҷойҳои партофташударо пурра намуда, ба дафтар навишта мегиранд. Масалан:
Супориш: Ҷумлаҳоро хонед ва ба ҷойҳои холӣ калимаи мувофиқ гузоред
1. Ҳисор яке аз водиҳои зебоманзари . . . мебошад.
2. Он ба пойтахти Ватанмон- шаҳри . . . наздик аст.
3. Боре ҳамроҳи . . . ба Ҳисор, ба деҳаи . . .сафар кардам. (калимаҳо барои истифода: Душанбе, падарам,Тоҷикистон,
Лолагӣ.)
Хонандагони синфи II бо калимаҳои ифодакунандаи исм, номи ашё шинос шуда, мустақилона аз матнҳо ин калимаҳоро пайдо карда, ба онҳо савол мегузоранд, ба зерашон хат мекашанд, ба дафтар навишта мегиранд; баъдтар калимаҳоеро, ки аломати ашёро ифода мекунанд, бо калимаҳои ифодакунандаи номи ашё ҳо ба воситаи бандаки изофии “и” пайваст намуда, ибора месозанд: гули сурх, хонаи васеъ, китоби нав ...
Баъдтар, бо калимаҳои амали онҳоро ифодакунанда ҷумла месозанд:
“Шариф китоби нав харид. Раҳим гули сурх овард. Хонаи мо васеъ мебошад.” ва ғайра.
Вазифаҳои фаъолияти мустақилонаи хонандагони синфҳои III-IV чунин аст: -бачагон на танҳо мазмуни чизи хондашударо бояд нақл кунанд, балки ба рафтору кирдори қаҳрамонҳои асар низ баҳо дода тавонанд; -аз матни хондаашон ба саволҳои додашуда ҷавобҳои мувофиқ ёбанд; -қисмҳои асарро аз ҳамдигар фарқ карда, ба онҳо саволҳои мувофиқ гузоранд.
Фаъолияти мустақилонаи хонандагони синфҳои III-IV дар дарсҳои забони модарӣ ба се гурӯҳи асосӣ тақсим мешавад: 1) хомӯшона такроран хондан ва ба нақли даҳанакӣ тайёр шудан; 2) шарҳи луғат; 3) корҳои хаттӣ оид ба матни хондашуда.
Дар вақти такроран хондан омӯзгор чунин вазифа месупорад: - матни хондашударо (аз рӯйи саволҳо ва аз рӯйи нақша) нақл кардан; - асарро ба қисмҳо ҷудо карда, ба ҳар қисм сарлавҳа гузоштан; -аз матн мувофиқи саволҳои додашуда ҷиҳатҳои асосии (фалон) қаҳрамонҳоро муайян кардан; ва ғайра. Масалан, кор бо матни “Шоколади талх”
Забони модарӣ барои синфи 4:
Ба саволҳо ҷавоб гардонед:
1. Оё рафтори Асад дуруст буд? 2. Ин воқеа дар куҷо рух дод?
3. Онҳо барои чӣ ба мағоза рафтанд?
4. Ба мағоза рафтанро кӣ таклиф кард?
5. Чаро Умед ба таклифи Асад розӣ шуд?
6. Шумо розӣ мешудед? Барои чӣ?
Мушкилот:
Ҷӯра ё дугонаатон таклиф намуд, ки бо ӯ ба мағоза ё бозор равед.
Агар шумо розӣ нестед, чӣ кор бояд кард, ки ӯ наранҷад?
Ба қисмҳо чудо кардани ҳикоя: 1. “Шоколади талх”; 2. “Дар мағоза”; 3. “Пушаймонӣ”.
Дар синфҳои III-IV таҳлили грамматикӣ ҳамчун кори мустақилона ба таври васеъ истифода мешавад. Хонандагон дар ин синфҳо ҳам бо таҳлили синтаксисӣ ва ҳам бо таҳлили морфологӣ машғул мешаванд.
Дар ин синфҳо таҳлили морфологӣ ҷойи муҳимро ишғол мекунад.
Намудҳои кори мустақилона дар ин синфҳо гуногун аст. Масалан, оид ба таҳлили морфологии калимаҳо омӯзгор ба хонандагон ҷадвалҳои гуногун пешниҳод мекунад. Хонандагон вазифаро дар асоси ин ҷадвалҳо мустақилона иҷро мекунанд:
Забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ бо мақсади иҷрои машқҳо ва ба хотири рушди зеҳнию нутқии хонандагон бобҳои ҷудогонаи таълими савод ва инкишофи нутқ, хониш ва инкишофи нутқ, грамматика, имло ва инкишофи нутқро дар бар мегирад. Ҳар яки ин бобҳо вазифа ва мазмуни муайян дошта, аҳаммияти калони таълимию тарбиявӣ доранд.
Хонандагон дар синфҳои ибтидоӣ доир ба грамматика ва имло маълумоти муайян гирифта, доир ба гӯш кардан (шунидан), гуфтан, хондан ва навиштан маҳорату малака пайдо менамоянд. Дар натиҷаи омӯхтани маводи грамматикӣ-имлоӣ бачагон бо унсурҳои асосии забон
(овоз, калима, ҷумла) муносибати бошуурона намуда, фикрашонро бо забони адабӣ баён мекунанд. Дар раванди таълими маводи грамматика ва имло шавқу рағбати бачаҳо ба омӯзиши забони модариашон меафзояд. Иҷрои фаъолиятҳои амалӣ бошад, хонандагонро ба ҳаёти мустақилона ҳидоят мекунад. Аҳаммияти амалии таълими грамматика ва имло дар он аст, ки бачаҳо соҳиби нутқи шифоҳию хаттии дуруст гардида, ба ҳодисаҳои забон аз нуқтаи назари фаҳмиши мантиқ назар мекунанд ва маълумоти гирифтаашонро дар амал татбиқ карда метавонистагӣ мешаванд. Ин амалҳо танҳо дар натиҷаи алоқаи назария бо амалия имконпазир мегардад. Дар акси ҳол мумкин аст, хонандагон назарияи забон – грамматикаро ба хубӣ омӯзанд, вале мақсадашонро шифоҳию хаттӣ мувофиқи меъёрҳои забони адабӣ баён карда натавонанд.
Ин вазъият дар таълими имло мушоҳида мешавад.
“Хати босаводона навишташуда малака бошад ҳам, вай ба баъзе маълумоти грамматикӣ такя менамояд. Вазифа на аз он иборат аст, ки бача гӯяду нависад, балки он аст, ки дуруст гӯяду бехато нависад, тарзи ифодаи фикрашро идора карда тавонад”.
Мазмуни таҳсилоти мактабӣ гуфта, доираи муайяни дониш, маҳорат ва малакаҳоро меномем, ки дар рушди ҳаматарафаи хонандагон ва дар ташаккули чаҳонбинии материалистии онҳо ҳамчун асос хизмат мекунад. Дар замони муосир, ки илму техника босуръат пеш рафта истодааст, нақши донишҳои чуқуру ҳаматарафа меафзояд. Дар асоси ҳамин донишҳо ҷаҳонфаҳмии хонандагон ташаккул ёфта, қувваи маърифатҷӯйии онҳо инкишоф меёбад.
Мазмуни таҳсилоти мактабӣ дар ҳар гуна ҷамъият ба мақсади томи тарбия вобаста буда, ифодаи аниқи он (тарбия) мебошад. Агар дар мақсади тарбия тағйироте ба амал ояд, ҳамоно дар мазмуни таҳсилот ҳам дигаргуние мушоҳида карда мешавад.
Дар муассисаи таълимӣ байни тарбия ва мазмуни таҳсилот алоқаи ҷудонашаванда мавҷуд аст. Ҳамин, ки хонанда ба мактаб қадам гузошт, ҷанбаи талаботию ҳавасмандӣ нисбат ба фаъолияти мустақилона дар ӯ пайдо шуда, барои аз худ намудани тартиби муайяни дониш, пайдо шудани ҷаҳонфаҳмии ибтидоӣ шароит муҳайё карда мешавад. Дар ҳама давру замон дарёфти фазои мусоид барои фаъолияти якҷояи устод ва шогирд дар ташаккули фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ба хотири рушди зеҳн ва нутқ аҳаммияти калидӣ дошта, ба шогирд имконият медиҳад, ки ба ҳақиқати воқеии муносибатҳои байнишахсӣ ворид шавад.
Аз назари мо, сабаби сатҳи пасти инкишофи тафаккури мантиқии хонандагон ба фаъолияти мустқилонаи онҳо кам аҳаммият додани омӯзгорон мебошад. Ҳангоми кор бо маводи методӣ бисёре аз устодон барои муайян кардани сатҳи дониши шогирдон муносибати эмперикӣ карда (рӯякӣ санҷидану баҳо додан ба воқеаҳо) аз усулҳои фаъол (аз усулҳои таълими ҳамҷоя) кам истифода мебаранд. Ҳол он ки мавзуъ ва мазмуни маводи таълимии китоби дарсии забони модарӣ (синфҳои 1-4) дар ҳалли вазифаҳо оид ба азхудкунии донишҳо, маҳоратҳо, истеъдодҳо ва ташаккули фаъолияти мустақилонаи хонандагон мусоидат мекунад.
Аммо масъалаи ташаккули фаъолияти мустақилонаи хонандагон, пеш аз ҳама, ба муносибати устод ва шогирд, инчунин, самаранок ташкил намудани ҷараёни таълиму тарбия ва ҳалли масъалаю вазифаҳои ҳалталаби пешбинишуда сахт вобаста аст.
Мазмуни фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ, ки ба рушди зеҳнию нутқии хонандагони синфҳои ибтидоӣ мусоидат мекунад, дар ҷараёни таълим ва иҷрои фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ бевосита устод ва шогирдро ба доираи ҳамкорӣ мепайвандад. Масалан, ҳангоми фаъолияти таълимӣ ташкил ва гузаронидани бозиҳои таълимӣ ба устодон имконият медиҳад, ки мавқеи навро аз худ кунанд, ба сатҳи нав бароянд. Аз муқаррароти анъанавии «ман аз болои шумо» фазои бозиҳо ба устод имконият медиҳад, ки ба сатҳи нав – «ман ҳамроҳ бо шумо» гузарад. Мазмуни фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ тавассути бозӣ ба доираи фаъолияти якҷояи устоду шогирд мубаддал мегардад: Муаллифи бозӣ ҳамчун қоида омӯзгор аст ва ғанӣ гардонидани мазмуни бозӣ ба эҷоди хонанда вобаста аст. Ҳамин тавр, сатҳи нави фаъолияти донишандӯзии хонандагон пайдо мешавад, ки он на танҳо эҷодиёт, балки ба фаъолияти якҷояи устод ва шогирд, инчунин, фазои мусоидро барои азхудкунии мазмуни фанни таълимӣ фароҳам оварда, ба ҳалли масъалаҳои муносибатҳои байнишахсӣ мусоидат мекунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё