Зеҳн
АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.

Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа

Маориф
Аз аввал хондан

Дар чаҳорчӯбаи таълимоти технологии Б.Блум дар соли 1 якумин таснифоти мақсадҳои педагогӣ сохта шуда буд.

Б. Блум шаш сатҳи инкишофи маҳаратҳоро ҷудо кардааст: дониш, фаҳмиш, истифодабарӣ, ташхис, якҷоякунӣ ва баҳогузорӣ. Ҳар як сатҳи оянда ташаккули омўзиши пешравиро талаб мекунад. Бар замми ин мумкин аст, ки сарҳади муайяне байни онҳо гузошта шавад, чунки бисёре аз масъалаҳо яку якбора якчанд дараҷаҳою сатҳҳоро воқеӣ мекунад. Лекин ин чунин маъно надорад, ки дар фаъолияти мустақилонаи омӯзишии хонандагон ҳангоми ягон намуди сатҳро воқеӣ кардан, ба таври автоматӣ дигар сатҳҳоро ҳам воқеӣ кунад. Ба таксономияи Блум такя карда, аз натиҷаҳои таҳқиқоти худ метавонем муқаррар кунем, ки омӯзгорони синфхои ибтидоӣ метавонанд ҷараёни таълимро оид ба фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ роҳбарӣ карда, раванди ҳаракатҳои хонандагонро мушоҳида кунанд.

Таксономияи Б.Блум ба омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ имконият медиҳад, ки ба ташаккули технологияи педагогии худ мусоидат кунанд ва метавонад хонандаро ба худтакмилдиҳии дараҷаи баланди донишандӯзӣ водор ва равона созад.

Истифодаи чунин усул дар гурӯҳҳои таҷрибавӣ зимни фаъолияти омӯзгорон дар ҷараёни таълим ва интихоби мазмуни маводи таълимӣ дигаргуниро ба вуҷуд оварда, ба инкишофи сифатҳои маърифатӣ боис мегардад.

Дар шароити ҳозира дар таълими ибтидоӣ роҳҳои дигар низ вуҷуд доранд, ки вобаста ба онҳо гузоришҳои пештара дигаргун ва иваз карда мешаванд, камбудиҳои таълими расмию шифоҳӣ ошкор шудаанд, ки онҳо хусусияти репродуктивии фаъолияти хонандагонро доранд.

Камбудии ҷиддӣ дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ин самт фаъолияти сусти ҷараёни таълим ба азхудкунии фаъолияти донишҳо мебошад.

Нақши омӯзгорро дар ташкили ҷараёни таълиму тарбия бо истифодаи методҳои фаъол, аз ҷумла, кор дар гурӯҳҳо, ки ҳоло камтар дар синфҳои ибтидоии ҷумҳурии истифода мешавад, махсус қайд кардан мумкин аст. Ба таври васеъ истифода бурдан аз гурӯҳҳо ба ташаккули ҳавасмандкунии хонандагнон мусоидат мекунад. Ғайр аз ин, фаъолияти якҷояи онҳо дар гурӯҳҳо хусусияти ҳамкориҳоро байни хонандагон рушд мебахшад.

Ба ақидаи И.М.Чередов, фаъолияти мустақилонаи омӯзишии хонандагон дар гурӯҳҳо ба муқарраршавии ҷараёни таълим мусоидат мекунад, фаъолияти хонандагонро баланд мекунад, сифатҳои фаъолияти мустақилонаро тарбия мекунад, ба хонандагон роҳҳои якҷоя дарёфт кардани донишҳоро меомӯзад, имкон медиҳад, ки байни худ алоқа кунанд, сари вақт ба ёрии якдигар оянд, якҷоя назорат кунанд.

Дар таҷрибаи маърифатии бозиҳо, ки аз тарафи калонсолон барои кӯдакон ташкил карда мешаванд, қоидаҳо вуҷуд доранд. Ба бозиҳои қоидавӣ бозиҳои дидактикӣ, ҳаракатӣ, шавқоварӣ дохил мешаванд.

Асоси онҳоро мазмуни барномавии муайян, вазифаҳои дидактикӣ ва мақсадноки таълим ташкил медиҳанд. Худфаъолиятнокии кӯдакон дар ин ҷо ҳам вуҷуд дорад, лекин вай, асосан, бо роҳбарии омӯзгор дида мешавад. Ҳангоми аз худ кардани таҷрибаи бозӣ, маҳорат ва малакаи бачаҳо инкишоф ёфта, бозиҳоро онҳо мустақилона ташкил мекунанд.

Бозиҳои адабӣ шавқу ҳаваси хонандагонро ба хондан пайдо мекунонад, кӯдакон якҷоя бо аҳли синф вазифаи хонагиро иҷро мекунанд ва ба бозие, ки вазифаю озмунҳои ақлонӣ, эҷодӣ ва ҳаракатиро дар бар мегиранд, ворид мешаванд. Мақсади чунин бозиҳо инкишофи маҳоратҳои фардӣ, азхудкунии маҳоратҳои фаъолияти коллективӣ, ташаккули сифатҳои маърифатӣ аст, ки ба самаранокии фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ равона шудаанд.

2.2. Тарҳи мазмун ва намудҳои фаъолияти мустақилонаи таълимӣ дар рушди зеҳнию нутқии талабагони синфҳои ибтидоӣ

Зеҳн ҳамчун истеъдод (неру) бо ёрии чунин қобилиятҳо ташаккул меёбад ва амалӣ мешавад: фаҳмидан (маърифат), омӯхтан, муқоиса, фикри мантиқӣ, банизомдарории ахбор (дониш), таҳлил ва таснифи он, ёфтани равобит, қонуният ва фарқ дар ашё, ҳодисаю воқеаҳои олам ва ғайра.

Моҳияти омӯзонандагӣ, ташаккулдиҳандагӣ ва тарбиявии матнҳо ва намудҳои фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ яке аз омилҳои асосии инкишофи зеҳну нутқи хонандагон буда, ба ташаккули ҳамаҷонибаи шахс нигаронида мешавад. Омӯзгорон ба хотири рушд бахшидан ба зеҳн ва инкишофи нутқи хонанда дар раванди дарс аз намудҳои гуногуни кори мустақилона: хондан, навиштан, аз рӯйи расм ҷумла тартиб додан, ба саволҳо ҷавоб додан, ҷумлаҳои номураттабро ба тартиб даровардан, ба ҷойи нуқтаҳо калимаҳои мувофиқ гузоштан, навиштани нақл, иншо ва ғайра мақсаднок истифода мебаранд. Бартарии ташкили фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ дар он аст, ки хонанда мустақилона фаъолият намуда, ба ин васила асосҳои илмро ба пуррагӣ аз худ мекунад.

Вазифаи таълимӣ ва тарбиявии забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ хеле муҳим аст. Он бояд ба тарбия, ташаккули шахсияти бачагон, фаъол ва иҷтимоӣ гардидани онҳо таъсир расонад; тафаккури миллӣ ва интиқодиии хонандагонро равнақ бахшида, мустақилона фикр карданро ёд диҳад; мусоидат намояд, ки мактаббачагони хурдсол ҳамаи намудҳои фаъолияти нутқ – нақл кардан, навиштан ва хонданро аз худ кунанд.

Пештар омӯзгорон ба фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагон вақти кам сарф намуда, бештари вақтро ба фаҳмондадиҳӣ сарф мекарданд. Барои ташаббускорӣ, эҷодкорӣ, кунҷкобӣ ва фаъолияти мустақилонаи хонандагонро ривоҷ додан, фазои мусоиди таълимӣ фароҳам намеоранд. Дар натиҷа хонандагон на ҳамчун субъекти фаъол, балки ғайрифаъол дар дарс иштирок карда, имконияти савол додан, пурсидан, баҳс кардан, масъала гузоштан, роҳҳои ҳалро ҷустан ва пешниҳод карданро пайдо карда наметавонистанд.

Таълими ҳамгирои фанни «Забони модарӣ» ва «Хониш» имконияти бештарро барои татбиқи таълими хонандамеҳвар фароҳам овард. Ин усул на танҳо қобилият, сатҳи донишомӯзӣ, ба назар гирифтани хусусиятҳои фардии хонандагон, балки дар як вақт баробар таълим додани хондану навиштанро дар синфҳои ибтидоӣ равнақ бахшид. Ба омӯзгор имкон дод, ки дар раванди дарсҳо ба фаъолияти мустақилонаи хонандагон бештар аҳаммият диҳад.

Фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ба инкишофи зеҳн, хотира ва диққати хонанда равона гардида, ба беҳтаршавии дараҷаи саводнокӣ (донистани қоидаҳои грамматика ва имло), инкишофи нутқи хаттӣ, иҷрои корҳои эҷодӣ, пурра аз худ кардани маводи таълимӣ мусоидат мекунад.

Фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳни хонандагони синфҳои ибтидоиро дар асоси принсипҳое, ки аз ҷониби психологи рус Л.С.Виготский таҳқиқ ва пешниҳод шудаанд, ташкил ва гузаронидан манфиатбахш мебошад.

1. Таҷриба ва дониши заминавии ҳар як хонанда ба назар гирифта шавад.

2. Диққати асосӣ на танҳо ба мазмуни таълим (чиро омӯзонем?), балки ба раванди таълим (чӣ тавр меомӯзем?) равона карда шавад.

Ӯ масъалаи мувофиқати байни таълим ва ташаккули кӯдаконро таҳқиқ карда, ба хулосае омад, ки омӯзиш бояд пештар қадам зада, боиси инкишофи кӯдак гардад. «Кӯдак ҳамон вақт инкишоф меёбад, ки агар малакаҳои навро фаро гирифта, ба таҷриба ва малакаҳои аллакай азхудкардааш зам намояд. Ин кашфиёт номи «минтақаи наздиктарини инкишоф»-ро гирифт ва ба илмҳои педагогикаю равоншиносии ҷаҳонӣ ворид гашт».

Хонанда ҳамчун “зарфи холӣ” шинохта нашавад. Ҳар як хонанда оид ба ин ё он масъала (таҷриба) дониши заминавиро доро буда, қобилияти фаҳмида гирифтан ва сарфаҳм рафтанро дорад. Аз ин лиҳоз, ба эътибор гирифтани ин омил (яъне таҷриба ва дониши заминавии ҳар як хонанда) ва дар асоси он ташкил намудани ҷараёни таълим маҳаки асосии таълиме маҳсуб меёбад, ки ба ташаккули зеҳнию нутқии шахсияти хонанда нигаронида шудааст.

Рушди босуръати илму техника ва технология аз шахси муосир талаб мекунад, ки фаъолияти маърифатӣ, иҷтимоӣ ва касбиашро ба талаботи нав мутобиқ созад. Суръати рушд ба мо барои интиқоли донишҳо имконият намедиҳад, аз ин лиҳоз таълим бояд малака ва маҳоратҳоеро дар хонанда ташаккул диҳад, ки ў мустақилона тартиби фаъолият, ҷамъоварии маълумоти зарурӣ барои ҳалли масъалаҳо, муқоиса,таҳлили ақида ва ахбор иҷрои фаъолият, муайян кардани ғалатҳо ва ислоҳи онҳо, муошрати созанда бо иштирокчиёни дигари равандҳоро ба нақша гирад ва татбик карда тавонад. Вазифаи омӯзгор айни изамон фароҳам овардани имконият ва фазои мусоид барои азхудкунии дониш, малака, маҳорат ва ташаккули стратегия ва механизмҳои гуногун инкишофи қобилияти фардии хонанда мебошад.

Хонандагон бо роҳҳои гуногун, меомӯзанд ва мутаносибан усули гуногуни дарккунӣ доранд. Аз ин рӯ, шахсикунонӣ ва фардикунонии ҷавобҳои хонандагон бояд аз тарафи омӯзгор ва хонандагон дастгирӣ карда шавад. Ҷанбаи ҳавасмандгардонии фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ба қобилияти зеҳнии ҳар як кӯдак вобаста буда, ба эътибор гирифтан ва инкишофи қобилияти зеҳнӣ яке аз унсурҳои асосии таълими ба шахс нигаронидашуда ба шумор меравад.

“Вазифаи омўзгор “додани” дониш набуда,балки бедор кардани шавқи хонанда ба таълим, кушодани имкониятҳои ҳар як хонанда, ташкил кардани фаъолияти маърифатию эҷодии ҳар як хонанда мебошад.”

Фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар дарсҳои забони модарӣ созанда ва ташаккулдиҳанда буда, барои бунёди донишҳои нав нақши муҳим дорад. Яъне, фаъолияти дастаҷамъона ва баррасии натиҷаи кори иҷрокардаи хонанда ва омӯзгор дар хонандагон малакаҳои худбаҳодиҳӣ ва ба ҳамдигар баҳодиҳиро инкишоф дода, имконияти аз сарчашмаҳои илмӣ –методӣ, китобҳои дарсӣ мустақилона омӯхтан ва аз худ кардани донишҳо мебошад.

Инкишофи ҳаматарафаи шахсияти инсон ба нутқи ӯ вобаста мебошад. Аз ин рӯ, вазифаи асосии дарсҳои забони модарӣ аз инкиишоф додани нутқи даҳонии хонандагон, аз он ҷумла нутқи алоқанок иборат аст.

Барои тақвияти андешаҳои зикршуда, усули «Калимаҳои пароканда»-ро истифода мебарем:

Тартиб: 1. Дар варақаҳои алоҳида (дар тахтаи синф ё варақи калон) ҷумлае нависед, ки якчанд калимаи дохили он пароканда навишта шуда бошанд. Намуна: дӯст, Ватан, ман, худро, медорам.

2. Ба хонандагон супориш диҳед, ки калимаҳои парокандаро мувофиқи талаби нутқ навишта, ҷумла тартиб диҳанд.

Иҷро: Ман Ватани худро дӯст медорам.

3. Бо хонандагон оид ба тартиби калимаҳо ва моҳияти онҳо барои дарки маънӣ суҳбат кунед.

Фаҳмондан лозим аст, ки вазифаи тарбиявии забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ хеле муҳим аст. Он бояд ба тарбия, ташаккули шахсияти бачагон, фаъол ва иҷтимоӣ гардидани онҳо таъсир расонад; тафаккури миллӣ ва интиқодии хонандагонро равнақ бахшида, мустақилона фикр карданро ёд диҳад; мусоидат намояд, ки мактаббачагони хурдсол ҳамаи намудҳои фаъолияти нутқ – нақл кардан, шунидан, навиштан ва хонданро аз худ кунанд.

4. Ба хонандагон супориш диҳед, ки ҷумлаеро аз китоби дарсӣ ба тартиби нодуруст рӯйнавис кунанд. Масалан: хатоямро,аммо, фаҳмидам, ман.

5. Дафтарашонро ба шарикашон пешниҳод карда, аз ӯ хоҳиш намоянд, ки ҷумларо дуруст нависанд.

Аммо ман хатоямро фаҳмидам.

6. Ин амалро метавонанд ду-се маротиба пайиҳам иҷро намоянд.

Дар дарсҳои забони модарӣ гузаронидани чунин фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ба хотири рушди зеҳнию нутқии хонандагони синфҳои ибтидоӣ созанда буда, характери эҷодӣ дорад ва барои бунёди донишҳои нав нақши муҳим мебозад. Омӯзгор дар таълиме, ки ба ташаккули шахсияти хонанда нигаронида шудааст, ба сифати роҳбалад фаъолият намуда, ба хонандагон барои дастрасӣ ба ахбор ва таҳлили он ёрӣ мерасонад. Ин чунин маъно дорад, ки омӯзгор хонандагонро ба ҳалли супоришҳо ҳидоят менамояд ва онҳо мустақилона дар ҳамкорӣ бо шарикдарсон зери назорат ва роҳбарии бевоситаи омӯзгор супоришро иҷро карда, онро мустақилона баррасӣ ва таҳлил менамоянд.

Хонандагон барои гирифтани донишҳои муайян масъуланд. Онҳо барои аз худ намудани донишҳои нав кӯшиш мекунанд, савол медиҳанд, роҳи ҳалли мушкилотро аз омӯзгор мепурсанд. Асосҳои донишро хонанда дар раванди дарс аз омӯзгор меомӯзад. Дар назди ӯ масъалаи мустақилона иҷро намудани супориш меистад. Дар ин сурат зарур мешуморад, ки аз дигар сарчашмаҳо истифода барад. Ин амал хонандаро ба ҷустуҷӯ, эҷодкорӣ ва мустақилият ҳидоят намуда, кӯшиш менамояд, ки ба моҳияти масъала сарфаҳм равад, маъниро дарк кунад.

Масалан, барои алоқаи байни калимаҳои дохили ҷумларо барқарор намудан усули «Пур кардани ҷойҳои холӣ»-ро истифода бурдан ба мақсад мувофиқ аст.

Бо истифода аз ин усул хонандагон имкон пайдо мекунанд, ки мувофиқи мазмуни калима ба ҷойи нуқтаҳо ҳафҳои мувофиқро ҷустуҷў карда нависанд. Ин амал имкон медиҳад, ки хонандагон сохтор ва тартиби дуруст навиштани калимаҳоро мустақилона машқ карда, оид ба дуруст навиштани калимаҳо малака пайдо кунанд.

Тартиб: 1. Дар тахтаи синф ё варақаҳои алоҳида номи якчанд шаҳру ноҳияро навишта, ҷойи ҳарфҳои заруриро холӣ мегузорем.

2. Масалан, машқи навиштан.

Н.рак, Ҳ.сор, Х.ҷанд, К.лоб, Х.руғ, Р.шт, Д.рвоз. 4. Хонандагонро ба гурӯҳҳои чорнафарӣ ҷудо карда, ба онҳо супориш диҳед, ки ҳарфҳои садонки дар поёни варақ овардашударо дар калимаҳо дуруст ба ҷойи нуқтаҳо гузоранд.(ҳарфҳо:о,и,у,ў,а,)

5. Шумо метавонед чунин усулро бо аломат, амал ва калимаҳои дигар истифода баред.

Бо мақсади самаранок ташкил намудани фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳни хонандагони синфҳои ибтидоӣ истифода бурдан аз фаъолияти гурӯҳӣ манфиатнок мебошад.

Ба ақидаи И.М.Чередов, фаъолияти коллективии хонандагон «дар гурӯҳҳо ба муқарраршавии ҷараёни таълим мусоидат мекунад, фаъолнокии хонандагонро баланд мебардорад, сифатҳои мустақилиятро тарбия мекунад, якҷоя дарёфт кардани донишҳоро ба хонандагон меомӯзад.

Ҳангоми ташкили фаъолияти коллективӣ (дар синфҳои озмойишӣ) ҳар як омӯзгор маводи зиёдеро оид ба маҳоратҳои гуногуни худӣ истифода мебурд. Ин мавод ба омӯзгорон имконият доданд, ки хусусиятҳои психологии хонандагонро муайян кунанд. Маводро ҷамъоварӣ карда, монеаҳоро бартараф карданд, ки ба инкишофи маҳорати азхудкунии хонандагон монеа буданд.

Ҳамин тариқ, моҳияти инкишофдиҳандагии матнҳо ва намудҳои фаъолияти мустакилонаи омўзиширо омўхта метавонем хулоса барорем, ки педагогон бояд намудҳои фаъолияти коллективии хонандагонро ба шароит мувофиқ ва мавқеи онҳоро дар байни дигар намудҳои ташаккули ҷараёни таълим муайян намоянд. Фаъолияти роҳбарикунанда ва тамоюлдоштаи омӯзгор ҳангоми дуруст дарк кардани вай на танҳо фаъолнокию мустақилияти хонандагонро баланд мебардорад, балки имконияти мусоиди инкишофи қувваҳои дарккунанда, фаъолнокӣ, маҳорату одатҳои ҳар як хонандаро фароҳам месозад. Чӣ тавре ки таҷриба ва ташхиси адабиёти педагогӣ ва натиҷаҳои фаъолияти таҷрибавию озмойишӣ нишон доданд, омӯзгорон то ин вақт бозиро танҳо дар машғулятҳои берун аз синфӣ истифода мекарданд. Дар натиҷаи истифодаи тавсия ва пешниҳодҳои мо дар фаъолияти синфҳои озмойишӣ, самаранокии фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳни хонандагон муайянкарда шуд.

Намунаи машғулиятҳои анъанавӣ ва фаъолияти якҷоя(интерактивӣ).

Дар натиҷаи мақсаднок пешниҳод кардани супоришҳо ба хотири рушди зеҳнию нутқии хонандагон дар ҷараёни истифодаи тавсия ва маслиҳатҳои методии мо хонандагон дуруст фикр кардан, ҳодисаҳои ҳаётиро таҳлил кардан, қарорҳои мустақтлона баровардан, амиқу дуруст

Расми 2. Муқоисаи таълими анъанавӣ ва фаъолияти якҷоя

(интерактивӣ).. баён кардани фикрҳои худро омӯхта, ба низом дароварданро ёд гирифтанд. Фаъолнокию ҳавасмандкунии онҳо афзоиш ёфт. Маводи таълимӣ беҳтар аз худ карда шуд. Натиҷаҳои тестӣ муайян намуданд, ки сифатнокии таълими хонандагони синфи 3-юм ба 10% афзуд ва дар соли баъдинаи хониш, дар синфи 4-ум ба 50% расид. Истифодаи маслиҳатҳои мо ба самаранок гузаронидани фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ба хотири рушди зеҳн ва нутқ мусоидат кард ва ба чунин натиҷаҳо оварда расонд:

- дараҷаи азхудкунӣ афзоиш ёфт;

- фаъолнокӣ ҳангоми омӯзишу дар хотир гирифтани маводи таълимӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳод;

- малакаи фикрӣ афзоиш ёфт (асоснок кардани гуфтаҳои худ);

- маҳорати интихобу асоснок кардани маводи зарурӣ афзуд.

Ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнӣ ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ имкони бо чанд навъи манбаи ахбор (масалан, китобҳо, маводи аёнӣ, омӯзгор, ҳамсинфон ва ғайра) беҳтар кор карданро фароҳам овард, ки дар натиҷа ҳалли масъала ё мушкилот осон гардид.

Хонандагон бо манбаъҳои гуногун кор мекунанд (синфхонаҳои хуб таҷҳизонидашуда, китобхонаи мактаб: китобҳо, харитаҳо, ҷадвалҳо, компактдискҳо, интернет ва ғайра). Баъзан хонандагон инфиродӣ кор мекунанд, аммо аксар вақт зарурати дар ҳайати гурӯҳ зери назорати омӯзгор фаъолият кардан ба миён меояд.

Масалан, истифодаи усули «Муҳаррири моҳир» ба андешаҳои боло тақвият мебахшад.

Шарҳ: Ин фаъолияти таълимӣ ба хонандагон имкон медиҳад, ки ба моҳияти нуқта ва аломати савол сарфаҳм рафта, ҳангоми навиштани ҷумлаҳои сода аз онҳо истифода баранд ва барои таълими худ масъул гарданд. Барои омўзиши худ масъул будан малакаест, ки тавассути пешниҳоди имкони ба худ ва ба ҳамдигар баҳо додан, худ ва дигаронро ёд додан такмил меёбад. Чунин усул метавонад хонандагонро ба омӯзиш масъул гардонад. Инчунин, усули мазкур хонанда ва раванди таълимгирии ӯро дар маркази диққат мегузорад.

Тартиб:

Бо мақсади баррасии дастаҷамъонаи натиҷаи фаъолият дар синф:

1. Шаш матни хурдро аз китоби дарсӣ интихоб намоед (ё матнеро интихоб намоед, ки аз панҷ ё шаш сархат иборат бошад). 2. Матнҳоро дар варақаҳои алоҳида нависед, вале аломатҳои китобати онро нагузоред.

3. Аҳли синфро ба 3 ё 4 гурӯҳ ҷудо намоед.

4. Ба ҳар як гурӯҳ як варақа пешниҳод карда, ба онҳо супориш диҳед, ки аломати китобати мувофиқро дар матн гузоранд. Барои иҷрои ин фаъолият панҷ дақиқа ҷудо кунед.

5. Пас аз иҷрои вазифа варақаҳои як гурӯҳро ба гурӯҳи дигар дода, супориш диҳед, ки кори гурӯҳи дигарро хонда, онро арзёбӣ намоянд.

6. Варақаҳоро ба гурӯҳҳо баргардонед ва ба хонандагон супориш диҳед, ки тавсияҳои ҳамсинфонашонро таҳлил кунанд.

7. Сипас, ба гурӯҳҳо фармоед, ки саҳифаи мувофиқро аз китоби дарсӣ ёфта, корашонро бо матни асл муқоиса намоянд.

Диққат! Шумо метавонед хонандагонро ба гурӯҳҳо муттаҳид ё ҷудо карда, ба онҳо супориш диҳед, ки матнеро аз китоби дарсӣ интихоб намуда, онро ба варақаи алоҳида рӯйнавис кунанд, вале аломатҳои китобати онро нагузоранд. Сипас, варақаро ба гурӯҳи дигар дода, аз онҳо хоҳиш намоянд, ки аломати китобатро дуруст гузоранд.

Намуна: «Саҳрои пурбарф» Забони модарӣ, синфи 4.

(матн аз 4 сархат иборат аст, ба ҳар як гурӯҳ як сархат дода мешавад)

Гурӯҳи 1. (Варақаи №1)

Матни «Саҳрои пурбарф» (сархати якум, саҳ. 126)

Ин роҳ хеле васеъ буд дар ин роҳ тӯдаҳои барф набуданд лекин ба ҷойи онҳо сар то сари роҳро гӯё ки мумфарш карда бошанд, яхи сахти сиёҳчаранг пӯшонида буд

Гурӯҳи 2. (Варақаи №2)

Давоми матни «Саҳрои пурбарф» (сархати дуюм, саҳ. 126) Ду тарафи роҳ майдонҳои кишт, кулҳои обпарто, заҳкашҳо, ҷуйҳо, ҷариҳо хамию пастиҳо ва баландиҳо бо барф пур шуда, ҳамвор гашта буданд ба ҳар тараф ки нигоҳ кунед барфи дурахшони сафед чашматонро мебурд.

Гурӯҳи 3. (Варақаи №3)

Давоми матни «Саҳрои пурбарф» (сархати сеюм, саҳ. 126)

Дарахтони бед ва тут ҳам монанди зардолуҳои баҳорон шукуфта шукуфазореро ба назаратон ҷилва мекарданд ҳайфо ки аз тарси хароб шудани чашм ин «шукуфазор»-ро бо серӣ тамошо кардан мумкин набуд.

Гуҷум-дарахти сершоху барги сояафкан бууда сада як навъи он аст.

Гурӯҳи 4. (Варақаи №4)

Давоми матни «Саҳрои пурбарф» (сархати чорум, саҳ. 126)

Дар саҳро ҳеҷ ҷонзоде наменамуд танҳо зоғҳои ало гурӯҳ-гурӯҳ барфбозӣ карда мегаштанд чунки мурғҳои хонагӣ хокбозӣ кунанд онҳо ба сари синаашон ба барф хобида бо панҷаҳояшон барфҳоро ба зери болҳояшон пош медоданд ва ба тариқе ки мурғобиҳо сари худро ба об фурӯ медиҳанд инҳо ҳам сари худро ба барф меғӯтонанд хомӯшии ин саҳрои пурбарфро танҳо қар-қари ҳамин зоғҳо халалдор мекард.

Ҳар як амале, ки кӯдакон аз рӯйи ақл ва қобилияташон иҷро менамоянд, ба сатҳи инкишофи ӯ мусоидат мекунад. Лекин дар хотир бояд дошт, ки агар малакаҳои нав дар асоси малакаҳои аллакай бадастомада ташаккул ёбанд, пас, чунин ташаккул манфиати бештаре дорад.

Барои рушди қобилияти фардии хонандагон аз таҷриба ва малакаҳои пештар азхудкардааш истифода кардан аз манфиат холӣ нест.

Масалан, усули «Имлои синфӣ»-ро истифода мебарем. Забони модарӣ, синф 4. Ин усул ба хонандагон имкон медиҳад, ки навиштаи худро бо маводи китоб муқоиса намуда, ғалатҳоро ёфта, ислоҳ карда тавонанд.

Истифодаи усули мазкур ба хонандагон имкон медиҳад, ки таҳрир кардани кори хаттии худро машқ кунанд. Минбаъд хонанда ин малакаро дар ҳаёт истифода бурда, аз адабиёту сарчашма ва луғату фарҳангҳои мухталиф истифода мебарад ва навиштаи худро такмил медиҳад.

Тартиб:

1.Машқи Ба ҷойи нуқтаҳо аломати вергул ё пайвандаки «ва» гузошта ҷумлаҳоро нависед.

Азиз қоматбаланд гандумгун хушкбадан камриш буд. Ҳамеша табассум мекард. Ў ширинсухан гармсуҳбат…нармгуфтор буд. Дар суҳбати одӣ хам ҳамеша нозукиҳои забони тоҷикиро бомаҳорат бо тарзи табиӣ кор мефармуд.

2. Тарзи дурусташро дар тахтаи синф навишта болояшро пўшонед.

3. Баъд аз анҷоми кор тахтаро кушоед ва ба хонандагон фармоед, ки матни навиштаашонро ба матни тахтаи синф муқоиса карда, ғалатҳояшонро аниқ сохта ислоҳ намоянд.

4. Инчунин, шумо метавонед барои ба ин натиҷа ноил гаштан “Имлои дунафарӣ“-ро истифода баред.

Ҳамкорию ёрии ҳамдигарӣ дар ин ҳолат фазои хуби эҳсосотиро пайдо карда, таъсири муайянро ба инкишофи ҳавасмандиҳо ба донишҳо ва натиҷанокии ҷараёни омӯзиш расонда, ба ташаккули малака, маҳорати иҷрои фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ дар дарсҳои забони модарии синфҳои ибтидоӣ мусоидат мекунад.

Алоқаи зичи принсипи фаъолнокии субъекти таълим бо принсипи азхудкунии донишҳоро ба назар гирифта, бартарии фаъолияти мустақилонаи хонандагонро ҳангоми истифодаи усулҳои фаъоли таълим нисбат ба роҳҳои анъанавӣ барои беҳтар аз худ кардани донишҳо, маҳоратҳо, истеъдодҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ бо мақсади рушди зеҳнию нутқии хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар дарсҳои забони модарӣ аз омӯзгорон талаб менамояд, ки барои тезтар инкишоф ёфтани кӯдак саросема шудан лозим нест, зеро ин амал аксар ба ҷойи ташаккули фаъолияти зеҳнӣ ба вайроншавии кори асаб ва ё бепарвоии кӯдакона оварда мерасонад.

Барои дуруст ва самаранок ташкил намудани фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ бо мақсади рушди зеҳнию нутқии хонандагони синфҳои ибтидоӣ (дар дарсҳои забони модарӣ) яке аз роҳҳои самарабахш ба минтақаи наздиктарини инкишофи кӯдак таъсири доимӣ расондан мебошад. Омӯзгор минтақаи наздиктарини кӯдакро бе муоширати доимӣ ва ҳамкорӣ бо он муаяйн карда наметавонад. Омӯзгор бояд рафтори шогирдашро бодиққат мушоҳида кунад, зеро ҳар як кӯдак хусусияти хоси муайян дорад, ки бо такя ба он омӯзгор усули корбариро бо ӯ интихоб менамояд.

пешина
аз 32
навбатӣ