Зеҳн
АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.

Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа

Маориф
Аз аввал хондан

«Киштӣ»

Тартиб: «Бачаҳо, мо ҳоло талаффузи овози «ш»-ро машқ карда, ҷойи онро дар калимаҳо муайян намудем.

Акнун биёед ба киштӣ савор шуда (омӯзгор расм киштиро нишон медиҳад), ба сайр мебароем. Мо бо худ танҳо чизҳоеро мегирем, ки дар номи онҳо овози «ш» мавҷуд бошад. Кӣ мегӯяд, ки мо бо худ чӣ чизҳоро мегирем? Хонандагон номи чизҳоеро, ки бо овози «ш» оғоз меёбанд, мегӯянд. Масалан, шер, шона, шох, шоҳтут, шакар, ширинӣ, шиша, шамъ, шир ва ғайра. Агар имкон бошад, якчанд расми ашёи хонандагон гуфтаро дар дохили киштӣ кашида, номашро менависем. Ин бозиро дар омӯзиши овоз ва ҳарфҳои дигар низ истифода бурдан самарабахш аст.

Бозӣ чун омили пешбарандаи фаъолияти кӯдакон дар рушди зеҳнӣ ва нутқии навомӯзон нақши калидӣ дорад. Раванди иҷрои бозӣ аз навомӯзон қобилият ва муносибати муайян доштанро талаб намуда, фаъолияти равонии хонандагонро муътадил, шавқу ҳавасашонро ба омӯзиши фанни таълимӣ афзун менамояд. Ба қобилияти зеҳнӣ ва нутқии навомӯзон рушд бахшида, имконияти азхудкунии маводро бештар месозад. Хасташавии навомӯзонро рафъ намуда, ҷараёни омӯзишро шавқовар мегардонад.

Тибқи таълимоти илми педагогика, бозӣ дар ҳаёти кӯдакони то 7- сола нақши калидӣ дорад. То синни 7-солагӣ ҷисм, эҳсос, зеҳн, ақл ва хотираи кӯдак ба воситаи бозиҳои гуногуни ҷисмонӣ ва зеҳнӣ инкишоф меёбад ва баробар бо фаро гирифтани кӯдак ба таҳсил дар муассисаи таълимӣ ба фаъолияти фикрӣ машғул мешавад. Тавассути фикр ҷустуҷӯ, ковиш ва эҷодкорию ҷаҳонбинии ӯ инкишоф меёбад. “Бозиҳои дидактикӣ бояд дар робита ба мавзуъ, мақсаду вазифаҳои дарс интихоб ва дар лаҳзаҳои муносиб роҳандозӣ шаванд, зеро бозиҳои дидактикӣ шавқу ҳаваси маърифатҷӯйии хонандаҳоро афзун намуда, ҳар гуна хасташавиро пешгирӣ менамояд”.

Мушоҳида, таҷрибаю таҳқиқи таълими ҳамгиро аз фанни “Забони модарӣ” дар синфҳои ибтидоӣ собит намуд, ки нақш ва мавқеи бозиҳои дидактикӣ, хусусан, дар рушду нумуъ ва тарбияи маънавии кӯдакону наврасон бағоят муҳим аст. Бинобар ин, дар раванди таълимӣ ибтидоӣ, аз ҷумла, таълими “Забони модарӣ” бозиҳои дидактикӣ ба таври фаровон ва самарабахш ҳамчун як лаҳза ё рукни таркибӣ ва шавқангези дарс ва ҳатто ҳамчун дарси алоҳидаи бозиҳои дидактикӣ истифода карда шаванд, аз манфиат холӣ нест.

Ба хотири вусъат бахшидан ба фаъолияти мустакилонаи омӯзишӣ дар робитаи мутақобила бо рушди зеҳнию нутқии хонандагони синфҳои ибтидоӣ истифодаи самараноки бозиҳои дидактикӣ натиҷаҳои муфид ба бор оварда, ба рушди зеҳн ва нутқи хонандагон мусоидат менамояд: а) хонандагони хурдсолро ба фаъолияти мустақилонаи фикрӣ ва эҷодӣ водор месозад; б) раванди дарсро шавқовару рангин менамояд; в) талаботи равонӣ ва ҷисмонии шогирдонро қонеъ карда, шиддати фикрию равонии дарсро муътадил мегардонад; г) раванди омӯзишро мушаххас ва ба ҳаёти кӯдак наздик месозад ва монанди инҳо.

Хонандагони хурдсол дар иҷрои фаъолияти мустақилона бештар ба бозӣ майлу ниёз доранд, ки ин табиатан хоси онҳо аст. Ин нуктаро равоншиносон Д.Б.Элконин ва В.В.Давидов низ дар асарҳояшон таъкид намудаанд.

Дар синфҳои ибтидоӣ бозидани нақши мутахассисони касбу кори гуногун барои дар замири хонандагон парваридани меҳру муҳаббат ба меҳнат ва дар фаҳму дарки онҳо пайдо намудани шавқу ҳавас нисбат ба касбу кори одамон мусоидат намуда, дар ҷараёни дарс гузаронидани бозиҳои нақшдор ба манфиати омӯзиш ва тарбия мебошад.

Сафарҳои хаёлӣ ба минтақаҳои гуногуни диёр, лаби дарё, боғ, саҳрои пахтазор дар ҳамбастагӣ ба фаъолияти бозӣ шавқу ҳаваси хонандагони хурдсолро ба дарс, хосса ба омӯзиши фанни забони модарӣ афзун намуда, имконияти фарогирии маводро бештар сохта, хасташавиро рафъ менамояд ва ҷараёни омӯзишро осон мегардонад.

Бозиҳои дидактикӣ аз рӯйи хусусияташон як намуди таълим буда, дар онҳо ҳамаи қисмҳои таркибии хоси фаъолияти бозии кӯдак вуҷуд дорад: вазифа, мазмун, ҳаракатҳои бозигӣ, қоидаҳо ва натиҷа. Лекин онҳо дар дигар намуд ошкор шуда, бо нақши махсуси бозии дидактикӣ дар таълиму тарбияи кӯдакони сини томактаби асоснок карда шудаанд.

“Дар синни 6-7-солагӣ дар кӯдак давраи ивазшавии намуди асосии фаъолият – гузориш аз бозиҳо ба таълими бефосила сар мешавад”.

Масалан, дар дарсҳои ҳамгирои забони модарии синфҳои ибтидоӣ лаҳзаҳои бозиҳои дидактикӣ шаклан ва мазмунан хеле гуногун, шавқангез, пурмазмуну самарабахш буда метавонад. Аз ҷумла: а) иваз кардани овозу ҳарф дар калима (санг, нанг, ранг, ҷанг, занг, ланг...); б) аз ҳарфҳои калимаҳо истифода карда, сохтани калимаҳои нав

(рӯбоҳ: роҳ, рӯ, бӯр, об, бор, ор, оҳ, обрӯ...); в) бо тағйири калима хондани ҷумла (вақти хонаравӣ шуд – вақти хонарӯбӣ шуд...); г) бозӣ-нақшофарӣ; ғ) бозӣ-рақампарда ва монанди онҳо.

Масалан, кӯдакон баъд аз омӯхтани ҳикояи “Модар” (синфи 4) ба ҳарфҳои калимаи “модар” рақам мемонанд: м-1, о-2, д-3, а-4, р-5, Дар натиҷа онҳо рақами яклухти 12345-ро ҳосил намуда, таҳти рақампардаи 12345 аз ҳарфҳои калимаи “модар”калимаи “мо” ва “дар” ҳосил мекунанд. Шогирдон ин бозиро давом дода, калимаҳои “дор”, “мор”, “ мард”, “дард”, “мадор” ва ғайраро пайдо карда, ба шавқ меоянд ва аз ин бозёфташон рӯҳбаланд мешаванд. Онҳо мефаҳманд, ки ҳарфҳо дар калимаҳо ҷойи худро дошта, дар сохтани калимаҳо, ҷумлаҳо ва офаридани нутқ фаъолона иштирок мекунанд.

Хонандагон бо ин “кашфиёт”-и худ ҷустуҷӯ ва асроркушойӣ карда, ба шавқу завқ аз уҳдаи супориш мебароянд. Ин амал ба ҷунбиши тафаккури хонандагон замина гузошта, шавқу рағбати маърифатҷӯйии онҳоро рушд мебахшад. Барои анҷоми ин кор роҳу воситаҳои шавқангез, ҳайронкунанда, ба “кашфи асрор”-и таълимии сафарбаркунанда муҳимтаранд, ки боиси рушди бонизом, пайдарҳам ва ҳамаҷонибаи маънавӣ ва ҷисмонии кӯдак мегардад.

«Бозӣ шакли мустақили фаъолияти одамон аст, ки ин ё он ҳолатҳои амалиро тақлид медиҳад, яъне яке аз усулҳои фаъол гардонидани ҷараёни таълим мебошад».

Пеш аз гузаронидани бозӣ муошират ва фаҳмондани қоидаҳои бозӣ шарти асосӣ буда, вобаста ба фанни таълимӣ (ба монанди дарсҳои забони модарӣ, забони русӣ, забони англисӣ ва ғайра), бо ҳамон забон ташкил карда гузаронидани бозӣ ба мақсад мувофиқ аст.

Бозидани нақши қаҳрамонҳои асарҳои бадеӣ беҳтарин воситаи омӯзишу парвариш дар синфҳои ибтидоӣ дониста шуда, омӯзгор тавассути он дар ҷараёни таълим вазифаҳои асосии методиро амалӣ менамояд. Чунончи:

- омодагии равонии хонандагон ба нутқи мураттаб;

- таъмини табиии такрори пайвастаи маводи зарурии забон; - тамрини дурусти талаффуз, ки тайёрӣ ба фаъолияти нутқ мебошад

Дар раванди дарсҳои заабони модарӣ ташкил намудани баҳсу мусоҳибаҳои гуногун, ки барои инкишофи қобилияти зеҳнию нутқии хонандагон мусоидат менамояд, зиёданд. Масалан, ҳикояти «Хирс ва рӯбоҳ». Забони модарӣ барои синфи 1:

Рӯзе хирсу рӯбоҳ ба ҳам нишаста, дар бораи моҳҳо баҳс карданд:

– Як сол дувоздаҳ моҳ аст – гуфт рӯбоҳ: январ, феврал, март, апрел, май, июн, июл,август,сентябр, октябр, ноябр, декабр.

– Не, ҷӯраҷон, надонистӣ, – розӣ нашуд хирс. – Як сол ҳафт моҳ аст: апрел май, июн, июл, август, сентябр ва октябр. Ман дар умрам ноябру декабр, январу февралу март барин моҳҳоро намешиносам.

Савол: Бачаҳои азиз, хирс чаро чунин гуфт?

Дар бозӣ ҳар як хонанда кӯшиш мекунад, ки тавассути фаъолона иштирок намудан мавқеъ ва муносибати худро нишон диҳад.

Мавриди муҳокимаи натиҷаи фаъолияти мустақилонаи омӯзишии кӯдакон ҳангоми самаранок гузаронидани бозиҳои дидактикӣ ҳаракат ва амали ашё, ламс, бӯй, маза, инчунин, принсипи аёният дар таълим бараъло аён мегардад.

Бозиҳои дидактикӣ раванди таълимро шавқовар ва иҷрои он диққати хонандаро ба омӯзиш ҷалб намуда, ҷиҳатҳои рушди маърифатии шахс – кунҷкобӣ, эҷодкорӣ, зиракӣ, ҳозирҷавобӣ, ҳавасмандии хонандагонро ҳангоми дарс таъмин менамояд. Омӯзгор дар ташкил ва гузаронидани бозиҳо нақши асосиро бозида, фаъолияти якҷояи омӯзгору хонанда эътиқод ва обрӯю нуфузи омӯзгорро байни хонандагон мустаҳкам намуда, барои иҷрои фаъолиятҳо аҳли синфро муттаҳид менамояд.

Дарси бозиҳои дидактикиро ба мазмун, мақсаду вазифаҳои зайл, ки ҳолати тағйирёбанда доранд, бахшидан мумкин аст: - дар нақшҳо бозидани мазмуни лаҳзаи дарс, ёфтани нақшҳо аз ҷониби хонандагон, муайян кардани иштирокдорони асосӣ ва дуюмдараҷа, мусбат ва манфӣ, муқоисаи дунёи ботинии нақш бо ҳаёти атрофиён ва шахсии худ;

- ҷуста ёфтани маънои нотамом, ҳарф, калима, ибора, ҷумла ва мисраъҳои партофта, иваз кардани онҳо, мувофиқи мантиқи солим, муқобили онҳоро ёфтан, дар рақампарда ёфтани калимаҳои пинҳон ва ғайра;

- “бозӣ тасаввур”: тасаввур кардани вазъияту эпизодҳо, амалу хосияти онҳо, вазъияти рӯҳӣ, ҷисмонӣ, ивази вазъияти мусбат ба манфӣ ва баръакс;

“бозӣ тасвир”: тасвири симоҳо дар қоғаз (ҳолати рӯҳӣ, амалиёт, ҳодисаю воқеа) чӯб, тахтаи синф, пластелин, гил ва ғайра;

“суханбозӣ” (байтбарак, чистонгӯяк, тезгӯяк, тақлиди овозӣ бо услуби гуфтори одамон, паранда, ҳайвонот, садоҳои табиат), ки эҷоду тахайюлоти кӯдаконро рушд медиҳад”.

Барои бомуваффақият ва самаранок гузаронидани бозиҳои дидактикӣ, аз ҷумла, хондани шеъру хикояҳои кӯдакони синф ва баҳодиҳии худи кӯдакон ба эҷодашон омӯзгорро лозим аст, ки шахсияти ҳар як хонандаро хуб донад ва ба ҳар яки онҳо тарзу усулҳои муносибати фардӣ намуданро ҷустуҷӯ намояд. Чунки ҳангоми аз як фаъолият ба фаъолияти дигар гузаштан, яъне аз фаъолияти таълимӣ ба фаъолияти бозӣ гузаштан ё баръакс аз фаъолияти бозӣ ба фаъолияти таълимӣ гузаштан, бояд маҳорати кор карда баромадани тарзу усулҳои гуногунро дар лаҳзаҳои мувофиқ таъмин намояд.

Аз ин рӯ омӯзгор бояд:

- дарсро шавқовару хотирмон ташкил кунад;

- дар фаъолияти таълимии худ ба якрангии ҷараёни таълим роҳ надиҳад; - мафҳумҳои назарӣ (абстрактӣ)-ро мушаххас созад;

- талаботи равонии шогирдони хурдсолро тавассути кор бо мантҳои бадеӣ, афсона, ривоятҳо қонеъ гардонад;

- робитаи мантиқиро миёни донишҳо мустаҳкам гардонад;

- истифодаи салоҳиятҳо ва донишҳои азхудшударо, ки боиси рушди кунҷковӣ ва фаъолияти эҷодӣ мегарданд, таъмин намояд.

Педагог А.И.Сорокина қайд мекунад, ки мафҳуми бозии дидактикӣ дар он аст, ки кӯдакон вазифаҳои ақлониеро ҳал мекунанд, ки ба онҳо ба тариқи шакли бозии шавқовар пешниҳод шудаанд, худашон қарор мебароранд ва мушкилоти муайянро бартараф мекунанд. Кӯдак вазифаи ақлониро ҳамчун бозии таҷрибавӣ қабул мекунад, ин фаъолнокии ақлонии вайро баланд мекунад.

Бозиҳои дидактикӣ дар китобҳои дарсии забони модарии синфҳои ибтидоӣ ба таври васеъ пешниҳод гардидаанд. Омӯзгор метавонад бо истифода аз маводи китоби дарсӣ бозиҳои дидактикиро эҷодкорона ва самаранок гузаронад. Чунончи, ҳикояи «Нӯшервони Одил ва пири боғдор» Забони модарӣ барои синфи 3 а) Омӯзгор кӯшиш мекунад, ки хонандагон баъди хондани ҳикоя ба нозукиҳои калима, ҷумла, тарзи гуфтори онҳо, маънои саволу ҷавоби

Шоҳ ва пири доно сарфаҳм раванд. б) Матни ҳикоя:

Нӯшервони Одил ба сафар баромад. Ӯ пирамардеро дид, ки чормағз мекошт.

Нӯшервон бозистод ва ба пирамард гуфт:

– Эй пир, магар ту аз деҳқонӣ хабар надорӣ? Шунидаӣ, ки дарахти чормағз баъд аз сӣ сол мева медиҳад? Ту аз ин дарахт чӣ фоида хоҳӣ дид?

– Пир гуфт:

– Шоҳо, дигарон коштанду мо хӯрдем, мо бикорем, дигарон хӯранд. – Ин ҷавоби пир ба Нӯшервон хуш омад ва гуфт:

– Зеҳ!

Ҳар вақт Нӯшервон ба касе «зеҳ» гуфта таҳсину офарин мекард, хазинадораш ҳамон одамро як ҳазор ашрафӣ медод. Чун пир пулро гирифт, хандиду гуфт:

– Шоҳо, шумо гуфтед, ки дарахт баъди сӣ сол мева хоҳад дод. Ҳол он ки аз шарофти адли шумо ин дарахт ҳамин соат мева дод.

Нӯшервон боз гуфт:

– Зеҳ!

Хазинадор ҳазор ашрафии дигар дод.

Пир боз гуфт:

– Ҳар дарахте соле як бор мева медиҳад. Ин дарахти ман дар як замон ду бор мева дод.

Нӯшервон хандон шуд ва гуфт:

– Зеҳ!

Хазинадораш як ҳазор ашрафии дигар дод ва гуфт:

– Биронед, ки ин пирак хазинаи моро холӣ кард.

Зайниддин Восифӣ

1. Хонандагон ин ҳикояро дар нақшҳо бозӣ мекунанд: а) ҷумлаҳои 1,2,3-ро хонандае ҳамчун муаллиф мехонад:

«Нӯшервони Одил ба сафар баромад. Ӯ пирамардеро дид, ки чормағз мекошт.

Нӯшервон бозистод ва ба пирамард гуфт:» б) се ҷумлаи минбаъда (4,5,6)-ро хонандае аз номи шоҳ бо овози шоҳ тақлидкунон мехонад: «– Эй пир, магар ту аз деҳқонӣ хабар надорӣ?

Шунидаӣ, ки дарахти чормағз баъд аз сӣ сол мева медиҳад? Ту аз ин дарахт чӣ фоида хоҳӣ дид?»

Иҷрои ин нақш тафаккури ҷӯяндагии хонандагонро ба ҳаракат дароварда онҳоро ба фикр кардан водор мекунад. в) Хонандаи сеюм, ки нақши пири доноро иҷро мекунад, ба пири доно тақлидкунон ҷумлаҳои 7,8-ро мехонад:

– Шоҳо, дигарон коштанду мо хӯрдем, мо бикорем, дигарон хӯранд».

Хонандагон ба андеша фурӯ мераванд, ки ба саволи шоҳ марди пир чӣ ҷавоб медода бошад. Аммо диққати хонандагонро бомаърифатӣ ва ҳозирҷавобии пири доно ба худ ҷалб мекунад. г) ҷумлаи дигарро хонандае ҳамчун муаллиф мехонад ва маънии

«зеҳ!»-ро шарҳ медиҳад.

Ин ҷавоби пир ба Нӯшервон хуш омад ва гуфт:

–Зеҳ!

Ҳар вақт Нӯшервон ба касе «зеҳ» гуфта таҳсину офарин мекард, хазинадораш ҳамон одамро як ҳазор ашрафӣ медод» ғ ) Хонанда аз номи муаллиф идома медиҳад:

Чун пир пулро гирифт хандиду гуфт: д ) Хонандаи дигар аз номи пир мегӯяд:

– Шоҳо, шумо гуфтед, ки дарахт баъди сӣ сол мева хоҳад дод. Ҳол он ки аз шарофати адли шумо ин дарахт ҳамин соат мева дод.

Ҷавобҳои додаи пири доно хонандагонро хушҳол карда, дар онҳо қунҷковӣ, ҳизирҷавобӣ ва эҷодкориро тарбия мекунад. е) Ҳамин тариқ, хонандагон бо навбат идомаи ҳикоятро дар нақшҳо иҷро мекунанд:

Хонанда – подшоҳ: – Зеҳ!

Хонанда – муаллиф: Хазинадор ба пири доно ҳазор ашрафии дигар дод.

Пир боз гуфт:

Хонанда – пир: – Ҳар дарахте соле як бор мева медиҳад. Ин дарахти ман дар як замон ду бор мева дод.

Хонанда – муаллиф: Нӯшервон хандон шуд ва гуфт: Хонанда – подшоҳ: – Зеҳ!

Хонанда – муаллиф: Хазинадораш як ҳазор ашрафии дигар дод ва гуфт:

Хонанда – хазинадор: – Биронед, ки ин пирак хазинаи моро холӣ кард.

2. Тасаввур кунед: а) пири боғдор пас аз шунидани саволҳои Нӯшервони Одил чормағзшинониро хотима дод; б) Нӯшервони Одил ба пири боғдор таҳсину офарин хонд;

Тасвир кунед: а) ба сафар баромадани шоҳ (шоҳ, либосҳои шоҳона, зину асп, ду- се нафар ҳамроҳони шоҳ ва ғайра. б) боғбон, ниҳол ва дигар ашёи лозимӣ. в) Суҳбати шоҳ бо боғбон ва ғайра

Оид ба таълими ҳамгиро олимони соҳаи педагогика, методика ва муаллифони китобҳои дарсӣ андешаронӣ ннамуда: Лутфуллоев М.,

Шарифзода Ф., Абдуллоев И., Байзоев А.,Сабуров Х., Шарифов Э.,

Ниёзов Ф., Зиёев М., Қурбонов Р., Қодиров Қ., Алиев А.Б., Белянкова

Н.М., Безруков В.С., Берулаева Н.М.,Пуайлова М.А.,Сухаревская Е.Ю. дар асарҳои методии худ моҳият ва зарурати таълими ҳамгирои забони модариро зарур шуморидаанд. Дар шароити таълими ҳамгироии забони модарии синфҳои ибтидоӣ бозиҳои дидактикӣ ҳамчун лаҳза ё унсури дарс нақши муҳим доранд. Чунки бозиҳои дидактикӣ барои рушди неруҳҳои зеҳнӣ, ақлӣ, фикрӣ ва хотираи кӯдакон хеле муносибу мувофиқ буда, ба талаботи кӯдакони синни хурди мактабӣ мувофиқ мебошанд.

Масалан, Л.С.Виготский қайд мекунад, ки «…ба таҳқиқи масъалаҳои тафаккур ва нутқ, дараҷаи инкишофи фикр дар натиҷаи таъсири атроф бо ҳамдигар вобастагӣ доранд. Инкишофи нутқ ва тафаккур дараҷаи олии инкишофи кӯдак ба шумор меравад». Бозӣ шавқу ҳаваси маърифатҷӯйӣ ва донишандӯзии хонандагони хурдсолро афзун намуда, мафҳумҳои мушкилу мураккабро барояшон дастрасу мушаххас мегардонад.

Дар раванди дарсҳо бештари омӯзгорон аз хонандагон аз ёд гуфтани қонуну қоидаи махсуси фанро талаб менамоянд. Бештар ба он эътибор медиҳанд, ки хонанда дониши пешниҳодкардаи омӯзгорро ба худи ӯ бозгӯӣ кунад, бо ахбори зиёд хонандаро мусаллаҳ карданӣ мешаванд. Вале хеле кам кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фикри хонанда, ҷаҳонбинии ӯ инкишоф ёбад. Омӯзгори имрӯза бояд эҷодкор ва илҳомбахши шогирдонаш бошад.

Дар бозӣ вуҷуд доштани вазифаи шавқовар, ки ҳалли онҳо кӯшиши ақлониро талаб кунад ва бартараф кардани баъзе мушкилиҳоро дошта бошад, ҳатмист. А.С.Макаренко чунин гуфта буд: «Бозӣ бе кӯшиш, бе фаъолияти фаъол бозии бад мебошад».

Бо назм фаҳмонидани моҳияти аломатҳои китобат хотираи шогирдонро қавӣ мегардонад. Ҳар порчаи доир ба ин ё он аломати китобат мансуббуда ба тафаккур ва зеҳни хонандагон рушд бахшида, онҳоро ба фикр кардан водор менамояд. Аз ин рӯ, ба тарзи навишт ва ҷойи гузоштани онҳо аҳаммият додани хонандагон ниҳоят зарур аст.

Намунаҳо доир ба омӯзиши аломатҳои китобат дар назми бачагона:а) Он чист ҳар чизеро

Аз ҳам намояд ҷудо?

Ҷудо карда, валекин

Худаш мемонад танҳо.

Ба афташ як назар кун

Калакалону каҷпо

(Аломати вергул) б) Найза ба каф ситода,

Кораш ҳамеша фармон.

Гоҳ аз ғазаб меғуррад,

Гоҳ хуррам асту шодон.

Ба дилҳо дорад асар,

Ки мегӯяд, ки чист он?

(Аломати хитоб) в) Ба ҳар куҷо, ки тираш

Расад, наҷунбад дигар.

Пас аз он ҳарчи ояд,

Мегузарад бо ҳазар,

Худро канора карда,

Тоҷ гузорад ба сар.

(Аломати нуқта). г) Ду ханҷар дорад ба каф,

Ду ханҷари безарар.

Аз пешу пас қаровул.

Ду экизак – бародар.

Ба ҳар куҷо, ки бинишаст.

Маънӣ намояд дигар

(Аломати нохунак) д) Ба дос монанд аст он,

Бо гардани каҷи худ. Илоҷашро биёбӣ,

Мегардӣ шоду хушнуд.

Чу гаштӣ мағлуб аз он

Дар ҳиҷолат монӣ зуд.

(Аломати савол)

Бозиҳои дидактикӣ ва нақши онҳо дар иҷрои фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ, махсусан, байтбаракҳо дорои аҳаммияти таълимию тарбиявӣ буда, дар рушди зеҳн ва нутқии хонандагон нақши муҳим мебозад. Ташкил ва гузаронидани байтбаракҳо шавқи шеърхонӣ ва шеъразёдкуии хонандагонро дучанд карда, хотира, тафаккур ва зеҳну нутқи онҳоро фаъол мегардонад.

“Байтбарак”

Дар ин бозӣ ду нафар хонанда нақши асосиро иҷро карда, хонандагони дигар довар мешаванд. Тартиби иҷрои бозӣ чунин аст: омӯзгор дар кафи дасташ ягон чизи хурдакакро пинҳон мекунад. Аз ду нафар хонандае, ки дар бозӣ иштирок мекунад, ҳамонаш аввал шеър мехонад, ки чизи пинҳонкардаро аз дасти омӯзгор ёфта бошад. Баъд, бо навбат тибқи қоида ба шеърхонӣ шуруъ мекунанд.

Хонандаи 1: Барфи фаровон борид,

Барфи дурахшон борид.

Хонандаи 2.Деҳа надорад ором,

Аз субҳ то дами шом.

Хонандаи 1. Мепарастам нони гандум,

Хӯшаҳои дони гандум.

Хонандаи 2. Мактабам, ба ту дод илму одоб,

Мактабам, ба ту дод дурри ноёб.

Дар ин бозӣ хонандае ғолиб дониста мешавад, ки шарикаш дар ҷавоб гардонидан оҷиз монад.

Кадом қатор бо ҳарфи “ӣ” бештар калима месозад?

Намуна: Қатори I Қатори II Қатори III моҳӣ тӯтӣ водӣ

(калимаҳо барои интихоб: бачагӣ, хурдӣ, некӣ, хубӣ, бадӣ, ҳавлӣ, ҷорӣ, тозагӣ, гармӣ, сардӣ, хунукӣ, сабзӣ, сиёҳӣ, сурхӣ, шоҳӣ ва ғайра).

2. Бозиҳои луғавӣ. Ин намуди бозиҳо бо мақсадҳои зерин гузаронида мешаванд:

- мусоидат ба фарогирии номи ашёи муҳити атроф (зам шудани исмҳо дар нутқи хонандагон);

- мусоидат ба фарогирии ҳаракат ва амали ашё (зам шудани феълҳо дар нутқи хонандагон);

- тарбияи маҳорати ҷудо намудан ва гуфтани хусусиятҳои хоси ашё

(зам шудани сифат дар нутқи хонандагон);

- мусоидат намудан ба зам шудани шумораҳо, ҷонишинҳо, пешояндҳо ва ғайра дар нутқи хонандагон.

Намунаҳо барои бозиҳои луғавӣ:

«Расмро интихоб намо».

Дар рӯйи миз дар назди ҳар як хонанда чандтоӣ расмро мегузоред.

Расмҳои он чизе, ки хонандагон онҳоро медонанд (ба монанди расмҳои китоб, дафтар, коса, чойнак, себ ва ғайра).

Омӯзгор ҷумларо мегӯяд, хонандагон бошанд, расмҳоро бардошта нишон медиҳанд. Яъне, хонанда расми ҳамон чизеро нишон медиҳад, ки дар ҷумла сухан дар бораи он рафта бошад. Масалан, омӯзгор мегӯяд:

«Дар кӯза об оварданд». Хонандагон расми кӯзаро нишон медиҳанд. Дар ин бозӣ хонандае ғолиб меояд, ки номи чизҳои дар расм омадаро аз ҳама пештар бехато номбар мекунад.

пешина
аз 32
навбатӣ