Ҳамааш мегузарад...

Дар ин китоб воқеаҳои рухдодаю ҳолатҳои ногувору шавқоваре аз зиндагонии одамон қисса карда шудааст. Дар баъзе мавридҳо, ба хотири наранҷонидани касе, номҳои қаҳрамонони ҳикояҳо иваз карда шудаанд. Боқӣ ҳама ҳақиқат аст...
Ахбор · 8 октябри 2024 · 17 саҳифа
ҚАДРИ ОБ
Табиати зебою биҳиштосои Тоҷикистонамон бо кӯҳҳои сарбафалаку дарёҳои кӯҳӣ, чашмаҳои гуворо, дарахтзору алафзорҳо, ҳавои тозаю ҳайвоноту паррандаҳои гуногунаш барои зиндагонӣ беҳтарин мавзеъест. Мо исти- қоматкунандагони ин мамлакати биҳиштмонанд шояд ба ин ҳама шароитҳои беҳтарини мавҷудбуда одат кардаему аз ин рӯ он қадар ба ин неъматҳо аҳамияте намедиҳем. Тавре маълум аст, ҳама чиз дар муқоиса муайян мегардад.
Ҳангоми хизмати аскарӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ман аввалин бор ба қадри табиату обу боду ҳаво ва дар умум ба қадри неъматҳои Ватани азизам – Тоҷикистон расидам.
Рӯзи 26 июни соли 1986 соати 8-и саҳар бо даъватномаи охирини комиссариати ҳарбии ноҳияи Октябри шахри Душанбе дар назди бинои ин идора як гурӯҳи донишҷӯён ҷамъ шудем. Мо даъватшудагонро саф кашонида ҳасту нест карданду фармон доданд, ки соати 21:00-и шаб дар истгоҳи роҳи оҳан ҳозир шавем.
Маълумамон буд, ки имшаб тақрибан ҳазор нафар донишҷӯёнро ба хизмати аскарӣ мебур- данд. Пештар тибқи қонунҳои амалкунанда донишҷӯёнро ба хизмати аскарӣ намебурданду имсол бо ивазшавии роҳбари давлати Иттиҳоди Шӯравӣ ва тағйирёбии доктринаи ҳарбӣ акнун донишҷӯёнро низ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ даъват мекарданд. Даъват- шудагон аз ҳамаи Донишгоҳҳои таҳсилоти олӣ ҷамъ оварда шуда буданд. Шояд танҳо аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ки он вақтҳо Институти хоҷагии қишлоқ ном дошт, дар ин рӯз беш аз сесад нафар ба хизмати аскарӣ даъват шуда будем. Мо, ки аллакай бо ҳам як соли таълимӣ дарс хонда будем, ҳама ҳамдигарро мешинохтем. Аз байни ҳамкурсон, ман бо Саидумар дӯстӣ доштам. Саидумар аз деҳаи Булёни Поёни ноҳияи Данғара мебошад. Дар ин деҳа хешу таборҳои наздики ман аз ҷониби модарии падарам зиндагонӣ менамоянд. Ман дар давраҳои мактабхониам аксар вақт ҳангоми таътили тобистона ба ин деҳа рафта ҳафтаҳо он ҷо меистодам. Шояд аз ин сабаб бошад, ки аз рӯзҳои аввали таҳсил Саидумарро чун як дӯсти наздик дарёфтам. Ҳамчунин хислату рафтор- ҳоямон низ бо ҳам мувофиқ меомаданд.
Мо даъватшудагон чун шаҳрвандони “ғуломи қонун” соати 20:00 бо гуселкунан- дагонамон ба он ҷои таъиншуда омадем. Маро падарам ва амакам Абдуфаттоҳ гусел мена- муданду ҳамсабақам Саидумарро бошад падараш ва бародараш Собир.
Ҳамин тавр, шаб он ҷо боз ҳамаамонро саф оростанду соатҳои 23-и шаб ба вагонҳо саворамон карданд.
Ҳангоми гуселнамоӣ дар чашмони падари ману падари Саидумар каме ашк ҳам пайдо шуд.
Мо ҷавонони хундарҷӯш ба ин ашку оғӯшгириҳо аҳамияте надода зуд ба вагон савор шудем.
Баъди ягон соат поезд ба ҳаракат даромад.
Ҳарчанд шаб ҳам бошад, ҳавои даруни вагонҳо аз ҳарорати гармии тобистон ва одамони зиёд хеле гарму тафсон буд. Мо зуд-зуд ташна мешудему аз роҳбалади вагон чой харида менӯ- шидем. Роҳбалад ба мо чойро дар истаконҳои шишагии дар даруни зарфҳои оҳанини дастадор ҷойгиршуда медод. Ҳангоми ҳаракати поезд шамол аз тирезаи болоӣ ба даруни вагон кам-кам ворид мегардиду ҳаворо тоза мекард. Шамол низ каме тафсон буд.
Поезди мо баъди ҳар як-ду соат меистод.
Таваққуфҳо ду-се соатӣ тӯл мекашиданд. Дар ин маврид ҳавои вагонҳо боз метафсиду боз мо ташна мемондем. Арақи бадан аз сару рӯямон мешориду либосҳо ҳама тар мешуданд.
Афсарони масъули роҳбалад, ки дар ҳар вагон дунафарӣ буданд, бо мо ҳатто сӯҳбат намекарданд. Онҳо намегуфтанд, ки куҷо меравем. Ҳамааш сирри ҳарбӣ! Аз чӣ бошад, ки ҳангоми истодани поезд, ба мо иҷозати берунбароӣ намедоданд. Ба андешаам, онҳо метарсиданд, ки берун баромада боз ягон нафаре мегурезад.
Сабаби бисёр бозистодани поездамон дар он будааст, ки аз рӯи муҳимияту ҷадвали тасдиқшуда поезди мо ба дигар поездҳо роҳ медодааст.
Пас аз се соат, дигар чойнӯшӣ низ мушкил гардида буд. Аз сабаби нарасидани истакону бисёрии чойнушҳо роҳбалад чой ҳам намеовард.
Мо назди ӯ рафта навбат истода пули зиёдтаре дода илтимос мекардем, ки ба мо чой диҳад.
Ташнагӣ хеле вазнин будааст. Ҳатто барои як истакон чойи даҳтина яксӯмӣ низ медодем.
Поезди танбали бафурҷаи мо гоҳ тақар- туқуркунон ба ҳаракат медаромаду мо шод мешудем. Ҳама кӯшиш мекардем, ки калла- ҳоямонро аз тирезаи бологӣ берун барорему каме салқин шавем. Каллаҳои ғафси мо ба он тирезаҳо намеғунҷиду шамол ба биниҳою рӯйҳоямон каме мерасид. Аз тарс чашмонамонро мепӯшидем, ки боз ягон магаси вақтрасидае ба чашмонамон надарояд. Аз пуштамон ҳамроҳонамон тап-тап зада хоҳиш мекарданд, ки ба онҳо низ ҷой диҳем, то ки онҳо низ нафаси тозае гиранд.
Нохост садои тормози чархҳои пулодини поезд “инҷ-инҷ” мекарду овози ҳуштаки буғиаш “дууууд” баланд мешуду ҳаракати қатораҳо манъ мешуданд.
Ана акнун боз интизорӣ...
Аз халтаҳоямон кулчаҳои равғанину гӯшти қайлашуда, озуқу шириниҳоро бароварда бо ҳам тановул мекардему бо чойи бо як илоҷ бадастоварда хӯрдагиҳоямонро “қурт” мекардем.
Ин маводи хӯрокаро ба даъватшавандагон, дар хона модарони меҳрубонамону хоҳарони дилсӯзамон омода намуда дар халтаҳо ҷо намуда буданд.
Аз дарди ташнагӣ ҳама мегуфтанд, ки вақте ба қисми ҳарбӣ бирасем, аввал ба серӣ об менӯшем. Аз ташнагии шадиду вазнин ба ташвишу изтироб омада ин фармудаҳои нависандаи фаронсавӣ Антуан де Сент- Экзюпери ба ёдам мерасид: “Об, дар ту на ранг аст, на мазза, на бӯй, туро ифода намудан ғайриимкон аст, аз ту ҳаловат мебаранду намедонанд, ки ту чӣ ҳасти. Гуфтан мумкин нест, ки ту барои ҳаёт муҳим ҳастӣ: ту-худ ҳаёт ҳастӣ”.
Ҳангоми омӯзиши фанни фалсафа хонда будам, ки “файласуфи аввалин” Фалес низ нахустасоси ҳастии ҳамаро об мешуморидааст.
Дар воқеъ об ин асоси ҳастии ҳама махлуқоти зиндаи сайёраамон аст. Дар бунияи инсон то 5%-ашро об ташкил менамояд. То ҳол ягон олиме ҳамаи хосиятҳои обро намедонад.
Бо ҳамин андешаҳо сафарамон идома меёфт.
Дар рӯзи чаҳорум, соатҳои ёздаҳи рӯз афсарон ба мо фармуданд, ки барои фаромадан омода шавем.
Хурсандии моро каноре набуд. Охир баъди се шабонарӯз ба ҷои хизматамон расида истодаем.
Суръати ҳаракати поезд оҳиста-оҳиста паст шуду дар назди истгоҳе поезд истод. Аз 15 қатораи он даъватшудагон ба поён фаромадему бо фармони афсарон саф кашидем.
Баъди тафтишу ҳозиру ғоибнамоӣ ҳама бо қатор саф кашида ба сӯи дарвозаи қисми ҳарбӣ наздик шудем.
Ҳаво чунон гарм буд, ки аз гармии офтоб сару рӯй месӯхт. Ҳама боз ҳам дар фикри обнӯшӣ. Аз дарвозаи қисми ҳарбӣ ворид шудан пас, аз дур ҷумаки обе намоён гардид. Чашми ҳама ба сӯи ҳамон ҷумаки об буд.
Баъзеҳо аз дарди ташнагӣ аз саф берун шуда, ба фармони афсарон итоат накарда сӯи он ҷумаки об давиданд. Аввалинҳо дасту рӯйҳояшонро шустанду каме об низ нӯшиданд.
Дар ин ҳангом афсарон зуд назди ҷумаки об рафта, ҳамаро аз он ҷо телакунон бо дашномҳои қабеҳ ронданд. Ин рафтори онҳо моро ба ғазаб меовард. Охир чӣ хел, об нӯшидан мумкин набудааст?! Афсаре бо овози баланд ба мо фаҳмонид, ки оби ин ҷойро агар ноҷӯшонида нӯшед, ба бемории меъдаю рӯда гирифтор мешавед.
Таркиби оби ин мавзеъ моддаҳое зарароваре доштааст, ки аз нӯшиданаш рӯдаҳо хуншор мешудаанд.
Зорию таваллои моро ба назар гирифта, аз ошхонаи қисми ҳарбӣ як зарфи чархдори 500- литраи чойро бо мошине зуд кашонида ба наздамон оварданд. Аскари чойҷӯшон зуд – зуд ба истаконҳои шишагин чой рехта доду ҳар яки мо нӯшида ташнагиамонро мешикастем.
Баъдтар ба мо эълон намуданд, ки ин ҷо Ҷумҳурии Қазоқистон, вилояти Ҷамбул, деҳаи Отар мебошаду мо дар ин ҷо дар маркази ҳарбии таълимӣ шаш моҳ дарсҳою машқҳои низомиро меомӯхтаем. Тобистони ин мавзеъ гарму тафсон ва зимистонаш хунуки сершамол будаасту обҳояш заҳрнок. Замини ин мавзеъро ҳатто бо бел канда намешавад, чунки хокаш бо сангҳои майдаи ба андозаи нахӯд ва аз он хурдтар омехта асту мисле, ки гӯиё бо ягон бори вазнине онҳоро зер карда бошанд, хеле сахт мебошад. Ҷо-ҷо як намуди хор ба мисли янтоқ мерӯяду халос.
Баландиҳои гирду атроф, ки онҳоро кӯҳ номида ҳам намешавад, низ сиёҳу бе алаф мебошанд. Аз сабаби ингуна табиати ногувори ин макон ва мушкилиҳои вазнини хизмати ҳарбӣ аскарон минтақаи Отарро “филиали дӯзах” ном мебурданд.
Ана ҳамин хел давоми шаш моҳ мо ба оби заҳролуд нигоҳ карда, оби зулоли чашмаҳои ватанро ба ёд оварда, суруди машҳури Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мастона Эргашеваро зери лаб замзама менамудем: Ташнаро як қатра об аз дурри дарё беҳтар аст...
Гушнаро як бурда нон аз ганҷи дунё беҳтар аст.
Ҳоло бо гузашти солҳо, дар ҳар куҷое бошам, аз обҳои зулолу табиати фораму неъматҳои бешумори Тоҷикистони азизам шукргузорӣ менамоям.
Зиҳӣ Тоҷикистонам!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё