Ҳамааш мегузарад...

Дар ин китоб воқеаҳои рухдодаю ҳолатҳои ногувору шавқоваре аз зиндагонии одамон қисса карда шудааст. Дар баъзе мавридҳо, ба хотири наранҷонидани касе, номҳои қаҳрамонони ҳикояҳо иваз карда шудаанд. Боқӣ ҳама ҳақиқат аст...
Ахбор · 8 октябри 2024 · 17 саҳифа
ТАБОБАТ
Моҳи августи соли 2004 ба рухсатии меҳнатӣ баромадаму ба чунин қарор омадам: -О мо ай дигаро чӣ камӣ дорем? Мо ҳам раиси як корхонаи калон. Як бор рафта дар ягон ҷо истироҳату табобат гирем охир...! Кор, кор, кор... Тавре мегӯянд: “Корро трактор кунаду истироҳатро одам”.
Он вақтҳо дар вазифаи директори Заводи ба номи Орҷоникидзеи шаҳри Душанбе кор мекардам. Чор сол боз роҳбари аввали ин корхонаи калон будаму ягон бор рухсатӣ нагирифтаам. Дарди миён каме азобам медоду мехостам ба истироҳатгоҳи “Зумрад”-и шаҳри Исфара рафта табобат гирам. Аз ин рӯ, ба як рафиқи исфарагиям – Одилхон занг задаму мақсадамро гуфтам. Ӯ бо сардухтури табобатгоҳ вохӯрда масъалаҳои ҷойгирию табобатро пурра ҳал намуд. Ману ҳамкорам Ҷамшед ва ҳамкурсам Ёрмаҳмад бо мошини Ёрмаҳмад ба сӯи шаҳри Исфара раҳакӣ шудем. Аз шаҳри Душанбе субҳгоҳон ба роҳ баромадему қарибиҳои бегоҳӣ ба шаҳри Исфара расидем. Аз сабаби оне, ки ҷоямон дар истироҳатгоҳи “Зумрад” пагоҳ холӣ мешуд, шабро дар як меҳмонхонаи шаҳр рӯз кардем. Саҳарӣ барвақт ба он ҷо расида, назди сардухтур рафтем.
Сардухтур, ки тавассути рафиқам моро ғоибона медонист, нағз қабуламон намуда дар як коттеҷи дуошёнаи боҳашамат ҷоямон кард. Коттеҷи мо каме аз биноҳои табобатӣ поёнтар буд. Дар коттеҷ тамоми шароит, аз қабили тахтҳои хобу мебел, телевизору яхдон, душу ҳоҷатхона муҳайё буд. Ошхонаҳо дар биноҳои боло буданду табобатро низ дар он ҷо мегирифтем. Албатта барои ташхису муайяннамоии беморӣ ва таъиноти табобат пешакӣ анализҳою ташхисотҳоро гузаштан лозим буд.
Ман рӯзи аввал ҳамаи корҳои ташхисиро гузаштам. Лекин ҳамроҳамон Ҷамшед ҳеҷ наметавонист, ки хунашро барои ташхис супорад, чунки ӯ ҳар бегоҳ арақи зиёде менӯшид.
Саҳар рӯз мешуд, ӯ баъди эродҳои ман, мегуфт, ки ин бегоҳ арақ намехураду пагоҳ хун месупорад. Бегоҳ боз сархушу сармаст хандида меомаду мегуфт, ки имрӯз нашуду пагоҳ хун месупорад. Барои арақнӯшӣ ба ягон ҷой рафтан ҳам зарур набуд, чунки яхдони дар ошёнаи якуми коттеҷамонбуда аз арақу виною коняку пиво пур буд. Ҳамин тавр ба Ҷамшед дар муддати ду ҳафта муяссар нагардид, ки барои ташхис хун супорад. Бегоҳиҳо дар майдонҳои махсуси истироҳатгоҳ барои дилхушии табобатгирандагон консертҳо ташкил карда мешуданд. Ана дар он ҷой дар миёни саҳна бемор – Ҷамшед майдонро ба кас надода рақс мекард. Бисёриҳо гумон мекарданд, ки ӯ табобатгиранда нею аъзои гурӯҳи санъаткорон аст.
Ёрмаҳмад бошад умуман нӯшокиҳои спиртӣ наменӯшиду намоз мехонд. Ӯ табобат мегирифт.
Дӯсти исфарагиям Одилхон зуд-зуд омада моро хабар мегирифт. Як рӯзи шанбе ӯ дар лаби дарёи Исфара моро меҳмондорӣ намуда, бо оши палави биринҷи девзира зиёфатамон дод.
Ҳамзамон ӯ ба мо маслиҳат дод, ки каме болотар аз ин истироҳатгоҳ мавзеъи қумистон аст.
Меҳмонони бисёр ба он ҷо рафта миёну дасту пойи худро зери қуми тафсон мекунанду шифо меёбанд. Мо тасмим гирифтем, ки пагоҳ рӯзи якшанбе он ҷо меравем.
Ҳамин тавр, қарибиҳои бегоҳӣ ба коттеҷамон баргаштем.
Яке буд, ки аз куҷое ҳамсинфам Амиршоҳ занг зада гуфт, ки ӯ ҳам дар Исфара аст. Ман Амиршоҳро ба меҳмонӣ даъват кардаму баъди ним соат ӯ омада расид. Шаб, чор нафар, ману Ҷамшеду Ёрмаҳмаду Амиршоҳ сари миз хӯрок хӯрдему хеле сӯҳбат кардем. Аз ҷумла, солҳои ҷавониро чунин ёд кардем: Соли 1988 моро аз тарафи Донишкадаи хоҷагии қишлоқ (ҳоло Донишгоҳи аграрӣ) барои таҷрибаомӯзӣ ба Заводи ба номи Лихачёви шаҳри Москваи Россия равон намуданд. Мо – донишҷӯёни факултети механикунонӣ ду моҳ дар ин корхонаи бузург, ки автомашинаҳои номдори ЗИЛ-ро истеҳсол менамуд, ҳамчун таҷрибаомӯз кор кардем.
Боре, баъди соати 17 аз кор баромада дар назди завод Амиршоҳро дидам. Ӯ ба назди ман омада будааст. Мо аз дидори якдигар шод шудему дигар як ҳафта бо ҳам будем. Якҷоя бо поезди электрикӣ ба шаҳраки Нахабино, ки дар онҷо Шариф Исмоилови ҳамсинфамон дар хизмати аскарӣ буд, рафтем. Ману Амиршоҳу Шариф дар шаҳри Москва хеле гаштугузор карда дар Майдони Сурх расм ҳам гирифтем.
Рӯзе бо Амиршоҳ ба футболи байни тимҳои “Спартак” (Москва) ва “Динамо” (Тбилиси) даромадем. Дар он ҷо ҳама мухлиси “Спартак” (Москва) буданд. Ягона мухлиси “Динамо” (Тбилиси) ин Амиршоҳ буд. Воқеан ӯ ба гурҷиҳо монанд буд.
Дар тақдири Амиршоҳ як футболбози гурҷӣ тӯбро аз байни майдон гирифта тоб хӯрдаю фиреб дода ба назди дарвозаи “Спартак” расиду гол зад. Ҳисоб 0:1 шуд. Ҳама хомӯш буданду Амиршоҳ аз хурсандӣ аз ҷой хеста дод мезад.
Ман бошам ӯро ором карданӣ будам, чунки мухлисони ашадӣ – фанатҳои “Спартак” (Москва) хеле зиёд буданду ба ӯ бад-бад нигоҳ карда чизе мегуфтанд. Лекин Амиршоҳ аз чизе наҳаросида хеле хурсандӣ кард. Бозӣ бо ҳамон ҳисоб анҷом ёфт...
Ҳамин хел то нисфи шаб лаҳзаҳои гуногуни ҷавониҳоро ёд карда дер хоб кардем. Пагоҳ соатҳои 11-и рӯз ба ҳамон мавзеъи қумистон равон шудем. Ба мо гуфта буданд, ки ба он ҷо барои гарму тафсоншавии қум мебояд қарибиҳои нисфирӯзӣ равем. Ҳар ҷо-ҳар ҷо аз одамон роҳро аниқ намуда ба ҷойи даркорӣ расидем. Бинем, ки он ҷо табобатгирон зиёд будаанд. Ҳоло аз мошин нафаромада будем, ки чор-панҷ писарбачаҳои шояд дувоздаҳ – чордаҳсола наздамон омада чунин мегуфтанд: -Акоҷон биёед гӯрат кунам! -Ҳо ана он ҷо қумаш гармтар, рафтем гӯрат кунам.
Мо ба шунидани ибораи “гӯрат кунам” хеле хандидему онҳоро ҷавоб додему гуфтем, ки худамон худамонро гӯр мекунем.
Дар ҳақиқат, ин ҷо нисфирӯзӣ хеле гарм мешудааст. Аз боло офтоби сафедранг бо шуоъҳои сӯзонаш ҳамаро тафсонида истодаасту аз поён қуми тафсида гирду атрофро гарм намуда истодааст. Шамоле ҳам намевазад, ки нафаси тозае кашем. Ҳоло ба зери қум надаромада, аз сару рӯямон арақ мешориду зуд-зуд об менӯшидем. Обҳои бо худ бурдаамон тез тамом шуданд.
Акнун раванди ба таги қуми тафсон даромаданамонро оғоз кардему беҳунариамонро ҳис карда зуд фаҳмидем, ки ҳамон писарбачаҳоро бояд даъват намоем. Писарбачаҳо омада, ҳар яки моро таги қум “гӯр карданд”-у болои сарамон сачоқ партофта ба даҳанамон аз ҷулики қаробоиҳояшон об менӯшониданд.
Баъди 15-20 дақиқа ҳамон писарбачаҳо аз зери қум берунамон карданду ҳаққи хизма- ташонро гирифта рафтанд. Ҳарчанд оби зиёде менӯшидем ҳеҷ ташнагӣ намешикаст. Бар замми ин боз чунон гуруснае шудем, ки ларзаамон гирифту дигар мадору қувватамон намонда буд.
Набзи кори диламон низ дигар шуда буд.
Каме поёнтар аз он қумистон дарахтони баланди сабз ва як хонае намоён буд. Як илоҷ намуда ҳамакаса худро ба онҷо расонидем. Як марди қадаш миёнаи каме фарбеҳтар моро дида бо хандаю ширинзабонӣ ба ҳавлӣ даъват намуда болои суфра шинонд. Ҳавои ҳавлӣ аз ҳисоби дарахтон салқину форам буд.
Мо болои кӯрпачаҳои суфра зуд дароз кашидем, чунки ҳатто шиштан бароямон мушкил буд. Зуд ба он мард муроҷиат намудем: -Акаҷон, зуд чой биёру ягон нону чизи хурданӣ.
Ӯ тез дастархон партофта ду чойник чой ва ду нони калон оварда гузошт. Ин ду чойник чой дар панҷ дақиқа тамом шуданду аз нонҳо баъди панҷ дақиқаи дигар чизе намонд.
-Акаҷон, илтимос боз чой ва ягон чизи хурданӣ биёрен – гуфтем мо.
Марди бечора боз давида се нони дигару як тарбуз овард. Ин нонҳою тарбуз низ дар назди чор ҷавонмарди гушнаю ташна дер напоиданд. Ӯ боз нону ғулингу бодом овард. Дар як лаҳза дастархон пур аз донаи зардолую пучоқи бодом шуд.
-О ака, ягон хурок надорен? – пурсид Амиршоҳ.
-Ҳа... ҳозир ош мекунем – гуфт он марду хеста ба сӯи аловхонааш рафт.
Аз он ҷо боз як тарбузу ду нони дигар оварду чойникҳои холишударо бурда чой дам карда овард. Пучоқҳои бодому донаҳои зардолуро аз рӯи дастархон ҷамъ карда буд, ки болои дастархон пур аз пучоқи тарбуз гардид. Хӯрдани мо ба алафдарии комбайнҳо монандӣ дошт.
-Ака, оша тезтар тезтар биёр, оша – мегуфт Амиршоҳ.
-Ҳа, майлаш, ҳозир – гуфта рафту дасти холӣ баргашт.
-Ээ... мардак! Оша биёр тезтар – гуфтам ман.
-Ҳозир... – гуфта боз он мард рафту каме дертар омад.
Мо аз ҷоямон дидем, ки ӯ дасти холӣ бе табақи ош омада истодааст.
-О, ака дасти холӣ наё, оша бардор, охӣ – сахттар дод зад Амиршоҳ.
Ӯ дар ҷояш яксаду ҳаштод дараҷа тоб хӯрду боз ба сӯи ошпазхонааш рафту дигар наметофт.
Акнун мо каме қувват гирифтему лекин гурусна будем. Ягон хӯроки серравғанамон мефорид. Ба якдигар шӯхӣ карда мегуфтем, ки ин “гӯр” кардан чӣ қадар мушкил будааст.
Худро “донишманд” гирифта ман мефаҳ- монидам, ки аз гармӣ рагҳои баданамон васеъ шудаанду фишорамон паст, оби баданамон арақ шуда рехтаасту организмҳо камоб гардидаанд.
Аз ҷониби дигар аллакай вақти хӯроки нисфи- рӯзӣ гузаштаасту мо гуруснаем. Аз ин сабабҳо хеле мондаю камқувват гаштаем.
-Ҳоо... Рост мегуй. Давои ҳамаи дардҳомон ошай – гуфт Амиршоҳ ва фарёд кард: -Оша биёр, а бача!!! Ана он марди мизбон дар даст як лагани ош аз ошпазхонааш баромада ба сӯи мо меомад. Мо гӯё қадамҳояшро ҳисоб мекардем. Хайрият омада расиду лагани пури ошро болои дастархон гузошта гуфт: -Ҳозир оби дастшуӣ меорам.
-Ээ... дастмона ношуста хурдан мегирему бо як лагани дигарда ош биёр, ака – фармуд Амиршоҳ.
-Хуб.
Лагани дуюми ошро низ хурдему дигар хобамон зер кард. Дар ҷои салқин бо шиками сер зуд хобамон бурд.
Марди мизбон шояд акнун фикр мекард, ки хайрият хобашон бурд. Набошад на дарахт мемонду на хонаю дар... Ҳамаро мехӯрданд.
Дар урфият мегӯянд: “Балоро ба дасти худ ба хонаамон овардем”. Ин мард айнан чунин кард.
Баъди ягон соате бедор шудему бинем, ки қариб бегоҳ шудааст. Хеста ба он мард “Ташаккур” гуфтему хостем маблағи ошу тарбузҳою нону чойю хизматрасониҳояшро пардохт намоем.
-Ээ... нее... бародарҳо! Шумо меҳмонҳои ман ҳастед. Ман Шумоёнро меҳмондорӣ кардам – гуфт он мард.
-Чӣ хел? Ин ҷо ошхона нест? – пурсидам ман.
-Ээ... не... Ин хонаи ман.
Мо фикр карда будем, ки ин ҷо ошхона асту табобатгирандагон ин ҷо хӯрок мехӯранд. Рости гап, аз “тезтар оша биёр”, “чой биёр” – гуфтанҳою дод заданҳоямон акнун шармамон омад.
-Акоҷон! Бахшиш мепурсам, мо фикр кар- дем, ки ин ҷо ошхона аст. Каме беодобӣ кардем.
-Ээ..., ин хел нагӯед, ҳамааш айби қуми тафсон – шӯхӣ кард ӯ.
Ҳарчанд ба ӯ пул дароз кардам, нагирифт.
Бо сари хам шармкунон аз ӯ номашро пурсидем.
-Номам Абдуваққос – ҷавоб дод ӯ.
-Акаи Абдуваққос узри моро қабул намоед.
Ба Шумо ҳазорҳо ташаккури самимӣ, нону намакатонро бубахшед. Ҳамеша хонаатон обод бошад, амакҷон – миннатдорӣ намудам ман.
Ҳар якамон амаки Абдуваққосро оғӯш карда бо ӯ хайрухуш намудему ба мошинамон нишастем. Ӯ ба ҳар якеамон дар халтаҳо каме қоқи зардолу низ туҳфа дод.
-Хайр, хуш омадед, ба Шумоён роҳи сафед.
Боз биёед! – гуфт амаки Абдуваққос.
Ҳамон сухани охиринаш “Боз биёед” самимӣ буд ва ё лутф бароямон то ҳол номаълум мондааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё