Ҳамааш мегузарад...

Дар ин китоб воқеаҳои рухдодаю ҳолатҳои ногувору шавқоваре аз зиндагонии одамон қисса карда шудааст. Дар баъзе мавридҳо, ба хотири наранҷонидани касе, номҳои қаҳрамонони ҳикояҳо иваз карда шудаанд. Боқӣ ҳама ҳақиқат аст...
Ахбор · 8 октябри 2024 · 17 саҳифа
КӮШИШИ БЕНАТИҶА
Абдукарим шахси накӯандешаю накӯкор аст.
Ӯ ҷавонмарди 48 солаи миёнақади бо тануманд мебошад. Оиладору соҳиби 4 фарзанд аст. Се донишгоҳи олиро хатм карда, рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаасту ҳоло корҳои илмии дифои унвони докториро оғоз кардааст. Воқеан, Абдукарим шахси донишманд мебошаду ҳоло дар яке аз идораҳо роҳбар шуда фаъолият дорад.
Дар баробари корҳои давлатию илмӣ ба варзиш ҳам машғул шуда, ҳафтае ду бор бо рафиқонаш футболбозӣ низ менамояд.
Чӣ хел чунин инсони бомаърифат накӯкор нашуда метавонад?! Абдукарим дар ҳалли мушкилоти пайвандону наздикон ва умуман ҳама то ҷое метавонад, ёрӣ мерасонад. Албатта баъзе масъалаҳо ҳал мешаванду бархеашон не, лекин ӯ кори “аз дасташ меомада”-ро мекунад. Ӯ барои иҷрои ҳама корҳо нақшаю барномаҳо тарҳрезӣ менамояд.
Боре, Абдураҳим ба иҷрои як амали мушкиле шурӯъ намуд. Мақсад аз иҷрои ин амал аз роҳи нодурусти арақхурию майзадагӣ ба роҳи дурусти зиндагонӣ гузаронидани як марди хешу табор – бо номи Насрулло буд. Насрулло аллакай 72 сола шуда буду ҳеҷ не, ки одати бади майнӯшиашро партояд. Ӯ марди қадпасти хароби зардпӯсте аст.
Насрулло аз солҳои ҷавониаш чун устои автомобил машҳур шуда буд. Ҳавлии хонааш пур аз мошинҳои таъмирталаб буданду соҳибонашон ҳамеша хизмати Насруллоро мекарданд. Он вақтҳо, барои таъмири автомобил ҳаққи музди усто маблағи калонеро ташкил менамуд. Аз ҳисоби даромади корҳояш Насрулло бо се-чор нафар ҳамсоягонаш қариб ҳар рӯз зиёфате меорост. Албатта, хӯроки асосии он зиёфатҳо арақ буд. Ҳамин хел, оҳиста-оҳиста Насрулло ба бемории “майзадагӣ” гирифтор гардида буд. Аз ҳисоби майнӯшии зиёд чандин бор ба ҳар гуна фалокату балоҳо гирифтор шуда буду ҳеҷ яке аз онҳо ба ӯ сабақе намедоданд.
Аз ҷумла, рӯзе бо ӯ чунин воқеае рӯй дод: Тобистони гарм буду қарибиҳои бегоҳӣ ба хонаи Насрулло ду нафар ҳамқадаҳони ҳамсояаш меоянду болои кат нишаста арақнӯширо сар мекунанд. Баъд аз қадаҳи ҳафтум яке аз онҳо “ҳуккакзанон” ба Насрулло мегӯяд: -Ҳамсоя, о ҳамсоя, бисёр марди сахтӣ-да...
Ҳъъ...
-Чӣ сахтӣ кардум-охи? – мепурсад Насрулло.
-Мо дукаса хонаат меҳмонӣ омадем, ту ҳами бузта намекушӣ?! Ҳъъ... Помидор хӯрда мешинем? – гуфта ба бузи дар ҳавлӣ гаштаистода ишора менамояд марди ҳамсоя.
-Ээ... садқаи сари Шумо... Ҳъъ... Ҳами буза...? Бхе сарша бги! Ҳъъ... – гуфта Насрулло кордро ба ӯ дароз менамояд.
Онҳо дукаса мастомаст хеста калавида- калавида бузро мекушанду гӯштҳояшро реза карда, ба завҷаи Насрулло медиҳанду мегӯянд: -Ҳами гуштора бирён бкн. Тезтар, ки мо гшнаем. Ҳъъ...
Зани Насрулло норозиёна ба онҳо чизе мегӯяду лекин онҳо дигар гаперо намефаҳ- миданд.
Насрулло писари наврасашро сӯяш даъват карда мефармояд: -Бррра, ҳъъ... Ай хонаи Сироҷи арақфуруш се шиша арақи тоза биёррр... Пулша бад метем...
Ҳъъ...
Писари Насрулло зуд се шиша арақро оварду янга низ дилу ҷигари бузро бирён карда, болои дастархони “меҳмонон” гузошт. Дигар зиёфат идома ёфт...
Бо фарорасии шом, марди ҳамсоя – Саттор ба ҳавлии Насрулло даромад. Насруллои масти забонаш кулӯлашуда аз ҷояш хеста ҳамсояашро ба сари дастархон даъват намуд. Ӯ аҳволро дида, сари дастархон нанишасту гуфт: -Як бузам нест, ҳамура кофтанӣ баромадум.
Дар ҳами қади раҳ баргҳора чаридеса буд. Бо гуфтум ҳавлии Шумо надаромада бошад...? -Буз...? Ҳъъ... Буз чизи хуб аст. Ҳъъ... – калавида ғур-ғуркунон боз кимчиҳое мегуфт Насрулло.
Насруллои маст аллакай дарк кард, ки кори нодурусте шудааст. Охир онҳо бузи ҳамсояро кушта хӯрда истодаанд.
Дар ин вақт писари Насрулло торикии шомро дида чароғи барқии ҳавлиро даргиронд. Соҳиби буз пӯсти буз ва хуни рехтаеро дар кунҷи ҳавлии Насрулло дида, пай бурд, ки бузи ӯро ин майзадаҳо куштаанд.
Саттор ҷанҷолро сар карду аз ҳавлӣ баромада гуфт, ки ба милиса муроҷиат менамояд.
Насрулло аз ин ҷанҷолҳо каме ҳушёр гашту ба зорӣ даромад: -Акаҷон, ҳамсоя, ҳъъ... товони бузта метм.
Чан суме гуӣ, ҳозир метм. Ҳъъ...
-Не, ин корро милиса мебинад – истодагарӣ мекард акаи Саттор.
-Ба ҷои буз гусола метем акаҷон, илтимос милисабозӣ накнем... Ҳъъ... – зорӣ мекарданд ҳамқадаҳҳо.
-Не, не, гапи ма якта – мегуфт Саттор.
Ду-се ҳамсояҳои дигар низ омада, хотири ҳамсоягарӣ аз акаи Саттор илтимос менамуданд, ки моҷаро дар ҳамин ҷо ҳал шавад. Лекин бенатиҷа...
Бо занги телефонии акаи Саттор милисаҳо омада Насрулло ва ду “меҳмонаш”-ро ба шуъбаи корҳои дохилӣ бурданд. Парвандаи ҷиноӣ боз карда шуду “бузхурон” баъди ду моҳ бо ҳукми пардохти ҷуброн ва ҷарима аз маҳбасхона озод шуданд.
Насрулло то ҳол гоҳе чунин шӯхӣ мекунад: -Ээ... бузи Сатторӣ бошаду арақи Сироҷӣ...
Шӯхӣ шӯхию аз зарби майнӯшии доимӣ Насрулло баракати зиндагиашро пурра аз даст дод. Рӯз ба рӯз аҳволи моддии хонаводагиаш хеле ташвишовар мегардид.
Аз ин рӯ, Абдуркарим бо нияти нек Насруллоро насиҳатҳо мекард. Ба ҷое, ки шахси калонсол ҷавонеро насиҳат намояд, ин ҷо баръакс, ҷавоне марди аз 70 сола болоро тарбия менамуд. Воқеан ин корбарии Абдукарим дуруст буд, чунки тавре мефармоянд: Агар бинӣ нобиною чоҳ аст, В-агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст.
Лекин аз чӣ бошад, ки ман аз аввал ба натиҷаи мусбӣ овардани ин насиҳатҳою корбариҳо бовар надоштам. Ин фикрҳоямро рӯзҳои аввали ба тарбия фарогирии Насрулло ба Абдукарим чунин гуфта будам: -Абдукарим, шахсан ман аз ин корҳо хурсанд ҳастаму самимона мехоҳам, ки Насрулло ислоҳ шавад. Лекин тавре фармудаанд: “Агар гӯянд, ки кӯҳе чаппа шудааст, бовар кунед, вале агар шунавед, ки одаме тарки одати бад намудааст, то набинед, бовар накунед”. Аз ин рӯ, ба натиҷаи мусбии ин корҳо бовар надорам.
Гоҳе-гоҳе, ҳангоми вохӯриҳою сӯҳбатҳои телефонӣ аз Абдукарим дар бораи муваффақи- ятҳояш дар самти тарбияи Насрулло пурсон мешудам. Аз гуфтаҳояш фаҳмидам, ки Абдукарим Насрулло ва ду бародари калонтари ӯро ба хонааш даъват намуда, меҳмондорӣ кардаасту дар сӯҳбат масъаларо бардошта, розигии ҳама ва махсусан худи Насруллоро гирифтааст. Ҳангоми гуселнамоӣ ба онҳо тӯҳфаҳо низ тақдим намудааст.
Бародарони Насрулло ва мураббии ӯ – Абдукарим ба хулоса омадаанд, ки аввал Насруллоро аз нӯшидани арақ бозмедоранду марҳила ба марҳила ӯро намозхон мекунанд.
Тибқи барномаи тарбиявии “тасдиқгардида” Насруллоро дар синни 72 солагӣ мусулмони бонамоз карданӣ буданд.
Абдукарими доно барои ҳавасманднамоии “шогирдаш” ба ӯ гоҳе маблағ ҳам медод. Охир тавре маълум аст, ҳар мақсад аз рӯи мақоли “ё ба зӯрӣ, ё ба зорӣ, ё ба зар” амалӣ мешавад. Ин ҷо тарбиятгар аз усули “ҳам ба зӯрӣ, ҳам ба зорӣ, ҳам ба зар” истифода менамуд. Яъне, мураббӣ Насруллоро аз оқибатҳои амалҳои нодурусташ метарсониду ҳам оромона насиҳат мекарду ва ҳам маблағе низ медод. Ба Насрулло пеш аз ҳама гирифтани маблағ муҳим буд. Аз ин хотир, ҳангоми вохӯриҳо бо Абдукарим ӯ худро бечораю фақир вонамуд карда, кӯшиш мекард, ки мувофиқи таъби Абдукарим сухан гӯяд.
Абдукарим аз гуфтаҳою рафторҳои аллакай “ислоҳгардидаистодаи” Насрулло ба ваҷд меомаду боз дасташро ба ҷайбаш бурда ба ӯ пул медод. Ҳангоми дасташро ба ҷайбаш андохтани Абдукарим дили Насрулло тез кор мекарду чашмонаш нур мегирифтанд.
Муваффақият зуд ба даст меомад.
Абдукарим хушҳолона рӯзе гуфт, ки Насрулло як моҳу чор рӯз аст, ки арақ наменӯшад. Маълум буд, ки ҳар рӯзи арақнахурии тарбиятшаванда аз ҷониби тарбиякунанда ҳисоб мешавад. Ҳамин хел, баъди як моҳу даҳ рӯз, яъне чил рӯз Насрулло намозхон шуд.
-Мешудааст-ку? – фикр менамудем мо.
Офарин... Расо дар чил рӯз покиза шудаастэ...
Насрулло барои анҷоми ин амалаш аз ҷониби Абдукарим боз ҳавасманд гардонида шуд. Дигар ҳама ҷо таърифи Насрулло буд.
Лекин баъди муддате боз миш-мишҳое миёни занҳои лаби оби ариқи деҳа пайдо шуданд, ки гуиё Насруллоро дар фалон ҷо маст дида бошанд.
-Ээ... неэ... Як одами бегуноҳро тӯҳмат мекунанд-э – дилсӯзона мегуфт Абдукарим.
Мо бошем, аз ин овозаҳо боз каме хавотир мешудем. Охир тавре мегӯянд: “То шамол нашавад, барги дарахт намеҷунбад”.
Каме баъдтар, рӯзе худи Насрулло дар ҳолати мастӣ ба Абдукарим занг зада, қабеҳона ҳар хел суханҳо гуфтааст. Он гуфтаҳои мардум тӯҳмат набудаасту Насрулло боз ҳам пинҳонӣ майнӯшиашро идома медодааст.
Абдукарим аз бенатиҷа анҷом ёфтани барномаи махсуси тарбиявиаш хеле ба ташвиш ҳам омад. Мо ӯро тасалло дода мегуфтем: -Бародар, дар зиндагонӣ на ҳамаи барномаҳо амалӣ мешаванд. Он чизе аз тақдир аст, онро тадбир нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё