Зеҳн
Ҳамааш мегузарад...

Дар ин китоб воқеаҳои рухдодаю ҳолатҳои ногувору шавқоваре аз зиндагонии одамон қисса карда шудааст. Дар баъзе мавридҳо, ба хотири наранҷонидани касе, номҳои қаҳрамонони ҳикояҳо иваз карда шудаанд. Боқӣ ҳама ҳақиқат аст...

Ахбор · 8 октябри 2024 · 17 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

БАРАКАТ

Ҳангоми фаъолияти кориам дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 5-ум) ба ҳайси Раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия боре чунин воқеае рух дод: Як рӯзи тирамоҳӣ, соати 16:00 дар толори калон маҷлисе баргузор гардиду баъди як соат ин ҷаласа хотима ёфт. Аз сабаби ҳавои сербориш он рӯзҳо ҳама либоси мавсимии болопӯш, ба истилоҳи русӣ – “плащ” мепӯшиданд. Албатта ҳамаи иштирокчиёни ҷаласа пеш аз воридшавӣ ба толор плашҳои худро кашида, дар толори воридшавӣ ба маҷлисгоҳи бино дар либос- овезаккунакҳо овезон менамуданд. Дар идораи мо шахси масъуле, ки чун дар театрҳо либосҳои болоию сарпӯшҳои одамонро овехта, ба онҳо овезаи рақамдор(ба истилоҳи русӣ – “брелок”)- ро диҳад, набуд. Шояд мепурсед, ки чаро набуд, намедонам, чунин воҳиди корӣ дар мо умуман вуҷуд надорад. Хайр, акнун осмон ба замин намерасад-ку охир, либосатро меовезию баъди ҷаласа худат онро гирифта меравӣ...

Бисёр оддию қулай...

Дар забони русӣ чунин мақоле ҳаст: “Театр начинается с гардероба” (яъне, “Театр аз ҷои либосовезонкунӣ сар мешавад”). Хайр театр театр аст. Идораи мо театр нест-ку...

Уилям Шекспир фармудааст, ки: “Ҳама дунё театр асту мо актёр”. Баъзан, каме андеша намуда, ба ин фикр розӣ шудан мумкин аст. Эээ, бо ин фикррониҳои фалсафиамон каме аз мавзуъи асосии ҳикоя дуртар шудем.

Хуллас, баъди анҷомёбии ҷаласаи онрӯза, мани хурсанд аз оне, ки маҷлис зуд тамом шуд, аз толор баромадаму плаши худро гирифтаму онро напӯшида ба дасти чапам партофта, ба мошинам савор шуда хона омадам. Дар хона либосҳоро иваз намуда, назди телевизор нишастаму баъд аз рӯзи “пурмаҳсули” корӣ дам гирифта чойи кабуд менӯшидам. Аз сабаби кӯтоҳии рӯзҳои тирамоҳӣ берун зуд торик шуд.

Фориғ аз давутозҳои рӯзгор қариб хобам мебурд, ки нохост телефони мобилиам занг зад. Аслан телефонҳои мобилии вакилон хеле кам занг мезананд, чунки онҳо аз рӯи зарурат ба касе лозим нестанд. Нигоҳ мекунам, як рақами ношинос! -Ҳа, шояд касе хато кардааст – андешидам ман.

Бисёр вақтҳо чунин мешавад-ку. Касе, ягон рақамро хато чинда, занг мезанаду мо одамҳои “серкор”-ро безобита менамояд.

Бо ҳамин фикрҳо телефонро бардоштам, ки овози марде аз он сӯ садо дод: -Ассалому алайкум! -Ваалайкум ассалом – ҷавоб додам ман.

-Ин телефони Хайрулло Амонулло? – пурсид ӯ.

-Бале бародар, гӯш мекунам.

-Ман вакили ҳамкоратон Ашӯрзода. Хуб ҳастед, ако? – садо омад аз он сӯ.

-Раҳмат бародар, Шумо нағз ҳастед? – аҳволпурсӣ кардам.

-Ҳа, шукр, як чизро пурсам, ако – давом дод суханашро Ашурзода.

-Марҳамат, бемалол...

-Шумо плаши худатонро гирифта бурдаед? -Канӣ бинам... – гуфтаму хеста аз либос- овезкунаки даҳлез плашро гирифта азназар гузаронида фаҳмидам, ки ин плаши ман нест.

-Не, ман плаши дигар касро оварда будаам – гуфтам ба ӯ.

-Ҳа, хато шудааст ако. Шумо плаши маро бурдаеду аз худатонро ин ҷо монда будаед.

-Эҳе... – гуфтаму хандидам ман.

Ашӯрзода низ хандид.

Ҳамин лаҳза ба сарам фикре омад, ки Ашӯрзода аз байни 70-80 плаш чӣ хел аниқ кардааст, ки ин плаши ман аст. Аз ин рӯ зуд ба ӯ чунин савол додам: -Бародари гиромӣ! Майлаш плашҳо иваз шуданду, лекин Шумо чӣ хел фаҳмидед, ки аз миёни ин қадар одами бешумор, маҳз ин плаши ман аст? -Эээ... нагӯед, ако! Ҳама аз толор баромада рафтанд. Ман плашамро наёфта, он ҷо истода будам, ки бинам дар либосовезонак ҳамагӣ як плаши сиёҳ мондааст. Онро пӯшида дидам, ки ин плаши ман нест. Зуд пай бурдам, ки соҳиби ин плаш хато карда аз они маро бурдааст. Баъдтар анешидам, ки ин плаши кӣ бошад? Ин вақт ба сарам фикре омад, ки киссаҳои плашро кобам, шояд ягон телефон ва ё ягон чизи дигареро меёбаму тавассути он соҳибаш муайян мегардад.

Ҳамин тавр, аз киссаи берунӣ як варақаеро ёфтам. Бинам, ки ин варақаи пардохти харид аз мағозаи “Пайкар” мебошад. Дар варақа суроғаи мағоза, соату дақиқаю сонияи пардохти маблағ ва рӯйхату нархномаи маводҳои харидашуда ва боз ким-чиҳои дигар дарҷ шудаанд. Ба хулосае омадам, ки ба ҳамон мағозаи “Пайкар” мераваму аз сабти навори видеоии мағоза соҳиби плашро меёбам. Чунин ҳам кардам. Рафта бо шахси масъули мағоза вохӯрда асли кори шудагиро ба ӯ фаҳмонидам. Он мард навори видеоиро қафо гардонида, аз рӯи варақаи пардохт, соати 15:32:08-ро дарёфт. Бинам, ки Шумо он ҷо ҳисобӣ карда истодаед. Хеле хурсанд шуда, ба шахсони ба ман ёрдамнамуда “ташаккури зиёд” гуфтам. Хоб, соҳиби плаш маълум шуд, акнун бояд рақами телефонашро ёбам, хулоса намудам ман. Боз ба ҷои корамон баргашта, аз китоби рақами телефонҳо рақами телефонатонро ёфта, ана занг зада истодаам – ҷамъбаст намуд Ашӯрзода.

Ҳангоми нақлнамоии ӯ ман ин корҳоро тасаввур намуда, филмҳои детективие, ки дар он бо ҳар гуна роҳу усулу корбариҳои оқилона ҷинояткорро меёбанд, ба ёдам расид.

-Эээ... Офарин! Пеш корманди милиса будед? – пурсидам ман.

-Э не ако, ҳамин хел шуд! – ҷавоб дод Ашӯрзода.

-Шумо бояд муфаттиш мешудед. Бо ин тарзи фикррониатон хеле ҷинояткоронро дастгир менамудед – идома додам ман.

Дукаса хеле хандидему боз як фикри дигар ба сарам омаду ба Ашӯрзода ҷиддӣ гуфтам: -Бародари азиз! Киссаҳои даруни плаши манро низ кофтед? -Э не ако, ҳамин варақаи мағозаро аз киссаи берун ёфтам.

-Набошад, зуд, киссаи тарафи чапи дару- нашро бинед, дар он ҷо ҳазор доллар бояд бошад – ташвишомез иброз намудам ман.

Ашӯрзода аз ҷиддият ва ташвиши ман хавотир шуда, зуд ҳарду ҷайби даруниро кофта ба ман гуфт: -Ако, ин ҷо чизе нест...

-Чӣ хел нест? Даҳто доллари саддоллара, дар киссаи чапи дарунӣ.

-Акоҷон, ман ҳарду киссаи даруниро боз ана дида истодаам, ягон маблағ ин ҷо нест – ҷиддӣ ҷавоб дод Ашӯрзода.

-Биёед монед-э... Ҳамкор ҳастему наход ҳамин хел рафтор кунем? – боз ҳам ҷиддитар муроҷиат кардам.

-Акоҷон, ба ХУДО қасам, киссаҳо холианд.

-Хайр майлаш. Ҳамон ҳазор доллар будааст- да. Ба хотири Шумо аз баҳраш гузаштам – каме хандида гуфтам ман.

Пас аз хандаам Ашӯрзода фаҳмид, ки шӯхӣ карда истодаам. Ӯ низ хеле хандид.

Ашӯрзода ба воситаи ронандааш плаши маро оварда расониду плаши худашро гирифт.

Баъдтар, дар ҷои кор, гоҳе ба ӯ шӯхӣ карда мегӯям: -Ҳоо, баракати плаши ман хеле зиёдай, чунки онро дар вақти раисиям харидаам. Плаша як бор пушидаӣ. Кадом рӯз ягон мансаби баланд мегирӣ. Боз моро фаромӯш накунӣ!? Воқеан, Ашӯрзода ҳамин ҳафта ба ҳайси раиси як идораи сиёсӣ интихоб гардид.

Охиран, плаш корашро кард...

пешина
аз 17
навбатӣ