Зеҳн
Ҳамааш мегузарад...

Дар ин китоб воқеаҳои рухдодаю ҳолатҳои ногувору шавқоваре аз зиндагонии одамон қисса карда шудааст. Дар баъзе мавридҳо, ба хотири наранҷонидани касе, номҳои қаҳрамонони ҳикояҳо иваз карда шудаанд. Боқӣ ҳама ҳақиқат аст...

Ахбор · 8 октябри 2024 · 17 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

МАКТУБИ ОШИҚӢ

Ба касе аниқ маълум нест, ки одамон аз кадом замонҳо инҷониб ба якдигар мактуб менависанд. Мусаллам аст, ки мактубнависӣ пас аз пайдошавии ҳарфҳою хатнависӣ оғоз ёфтааст.

Он ҳам бошад, баъди инкишофи эволютсионии шояд чандин ҳазорҳо-ҳазорсолаҳо...

Бостоншиносон аввалин ҳарфҳои мехӣ ва дигар намудҳои ифоданамоии тасвирҳоро дар сангҳо ва дар ғорҳо меомӯзанд, то ки пайдошавӣ ва рушди минбаъдаи ҳарфҳои ҳаккокишудаи деворҳою сангҳоро аниқу муайян намоянд. Охир, ин ҳама дар як ҷои холӣ, дар як лаҳза пайдо нашудааст-ку. Ин моем, ки ҳоло болои қоғази сафед қаламро гирифта, беист менависему мена- висем. Медонед, ки солҳои қадим нависонидани мактубе ва матне чӣ қадар кори мушкил будааст? Бо пайдошавии хатнависӣ ва ифоданамоии фикру андеша дар шакли мактуб, шеър, китоби насрӣ ва расму мусаввараҳо имконият муҳайё гардид. Албатта, дар замонҳои гузашта на ҳамаи одамон аз ин неъмати бузург бархурдор буданд.

Аксарияти мардуми оддӣ дар давраҳои қадим ва ҳатто асримиёнагӣ хату саводи навиштану хонданро надоштанд. Хушбахтона, ҳоло бештари инсонҳо хондану навиштанро омӯхтаанд.

Дар афсонаҳо ва асарҳои таърихӣ хондаем, ки мактубнависӣ дар замонҳои қадим, дар байни подшоҳон расм шуда буд. Ин подшоҳ ба подшоҳи дигаре мактуберо ба воситаи сафир равон менамуд. Мактубҳо бо сурғуҷ мӯҳр карда мешудаанду танҳо подшоҳи мактубро қабул- кунанда онро мекушодааст. Ин гуна мактубҳо аксар вақт боиси сар задани ҷангҳо ва ё баръакс, сабаби дӯсту хешу таборшавии шоҳони даври давлатҳои гуногун мегардидаанд. Яъне, мактуб- нависӣ ба ҳамдигар, яке аз рукни асосии муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳисоб мерафт.

Воқеан, ҳоло ҳам чунин аст.

Даврони ҷавонии мо, чун ҳозир, тамоми одамони аз ҳафтсола боло хонда ва навишта метавонистанд. Барои ба ин сатҳ расонидани саводнокии одамон солҳои 20-30-и асри ХХ аз ҷониби ҳукумати онвақта, як барномаи муҳим бо унвони “маҳви бесаводӣ” амалӣ шуда будааст.

Аз рӯи нақли бобоҳоямон, он вақтҳо ҳама – хурду калони мамлакатро дар синфхонаҳо ҷамъ намуда, аз рӯи барномаи махсуси таълимӣ ҳарфҳои алифбои лотинӣ, баъдан кирилӣ ва навиштану хонданро меомӯзонидаанд.

Ҳамаи он заҳматҳо натиҷа доданду мардум соҳиби саводи муосири бо алифбои кирилӣ эҷодшуда гардид. Ин кори саҳлу соддае набуд.

Дигар, аз он замон то ҳоло тамоми наврасон дар мактабҳои миёна ва умумӣ дарс мегиранду касе бесавод намемонад.

Ана ҳамон солҳои 70-80-уми асри ХХ, ки шояд авҷи камолоту рушди ҷомеаи онвақта буд, мактубнависӣ мӯд шуда буд. Ҳама ба хешу таборону дӯстони дар масофаҳои дуртаре иқоматдошта мактуб менависонданд. Хадамоти давлатии алоқа ҳамаи ин мактубҳоро сари вақт бурда, ба суроғаҳои қайдгардида мерасониданд.

Ин ҳоло аст, ки одамон таввасути телефонҳои мобилӣ паёмак (смс) равон мекунанд ва ё дар як рӯз чандин бор занг зада сӯҳбат менамоянд. Он солҳо танҳо телефонҳои ноқилӣ буданду барои аз як шаҳр ба шаҳри дигар занг задан чор-панҷ рӯз “меҳнат” мекардию ба як азобе ду-се дақиқа сӯҳбат менамудӣ. Албатта, фиристодани мактубу паёмак ба воситаи шабакаҳои гуногуни интернетӣ қулаю осон аст, вале ба назари ман “мазза”-и он мактубҳои солҳои пеш дигар буд.

Солҳои дар сафи артиши шӯравӣ хизмати аскариро адо намудан ба падару модару хешону дӯстони ҳазорҳо километр дур буда алоқа танҳо ба воситаи мактубнависӣ буду халос. Ҳар моҳ ду-се мактуберо мегирифтему ба онҳо шабона дар алоҳидагӣ нишаста посух мегардонидем.

Дар он мактубҳо, дар бораи сирри ҳарбии давлатӣ ва дигар мушкилиҳои хизмати аскарӣ ҳаргиз наменавиштем. Фошнамоии сирри ҳарбӣ ҷиноят асту нолидан аз мушкилиҳои хизмати аскариро рафтори ноҷавонмардона мешу- моридем.

Аз чӣ бошад, ки ҳамаи мактубҳои онвақта қариб якхела оғоз мешуданду чунин буданд: “Мактуби саломатӣ! Аз номи як нафар писари Шумо, ки ҳоло сиҳату саломат хизмати аскариро адо намуда истодаааст...”.

Интизорӣ кашидану гирифтани мактуби ҷавобӣ низ як ширинии худро дошт.

Миёни ҷавонписарону ҷавондухтарон он замон нависонидани мактубҳои ошиқона ривоҷу равнақ ёфта буд. Ин гуна мактубҳоро на ба воситаи хадамоти давлатӣ, балки тавассути одамони миёнарав ба шахси даркорӣ мера- сониданд. Баъзе ҷавонон аз дарди ишқ шоир ҳам мешуданду бо шеър мактуб менависонданд.

Шунида будам, ки як ҷавони ҳамдеҳаам ба духтари дӯстдоштааш мактуби ошиқона менависонаду дар охир чунин мефармояд: Ҷоно, ман аз фироқат Ҳар лаҳза зор гирям.

Пайваста аз ғами ту Ман дилфигор гирям.

Духтари шӯх мактубро мехонаду дар ҷавоб кӯтоҳ менависад: Шоирон мурданду ту шоир шудӣ, Аз кадом гӯру лаҳад пайдо шудӣ? Ҷавони ошиқ мактубро то бегоҳ пинҳон намуда, бегоҳӣ дар танҳоӣ бо шавқ онро кушода мехонаду ҳуш аз сараш мепарад. Ана ҷавобу мана хитоб... Маҷнуни охирзамон фикр мекард, ки аз “зор гирям”-у “дилфигор гирям” – навиштанҳояш дили духтар “об” мешавад...

Ӯ руҳафтода нашуда, пайгирона як соли дигар мактубнависӣ карда дар охир аз духтар чунин ҷавоб мегирад: Эй сағраи сарсахт чӣ корум кардӣ? Дилма ёфтию ба худут ёрум кардӣ.

Ҳамин тавр, ӯ ба мақсадаш расида, дӯст- доштаашро ба занӣ мегираду ҳарду хушбахт мегарданд.

Бинед, натиҷаи мактубнависӣ чӣ хел меваи ширинро ба бор овард? Ҷавонмарди дигаре, бо номи Алимад бо зани ҷавонаш Сайёра зуд-зуд ҷангӣ мешуданду боз баъди як-ду рӯз оштӣ мешуданд. Овозаи ҷангу ҷанҷолҳои доимии ин навхонадорон дар деҳаҳои ҳамсоя низ паҳн гашта буд. Насиҳатгарон ҳам дигар аз панду андарзи зиёд монда шуда буданд.

На панду насиҳати шоирон таъсир мекарду на суханони волидайну наздикон. Аввалҳо онҳо агар баъди як-ду рӯз оштӣ мешуда бошанд, акнун пас, ҳоло ҳафтаҳо қаҳрӣ буданд. Бар замми ин, Сайёра боз “гуруснагӣ” эълон менамуду ҳеҷ чиз намехӯрд. Модари Алимад аз ин рафтори “гуруснашинӣ” эълоннамоии келинаш дар ташвиш буду ба ӯ маҷбур хӯроку нон меовард. Вале Сайёраи “баномус” боз ҳам чизе намехӯрд, ки намехӯрд. Падари Алимад, низ аз ин “гуруснашинӣ”-и келинаш хавотир мешуд.

Ҳамсояҳо низ ҳайрон буданд, ки чӣ хел се рӯз бе хӯрок зистан мумкин бошад? Баъдтар, пас аз се- чор сол ошкор шуд, ки ҳангоми ин қаҳригиҳо Сайёра ба хонаи холааш, ки дар ҳамсоягиашон буд, рафта бо иштиҳои том хӯрокҳои бомазза хӯрда, омада боз “гуруснашинӣ”-ро идома медодааст. Сирри ин “гуруснанишинӣ” баъд аз ҷангу ҷанҷоли Сайёра бо келини холааш Малоҳат ошкор шуд. Ҳангоми ҷанҷоли онҳо таъназанӣ сар шуду Малоҳат дар байни кӯча бо овози баланд дар назди одамони зиёде, аз ҷумла чунин гуфт: -Садқаи ҳаму нону авқотҳое шавӣ, ки дар “гуруснашинӣ”-ҳои дуруғут, ма медодамтаю ту дулунҷа хурда ба хонаат мерафтӣ...

Ана... инро “гуруснанишинӣ”-и оқилона мегӯянд, ёд гиред...

Рӯзе Алимад бо Сайёра боз ҷанг мехуранд.

Ҷанги сахт... Лату кӯбу дашномдиҳиҳои зиёди Алимад ин дафъа Сайёраро маҷбур мекунад, ки қаҳр карда, ба хонаи падараш равад. Хонаи падарии ӯ аслан дар ҳамин деҳа буду ду сол пеш волидайни Сайёра ба дигар ноҳия, ба деҳаи Олучадараи ноҳияи Данғара кӯчида буданд.

Масофаи роҳи байни ин деҳаҳо зиёда аз 130 километр роҳро ташкил менамояд. Аз ин деҳа ба ҷои зисти падару модари ӯ одамон зуд-зуд ба воситаи автобуси фармоишӣ ба тӯю ҷанозаву маъракаҳо мерафтанд, чунки мардумони ин деҳаҳо аз як қавманду бо ҳам хешу табори наздиканд.

Сайёраи қаҳркарда ба автобуси тайёри ҳамон рӯз омада савор шуда, бо ҳамдеҳагон якҷоя ба хонаи падараш ба деҳаи Олучадараи ноҳияи Данғара меравад. Аз байн ду ҳафта гузашту, се ҳафта гузашт, ҳеҷ не, ки Сайёра ба хонаи шавҳараш баргардад.

Алимади оромшуда акнун роҳҳои баргар- донидани завҷаашро меҷӯяд. Тибқи овозаҳо Сайёра гӯё гуфта будааст, ки дигар барнаме- гардад. Ягон воситаи алоқа дар он деҳаи кӯҳистон нест, ки Алимад бо занаш тамос гирад.

Нохост як рӯзе, ҳашт-нӯҳ нафар аз ҳамон деҳаи Олучадара ноҳияи Данғара ба ин деҳаи Куҳандиёри Фархор ба тӯй меоянд. Дар байни онҳо Зафар гуфтанӣ ҷӯраи Алимад низ буд.

Алимад ҷӯраашро алоҳида меҳмондорӣ мена- мояду мегӯяд: -Зафарҷон, янгаат якмоҳай қаър кадай.

Олучадара рафтай...

-Медонум, ҳаму қишлоқдай... – иброз намуд Зафар.

-Ма шаб як мактуб менависум, пага бурда дар дастуш медиҳӣ? – фикрашро мегӯяд Алимад.

-Гап нест, майлӣ.

Онҳо маслиҳатҳо карданду барои “кушода- шавии” муаммоҳо боз қадаҳҳои навбатиро бардоштанд.

Алимади аз ҷангу ҷанҷоли оилавӣ пушай- моншуда, шаби дароз сигарет кашида, дар кунҷи ҳуҷра дар танҳоӣ мактуби ошиқӣ менавишт.

Шаби дароз парвонаҳои атрофи шаъмро пеш карда, се маротиба мактубҳои эҷодкардаашро дар қургираки сигоркашӣ сӯзонида қарибиҳои субҳ мактуби ошиқии пур аз “дарду алам” ва шеърҳои пуртаъсиреро ба анҷом расонид. Ӯ бовар дошт, ки ин тир ҳадафрас мешаваду завҷааш Сайёра бармегардад.

Пагоҳ, Алимад ба назди автобуси кирояшуда рафта, бо Зафар алоҳида сӯҳбат намуда мактубро ноаён ба ӯ супорид.

Автобус ҳаракат карду дили Алимад пур аз умед гашта, ашки чашмонашро пок карду зери лаб гуфт: -Ана инро ҷӯрагӣ меган... Қандша бзана Зафар! Автобус баъд аз дую ним соат ба деҳаи Олучадараи ноҳияи Данғара расиду одамон халтаҳою бӯғчаҳояшонро гирифта ба хона- ҳояшон рафтанд. Қарибии нисфирӯзӣ буд. Зафар бору халтаашро дар хонааш гузошта, зуд ба аспаш савор шуду ба назди ҳамон автобус омада, бо овози баланд такрор ба такрор эълон намуд: -Эй мардуми Олучадара, эй одамон! Ҷамъ шавен, назди ман биёен...

Панҷ-шаш нафари он ҷо буда, аз ӯ мепурсиданд, ки чӣ гап дорад? Зафар чизе намегуфту боз ҳам дод зада, одамонро назди худ мехонд. Одамон дар тааҷҷуб монда, як-як аз хонаҳояшон ба сӯи ӯ омаданд.

Занҳо низ ҳайрон шуда, баъзеҳояшон кӯдак- ҳояшон дар бағал гирифта дар назди Зафари аспсавор ҷамъ шуданд. Сайёра ҳам омад.

Зафар нутқи худро аз болои асп сар кард: -Эй мардум, нашунидам нагӯед, надидам нагӯед. Ҳозир ма ба Шумо мактуби ошиқонаи Алимадро ба занаш Сайёра мехонум.

Ҳамин хел, Зафар мактуби ошиқии Алимадро бо тамоми ҷузъиёташ бо садои баланди бурро дар назди мардону занону кӯдакони ҷамъгардида хонд.

Ин рафтори Зафарро ҳар кас ҳар хел қабул кард. Албатта, хондани мактуби каси дигар – ин кори хеле нодуруст мебошад. Лекин боз дар ҳузури сӣ-чил нафар одамон бо овози баланд, аз болои асп хондани мактуби шавҳареро ба занаш намедонем, чӣ хел номгузорӣ намоем...

Ҳама ҳар сӯ рафтанду Сайёра бо сари хам хапу хомӯш омада, ба автобус нишасту ба хонаи шавҳараш баргашт.

пешина
аз 17
навбатӣ