Ҳамааш мегузарад...

Дар ин китоб воқеаҳои рухдодаю ҳолатҳои ногувору шавқоваре аз зиндагонии одамон қисса карда шудааст. Дар баъзе мавридҳо, ба хотири наранҷонидани касе, номҳои қаҳрамонони ҳикояҳо иваз карда шудаанд. Боқӣ ҳама ҳақиқат аст...
Ахбор · 8 октябри 2024 · 17 саҳифа
-Ҳозир Шумо дар куҷоен? – пурсид Раҷаб.
-Дар чорроҳаи Политехникум – ҷавоб дод Фазлиддин.
-Баъди даҳ дақиқа ма омада мерасум – гуфт Раҷаб.
Ҳамин тавр баъди муддате Раҷаб омада расиду бо Фазлиддин шинос шуд. Раҷаб зуд гапро ба сӯи забонхатнависӣ бурда, ба Фазлиддин фаҳмонид, ки дар як варақи сафед, дар пушташ нусхаи паспорти Фазлиддинро чоп менамоянду дар тарафи дигараш ӯ забонхат нависонда имзояшро мегузорад. Фазлиддин рафта аз хонааш, ки ҳамагӣ сад метр дуртар воқеъ буд паспорташро овард. Секаса ба мошини Раҷаб нишаста, ба дӯкони нусхабардорӣ омаданду ҳама корро анҷом доданд.
Дар он забонхат Фазлиддин бо дасти худ нависонд, ки ӯ фалонии фалонӣ, рақами пас- порташ фалон, фалон рӯз аз Солеҳов Раҷаб Шодмонович 7 (ҳафт) ҳазор доллари амрикоӣ қарз гирифтааст.
Дар поён: насаб, ном ва номи падар. Имзо.
Ҳамин тавр дарахти дӯстии Фазлиддин ва Исмат меваҳои “ширин” ба бор овард. Акнун Фазлиддин пулро надидаю нақапидаю ҳатто бӯй накарда ҳафт ҳазор доллар қарздор шуд.
Фазлиддине, ки дар бисоташ ҳафт доллар надошт, акнун бояд ҳафт ҳазор доллар қарзро баргардонад.
Дигар рӯзҳои баъдина акнун Исмат он қадар майли бо Фазлиддин вохӯрданро надошт.
Албатта, онҳо боз ду-се бори дигар вохӯрданду лек аз чӣ бошад, ки Исмат ҳамеша саросема буду зуд мерафт.
Рӯзе бародарон Раҷаб ва Исмат ба назди Фазлиддин омаданд. Раҷаб баъди салому алейки хунук гуфт: -Кай қарза мегардонӣ? -Боз камтар вақт даркорай – ҷавоб дод Фазлиддин.
-Чӣ қадар вақт? -Даҳ рӯз.
-Даҳ рӯз нею, панҷ рӯз мӯҳлат – фармуд Раҷабу бо Исмат ба мошин савор шуда рафтанд.
Ин дафъа Исмат он қадар гап ҳам назад, фақат акаашро ором намуд, ки боз каме мӯҳлат диҳад.
Баъди панҷ рӯз онҳо боз ба назди Фазлиддин омаданду акнун дукаса баргардонидани қарзро талаб мекарданд. Фазлиддин аз чунин тоб хӯрдани кор ҳайрон шуду аз “дӯсти гиромиаш” Исмат пурсид: -Исмат, ту медонӣ-ку кор чӣ хелай? -Ма ягон чиза намедонум. Пулро гирифтаӣ, забонхат додӣ, акнун қарза баргардон – гуфт ба ӯ Исмат.
-Кадом пулро? Ма ягон хел пула надидаму нагирифтам. Ту гуфтӣ, ки барои оромкунии акаи Раҷаб ҳамин хел мекунем – мефаҳмонид Фазлиддин.
-Ой бародар, ма ягон чиз нагуфтам. Қарз пурсидӣ, қарз додем. Пулҳомона биёр – дод мезад Исмат.
Баъди ин суханҳо, гуё, ки ба сари кали Фазлиддин як сатил оби хунукро рехта бошанд.
Онҳо ба ӯ боз чанд рӯз мӯҳлат доданду рафтанд.
Фазлиддин дигар хаёлӣ шуда буду ба андешаҳо фурӯ мерафт. Ягона хонаи дуҳуҷрагае, ки дар вақташ аз ҷониби Заводи ба номи Орҷоникидзе ба ӯ ҳамчун коргари корхона дода буданд, боигариаш буду халос. Ин хона шояд он вақтҳо шонздаҳ-ҳабдаҳ ҳазор доллар савдо мешуд. Хонаро фурӯхта қарзи аз ҳеҷ пайдошударо гардондан мумкину баъд бо аҳли оила дар кӯча мебояд зист.
Рафтуои “қарздодагон” зиёд мешуду тала- боташон зиёдтар. Онҳо акнун мехостанд, ки ҳармоҳа фоиз ҳисоб кунанду ҳафт ҳазор долларро ба маблағи калонтаре табдил диҳанд.
Пас аз даводавҳои зиёди бенатиҷа Раҷаб ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ариза навишта, нусхаи забонхати “таърихӣ”-ро замима намуда бар- гардонидани “қарзаш”-ро талаб намуд. Дар он идораҳо низ баъзе ҷӯраҳои Раҷаб будаанду онҳо хеле Фазлиддинро бо саволу пурсишҳои зиёд азоб доданд.
Забонхатро асос ҳисобида муфаттишон ҳақро ба ҷониби Раҷаб мешумориданд. Исмат низ ҳамеша зидди Фазлиддин сухан мегуфт.
Фазлиддин рӯз ба рӯз боз ҳам дар изтироб буду рангу рӯяш дигар кандагӣ менамуд.
Чашмонаш низ бенуртар гардида буданду лаб- ҳояш доимо мекафиданд. Ҳамдеҳагону рафиқон ӯро дидан замон ба ҳолаш хандида масхарааш менамуданд. Ба ҷои ёрдам онҳо аз ӯ забонхат мепурсиданд: -Фазлиддин! Як ҷо як забонхат даркор шидай, наменависонӣ? Ӯ ҳам шӯхикунон ҷавоб медод: -Марҳамат, чӣ хеле зарур бошад, менависум.
Шӯхӣ шӯхию масъала хеле ҷиддӣ шуду парвандаи ҷиноятии нисбати Фазлиддин кушодашударо ба додгоҳ равон намуданд.
Дар додгоҳ судя Авғонова Умеда гуфтанӣ ҷавондухтаре ин моҷароро баррасӣ менамуд.
Ба саволҳои гуногуни пешакӣ омоданамудаи Авғонова Умеда бародарон Раҷаб ва Исмат дар алоҳидагӣ посухҳои гуногун медоданд. Замону макони додани “қарз”, боду ҳавои онрӯза, долларҳои нав ва ё кӯҳна, бо кадом мақсад гирифтани “қарз” ва ба ҳаминҳо монанд саволҳои муайянкунандаи судя онҳоро ба гумроҳӣ меандохт.
Аз ҷониби дигар, таклифҳои хизматнамоии онҳоро, ки чандин бор бо ҳар усул, пешниҳод менамуданд, судя қабул накарда розӣ намешуд.
Судя ҳамаи пурсишу посухҳо ва гуфтугуҳои тафтишотиро сабт намуда буд. Раҳмат ба падари ҳамин ҷавондухтар, ки босабронаю одилона қилро аз хамир ҷудо намуда, қаллобии Раҷабу Исматро исбот намуд. Ӯ ба онҳо фаҳмонид, ки нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ бо айбдоркунӣ ба қаллобӣ мекушояд. Раҷабу Исмат ба зорӣ даромада, корҳои қаллобиашонро ба гардан гирифтанду аз “даъвояшон” гузашта бахшиш пурсиданд.
Акнун мебоист, ки Фазлиддин аризаи шикоятӣ дар бораи қаллобии бародарон Раҷаб ва Исмат Солеҳовҳо бинависад. Лекин Фазлиддин ин корро накарду ба судя гуфт, ки ҳаволаи онҳо ба ХУДОИ БУЗУРГ супоридааст.
Дар умум, саволу пурсишҳои муффатишону баррасии парвандаи Фазлиддин зиёда аз се моҳ тӯл кашид. Се моҳи ташвишу саргардонии аз ҳеҷ чиз рухдода...
Ҳоло, аз байн даҳсолаҳо гузаштаасту гоҳе дӯстон ба Фазлиддин чунин муроҷиат менамоянд: -Як забонхат даркор шидай, чӣ кор кунем? -Марҳамат, якта не, садта даркор бошад, менависум – механдад Фазлиддин.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё