Ҳамааш мегузарад...

Дар ин китоб воқеаҳои рухдодаю ҳолатҳои ногувору шавқоваре аз зиндагонии одамон қисса карда шудааст. Дар баъзе мавридҳо, ба хотири наранҷонидани касе, номҳои қаҳрамонони ҳикояҳо иваз карда шудаанд. Боқӣ ҳама ҳақиқат аст...
Ахбор · 8 октябри 2024 · 17 саҳифа
ЗАБОНХАТ
Тавре маълум аст, одамон барои дарёфти сарчашмаҳои маблағёбӣ аз ҳар гуна усул истифода менамоянд. Яке сурудхонӣ намуда, пул кор мекунанду дигаре тӯберо ба дарвоза дароварда соҳиби маблағи зиёд мегардад, саввуми арақи ҷабин рехта, дар саҳро боғу роғеро парвариш намуда аз фурӯши меваҳои ширини дарахтон фоидаи иқтисодӣ меёбад. Ва боз ғайраву ҳоқазо... Бале, чунин аст қонуни зиндагонӣ! Ҳама мехоҳанд доро бошанд. Чунки тавре мегӯянд: “Доро хостагияшро мехӯраду нодор ёфтагиашро.”.
Вале, дар ҷомеъаи инсонӣ, мутаасифона, ҳастанд касоне, ки мехоҳанд бо роҳи қаллобӣ ва фиреби одамон сарватманду доро шаванд. Онҳо низ ҳамеша дар ҷустуҷӯи роҳҳою усулҳои нави пешбурди “касб”-ашон ҳастанд. Ҳоло акнун, одамон ҳам “пухта” шудаанду онҳоро фиреб кардан кори осон нест.
Лекин, боз ҳастанд шахсони зудбовару соддалавҳе, ки ба доми фиреби қаллобон меафтанд.
Фазлиддин ном ҳамсинфу дӯсти ман ба ана ҳамин гуруҳи одамон тааллуқ дорад. Ӯ он қадар соддалавҳе несту лекин баъзан аз зудбовариаш худро ба ҳар гуна балою офатҳо гирифтор менамояд.
Фазлиддин марди қадпасти сиёҳпӯсти харобе мебошад. Дар давраҳои мактабхонӣ мӯйҳои сиёҳе дошту чун аксари ҷавонони онвақта мӯйҳои сарашро дароз нигоҳ медошт. Ҳоло бошад, мӯйҳои қисми пеши сараш қисман рехтаанду сараш мисли замини шӯразори камалаф мебошад. Ӯ кам-кам хислати “каҷалагӣ” ва баҳскунӣ низ дорад. Дар ягон мавзуъи нодаркори бемаънӣ метавонад соатҳо баҳс намояд. Айни замон Фазлиддин бо аҳли оилааш дар шаҳри Душанбе зиндагӣ менамоянд. Ӯ чор духтару як писар дорад. Се духтарашро ба шавҳар баровардаасту ягона писараш ҳоло бистсола аст. Фазлиддин дар як ширкати бузурги ватанӣ ба ҳайси механик фаъолият намуда истодааст. Ӯ солҳои пеш аввал Коллеҷи политехникӣ ва баъдтар факултаи индустриалии Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айниро хатм намудааст. Яъне, Фазлиддин ҳоло аз рӯи ихтисосаш кор карда истодааст.
Зиёда аз 10 сол пеш, Фазлиддин бо Исмат гуфтанӣ одами аз худаш чор сол хурдтаре шинос мешавад. Шиносоии онҳо оҳиста-оҳиста ба дӯстӣ табдил меёбад. Дигар онҳо зуд-зуд вохӯрда бо ҳам сӯҳбатҳои дӯстона менамуданд.
Агар мабодо ду рӯз ҳамдигарро набинанд, “дил андохта” зиқ ҳам мешуданд. Боз аз дидори навбатӣ шод мешуданду ҳамдигарро оғӯш намуда, ба пушти якдигар “тап-тап” зада хеле меистоданд. Баъзан омадани ягон каси дигар сабаб мешуд, ки онҳо аз оғӯши ҳамдигар халос ёбанд. Ана ҳамин хел дӯстии бародаронаи самимии ду ҷавонмард идома меёфт. Дигарон аз ин гуна дӯстӣ дар ҳайрат буданду ба онҳо ҳасад мебурданд.
Ҳамин тавр, рӯзе онҳо якдигарро бародарвор оғӯш намуда буданд, ки нохост телефони мобилии Исмат занг зад. Исмат боз каме бародархондаш Фазлиддинро оғӯш намуда, баъди садои панҷум тугмачаро зер намуда, телефонро дар реҷаи баландгӯяк монда ҷавоб дод: -Алло, лаббай ака...? -Исмат ту дар куҷоӣ? – овози марде садо дод аз он сӯ.
-Ҳамин шаҳрда ака.
-Гуш кн додар. Акагию додарӣ бо роҳи худушу қарза кай мегардонӣ.
-Ба наздикӣ ака пулҳота меорум, камтар вақт бтема – гуфт Исмат.
-Камтар вақти ту чанд рузай? – пурсид он мард.
-Боз ягон ҳафтае – ҷавоб дод Исмат.
-Майлӣ, як ҳафта пас қарза биёр – хеле ҷиддӣ сӯҳбатро ҷамъбаст намуд он кас.
Фазлиддин, ки ҳамаи ин гуфтугӯҳоро шунида буд, зуд аз Исмат пурсид: -Кӣ буд? -Ээ... Ҳафт ҳазор доллар ай акам қарз гирифта будум, гардонида нашидестай – фаҳмонид Исмат.
-Кадом акат? – пурсид Фазлиддин.
-Ту ура намешиносӣ, акаи Раҷаб. Пулҳои ура гирифта барои харидани бор ба Хитой равон кардм, камтар дер шидестай... – иброз намуд Исмат.
Баъди сӯҳбати дурудароз Фазлиддину Исмат бародарвор боз ҳамдигарро оғӯшкунон хайрухуш намуданд.
Пас аз як ҳафта онҳо боз бо ҳам вохӯрданд.
Чун пештара баъди салому алейки дурудароз “чақ-чақ”-и дӯстона сар шуд. Телефони Исмат занг заду ӯ норозиёна ба Фазлиддин теле- фонашро нишон дод, ки дар экранаш – чунин намоён буд: Акаи Раҷаб.
Исмат телефонро чун пештара дар баландгӯяк гузошта бардошту гуфт: -Ассалом ака! Нағзен созен? -Кҷодаӣ? – салом нагуфта савол дод Раҷаб.
-Шаҳрда, як корқатӣ баромадм, ака.
-Э бача, як ҳафта гуфтӣ, ҳафтаам гузашт, кай меёрӣ қарза? -Миёрум ака, бо ягон ҳафта мӯҳлат медодӣ? – илтимос кард Исмат.
-Чӣ хел, боз як ҳафта? А бача мо ҳам зиндагӣ дорем, ба мо ҳам пул даркорай... – сахттар гап зад Раҷаб.
-Илтимос, акаҷон, хотири акагию додарӣ – илтиҷо намуд Исмат.
-Майлӣ, хотири арвоҳҳо! Охирин мӯҳлат, ҳафтаи дигар пулҳои маро биёр – амр дод Раҷаб ва хайрухуш нанамуда телефонро хомӯш кард.
Фазлиддин, ки боз шоҳиди ин “гуфтугӯи вазнини бародар” -он шуда буд, ба Исмат дилсӯзона тасалло медод. Исмат ба Фазлиддин барои ғамхориҳояш “раҳмати калон” гуфта ба ӯ чунин фикрро пешниҳод намуд: -Фазлиддинҷон! Биё ма акама мегум, ки пулҳоро ба ту додаам. Охир ӯ маро безор кардай, ба ғайр ай занг заданош, боз зануш ду рӯз пас хонаам меояву қарза мепурса. Ту мегӯӣ, ки ма пулҳора гирифтааму як моҳ пас мегардонум. Дар як моҳ масъалаҳо ҳал мешаванду ҷон халос.
Дили Фазлиддин ба ҷӯраи ҷониаш сӯхту зуд ба ин пешниҳод розӣ шуд. Онҳо боз ҳам сахттар ҳамдигарро оғӯш намуданд.
Исмат ҳатто каме “гирён” ҳам шуду Фазлиддин ӯро ором намуд.
Баъди як ҳафтаи дигар вохӯрии навбатии дӯстони ҷонӣ: Фазлиддину Исмат дар наздикии хонаи Фазлиддин баргузор гардид. Вақт ва ҷои вохӯриашонро Исмат муайян намуда буд. Чун дафъаҳои пешина дар айни гармии сӯҳбаташон Раҷаб ба Исмат занг зад. Исмат телефонро дар реҷаи баландгӯӣ гузошту чунин ҷавоб дод: -Ассалом, акаҷон! Нағзен, созен, хонангиҳотон нағз ҳастанд? -Ҳоо... ҳама нағзу ин ҳафта ҳам гузашт, додар. Чӣ кор мекунӣ? Қарза кай миёрӣ? – гуфт Раҷаб.
-Акаҷон, пулҳора ба Фазлиддин – ҷураам дода будум, ҳозир пеши у омадам – идома дод Исмат -Кияй у ҷураат? Бо ягон фиребгар набоша? Ҳозир қаллобҳо бисёр шидиян – гуфт Раҷаб.
-Неэ акаҷон, и бачаи ростгуяй, ҷураи беҳтаринмай. Ҳозир қатиш гап зан – гуфт Исмат ва телефонро ба Фазлиддин дод.
-Салому алейкум, акаи Раҷаб! Ма Фазлиддин ҳастум. Нағзен созен, ака – гуфт Фазлиддин.
-Салом, бародар! Пулҳора ба ту дода буд Исмат? – зуд аз пул нохун зад Раҷаб.
-Бале, акаҷон! Пулҳои шуморо барои молҳои ҳархела харидан ба Хитой равон кардаем. Кор камтар кашол ёфт. Пулҳои Шуморо як моҳ пас бармегардонем – фаҳмонид Фазлиддин.
-Як ҳафта буд, боз як моҳ шид, бародар! – норозигӣ кард Раҷаб.
-Ҳамихел шид, акаҷон – ҷавоб дод Фазлиддин.
-Гуш кун бародар, як моҳ кӣ бошад, ақаллан як забонхат ба ма медоден, охир асабҳои ман низ оҳанӣ нест-ку камтар ором мешудам – иброз намуд Раҷаб.
Исмат ба Фазлиддин бо каллааш ишора намуд, ки розӣ шавад. Фазлиддин зуд ба Раҷаб гуфт: -Майлӣ ака, кадом вақте даркор бошад, ма забонхат менависум, ки 7 ҳазор доллар ай Шумо қарздорум.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё