Зеҳн
ЗЕ

Зеҳн

1 пайгир · аз 15 июли 2026 дар Зеҳн

ДунёЗеҳн26 рӯз пеш

БА ИМДОД МЕРАСАД

Саҳобагон аз Расули Худо (с) пурсиданд: — Худованд дар кадом вақт ба имдоди бандааш мерасад? Расули Худо (с) фармуд: — Муъмин бародари муъмин аст. Ба бародараш зулм намекунад ва ӯро дар сахтиҳо намегузорад. Ҳар касе эҳтиёҷи бародарашро бароварад, Худованд эҳтиёҷи ӯро мебарорад. Ҳар касе бародари мусулмонашро аз ранҷу машаққат раҳо кунад, Худованд дар қиёмат ӯро аз ранҷу машаққат раҳо мекунад. Ҳар касе айби мусулмонеро пӯшонад, дар қиёмат Худованд айби ӯро мепӯшонад. То даме ки банда ба имдоди бародараш мерасад, Худованд ба имдоди ӯ мерасад.

0
ДунёЗеҳн26 рӯз пеш

РӮЗИ ҚИЁМАТ

Расули Худо (с) дар ҳадисе фармуд: «Худованди Мутаъол дар рӯзи қиёмат аз баъзе бандагонаш мепурсад: — Эй фарзанди Одам! Бемор будам, чаро ба аёдатам наомадӣ? Банда мегӯяд: — Худоё, чӣ гуна ба аёдати Ту меомадам?! Ту, ки Парвардигори оламиён ҳастӣ, аз бемор шудан муназзаҳӣ! Худованд мефармояд: — Эй фарзанди Одам, фалон бандаам бемор буд ва ту ба аёдаташ нарафтӣ. Магар намедонистӣ, ки ба аёдати ӯ биравӣ, Маро хушнуд месозӣ?! Сипас ба баъзе бандагони дигар мефармояд: — Эй фарзанди Одам! Ман аз ту таом хоста будам, вале ба Ман таом надодӣ. Банда мегӯяд: — Парвардигоро! Ман чӣ гуна ба Ту таом медодам, ки Ту аз хӯрдан муназзаҳӣ?! Пас Худованд мефармояд: — Фалон бандаам гурусна буд ва аз ту таом хост, аммо ба ӯ таом надодӣ. Магар намедонӣ, ки бо таом додани ӯ Маро хушнуд месохтӣ ва ба ризои Ман мушарраф мегаштӣ. Сипас Худованд ба баъзе бандагони дигар чунин мефармояд: — Эй фарзанди Одам! Аз ту об хостам, аммо ба Ман об надодӣ. Банда мегӯяд: — Худоё! Ман ба Ту чӣ гуна об медодам, ки Ту ба чизе ниёз надорӣ ва аз нӯшидан муназзаҳӣ? Он гоҳ Аллоҳ Таъоло мефармояд: — Эй фарзанди Одам! Фалон бандаи ташнаам об пурсида буд ва ту об надодӣ. Оё намедонӣ, ки агар ба ӯ об медодӣ, Маро хушнуд мекардӣ ва сазовори ризоям мешудӣ».

0
ДунёЗеҳн26 рӯз пеш

АМОНАТРО БА ПОСДОРАНДАИ АМОНАТ ДИҲЕД!

Дар рӯзи фатҳи Макка Расули Худо (с) хост, ки ба Каъба ворид шавад, аммо калидҳо дар дасти Усмон ибни Талҳа буданд ва ӯ ҳанӯз мусулмон нашуда буд. Паёмбари Акрам (с) барои овардани калидҳо ҳазрати Алиро (р) ба назди Усмон ибни Талҳа фиристод. Чун ҳазрати Алӣ (р) омаду калидҳои Каъбаро пурсон шуд, Усмон гуфт: — Ман ба паёмбарии Муҳаммад бовар надорам, ки калиди Каъбаро ба ӯ диҳам. Калид аз ман аст ва он аз бобоҳоям ба ман мондааст. Ҳазрати Алӣ (р) калидро аз дасти Усмон ибни Талҳа бо зӯрӣ гирифт, зеро бояд фармони Расули Худоро (с) ба ҷо меовард. Сипас ба назди Паёмбар (с) баргашт ва ӯ бо асҳоб вориди Каъба шуданд. Паёмбари Худо (с) ҳамроҳи саҳобагон бутҳои Каъбаро несту нобуд карда, дар пайи ин ду ракъат намози шукр гузоштанд. Дар ин миён амӯи Паёмбар (с) — ҳазрати Аббос (р) талаб намуд, ки калидҳои Каъбаро бо худ бигирад. Дар ҳамин асно ояти каримае нозил шуд, ки ҳукми амонатро муайян мекард. Расули Худо (с) калиди Каъбаро тавассути ҳазрати Алӣ (р) дубора ба Усмон ибни Талҳа баргардонд. Усмон ибни Талҳа дар ҳайрат афтода, пурсид: — Чанде қабл ин калидро аз ман ба зӯрӣ гирифтӣ ва ҳоло бозпас овардаӣ. Сабаб дар чист? — Дар ин хусус оят нозил шудааст, — гуфт Ҳазрати Алӣ (р) ва он оятро қироат намуд: «Ба дурустӣ, Худо ба шумо мефармояд, ки амонатҳоро ба аҳли онҳо адо кунед ва (мефармояд, ки) чун миёни мардум ҳоким шавед, ба ростӣ ҳукм кунед. Ҳар оина некӯ чизе аст, ки Худо ба он ба шумо панд медиҳад. Ба дурустӣ ки Худо Шунавои Биност» (Сураи «Нисо», 4/58). Усмон ибни Талҳа, ки ҳанӯз имон наоварда буд, гуфт: — Ин ҳукме, ки аҳамияти амонатро дар дини шумо муайян мекунад, маро дар ҳайрат гузошт. Маро назди Паёмбар бубар. Усмон ибни Талҳа ҳамроҳи ҳазрати Алӣ (р) ба ҳузури Расули Худо (с) омад ва калимаи шаҳодат ба забон оварда, мусулмон шуд.

0
ДунёЗеҳн27 рӯз пеш

ХУДОЯТРО БА МО ШИНОС НАМО!

Мушрикон аз Расули Худо (с) талаб карданд, ки Худои худро ба онҳо муаррифӣ кунад. Он гоҳ сураи «Ихлос» нозил шуд, ки бад-ин мазмун аст: «Бигӯ: «Ӯ Худои Ягона аст. Худои Бениёз аст. На зодааст ва на зодашуда аст. Ва ҳеҷ кас Ӯро ҳамто нест».

0
ДунёЗеҳн27 рӯз пеш

НОМҲОИ ХУДОВАНД

Боре Расули Худо (с) номҳои зебои Худовандро зикр намуда, фармуд: — Аллоҳ Таъоло 99 ном дорад. Ҳар касе, ки онҳоро ҳифз кунад, вориди ҷаннат мешавад. Ҳар касе ҳам ин номҳоро номбар кунад, ба биҳишт ворид мешавад. Худованд яккаву ягона аст ва яккаву ягонагиро дӯст медорад. Ҳар касе бо «Исми Аъзам» дуо кунад, Худованд дуои ӯро иҷобат мекунад ва он касе, ки бо зикри он чизе талаб кунад, Худованд ниёзашро бароварда мегардонад.

0

БИСМИЛЛОҲ

Расули Худо (с) ба асҳоб фармуд: «Вақте ки ғизо мехӯред, аввал «Бисмиллоҳ» бигӯед. Агар дар оғоз лафзи «Бисмиллоҳ»-ро фаромӯш кардед, пас бигӯед: «Бисмиллоҳи фӣ аввалиҳӣ ва охириҳӣ» (Дар аввалу охир «Бисмиллоҳ»). Ҳар касе ҳангоми ба хона даромадан ва дар вақти ғизо хӯрдан «Бисмиллоҳ» бигӯяд, шайтон ба қавмаш мегӯяд: «Шумо дар ин ҷо хӯрок намехӯред ва шабона хоб карда ҳам наметавонед». Ҳар касе ҳангоми ба хона ворид шудан «Бисмиллоҳ» гӯяду ҳангоми хӯрдани хӯрок лафзи «Бисмиллоҳ»-ро ба забон наорад, шайтон ба қавмаш мегӯяд: «Хӯрок хӯрда метавонед, вале хоб намекунед». Ва ҳар касе ҳангоми омадан ба хона ва ҳангоми хӯрдани хӯрок «Бисмиллоҳ» нагӯяд, шайтон ба қавмаш фармон медиҳад: «Дар ин ҷо ҳам хӯрок бихӯред ва ҳам хоб кунед».

0

НА ДАР ЗАМИН, НА ДАР ОСМОН

Рӯзе қавми ҳазрати Мӯсо (а) ба ӯ гуфтанд: — Эй Мӯсо, мо Худоямонро ба хӯрокхӯрӣ даъват менамоем. Лутф бифармояд ва рӯзе меҳмони мо шавад. Ҳар чизе ки дорем, баҳри Ӯ ҳозир мекунем. Ҳазрати Мӯсо (а) онҳоро чунин танбеҳ дод: — Эй мардум, Худованд аз хӯрдану нӯшидан муназзаҳ аст. Шумо як заъфи башариро ба Парвардигори худ чӣ гуна нисбат медиҳед?! Баъди ин ҳодиса ҳазрати Мӯсо (а) ба кӯҳи Тур баромад. Дар он ҷо аз ғайб нидое шунид: — Эй Мӯсо! Чаро даъвати бандагонамро ба Ман намерасонӣ? Ҳазрати Мӯсо (а) гуфт: — Худоё! Аз чунин даъват шарм мекунам. Охир Зоти поки Ту аз чунин сифатҳо муназзаҳ аст. Сипас Ҳақ Таъоло фармуд: — Ба бандагонам бирасон, ки даъвати онҳоро иҷобат кардам ва бегоҳи ҷумъа меоям. Ҳазрати Мӯсо (а) ба қавмаш баргашт ва ҳодисаро баён кард. Мардум дастурхон ороста, ҳама гуна нозу неъматро муҳайё карданд. Пас аз омода сохтани дастурхон марде ба наздашон омад, ки бисёр хаставу гурусна буд. Ӯ гуфт: — Эй Мӯсо, аз роҳи дур омадам, гуруснаам. Ба ман хӯрок деҳ, то аз гуруснагӣ раҳо ёбам. Ҳазрати Мӯсо (а) гуфт: — Шитоб макун, каме сабр намо. Ана он кӯзаро гиру рафта об биёр. Ту ҳам ба ороиши дастурхон саҳме гузор, зеро ба ин ҷо Ҳақ Таъоло меояд. Мард, ки худ мадори гаштан надошт, ҳеҷ чиз нагуфт ва аз он ҷо рафт. Шаб шуд, меҳмон наомад. То субҳ мунтазир шуданд, вале аз меҳмон хабаре набуд. Мардум умедашонро канданд ва ҳазрати Мӯсо (а) низ дар тааҷҷуб афтода буд. Рӯзи дигар ба кӯҳи Тур рафт ва гуфт: — Парвардигоро! Бандаи оҷизат дар хиҷолат монд. Мардум ба ман мегӯянд, ки ту моро фиреб додӣ ва ё Худованд ба ваъдааш вафо накард?! Пас Худованд фармуд: — Эй Мӯсо! Ман омада будам ва гуфтам: «Гуруснаам!» Ту бошӣ Маро барои овардани об равон кардӣ. Ҳатто як луқма нон ҳам надодӣ. Маро на қавмат пешвоз гирифт, на ту! Мӯсо Калимуллоҳ гуфт: — Худоё, як бандаи мусофир омада буд ва ӯ Парвардигори мо набуд. Сипас Аллоҳ Таъоло фармуд: — Ман ҳамроҳи ҳамон бандаам будам. Агар ӯро мехӯрондӣ, Маро мехӯрондӣ, зеро Ман на дар замин меғунҷам ва на дар осмон. Ман танҳо дар дили бандаи оҷизам ҷо мегирам. Ман бо бандаи гуруснаам омада будам ва шумо, ки ӯро гурусна фиристодед, Маро гурусна баргардондед.

0

МАН ТАНҲО ЯК ХИДМАТГОРАМ

Соли 1516 вақте Султон Салим Мисрро фатҳ намуд, хилофат аз Аббосиён ба Усмониҳо гузашт. Дар яке аз рӯзҳои ҷумъаи ин даврон дар масҷиди Уммавия намози ҷумъа гузошта мешуд ва Султон Салим дар он ҷо қарор дошт. Волии Шом дар сафи пеш барои Султон саҷҷодае панҳ намуд, ки аз матои қиматбаҳо омода шуда буд ва аз ҷойнамози дигарон фарқ мекард. Бо дидани ин ҳолат Султон волии шаҳрро танбеҳ дода гуфт: — Ин ҷо мавзеи ибодат аст, на қасри подшоҳ! Чун вақти хондани хутба фаро расид, имом ба минбар баромад ва дар хутба номи Султон Салимро зикр намуда, ӯро «Ҳоким-ул-Ҳарамайни Шарафайн» (Ҳокими Макка ва Мадина) хонд. Султон ин суханҳоро шунида, дарҳол аз ҷо бархосту гуфт: — Эй имом, лафзи «Ҳоким-ул-Ҳарамайн»-ро ба «Ходим-ул-Ҳарамайн» (Хидматгори Макка ва Мадина) иваз намо! Ман ҳокими Макка ва Мадина нестам, балки дар он сарзамини муқаддас ходиме ҳастаму бас.

0

ОН ЧИ ШУМО МЕПАРАСТЕД...

Яке аз орифони бузурги олами ислом Муҳйиддини Арабӣ дар ҳузури мардум ба болои теппае баромада, хитоб намуд: — Эй мардум, он чи шумо мепарастед, дар зери пойи ман аст! Олимони замонаш гӯяндаи ин суханҳоро бо куфр иттиҳом карданд ва ӯро эъдом намуда, ҷанозаашро болои кӯҳе гӯрониданд. Баъдҳо маълум гардид, ки Муҳйиддини Арабӣ дар ҷое қайд кардааст: «Ҳангоме ки «син» ба «шин» ворид мешавад, қабри Муҳйиддин ва мақсадаш рӯшан хоҳад гашт». Бо гузашти солҳо яке аз подшоҳони давлати Усмонӣ Султон Салим Шомро фатҳ намуд ва аз мардуми маҳаллӣ саргузашти Муҳйиддини Арабиро шунида, дар пайи ҷустуҷӯи қабри ӯ шуд. Дар аснои пурсуҷӯ Султон Салим аз ҳар касе қабри Муҳйиддини Арабиро мепурсид, натиҷаи дилхоҳ ба даст намеовард. Ниҳоят чӯпоне ба Султон гуфт: — Эй Султон, ман ҳам намедонам қабри он бузургвор дар куҷост, вале ҷоеро медонам, ки ҳеҷ як ҳайвоне аз он ҷо намегузарад ва алафҳои он мавзеъро намехӯрад. Бо шунидани ин суханҳо Султон амр намуд, ки ҳамон мавзеъро бикобанд. Вақте замин кофта шуд, аз он ҷо ҷасадеро пайдо карданд, ки бо гузашти даҳсолаҳо ҳеҷ осебе надида буд. Чун маълум гардид, ки ин ҷасади Муҳйиддини Арабӣ аст, бо фармони Султон Салим дар он мавзеъ мақбарае сохта шуд. Вақте Султон сабаби эъдом шудани Муҳйиддини Арабиро пурсон шуд, мардум гуфтанд, ки ӯ дар болои теппае қарор гирифта, чунину чунон гуфта буд ва суханҳояш боиси эъдомаш гардиданд. Бо фармони Султон Салим он мавзеъ ҳам кофта шуд ва аз он ҷо як кӯза тилло пайдо гардид. Пас Султон гуфт: — Шарҳи суханони Муҳйиддини Арабӣ ин аст, ки дар зери пойи ӯ тилло хобида буд. Мардуми замона мақсади ӯро нафаҳмида, ба ноҳақ эъдомаш кардаанд. Ҳамин тавр ду каромати орифи бузург Муҳйиддини Арабӣ ҳам ошкор шуд. Каромати аввал ин буд, ки ӯ бо назардошти симу зари ниҳон ба дунёпарастии инсонҳо ишорат намуд. Дувум, ӯ тақрибан дусад сол пеш аз фатҳи Шом ҳодисаи ба ин мавзеъ омадани Султон Салим ва кашфи турбати худро бо гуфтани «вақте «син» ба «шин» медарояд» хабар дода буд.

0

КИШТИБОН

Гурӯҳе аз маҷусиён ба Имоми Аъзам чанд суоле доданд. Онҳо таъкид доштанд, ки мо ба Худои шумо бовар надорем ва мехоҳем ба суолҳоямон посухҳои қаноатбахш бигирем. Яке аз онҳо пурсид: — Эй Имом, Худоеро, ки дида наметавонӣ, чӣ гуна парастиш мекунӣ? Имоми Аъзам посух дод: — Агар шумо киштиеро бинед, ки дар миёни мавҷҳои пуртуғёни баҳр бе ягон мушкилӣ шино мекунад, тасаввур карда метавонед, ки он киштӣ бе киштибон аст? Онҳо гуфтанд: — На, ҳаргиз! Сипас Имоми Аъзам гуфт: — Пас бинед, ки курраи Замин монанди киштиест, ки болои як баҳр шино мекунад ва ба ҳеҷ иштибоҳу каҷравие роҳ намедиҳад. Бо вуҷуди ин чӣ гуна метавон гуфт, ки чунин низом худ аз худ амал мекунад? Бешак, Киштибоне ҳаст, ки киштии оламро танзиму идора менамояд. Пас аз ин суханҳои пурмуҳтавои Имоми Аъзам ҳама маҷусиён шаҳодат оварда, мусулмон шуданд.

0

ИМОМИ АЪЗАМ ВА МАҶУСӢ

Дар айёми ҷавонии Имоми Аъзам маҷусие бо нияти тиҷорат ба Басра омад. Дар ин миён ба мардуми он мавзеъ муроҷиат намуда, гуфт: «Ман оташпарастам, зеро оташ вуҷуд дорад ва онро бо чашм дидан мумкин аст. Шумо ҳам он Худоеро, ки мепарастед, ба ман нишон диҳед?! Вале шумо наметавонед, ки Худои хешро ба ман нишон диҳед, чунин Худое вуҷуд надорад. Бузургони худро бихонед. Ман ба онҳо исбот мекунам, ки Худои шумо вуҷуд надорад!» Мардум ба ӯ Абӯҳанифаи ҷавонро нишон дода, гуфтанд: — Гуфтаниҳоятро аввал ба ин ҷавон бигӯ. Агар аз илми ӯ қаноатманд нашавӣ, он гоҳ бузургонамонро даъват мекунем. Маҷусӣ дид, ки Абӯҳанифа ҷавон аст, бо нишони тамасхур гуфт: — Ман бо кӯдакон баҳс намекунам! Вале мардум исрор карданд, ки маҷусӣ пешниҳоди онҳоро қабул намояд ва бо Абӯҳанифаи ҷавон ҳамсуҳбат шавад. Ниҳоят ӯ розӣ шуд ва ҳама қарор доданд, ки субҳи рӯзи дигар дар масҷид мунозира кунанд. Субҳи фардо мардум дар масҷид ҷамъ омаданд. Маҷусӣ болои минбар нишаст ва ҳама ҳамроҳ омадани Абӯҳанифаро мунтазир шуданд. Муддате гузашт, вале Абӯҳанифа ҳозир нашуд. Маҷусӣ аз ин фурсат истифода бурда, чунин гуфт: — Ҷавони донишмандатон ҳаросид! Акнун уламоро даъват кунед! Мардум низ дар хиҷолат монданд, зеро аз Абӯҳанифа чунин амалкардеро чашмдор набуданд. Дар ниҳоят Абӯҳанифа бо гузашти чанд муддат шитобон вориди масҷид шуд ва гуфт: — Бубахшед, ки дер мондам. Дар он тарафи дарё будам. Чун хостам ба тарафи муқобил гузарам, воситае пайдо накардам. Сипас ба дарахтони соҳил гуфтам: «Эй дарахтон! Дарҳол купрук шавед, то аз дарё гузарам!» Онҳо купрук шуданд ва ман ба ин тараф гузаштам. Бо ин сабаб дер мондам. Аз ин суханҳои Абӯҳанифа маҷусӣ қаҳ-қаҳзанон хандиду гуфт: — Бубинед, ки ин ҷавон ҳатто ба ҳамсуҳбатӣ намеарзад. Оё дарахт худ аз худ ба купрук мубаддал мегардад? Абӯҳанифа гуфт: — Агар дарахте ҳам худ аз худ купрук шуда натавонад, пас ин олами бузург чӣ гуна худ аз худ ба низом медарояд? Мардум аз сухани Абӯҳанифа ба ваҷд омада, такбир гуфтанд. Сипас маҷусӣ гуфт: — Хуб, ба ман гӯед, ки чаро Худои шуморо бо чашм дида намешавад? Ҳар чизе ки вуҷуд дорад, ба чашм аён аст. Худои шумо ки аён нест, пас вуҷуд надорад. Абӯҳанифа пурсид: — Шумо ба мавҷудияти ақли инсон бовар доред? Маҷусӣ посух дод: — Албатта, бовар дорам. Абӯҳанифа гуфт: — Ин тавр бошад, ақли худро ба ман нишон диҳед! Маҷусӣ посух дод: — Ақлро нишон додан номумкин аст. — Модоме ки ақли шумо ба чашм аён нест, оё ман метавонам даъво кунам, ки он вуҷуд надорад, — гуфт Абӯҳанифа ва илова намуд: — Пас маълум мешавад, ки ҳастии баъзе мавҷудот ба дидан вобаста нест. Масалан, мавҷудоте ҳамчун ақлу рӯҳ ба чашм ноаён бошанд ҳам, дар мавҷудияташон шубҳае нест. Бо шунидани ин суханҳо мардум боз такбир оварданд. Сипас маҷусӣ пурсид: — Пас бигӯ, ки ҳоло Худои шумо ба чӣ кор машғул аст? Абӯҳанифа посух дод: — Аз минбар поён шавед ва ман дар он ҷо нишаста, ба ин суолатон посух бигӯям. Маҷусӣ аз минбар поён шуд ва Абӯҳанифа ба ҷойи ӯ нишасту гуфт: — Ҳоло Худованд ҷоҳилеро аз минбар фароварду кӯдакеро ба ҷояш шинонд, то ӯ аз ин кӯдак ибрат омӯзад. Маҷусӣ дар назди ақлу хиради Абӯҳанифа мағлуб гашт ва ба ӯ изҳори миннатдорӣ намуда, калимаи шаҳодат ба забон оварду мусулмон шуд.

0

СЕ САВОЛУ СЕ ҶАВОБ

Мулҳиде ба назди донишманд омаду пурсид: «Агар Худо вуҷуд дошта бошад, Ӯро ба ман нишон бидеҳ! Ва агар ҳамаи амалҳоро Худо меофарида бошад, пас чаро гунаҳкор муҷозот мешавад? Ҳамчунин, агар шайтон аз оташ бошад, дар дӯзах чӣ гуна месӯзад?» Донишманд суолҳои мардро ботамкин гӯш кард ва баъд аз замин хиштпорае гирифту начандон сахт ба сари он мулҳид зад. Аз зарби хиштпора сари мулҳид ба дард омад ва ӯ ҳамоно ба қозӣ шикоят кард. Қозӣ ҳар дуи онҳоро даъват намуда, пурсид: — Чаро ба сари ин мард бо хишт задӣ? Донишманд гуфт: — Аз ман се савол пурсид ва ман бо ин амал ба саволҳои ӯ ҷавоб гуфтам. Қозӣ пурсид: — Чӣ тавр? Донишманд посух дод: — Дар аввал ӯ аз ман пурсид: «Агар Худо вуҷуд дошта бошад, Ӯро ба ман нишон деҳ». Пас, агар сараш ба дард омада бошад, он дардро ба ман нишон диҳад! Сипас аз ман пурсид: «Ҳамаи амалҳоро Худо меофарида бошад, пас чаро гунаҳкор муҷозот мешавад?» Модоме ки ӯ чунин ақида дорад, чаро аз ман шикоят мекунад?! Ҳамчунин аз ман пурсид: «Агар шайтон аз оташ бошад, дар дӯзах чӣ гуна месӯзад?» Пас худи ин мулҳид, ки аз хок офарида шудааст, сараш аз зарби хишт чӣ гуна ба дард омад? Аз шунидани суханони донишманд мулҳид аз даъвояш гашт, қозӣ муътақид шуд ва донишманд раҳо ёфт.

0

РИЗҚ АЗ ҶОНИБИ ХУДОВАНД АСТ

Донишманде азми сафар кард ва ба ҳамсараш гуфт: — Ман ба сафар мебароям. Қабл аз рафтан чӣ қадар озуқа омода намоям? Ҳамсари ӯ зане буд, ки ба Худо таваккалу эътимоди қавӣ дошт. Пас гуфт: — Ризқе мехоҳам, ки то охири умрам кифоят кунад. Донишманд аз ин сухан дар шигифт афтод ва пурсид: — Аз куҷо донам, ки умри ту чӣ қадар аст? Ҳамсараш гуфт: — Ин тавр бошад, ризқу рӯзиямро ба Оне ҳаволанамо, ки дарозии умрамро донад. Аз чунин таваккалу эътимоди қавӣ ҳайрати донишманд афзуд. Ӯ дар ниҳоят барои ҳамсараш озуқае нагузошта ба сафар баромад. Ҳамсоязанҳо аз рафтани донишманд хабардор шуда, аз ҳамсараш пурсиданд: — Шавҳарат чӣ қадар ризқу рӯзӣ гузошт? Ӯ посух дод: — Ҳамсари ман ризқдиҳанда не, балки ризқхӯр аст. Ризқ танҳо аз ҷониби Худованд аст. Инсонҳо танҳо воситаи дарёфти ризқ ҳастанду бас.

0

АСРОРИ ТАВОНМАНДӢ

Марде зиндагии худро аз ҳисоби ҳезумкашӣ пеш мебурд. Ӯ ибодаташро ба ҷой меовард ва ба ҳеҷ кас коре надошт. Дар ҳамсоягии онҳо деҳае буд, ки аҳолии он ҷо дарахтеро муқаддас шумурда, парастиш мекарданд. Рӯзе ҳезумкаш худ ба худ андеша кард: «Чӣ мешавад, агар дарахти муқаддаси онҳоро аз барои ризои Худо решакан намуда, ҳамчун ҳезум дар бозор фурӯшам. Дар ин ҳол маблағ ҳам ба даст меояду қавме ҳам аз куфр наҷот меёбад». Ӯ бархосту бо қасди решакан кардани он дарахт ба роҳ баромад. Дар роҳ бо марде рӯ ба рӯ омад, ки сурати зишту рангу рӯйи пажмурда дошт. Марди зиштрӯ аз ҳезумкаш пурсид: — Ба куҷо меравӣ? Ҳезумкаш посух дод: — Барои буридани дарахте меравам, ки мардум онро ба Худо шарик оварда, парастиш мекунанд. Сипас мард гуфт: — Ман Иблисам ва намегузорам, ки ту он дарахтро бибурӣ! Ҳезумкаш аз ин сухан ба ғазаб омад ва хост Иблисро ба қатл расонад. Ӯ ба Иблис ҳамла оварда, онро ба замин афтонд ва ба гарданаш ханҷар гузошт. Дар ин ҳол Иблис гуфт: — Ту маро кушта наметавонӣ, чун Худованд то рӯзи қиёмат ба ман фурсат додааст. Хубаш биё, бо ту шартномае бандем. Ман ҳар рӯз ба ту як тангаи тилло медиҳам ва ту аз буридани он дарахт даст мекашӣ. Туро бо ин ки мардум гуноҳ содир мекунанд ё савоб мегиранд, чӣ корест?! Маблағро бигир ва аз пайи зиндагии худ бишав! Ҳезумкаш розӣ шуд ва Иблисро аз дами теғ раҳо кард. Иблис ба ӯ гуфт, ки ҳар субҳ чун аз хоб бихезад, аз зери болинаш тилое хоҳад ёфт. Ҳамин тавр ҳезумкаш аз буридани дарахт даст кашида, ба хона баргашт. Пагоҳӣ аз хоб бархеста, аз зери болинаш тангаи ваъдагиро пайдо намуд ва ниҳоят хурсанд шуд. Рӯзи дигар чун аз хоб хеста, ба зери болинаш назар кард, тангаи дигаре наёфт. Ӯ беҳад дар ғазаб шуда, боз бо қасди буридани он дарахт ба роҳ афтод. Ин бор ҳам бо Иблис рӯ ба рӯ шуд ва бо хашму ғазаб ба ӯ гуфт: — Эй лаин! Маро фиреб додӣ! Ҳезумкаш бо гуфтани ин суханҳо ба Иблис ҳуҷум кард. Вале ин бор Иблис ӯро ба замин афтонд. Марди сода ҳайрон шуда, ба Иблис ботааҷҷуб нигарист. Иблис тамасхуромез гуфт: — Эй содалавҳ! Имрӯз дар муқобили ман коре аз дастат намеояд, чун ҳоло барои ризои Худо наомадаӣ! Дирӯз, ки ба хотири ризои Парвардигор ба буридани он дарахт азм намудӣ, на танҳо ман, балки тамоми шайтонҳои рӯйи замин ҳам муттаҳид шуда, ба ту ҳамла мекарданд, мағлуб меафтоданд. Ҳоло бошад дарахтро на аз барои Худо, балки барои он буридан мехоҳӣ, ки туро аз тилло маҳрум сохтам. Аз ин рӯ мағлуб шудӣ ва наметавонӣ ба мақсад бирасӣ.

0

ФАРМОНБАРДОРӢ

Боре ба назди Салмони Форсӣ (р) касе омад ва ҳар ду ҳамроҳ ба саҳро баромаданд. Дар саҳро оҳувон ме- чариданд ва дар осмон парандаҳо парвоз мекарданд. Ҳазрати Салмон онҳоро дида гуфт: — Ман меҳмоне дорам ва мехоҳам, ки ягоне аз шумо ба назди ман ояд, то ба ӯ иззату икром намоям. Дар ин ҳол як паранда ва як оҳуе босуръат ба на- зди ҳазрати Салмон (р) омаданд. Бо дидани ин манзара меҳмон ба ҳайрат афтода, гуфт: «Субҳоналлоҳ!» Салмони Форсӣ фармуд: — Чӣ ҷойи ҳайрат дорад? Оё ту дидаӣ, ки шахсе фармонбардори Худо бошаду махлуқоти Худо аз ӯ саркашӣ намоянд?!

0

НАМАК ВА НОШУКРӢ

​Рӯзе Луқмони Ҳаким бо писараш аз деҳае ба деҳаи дигар сафар мекарданд. Онҳо танҳо як хар доштанд, ки борҳояшонро мекашид. Дар роҳ роҳ душвор буд ва онҳо аз байни биёбону кӯҳҳо мегузаштанд. ​Дар роҳ баъзан душворие пеш меомад — масалан, як қисми роҳ санглох буд ё ҳаво хеле гарм мешуд. Писари Луқмон дар ҳар як чунин лаҳза каме нороҳат мешуд ва мегуфт: — «Падарҷон, чаро роҳи мо ин қадар душвор аст? Чаро ин қадар гармӣ ва хастагӣ мекашем?» ​Луқмон ҳеҷ чиз намегуфт, танҳо бо табассум сар ҷунбонда, роҳашро давом медод. ​Ниҳоят, онҳо ба чашмаи оби софу зулоле расиданд, ки дар соҳили он дарахтони калони сояафкан мерӯиданд. Онҳо дар он ҷо таваққуф карданд, то каме истироҳат кунанд ва об нӯшанд. Луқмон аз халтаашон каме нон ва намак баровард ва ба писараш дод, то бо оби чашма бихӯранд. ​Писари Луқмон нонро бо намак хӯрд ва гуфт: — «Падарҷон, оби ин чашма чӣ қадар ширин аст! Аммо агар бо ин нон каме гӯшт ё ғизои беҳтаре медоштем, боз ҳам беҳтар мешуд. Ин таом хеле содда аст». ​Луқмон ба писараш нигарист ва пурсид: — «Эй писарам, агар аз ту бипурсанд, ки беҳтарин ва боарзиштарин неъмати дунё кадом аст, чӣ мегӯӣ?» ​Писари нозук каме фикр карду гуфт: — «Шояд сарват, хонаи зебо, аспу чорво ё хӯрокҳои лазиз бошад». ​Луқмон сар ҷунбонд ва гуфт: — «На, писарам. Беҳтарин ва бузургтарин неъмати Худованд дар ин дунё тандурустӣ ва осоиш аст. То замоне ки инсон тандуруст аст ва дар фароғат зиндагӣ мекунад, шояд қадри онро надонад. Аммо ҳар касе, ки бемор шавад ё ба мушкилие рӯ ба рӯ гардад, мефаҳмад, ки саломатӣ аз ҳама гаронбаҳотар аст. ​Баъд аз он, Луқмон илова кард: — «Писарам, ҳеҷ гоҳ аз душвориҳои хурди роҳ нороҳат нашав ва ҳеҷ гоҳ неъматҳои дар даст доштаатро хурд машумор. Шукргузорӣ калиди хушбахтӣ аст. Касе, ки ба он чӣ дорад шукр мекунад, ҳамеша шодмон аст, аммо касе, ки доимо шикоят мекунад, ҳатто дар беҳтарин шароит низ худро камбағал ва бадбахт ҳис мекунад». ​Ин суханон дар дили писар таъсири амиқ гузоштанд ва ӯ дигар ҳеҷ гоҳ аз душвориҳои хурд шикоят накард.

0

МЕВАИ ШИРИН ВА ОДОБИ ПИСАРАК

Дар як деҳаи зебо писараке бо номи Одил зиндагӣ мекард. Одил писари хуб буд, аммо баъзан фаромӯш мекард, ки ба калонсолон салом диҳад ё ҳангоми суҳбат одоби муоширатро риоя кунад. ​Рӯзе Одил ба боғи бобои худ рафт. Бобояш дар дасташ як сабад себи сурхи ширин дошт. Одил давида омад ва бе ҳеҷ гап дасташро ба сӯйи сабад дароз карда гуфт: — Бобо, ба ман себ диҳед! ​Бобояш табассум кард ва сабадро каме ақиб кашида, оҳиста гуфт: — Одилҷон, медонӣ, себҳои ин боғ хеле ширинанд, аммо онҳо танҳо ба кӯдаконе супорида мешаванд, ки калиди калимаҳои сеҳрноки одобраро медонанд. ​Одил ҳайрон шуда пурсид: — Калиди калимаҳои сеҳрнок? Онҳо кадомҳоянд? ​Бобо пурсид: — Вақте ба касе наздик мешавӣ, аввал чӣ мегӯӣ? Ҳангоми хостани чизе чӣ мегӯӣ? Ва вақте чизе мегирӣ, чӣ мегӯӣ? ​Одил як лаҳза фикр кард ва шармсор шуда сарашро хам кард. Ӯ фаҳмид, ки чӣ хатое кардааст. Сипас бо овози мулоим ва табассум гуфт: — Ассалому алейкум, бобоҷон! Лутфан, ба ман ҳам як себ медиҳед? Бобояш шод шуда, себи аз ҳама калону сурхро ба ӯ дод. Одил себро гирифта гуфт: — Ташаккури зиёд, бобоҷон! ​Бобояш сари Одилро сила карда гуфт: — Офарин, писарам! Одоб ва салом бузургтарин зебоии инсон аст. Калимаҳои «Ассалому алейкум», «Лутфан» ва «Раҳмат» дили ҳамаро шод ва роҳҳоро кушода мекунанд. ​Аз ҳамон рӯз инҷониб Одил ҳамеша бо ҳама боэҳтиром ва боодоб суҳбат мекард ва дар деҳа ҳама ӯро дӯст медоштанд. ​Панди қисса: ​Инсонро одоб зебо мекунад. ​Саломи босамимият, эҳтироми калонсолон ва истифодаи калимаҳои хуш дилҳоро ба ҳам наздик месозад.

0
ДунёЗеҳн27 рӯз пеш

СУБҲ ВА РӮЗ

Рӯзе ду дӯст Субҳ ва Рӯз бо ҳам баҳс карданд. Субҳ гуфт: — Ман аз ҳама муҳимам. Одамон бо ман бедор мешаванд, нияти нек мекунанд, намоз мехонанд, орзу месозанд. Агар ман набошам, ҳеҷ кор оғоз намешавад. Рӯз табассум карда ҷавоб дод: — Дуруст аст, ту оғози хубӣ ҳастӣ. Аммо ман идомаи он ҳастам. Агар инсон дар давоми рӯз меҳнат накунад, субҳи хубаш чӣ фоида дорад? Онҳо ба назди донои пир рафтанд, то доварӣ кунад. Пир гуфт: — Шумо ҳарду якдигарро пурра мекунед. Субҳ ният мебахшад, рӯз амал. Агар ният бе амал бошад — орзу мемонад. Агар амал бе ният бошад — бемаънӣ мегардад. Аз ҳамон рӯз, Субҳ ва Рӯз дигар баҳс накарданд. Онҳо фаҳмиданд: бахти инсон дар якҷоягии нияти нек ва меҳнати ҳалол аст. Панд: Ҳар субҳро бо нияти нек оғоз кунед ва онро дар давоми рӯз бо амалҳои хуб идома диҳед.

0
ДунёЗеҳн27 рӯз пеш

Зиндагии хуб

Рӯзе ҷавоне назди ҳакиме доно рафт, ки аз пайравони таълимоти Абуалӣ ибни Сино буд. Ӯ пурсид: — Эй устод, чӣ гуна инсон метавонад зиндагии хуб дошта бошад? Ҳаким каме сукут кард ва сипас се чизро ба ҷавон нишон дод: як дона тухм, як коса об ва як оина. Ӯ гуфт: — Ин тухм рамзи имконият аст. Агар онро парвариш кунӣ, ба дарахти сермева табдил меёбад. Зиндагии хуб аз заҳмат сар мешавад. Сипас косаи обро нишон дода гуфт: — Об мисли рафтори туст. Агар пок бошад, ҳаётро зебо мекунад. Агар ифлос шавад, ҳама чизро вайрон мекунад. Пас рафтори худро пок нигоҳ дор. Баъд оинаро ба ҷавон дод: — Ба худ нигоҳ кун. Агар ту худро эҳтиром кунӣ ва ростқавл бошӣ, мардум низ туро эҳтиром мекунанд. Ҷавон фикр кард ва гуфт: — Пас зиндагии хуб на аз дороӣ, балки аз меҳнат, ахлоқи нек ва худшиносӣ вобаста аст? Ҳаким табассум карда гуфт: — Дуруст гуфтӣ. Касе ки дилаш ором, нияташ пок ва амалаш нек аст — ӯ аллакай зиндагии хуб дорад. Хулоса: Зиндагии хуб аз берун намеояд, он аз даруни инсон оғоз мешавад: бо меҳнат, ахлоқи нек ва нияти пок.

0
ДунёЗеҳн27 рӯз пеш

БОЛОТАР АЗ ДУОИ НЕКИ МОДАР ЧИЗЕ НЕСТ

Модар барои мо ҳама чиз аст, ҳам нури басар, ҳам ҷону ҷигар, ҳам маънии рӯзгор, ҳам равнақу барор, ҳам субҳи замон, ҳам ҳусни чаман ва тоҷи сар. Масали машҳуреро метавон ба ёд овард, ки қудрати дуои модарро нишон медиҳад. Чунончи ривоят мешавад, ки дар замонҳои қадим боре роҳзанон деҳаеро оташ зада, фарзандони як хонадонро медузданд. Модари фарзандон наҷот меёбад, аммо ғаму ғусса ӯро азият медиҳад. Тамоми рӯз дар назди хонаи сӯхтааш нишаста, нидо мекард: – Парвардигоро, писару духтарамро дар паноҳат нигаҳ дор ва баргардон. Мардум кӯшиш мекарданд, ки модарро бурда хӯрок диҳанд ва ӯро ором созанд. Вале модар якравона пешниҳоди онҳоро рад мекард. Модар мегуфт, ман фарзандонро аз душманон муҳофизат карда натавонистам, бигзор дуои ман ба онҳо кумак расонад. Модар дар назди хонаи сӯхта дурудароз нишаста, зери лаб дуо мекард. Пас аз чанд муддат, ногаҳон,  фарзандонаш аз тарафи ҷангал пайдо шуданд. Онҳо аз шодӣ ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанду писарбача гуфт: –  Модарҷон, ман санги тез ёфта, ресмонеро, ки бо он дастони моро баста буданд, буридам ва мо гурехтем. – Дар ҷангал ба мо хирси азим нияти ҳамла дошт, – гуфт духтар, ки чашмонаш аз тарсу ваҳшат пур аз оби дида буд, –  вале, ногаҳон, гӯиё қуввае ӯро аз ин амал боздошт, ки баргашту рафт. – Инчунин, мо ҳангоми задани раъду барқ эмин мондем, – нақл кард писарбача. – Дар баробари ин, – боз ба сухан омад духтар, – мо ҳатто вақти убури дарёи чуқур ғарқ нашудем. Ҳамин тавр, писару духтари модар банавбат бо таъсири қувваи ноаёне наҷот ёфтани худро ҳикоят намуданд. Ҳама ба суханони онҳо ҳайрон гӯш медоданд ва баногоҳ пирамарде гуфт: – Дуои модар ҳамеша аз пайи фарзандонаш меравад ва онҳоро ҳифз мекунад. Маънии ин масал он аст, ки дуои модар дорои қудрати ғайриодист ва фарзандонашро дар ҳар куҷое бошанд, ҳифз мекунад. Беҳуда бузурге нафармудааст: «Дуои модар метавонад фарзандро, ҳатто, аз қаъри баҳр барорад». Охир муҳаббати модар нисбат ба фарзанд самимист. Хайру саховати замин аз саховати модарон, назокати дунё аз назокати модарон аст. Барои ин барои ҳифзу ҳимояи модар тану ҷонро метавон фидо кард ва сари таъзим фуруд овард ва гуфт: Модар бо қадамҳои ту сар мемонам, Ҳар ҳарфи туро дуру гуҳар медонам. Дар роҳи ҳаёт мушкиле пеш ояд, Ман панди туро мушкилкушо медонам.

0