БОЛОТАР АЗ ДУОИ НЕКИ МОДАР ЧИЗЕ НЕСТ
Модар барои мо ҳама чиз аст, ҳам нури басар, ҳам ҷону ҷигар, ҳам маънии рӯзгор, ҳам равнақу барор, ҳам субҳи замон, ҳам ҳусни чаман ва тоҷи сар.
Масали машҳуреро метавон ба ёд овард, ки қудрати дуои модарро нишон медиҳад. Чунончи ривоят мешавад, ки дар замонҳои қадим боре роҳзанон деҳаеро оташ зада, фарзандони як хонадонро медузданд. Модари фарзандон наҷот меёбад, аммо ғаму ғусса ӯро азият медиҳад. Тамоми рӯз дар назди хонаи сӯхтааш нишаста, нидо мекард:
– Парвардигоро, писару духтарамро дар паноҳат нигаҳ дор ва баргардон.
Мардум кӯшиш мекарданд, ки модарро бурда хӯрок диҳанд ва ӯро ором созанд. Вале модар якравона пешниҳоди онҳоро рад мекард. Модар мегуфт, ман фарзандонро аз душманон муҳофизат карда натавонистам, бигзор дуои ман ба онҳо кумак расонад.
Модар дар назди хонаи сӯхта дурудароз нишаста, зери лаб дуо мекард. Пас аз чанд муддат, ногаҳон, фарзандонаш аз тарафи ҷангал пайдо шуданд. Онҳо аз шодӣ ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанду писарбача гуфт:
– Модарҷон, ман санги тез ёфта, ресмонеро, ки бо он дастони моро баста буданд, буридам ва мо гурехтем.
– Дар ҷангал ба мо хирси азим нияти ҳамла дошт, – гуфт духтар, ки чашмонаш аз тарсу ваҳшат пур аз оби дида буд, – вале, ногаҳон, гӯиё қуввае ӯро аз ин амал боздошт, ки баргашту рафт.
– Инчунин, мо ҳангоми задани раъду барқ эмин мондем, – нақл кард писарбача.
– Дар баробари ин, – боз ба сухан омад духтар, – мо ҳатто вақти убури дарёи чуқур ғарқ нашудем.
Ҳамин тавр, писару духтари модар банавбат бо таъсири қувваи ноаёне наҷот ёфтани худро ҳикоят намуданд.
Ҳама ба суханони онҳо ҳайрон гӯш медоданд ва баногоҳ пирамарде гуфт:
– Дуои модар ҳамеша аз пайи фарзандонаш меравад ва онҳоро ҳифз мекунад.
Маънии ин масал он аст, ки дуои модар дорои қудрати ғайриодист ва фарзандонашро дар ҳар куҷое бошанд, ҳифз мекунад. Беҳуда бузурге нафармудааст: «Дуои модар метавонад фарзандро, ҳатто, аз қаъри баҳр барорад». Охир муҳаббати модар нисбат ба фарзанд самимист.
Хайру саховати замин аз саховати модарон, назокати дунё аз назокати модарон аст. Барои ин барои ҳифзу ҳимояи модар тану ҷонро метавон фидо кард ва сари таъзим фуруд овард ва гуфт:
Модар бо қадамҳои ту сар мемонам,
Ҳар ҳарфи туро дуру гуҳар медонам.
Дар роҳи ҳаёт мушкиле пеш ояд,
Ман панди туро мушкилкушо медонам.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё