АМОНАТРО БА ПОСДОРАНДАИ АМОНАТ ДИҲЕД!
Дар рӯзи фатҳи Макка Расули Худо (с) хост, ки ба Каъба ворид шавад, аммо калидҳо дар дасти Усмон ибни Талҳа буданд ва ӯ ҳанӯз мусулмон нашуда буд. Паёмбари Акрам (с) барои овардани калидҳо ҳазрати Алиро (р) ба назди Усмон ибни Талҳа фиристод. Чун ҳазрати Алӣ (р) омаду калидҳои Каъбаро пурсон шуд, Усмон гуфт:
— Ман ба паёмбарии Муҳаммад бовар надорам, ки калиди Каъбаро ба ӯ диҳам. Калид аз ман аст ва он аз бобоҳоям ба ман мондааст.
Ҳазрати Алӣ (р) калидро аз дасти Усмон ибни Талҳа бо зӯрӣ гирифт, зеро бояд фармони Расули Худоро (с) ба ҷо меовард. Сипас ба назди Паёмбар (с) баргашт ва ӯ бо асҳоб вориди Каъба шуданд. Паёмбари Худо (с) ҳамроҳи саҳобагон бутҳои Каъбаро несту нобуд карда, дар пайи ин ду ракъат намози шукр гузоштанд. Дар ин миён амӯи Паёмбар (с) — ҳазрати Аббос (р) талаб намуд, ки калидҳои Каъбаро бо худ бигирад. Дар ҳамин асно ояти каримае нозил шуд, ки ҳукми амонатро муайян мекард. Расули Худо (с) калиди Каъбаро тавассути ҳазрати Алӣ (р) дубора ба Усмон ибни Талҳа баргардонд. Усмон ибни Талҳа дар ҳайрат афтода, пурсид:
— Чанде қабл ин калидро аз ман ба зӯрӣ гирифтӣ ва ҳоло бозпас овардаӣ. Сабаб дар чист?
— Дар ин хусус оят нозил шудааст, — гуфт Ҳазрати Алӣ (р) ва он оятро қироат намуд: «Ба дурустӣ, Худо ба шумо мефармояд, ки амонатҳоро ба аҳли онҳо адо кунед ва (мефармояд, ки) чун миёни мардум ҳоким шавед, ба ростӣ ҳукм кунед. Ҳар оина некӯ чизе аст, ки Худо ба он ба шумо панд медиҳад. Ба дурустӣ ки Худо Шунавои Биност» (Сураи «Нисо», 4/58).
Усмон ибни Талҳа, ки ҳанӯз имон наоварда буд, гуфт:
— Ин ҳукме, ки аҳамияти амонатро дар дини шумо муайян мекунад, маро дар ҳайрат гузошт. Маро назди Паёмбар бубар.
Усмон ибни Талҳа ҳамроҳи ҳазрати Алӣ (р) ба ҳузури Расули Худо (с) омад ва калимаи шаҳодат ба забон оварда, мусулмон шуд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё