ФАРМОНБАРДОРӢ
Боре ба назди Салмони Форсӣ (р) касе омад ва ҳар ду ҳамроҳ ба саҳро баромаданд. Дар саҳро оҳувон ме- чариданд ва дар осмон парандаҳо парвоз мекарданд. Ҳазрати Салмон онҳоро дида гуфт:
— Ман меҳмоне дорам ва мехоҳам, ки ягоне аз шумо ба назди ман ояд, то ба ӯ иззату икром намоям.
Дар ин ҳол як паранда ва як оҳуе босуръат ба на- зди ҳазрати Салмон (р) омаданд. Бо дидани ин манзара меҳмон ба ҳайрат афтода, гуфт: «Субҳоналлоҳ!»
Салмони Форсӣ фармуд:
— Чӣ ҷойи ҳайрат дорад? Оё ту дидаӣ, ки шахсе фармонбардори Худо бошаду махлуқоти Худо аз ӯ саркашӣ намоянд?!
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё