Зеҳн
Панду андарзҳо·Зеҳн·3 рӯз пешНашрия

МАН ТАНҲО ЯК ХИДМАТГОРАМ

Соли 1516 вақте Султон Салим Мисрро фатҳ намуд, хилофат аз Аббосиён ба Усмониҳо гузашт.

Дар яке аз рӯзҳои ҷумъаи ин даврон дар масҷиди Уммавия намози ҷумъа гузошта мешуд ва Султон Салим дар он ҷо қарор дошт. Волии Шом дар сафи пеш барои Султон саҷҷодае панҳ намуд, ки аз матои қиматбаҳо омода шуда буд ва аз ҷойнамози дигарон фарқ мекард. Бо дидани ин ҳолат Султон волии шаҳрро танбеҳ дода гуфт:

— Ин ҷо мавзеи ибодат аст, на қасри подшоҳ!

Чун вақти хондани хутба фаро расид, имом ба минбар баромад ва дар хутба номи Султон Салимро зикр намуда, ӯро «Ҳоким-ул-Ҳарамайни Шарафайн» (Ҳокими Макка ва Мадина) хонд. Султон ин суханҳоро шунида, дарҳол аз ҷо бархосту гуфт:

— Эй имом, лафзи «Ҳоким-ул-Ҳарамайн»-ро ба «Ходим-ул-Ҳарамайн» (Хидматгори Макка ва Мадина) иваз намо! Ман ҳокими Макка ва Мадина нестам, балки дар он сарзамини муқаддас ходиме ҳастаму бас.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.