ИМОМИ АЪЗАМ ВА МАҶУСӢ
Дар айёми ҷавонии Имоми Аъзам маҷусие бо нияти тиҷорат ба Басра омад. Дар ин миён ба мардуми он мавзеъ муроҷиат намуда, гуфт: «Ман оташпарастам, зеро оташ вуҷуд дорад ва онро бо чашм дидан мумкин аст. Шумо ҳам он Худоеро, ки мепарастед, ба ман нишон диҳед?! Вале шумо наметавонед, ки Худои хешро ба ман нишон диҳед, чунин Худое вуҷуд надорад. Бузургони худро бихонед. Ман ба онҳо исбот мекунам, ки Худои шумо вуҷуд надорад!»
Мардум ба ӯ Абӯҳанифаи ҷавонро нишон дода, гуфтанд:
— Гуфтаниҳоятро аввал ба ин ҷавон бигӯ. Агар аз илми ӯ қаноатманд нашавӣ, он гоҳ бузургонамонро даъват мекунем.
Маҷусӣ дид, ки Абӯҳанифа ҷавон аст, бо нишони тамасхур гуфт:
— Ман бо кӯдакон баҳс намекунам!
Вале мардум исрор карданд, ки маҷусӣ пешниҳоди онҳоро қабул намояд ва бо Абӯҳанифаи ҷавон ҳамсуҳбат шавад. Ниҳоят ӯ розӣ шуд ва ҳама қарор доданд, ки субҳи рӯзи дигар дар масҷид мунозира кунанд.
Субҳи фардо мардум дар масҷид ҷамъ омаданд. Маҷусӣ болои минбар нишаст ва ҳама ҳамроҳ омадани Абӯҳанифаро мунтазир шуданд. Муддате гузашт, вале Абӯҳанифа ҳозир нашуд. Маҷусӣ аз ин фурсат истифода бурда, чунин гуфт:
— Ҷавони донишмандатон ҳаросид! Акнун уламоро даъват кунед!
Мардум низ дар хиҷолат монданд, зеро аз Абӯҳанифа чунин амалкардеро чашмдор набуданд. Дар ниҳоят Абӯҳанифа бо гузашти чанд муддат шитобон вориди масҷид шуд ва гуфт:
— Бубахшед, ки дер мондам. Дар он тарафи дарё будам. Чун хостам ба тарафи муқобил гузарам, воситае пайдо накардам. Сипас ба дарахтони соҳил гуфтам: «Эй дарахтон! Дарҳол купрук шавед, то аз дарё гузарам!» Онҳо купрук шуданд ва ман ба ин тараф гузаштам. Бо ин сабаб дер мондам.
Аз ин суханҳои Абӯҳанифа маҷусӣ қаҳ-қаҳзанон хандиду гуфт:
— Бубинед, ки ин ҷавон ҳатто ба ҳамсуҳбатӣ намеарзад. Оё дарахт худ аз худ ба купрук мубаддал мегардад?
Абӯҳанифа гуфт:
— Агар дарахте ҳам худ аз худ купрук шуда натавонад, пас ин олами бузург чӣ гуна худ аз худ ба низом медарояд?
Мардум аз сухани Абӯҳанифа ба ваҷд омада, такбир гуфтанд.
Сипас маҷусӣ гуфт:
— Хуб, ба ман гӯед, ки чаро Худои шуморо бо чашм дида намешавад? Ҳар чизе ки вуҷуд дорад, ба чашм аён аст. Худои шумо ки аён нест, пас вуҷуд надорад.
Абӯҳанифа пурсид:
— Шумо ба мавҷудияти ақли инсон бовар доред? Маҷусӣ посух дод:
— Албатта, бовар дорам.
Абӯҳанифа гуфт:
— Ин тавр бошад, ақли худро ба ман нишон диҳед! Маҷусӣ посух дод:
— Ақлро нишон додан номумкин аст.
— Модоме ки ақли шумо ба чашм аён нест, оё ман метавонам даъво кунам, ки он вуҷуд надорад, — гуфт Абӯҳанифа ва илова намуд:
— Пас маълум мешавад, ки ҳастии баъзе мавҷудот ба дидан вобаста нест. Масалан, мавҷудоте ҳамчун ақлу рӯҳ ба чашм ноаён бошанд ҳам, дар мавҷудияташон шубҳае нест.
Бо шунидани ин суханҳо мардум боз такбир оварданд. Сипас маҷусӣ пурсид:
— Пас бигӯ, ки ҳоло Худои шумо ба чӣ кор машғул аст?
Абӯҳанифа посух дод:
— Аз минбар поён шавед ва ман дар он ҷо нишаста, ба ин суолатон посух бигӯям.
Маҷусӣ аз минбар поён шуд ва Абӯҳанифа ба ҷойи ӯ нишасту гуфт:
— Ҳоло Худованд ҷоҳилеро аз минбар фароварду кӯдакеро ба ҷояш шинонд, то ӯ аз ин кӯдак ибрат омӯзад.
Маҷусӣ дар назди ақлу хиради Абӯҳанифа мағлуб гашт ва ба ӯ изҳори миннатдорӣ намуда, калимаи шаҳодат ба забон оварду мусулмон шуд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё