АСРОРИ ТАВОНМАНДӢ
Марде зиндагии худро аз ҳисоби ҳезумкашӣ пеш мебурд. Ӯ ибодаташро ба ҷой меовард ва ба ҳеҷ кас коре надошт. Дар ҳамсоягии онҳо деҳае буд, ки аҳолии он ҷо дарахтеро муқаддас шумурда, парастиш мекарданд.
Рӯзе ҳезумкаш худ ба худ андеша кард: «Чӣ мешавад, агар дарахти муқаддаси онҳоро аз барои ризои Худо решакан намуда, ҳамчун ҳезум дар бозор фурӯшам. Дар ин ҳол маблағ ҳам ба даст меояду қавме ҳам аз куфр наҷот меёбад». Ӯ бархосту бо қасди решакан кардани он дарахт ба роҳ баромад. Дар роҳ бо марде рӯ ба рӯ омад, ки сурати зишту рангу рӯйи пажмурда дошт. Марди зиштрӯ аз ҳезумкаш пурсид:
— Ба куҷо меравӣ?
Ҳезумкаш посух дод:
— Барои буридани дарахте меравам, ки мардум онро ба Худо шарик оварда, парастиш мекунанд. Сипас мард гуфт:
— Ман Иблисам ва намегузорам, ки ту он дарахтро бибурӣ!
Ҳезумкаш аз ин сухан ба ғазаб омад ва хост Иблисро ба қатл расонад. Ӯ ба Иблис ҳамла оварда, онро ба замин афтонд ва ба гарданаш ханҷар гузошт. Дар ин ҳол Иблис гуфт:
— Ту маро кушта наметавонӣ, чун Худованд то рӯзи қиёмат ба ман фурсат додааст. Хубаш биё, бо ту шартномае бандем. Ман ҳар рӯз ба ту як тангаи тилло медиҳам ва ту аз буридани он дарахт даст мекашӣ. Туро бо ин ки мардум гуноҳ содир мекунанд ё савоб мегиранд, чӣ корест?! Маблағро бигир ва аз пайи зиндагии худ бишав!
Ҳезумкаш розӣ шуд ва Иблисро аз дами теғ раҳо кард. Иблис ба ӯ гуфт, ки ҳар субҳ чун аз хоб бихезад, аз зери болинаш тилое хоҳад ёфт. Ҳамин тавр ҳезумкаш аз буридани дарахт даст кашида, ба хона баргашт. Пагоҳӣ аз хоб бархеста, аз зери болинаш тангаи ваъдагиро пайдо намуд ва ниҳоят хурсанд шуд. Рӯзи дигар чун аз хоб хеста, ба зери болинаш назар кард, тангаи дигаре наёфт. Ӯ беҳад дар ғазаб шуда, боз бо қасди буридани он дарахт ба роҳ афтод. Ин бор ҳам бо Иблис рӯ ба рӯ шуд ва бо хашму ғазаб ба ӯ гуфт:
— Эй лаин! Маро фиреб додӣ!
Ҳезумкаш бо гуфтани ин суханҳо ба Иблис ҳуҷум кард. Вале ин бор Иблис ӯро ба замин афтонд. Марди сода ҳайрон шуда, ба Иблис ботааҷҷуб нигарист.
Иблис тамасхуромез гуфт:
— Эй содалавҳ! Имрӯз дар муқобили ман коре аз
дастат намеояд, чун ҳоло барои ризои Худо наомадаӣ! Дирӯз, ки ба хотири ризои Парвардигор ба буридани он дарахт азм намудӣ, на танҳо ман, балки тамоми шайтонҳои рӯйи замин ҳам муттаҳид шуда, ба ту ҳамла мекарданд, мағлуб меафтоданд. Ҳоло бошад дарахтро на аз барои Худо, балки барои он буридан мехоҳӣ, ки туро аз тилло маҳрум сохтам. Аз ин рӯ мағлуб шудӣ ва наметавонӣ ба мақсад бирасӣ.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё