Зеҳн
АГ

Агенти Зеҳнӣ

3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн

Дучарха муҳаррик дорад?

Барои он ки дучарха ё ҷана ба ҳаракат дароянд, мо бояд мушакҳоямонро барои теладиҳӣ каме «азоб» диҳем. Яъне энергияро барои ҳаракати ин механизмҳо инсон медиҳад. Ҳамин тариқ, одаме, ки дучарха меронад, худаш муҳаррик ҳисоб меёбад. Агар ба дучарха муҳаррик насб кунем, пас вай ба мотороллер табдил меёбад. Механизмҳои зиёде ҳастанд, ки тавассути неруи одамон ҳаракат мекунанд, масалан дастгоҳҳои дастии бофандагӣ, кулолӣ, дӯзандагӣ ва ғайра.

0

Муҳаррик чист?

Муҳаррик механизмест, ки як навъи муайяни энергия, масалан неруи барқ, энергияи ҳидравликӣ (обӣ) ва кимиёиро ба энергияи механикӣ табдил медиҳад. Вобаста ба он ки муҳаррик тавассути кадом қувва ба кор медарояд, ба чанд намуд ҷудо мешавад: бодӣ, ҳароратӣ, ҳидравликӣ, муҳаррикҳои берунсӯз, мисли мошини буғӣ ва муҳаррики дарунсӯз – муҳаррики автомобил ва реактивию барқӣ.

0

Механизми содатарин чист?

Механизми содатарин асбобест, ки қобилияти осонкунӣ, тағйирдиҳӣ ва вусъатбахшии амалро таҷассум мекунад. Ин намуди механизм аз чор қисм иборат аст: фишанг, ғарғара, ғалтак ва ҳамвории муайян. Механизми содатарин бештар барои осон намудани ҳамлу нақли ашёи вазнин аз поён ба боло ва ё аз боло ба поён истифода мешавад. Фишанг се навъ дорад: навъи якум (қайчӣ), навъи дуюм (ароба) ва навъи сеюм (мӯйчинак).

0

Мошин чист?

Мошин дастгоҳест, ки инсон барои иҷрои вазифаҳои муайян ва осон намудани кору зиндагӣ офаридааст. Мошинҳо барои сарфа намудани қувва ва осону сабук намудани кори инсон хизмат мекунанд. Дар илм қисмҳои мошинро, ки фаъолияти мунтазами онро таъмин менамоянд, механизм меноманд. Мошинҳо сода, мисли ғарғараи одӣ ва мураккаб, амсоли компютер мешаванд. Баъзе мошинҳо, пас аз он ки одамон онҳоро месозанд, бе иштироки инсон кор мекунанд: мисли осиёби обӣ ва бодӣ. Баъзе мошинҳои дигарро, мисли экскаватор, автомобил ва ғайра инсон идора мекунад.

0

Олоти аввалине, ки ҳаёти инсонро осон мекарданд, кадомҳо буданд?

Дар давоми таърих инсон барои сарфаи қувваи худ кӯшиш мекард, то дар фаъолияти кории ҳамарӯза аз ягон навъи техника истифода барад. Барои ин вай аз дастгоҳу механизмҳои гуногун (ҳарчанд дар оғоз хеле сода буданд), аз ҷумла аробачаи чархдор истифода мебурд. Батадриҷ дастгоҳҳо мураккабтар шуданд, такмил ёфтанд ва то ба дараҷаи ҳозира расиданд. Масалан, аввалин олоти техникӣ, аз қабили осиёб ва сипор ба воситаи об, бод ва ҳайвонот ба ҳаракат дароварда мешуданд. Сипоре, ки тавассути барзаговҳо кашида мешуд. Чақмоқсанг – санги махсусест, ки дар сурати ба ҳам задан аз он оташак ё шарора ҳосил мешавад. Аз ин рӯ номи дигараш санги «оташ» аст. Чароғи флюоресцентӣ – чароғи электрикиест, ки аз найча иборат буда, деворҳои шишааш аз дарун бо моддаи равшанидиҳанда (флюоресцент) пӯшонида шудааст. Даруни найча гази неон дорад. Фонограф – дастгоҳи механикиест, ки қобилияти навиштан ва шунавонидани ҳар гуна овозро дорад. Магнитофон дар заминаи ин дастгоҳ сохта шудааст.

0

Кадом чароғҳо каммасрафанд?

Аз замоне, ки Эдисон чароғи барқиро ихтироъ намуд то имрӯз технологияи рӯшноидиҳӣ хеле тағйир ёфт. Олимон ва ихтироъкорон навъҳои гуногуни асбобҳои рӯшноидиҳиро кашфу ихтироъ намудаанд: чароғҳои кӯчагӣ, чароғҳои махсус барои корхонаҳо, автомобилҳо, шабчароғҳои гуногун, бахусус қандилҳо барои хонаҳо ва ғайра. Чароғакҳои флюоресцентӣ ва галогенӣ, ки каммасрафанд, аз чароғҳои барқии тафсон дида бисёртар истифода мешаванд. Чароғҳои флюоресцентӣ ё неонӣ аз ҷониби Артур Комптон соли 1934 ихтироъ шудаанд. Каме баъдтар чароғҳои галогенӣ кашф шуданд, ки нисбат ба чароғҳои зикршуда рӯшантар ва каммасрафанд.

0

Чароғҳо (лампаҳо)-и аввалин чӣ гуна буданд?

Одамони ҷомеаи ибтидоӣ аз чароғ ва истифодаи рӯшноии сунъӣ огоҳӣ надоштанд. Онҳо аз хоб ҳангоми тулӯи офтоб мехестанду баробари торик шудан хоб мерафтанд. Пас аз он ки оташро кашф намуданд, онҳо метавонистанд баъди ғуруби офтоб аз ҳисоби рӯшноии оташдон боз чанд соати дигар бедор истанд. Ғайр аз ин, одамон тайёр кардани машъалу шамъро ёд гирифтанд. Яъне онҳо ба нӯки чӯбе алафи хушкро печонида, ба он чарбу (равған) мемолиданд, то он зуд оташ гирифта, муддати зиёд фурӯзон бошад. Чароғҳои аввалин аз гил ва ё филиз (металл) сохта шуда буданд. Ин зарфҳоро бо ягон навъи сӯзишворӣ, масалан, равғани рустанӣ ё чарбу пур карда, ба он пилта гузаронда, дармегиронданд. Пилта равғанро ҷаббида, то тамоми шудани он фурӯзон меистод. Баъдтар ба ҷои равған аз спирт ва керосин истифода мебурданд. Аз аввалҳои асри 19 чароғҳои газӣ маъмул гардиданд. Аммо бештар барои равшан намудани хона аз шамъи мумии устувонашакл, ки байни он пилта дошт, истифода мекарданд. Томас Эдисон Томас Эдисон (1847–1931) соҳибкори амрикоӣ буда, дар таърихи инсоният аз ҳама бештар таҷҳизоти гуногун ихтироъ намудааст. Дар синни ҷавонӣ вай барои рӯзгузарониаш дар қатораҳои поезд ба фурӯхтани рӯзномаҳо машғул буд. Шавқу ҳаваси машғул шудан ба соҳибкорӣ ғолиб омад ва ӯ дар яке аз вагонҳои қатора чопхона сохту ба нашри рӯзнома оғоз намуд. Соли 1878 вай чароғи барқиро ихтироъ кард. Ғайр аз ин вай телефон ва аввалин дастгоҳи сабти овоз – фонографро ихтироъ намудааст.

0

Одамон чӣ тавр оташро пайдо карданд?

Ҳарчанд инсон дар бораи мавҷуд будани оташ дар табиат тасаввурот дошт, аммо барои ӯ боз ҳазорсолаҳо лозим шуданд, ки оташро кашф ва истифода кунад. Оқибат одамон фаҳмиданд, ки агар ду чӯбчаи хушкро муддате бо ҳам соиш диҳанд, онҳо дармегиранд, агар ду сангро ба ҳам зананд аз онҳо шарора меҷаҳад. Ин кашфиёт ба инсон имкон дод, ки худаш оташ афрӯзад, ба воситаи он гарм шавад, ҳайвоноти ваҳширо тарсонад ва барои худ хӯрок пазад. Бо мурури замон роҳҳои ҳосил намудани оташ такмил ёфтанд. Пас аз чӯбчаҳо одамон аз чақмоқсанг истифода мекардагӣ шуданд. Баъди ҳазорсолаҳо барои тезтар гирондани оташ аз фосфор (кибрит) истифода намуданд. Ҳамин тариқ, кашфи оташ боиси инкишофи технологияҳои нав дар самтҳои гуногуни фаъолияти инсон, аз қабили омода намудан ва нигоҳ доштани хӯрокворӣ, коркарди филиз, истеҳсол намудани шиша ва зарфҳои кулолӣ, коркарди пӯст, гарм кардани хонаҳо ва ғайра гардид.

0

Технология чист?

Технология маҷмӯи донишу малакаҳое, ки инсон барои осон намудани зиндагӣ ва инкишофу пешрафти ҷомеа истифода мебарад. Ҳанӯз аз замонҳои қадим инсон кӯшиш менамуд, ки сохти ашё ва чизҳои табиии атрофро тағйир диҳад ва барои худ олоти зарурӣ созад. Ҳамин ашёи манфиатоварро, ки инсон офаридааст, дастгоҳу таҷҳизот меноманд, тарзи истифодаи онҳоро бошад, техника мегӯянд. Ҳамин тариқ, технология мафҳуми ниҳоят васеъ буда, маҷмӯи донишу маълумотро дар бораи аз чӣ ва чӣ тавр сохта шудани ин ё он таҷҳизот, барои чӣ лозим будани онҳо ва ҳангоми истифодаашон зарур будани кадом намуди энергия ва ғайраро фаро мегирад.

0

Секунҷа чист?

Секунҷа – бисёркунҷаест, ки се тараф дорад. Агар ҳамаи кунҷҳои секунҷа баробар бошанд, онро секунҷаи баробартараф меноманд. Агар танҳо ду кунҷи секунҷа баробар бошанд, онро секунҷаи баробарпаҳлу мегӯянд. Вақте ҳамаи кунҷҳо ва тарафҳои секунҷа баробар нестанд, пас вайро секунҷаи нодуруст меноманд. Агар ду тарафи секунҷа байни ҳам перпендикуляр бошанд ва онҳо кунҷи ростро ташкил диҳанд, дар ин сурат сухан дар бораи секунҷаи росткунҷа меравад. Пифагор Самосӣ файласуф ва риёзидон буда, дар асрҳои 6-5-и то м. дар Юнон умр ба сар бурдааст. Вай хусусиятҳои ададҳоро пурра омӯхта, чунин назарияеро таълим медод, ки ҳақиқати воқеиро тавассути ададҳо тасаввур намудан имкон дорад. Ғайр аз ин вай ба омӯхтани геометрия машғул шуда, теоремаи машҳури Пифагорро исбот намудааст. Вай асосгузори мактаби фалсафие мебошад, ки дар он ҷо инчунин дин, риёзиёт ва геометрияро меомӯхтанд.

0

Бисёркунҷаро чӣ гуна чен мекунанд?

Бисёркунҷа шакли ҳандасӣ (геометриест), ки хатти шикастаи сарбастаро меноманд. Порчаҳои ин хатти шикастаро тараф ва охири ин порчаҳоро қуллаи бисёркунҷа меноманд. Вобаста ба адади қуллаҳо бисёркунҷаҳо секунҷа, чоркунҷа мешавад. Маъмулан, бисёркунҷа дар ҳамворӣ воқеъ аст, аз ин рӯ барои чен кардани он андозаи масоҳат, яъне метри мураббаъро истифода мебаранд. Масалан, агар муайян кардани масоҳати қитъаи замини чоркунҷа зарур бошад, аввал дарозии тарафҳо параметри онро муайян бояд кард. Масоҳати росткунҷа ба ҳосили зарби дарозиҳои ду тарафи он баробар аст. Масоҳати бисёркунҷа бо роҳи ба росткунҷаҳо ҷудо кардани он муайян карда мешавад. Апофема – хатти амудиест, ки аз маркази бисёркунҷаи баробаргӯша ба яке аз тарафҳои он кашида мешавад. Периметр – ҳосили ҷамъи тарафҳои дарозии бисёркунҷаро периметр мегӯянд. Порча – хатти рости муайянест, ки аз ду тарафаш бо нуқтаҳо маҳдуд шудааст. Афлотун Афлотун (427–348 то м.) файласуфи Юнони Қадим. Ӯ дар асарҳои худ оид ба ҷаҳони ғоя ва ашё, нисбияти ашёҳо дар тасаввури мо ва ҷовидонии рӯҳи инсон маълумоти ҷолиб додааст. Афлотун ба илми геометрия таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷисмҳои бисёррӯяро таҳқиқ кардааст.

0

Прогрессия чист?

Прогрессия – силсилаи ададҳои пайдарпай, ки дар он рақами баъдӣ аз адади қаблӣ ҳосил мешавад. Прогрессия ду намуд дорад: прогрессияи арифметикӣ ва прогрессияи геометрӣ. Ин прогрессияи арифметикии дутаносубаест, ки ҳудуди рақамҳои аз 3 то 17-ро дар бар мегирад. Ин прогрессияи геометрии дутаносубаест, ки ҳудуди рақамҳои аз 2 то 256-ро дар бар мегирад.

0

Оё ривояти шоҳмотро медонӣ?

Мутобиқи ривоятҳои қадими ҳиндӣ шахсе бо номи Сесса шоҳмотро ихтироъ намудааст. Вақте ки шоҳро бо ин ихтироъ ошно карданд, шоҳ аз хурсандӣ хост, ба Сесса туҳфаи гаронбаҳое диҳад. Шоҳ аз худи Сесса пурсид, ки чӣ туҳфае мехоҳад. Сесса тахтаи шоҳмотро гирифта, ба подшоҳ муроҷиат кард: – Шоҳам, ба ман баробари катакҳои тахтаи шоҳмот гандум диҳед, кифоя аст. Яъне дар хонаи якуми шоҳмот 1 дона гандум, дар хонаи дуюм 2 дона, дар хонаи сеюм 4 дона, дар хонаи чорум 8 дона, дар хонаи панҷум 16 дона ва ғайра бо ҳамин тартиб то хонаи 64-ум. Умуман, тавре ман мехоҳам, ҳар бор миқдори гандумро аз пештарааш ду маротиба афзоед. Шоҳ ин дархости Сессаро ниҳоят хоксорона шумурда, фармон дод, то ба вай як чувол гандум диҳанд. Яке аз риёзидонҳои дарбор гандуми дархостаро ҳисоб карда ба подшоҳ гуфт: – Ҷаноби аълоҳазрат, дар тамоми шоҳигарии Шумо он миқдор гандумеро, ки ба Сесса ваъда додаед, пайдо кардан номумкин аст. Шоҳ чизе нафаҳмид, аммо он олим, ки аз прогрессияи арифметикӣ (риёзӣ) хабар дошт, медонист, ки миқдори гандуми дархосткардаи Сесса аз даҳҳо ҳазор халта зиёд аст.

0

Мураббаи соҳирона чист?

Мураббаъҳои соҳирона аз замонҳои қадим машғулияти аҷоибу шавқовар ҳисоб мешуданд. Онҳо маъмулан, аз қатор ва сутунҳои баробар тартиб ёфта, бо рақамҳои гуногун бо дарназардошти се шарт дар катакчаҳо пур карда мешаванд: Ҳосили ҷамъи ҳар қатор ҳамеша рақами якхела аст. Ҳосили ҷамъи ҳар сутун ҳамеша рақами якхела буда, ба ҳосили ҷамъи рақамҳои қатор баробар аст. Ҳосили ҷамъи рақамҳои диагоналӣ ба ҳосили ҷамъи рақамҳои ҳар қатор ва ҳар сутун баробар аст. Албрехт Дюрер Албрехт Дюрер (1471–1528) рассом ва наққоши олмонии давраи Эҳё мебошад. Вай дар яке аз расмҳои кандакориаш мураббаи соҳиронаро ҷой додааст, ки ғайр аз шартҳои дар боло баёнгардида, инчунин ҳосили ҷамъи ҳар як мураббаи миёни хатҳои сутун ва қаторҳо низ баробаранд.

0

Дараҷа чист?

Дараҷа дар риёзиёт ҳар яке аз 360 ҳиссаи давраро ифода мекунад. Дар натиҷаи зарби чандинбораи як рақам ба худаш дараҷа ҳосил мешавад. Адади зарбшавандаро асос ва зарбкунандаро нишондод мегӯянд. Масалан, рақами 9 – ин 3 дар дараҷаи 2 аст: 3х3=9 Агар рақами дилхоҳ дар дараҷаи 2 ифода шавад, мураббаъ ҳосил мешавад: 5²=5х5=25 Агар рақами дилхоҳ дар дараҷаи 3 ифода ёбад, мукааб ҳосил мешавад: 2³=2х2х2=8

0

Рақамҳои имрӯзаи мо аз куҷо пайдо шудаанд?

Рақам ва рамзҳои ифодакунандаи ададҳое, ки мо ҳоло истифода мебарем, арабиасос шуморида мешаванд, ҳарчанд арабҳо ин рақамҳоро аз мардуми Ҳинд гирифтаанд. Дар миёнаи асрҳои 8–13 дунёи ислом давраи муҳими инкишофи илмро аз сар гузаронидааст. Зеро мусулмонон ҳам бо мардуми шарқ ва ҳам бо мардуми ғарб робита барқарор намуда, беҳтарин дастовардҳои илмро азхуд кардаанд. Ҳамин тариқ, аз Ҳиндустон онҳо ҳисоб кардану чандин усулҳои дигари риёзиётро гирифтанд. Рақамҳои ҳозира (1, 2, 3, 4...) он қадар ба ададҳои ҳиндӣ монанд нестанд, зеро арабҳо андаке шакли онҳоро тағйир дода, ба расмулхати худ мувофиқ кардаанд. Аммо бино ба таъсири амиқ ва нуфузи бештари тамаддуни араб, рақамҳои ҳозираро арабӣ меноманд. Фибоначчи (1180–1250), ки дар таърих бо номи Леонардо де Пиза маъруф аст, тоҷири итолиёвӣ мебошад. Ҳамроҳи падараш ба минтақаҳои шимоли Африқо ва Шарқи Наздик сафар кардааст. Дар ин ҷойҳо вай риёзиёти ҳиндӣ ва тарзи ҳисоббарории арабиро омӯхтааст. Соли 1202 ба ватанаш – Пиза баргашта, китобе навишт ва дар он хонандагонро бо системаи ҳисоббарории арабӣ ошно намуд. Ҳоло бештар калимаи «рақам»-ро барои ифода намудани мафҳуми «адад», «шумора» истифода мебаранд, вале дар адабиёти ниёгон – классикии мо ин калима мафҳумҳои бештареро ифода мекунад: навъи матоъ (дебо, ҷома)-и хатдор; навиштан; муҳр кардан; доғ ниҳодан бар шутуру асп; таҳрир кардан; навъ, хел, ҷинс ва амсоли инҳо. Ҳамчунин дар адабиёти пешинаи мо вожаи «рақам» бо калимаҳои задан, кашидан, рондан, шикастан, рехтан, фишондан, зудудан, санҷ (рақамсанҷ), тироз (рақамтироз), омӯз (рақамомӯз), каш (рақамкаш) тавъам фаровон истифода мешуд.

0

Низоми ҳисоби румиҳо чӣ гуна буд?

Дар Руми Қадим ҳангоми ҳисоб кардани ададҳо аз ҳарфҳои муайян, I, V, L, C, D, M истифода мебурданд. Ҳар як ҳарфи зикршуда вобаста ба ҳолати нигориш ададеро ифода мекард. Барои огоҳии комил ёфтан аз усули ҳисоби румиҳо ин 5 қоидаи асосиро бояд дар ёд дошт: Ҳарфҳо аз чап ба рост навишта шуда, аз адади бузург оғоз мешавад. Масалан, XV (15). DLV (555), MCLI (1151). Ҳарфҳои I, X, С ва М имкон доранд, ки 2–3 бор пайдарпай нигошта шаванд. Масалан, II (2), XXX (30), CC (200) M CC XXX (1230) Ҳарфҳои V, L, D такроран навишта намешаванд. Ададҳои 4, 9, 40, 90 ва 900 дар шакли ба ҳам пайваст намудани ҳарфҳо навишта мешавад: IV (4), IX (9), XL (40), XC (90), CD (400), CM (900). Масалан, 48–XLVIII, 449–CDLIX навишта мешаванд. Аломати уфуқӣ (горизонталӣ) дар болои ҳарфҳо онро 1000 маротиба меафзояд. Масалан, V̄ – 5000, C̄ĪĪĪ – 103 000 ва ĪX̄CML – 9950-ро ифода мекунад. Рақамҳои румиро бинавис Ба намунаҳои зер таваҷҷӯҳ намо. 7 – VII; 9 – IX; 16 – XVI; 176 – CLXXVI; 824 – DCCCXXIV; 1003 – MIII; 1985 – MCMLXXXV; 2020 – MMXX. Ту метавонӣ бо истифода аз рақамҳои румӣ синну соли худ, ёру дӯстон ва пайвандон, инчунин соли ҷориро бинависӣ.

0

Рақамҳои аввалини мисриён чӣ гуна буданд?

Мисриён барои ифодаи ягон ашё ё чиз аз иероглифҳо – расмҳо истифода менамуданд. Ин расмҳо шаклҳои набототу ҳайвоноти соҳили дарёи Нил ва асбобҳои рӯзгорро тасвир мекарданд. Рақамҳоро низ онҳо бо иероглифҳо менавиштанд. Мисриён аломатҳоеро ихтироъ карда буданд, ки рақамҳои аз 1 то 10-ро ифода мекарданд. Онҳо иероглифҳое доштанд, ки ифодакунандаи ададҳои даҳӣ, садӣ, ҳазорӣ, даҳҳазорӣ, садҳазорӣ, миллион ва даҳҳо миллион буданд. Тамаддуни Миср Тақрибан 5 ҳазор сол қабл дар қисмати шимолии Африқо, дақиқтараш дар соҳили дарёи Нил, маданияти бузурге арзи ҳастӣ карда буд. Маҳз оби зиндагисози Нил боис гашт, ки дар водиҳои ин дарё мисриҳо ба кишоварзӣ машғул шаванд. Онҳо шаҳру ҳирамҳои муҳташам, мақбараву маъбадҳои бузург бунёд карда, ба ояндагон ёдгориҳои беназири сангӣ мерос гузоштаанд. Илова бар ин, мисриҳо папирусро ихтироъ карда, ба пайдоиши навъҳои гуногуни хат замина гузоштанд. Ҳамзамон нақши мисриҳо дар пешрафти улуми тиб, ҳандаса ва арифметика низ назаррас аст.

0

Дар Байнаннаҳрайн аз кадом рақамҳо истифода мекарданд?

Аввалин намунаи хатии рақамҳо тақрибан дар ҳазорсолаи сеюми то милод пайдо шудааст. Инҳо нишонаҳое буданд, ки дар ибтидо барои муайян кардани ашё истифода мешуданд. Баъдтар бо мурури замон нишонаҳои мазкур намуди мураккабтареро соҳиб шуданд. Дар Байнаннаҳрайн аломати ▼ барои ифодаи воҳидҳо – бо усули такроран нигоштани рақамҳои 1 то 9 истифода мешуд. Аломати ◄ барои ифодаи рақамҳои аз 10 боло мавриди истифода қарор гирифт. Аслан ин аломат (>) барои рақамҳои аз 11 то 59 истифода мешуд. Барои ифодаи адади 60 бошад аломат< ҳолати дигарро касб мекард. Барои ифодаи рақамҳои аз 70 боло аломатҳо дар шакли гуногун истифода мешуданд. Дар дастхатҳои қадимаи бобилиҳо, ки тақрибан 1700 сол то милод китобат шудааст, барои ифодаи сифр ягон аломати махсус нагузошта, танҳо ҷои рақамро холӣ мемонданд. Байнаннаҳрайн – тамаддуни мардуми байни дарёҳо Байнаннаҳрайн калимаи арабӣ буда, маънояш «байни ду дарё» аст ва маданияти халқҳоеро дар назар дорад, ки панҷ ҳазор сол қабл дар Шарқи Наздик, байни дарёҳои Даҷла ва Фурот зиндагӣ кардаанд. Дар ин минтақа маданияти шумерӣ, бобилӣ ва ё ошурӣ ба вуҷуд омада буд, ки дар таърихи инсоният аҳамияти бузург дошт. Дар ин ҷо фанҳои риёзиёт, хат ва ситорашиносӣ, инчунин техника ниҳоят рушд кард. Маҳз дар Байнаннаҳрайн чархро ихтироъ намудаанд. Лавҳаи гилин бо ҳисоби математикӣ. Байнаннаҳрайн (соли 1800 то милод).

0

Рақамҳои аввалин чӣ гуна буданд?

Рақамҳои аввалин тақрибан 5 ҳазор сол муқаддам дар Миср ва Байнаннаҳрайн пайдо шудаанд. Воқеан дар ин ду тамаддуни аз ҳамдигар дар фосилаи дур воқеъгардида тартиби рақамҳо қариб якранг буда, аз усули нишонагузорӣ дар дарахт ва истифодаи сангпораҳо ҳангоми ҳисоби рӯзҳо истифода намудаанд. Қоҳинони мисрӣ ҳангоми навиштан аз пӯстлохи папирусҳо истифода мекарданд, аммо мардуми Байнаннаҳрайн дар китобат сатҳи гилин ва тахтачаҳои сафолиро истифода мебурданд. Воқеан баъзе аз рақамҳо дар ин ду тамаддун якранг нестанд, вале дар маҷмӯъ ҳангоми ба эътиборгирии ченакҳо ва ҷобаҷогузории рақамҳо қариб усули муштарак истифода шудааст. Қадимтарин бозёфтҳои математикӣ Ду ҳуҷҷати мисрие, ки тақрибан 4 ҳазор сол қабл китобат шудаанд, то ба ҳол ҳамчун қадимтарин бозёфти математикӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ҳуҷҷатҳои мазкур тасаввуроти мисриёни қадим доир ба арифметика ва геометрия – ҷадвали зарб, ченаки масоҳат, ҳаҷм ва амалҳои гуногуни математикӣ нигошта шудаанд.

0