Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Рақамҳои аввалин чӣ гуна буданд?

Рақамҳои аввалин тақрибан 5 ҳазор сол муқаддам дар Миср ва Байнаннаҳрайн пайдо шудаанд. Воқеан дар ин ду тамаддуни аз ҳамдигар дар фосилаи дур воқеъгардида тартиби рақамҳо қариб якранг буда, аз усули нишонагузорӣ дар дарахт ва истифодаи сангпораҳо ҳангоми ҳисоби рӯзҳо истифода намудаанд. Қоҳинони мисрӣ ҳангоми навиштан аз пӯстлохи папирусҳо истифода мекарданд, аммо мардуми Байнаннаҳрайн дар китобат сатҳи гилин ва тахтачаҳои сафолиро истифода мебурданд. Воқеан баъзе аз рақамҳо дар ин ду тамаддун якранг нестанд, вале дар маҷмӯъ ҳангоми ба эътиборгирии ченакҳо ва ҷобаҷогузории рақамҳо қариб усули муштарак истифода шудааст.

Қадимтарин бозёфтҳои математикӣ

Ду ҳуҷҷати мисрие, ки тақрибан 4 ҳазор сол қабл китобат шудаанд, то ба ҳол ҳамчун қадимтарин бозёфти математикӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ҳуҷҷатҳои мазкур тасаввуроти мисриёни қадим доир ба арифметика ва геометрия – ҷадвали зарб, ченаки масоҳат, ҳаҷм ва амалҳои гуногуни математикӣ нигошта шудаанд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.