Чароғҳо (лампаҳо)-и аввалин чӣ гуна буданд?
Одамони ҷомеаи ибтидоӣ аз чароғ ва истифодаи рӯшноии сунъӣ огоҳӣ надоштанд. Онҳо аз хоб ҳангоми тулӯи офтоб мехестанду баробари торик шудан хоб мерафтанд. Пас аз он ки оташро кашф намуданд, онҳо метавонистанд баъди ғуруби офтоб аз ҳисоби рӯшноии оташдон боз чанд соати дигар бедор истанд. Ғайр аз ин, одамон тайёр кардани машъалу шамъро ёд гирифтанд. Яъне онҳо ба нӯки чӯбе алафи хушкро печонида, ба он чарбу (равған) мемолиданд, то он зуд оташ гирифта, муддати зиёд фурӯзон бошад. Чароғҳои аввалин аз гил ва ё филиз (металл) сохта шуда буданд. Ин зарфҳоро бо ягон навъи сӯзишворӣ, масалан, равғани рустанӣ ё чарбу пур карда, ба он пилта гузаронда, дармегиронданд. Пилта равғанро ҷаббида, то тамоми шудани он фурӯзон меистод. Баъдтар ба ҷои равған аз спирт ва керосин истифода мебурданд. Аз аввалҳои асри 19 чароғҳои газӣ маъмул гардиданд. Аммо бештар барои равшан намудани хона аз шамъи мумии устувонашакл, ки байни он пилта дошт, истифода мекарданд.
Томас Эдисон
Томас Эдисон (1847–1931) соҳибкори амрикоӣ буда, дар таърихи инсоният аз ҳама бештар таҷҳизоти гуногун ихтироъ намудааст. Дар синни ҷавонӣ вай барои рӯзгузарониаш дар қатораҳои поезд ба фурӯхтани рӯзномаҳо машғул буд. Шавқу ҳаваси машғул шудан ба соҳибкорӣ ғолиб омад ва ӯ дар яке аз вагонҳои қатора чопхона сохту ба нашри рӯзнома оғоз намуд. Соли 1878 вай чароғи барқиро ихтироъ кард. Ғайр аз ин вай телефон ва аввалин дастгоҳи сабти овоз – фонографро ихтироъ намудааст.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




