Мураббаи соҳирона чист?
Мураббаъҳои соҳирона аз замонҳои қадим машғулияти аҷоибу шавқовар ҳисоб мешуданд. Онҳо маъмулан, аз қатор ва сутунҳои баробар тартиб ёфта, бо рақамҳои гуногун бо дарназардошти се шарт дар катакчаҳо пур карда мешаванд:
-
Ҳосили ҷамъи ҳар қатор ҳамеша рақами якхела аст.
-
Ҳосили ҷамъи ҳар сутун ҳамеша рақами якхела буда, ба ҳосили ҷамъи рақамҳои қатор баробар аст.
-
Ҳосили ҷамъи рақамҳои диагоналӣ ба ҳосили ҷамъи рақамҳои ҳар қатор ва ҳар сутун баробар аст.
Албрехт Дюрер
Албрехт Дюрер (1471–1528) рассом ва наққоши олмонии давраи Эҳё мебошад. Вай дар яке аз расмҳои кандакориаш мураббаи соҳиронаро ҷой додааст, ки ғайр аз шартҳои дар боло баёнгардида, инчунин ҳосили ҷамъи ҳар як мураббаи миёни хатҳои сутун ва қаторҳо низ баробаранд.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




