Бисёркунҷаро чӣ гуна чен мекунанд?
Бисёркунҷа шакли ҳандасӣ (геометриест), ки хатти шикастаи сарбастаро меноманд. Порчаҳои ин хатти шикастаро тараф ва охири ин порчаҳоро қуллаи бисёркунҷа меноманд. Вобаста ба адади қуллаҳо бисёркунҷаҳо секунҷа, чоркунҷа мешавад. Маъмулан, бисёркунҷа дар ҳамворӣ воқеъ аст, аз ин рӯ барои чен кардани он андозаи масоҳат, яъне метри мураббаъро истифода мебаранд. Масалан, агар муайян кардани масоҳати қитъаи замини чоркунҷа зарур бошад, аввал дарозии тарафҳо параметри онро муайян бояд кард. Масоҳати росткунҷа ба ҳосили зарби дарозиҳои ду тарафи он баробар аст. Масоҳати бисёркунҷа бо роҳи ба росткунҷаҳо ҷудо кардани он муайян карда мешавад.
Апофема – хатти амудиест, ки аз маркази бисёркунҷаи баробаргӯша ба яке аз тарафҳои он кашида мешавад.
Периметр – ҳосили ҷамъи тарафҳои дарозии бисёркунҷаро периметр мегӯянд.
Порча – хатти рости муайянест, ки аз ду тарафаш бо нуқтаҳо маҳдуд шудааст.
Афлотун
Афлотун (427–348 то м.) файласуфи Юнони Қадим. Ӯ дар асарҳои худ оид ба ҷаҳони ғоя ва ашё, нисбияти ашёҳо дар тасаввури мо ва ҷовидонии рӯҳи инсон маълумоти ҷолиб додааст. Афлотун ба илми геометрия таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷисмҳои бисёррӯяро таҳқиқ кардааст.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




