Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Олоти аввалине, ки ҳаёти инсонро осон мекарданд, кадомҳо буданд?

Дар давоми таърих инсон барои сарфаи қувваи худ кӯшиш мекард, то дар фаъолияти кории ҳамарӯза аз ягон навъи техника истифода барад. Барои ин вай аз дастгоҳу механизмҳои гуногун (ҳарчанд дар оғоз хеле сода буданд), аз ҷумла аробачаи чархдор истифода мебурд. Батадриҷ дастгоҳҳо мураккабтар шуданд, такмил ёфтанд ва то ба дараҷаи ҳозира расиданд. Масалан, аввалин олоти техникӣ, аз қабили осиёб ва сипор ба воситаи об, бод ва ҳайвонот ба ҳаракат дароварда мешуданд.

Сипоре, ки тавассути барзаговҳо кашида мешуд.

Чақмоқсанг – санги махсусест, ки дар сурати ба ҳам задан аз он оташак ё шарора ҳосил мешавад. Аз ин рӯ номи дигараш санги «оташ» аст.

Чароғи флюоресцентӣ – чароғи электрикиест, ки аз найча иборат буда, деворҳои шишааш аз дарун бо моддаи равшанидиҳанда (флюоресцент) пӯшонида шудааст. Даруни найча гази неон дорад.

Фонограф – дастгоҳи механикиест, ки қобилияти навиштан ва шунавонидани ҳар гуна овозро дорад. Магнитофон дар заминаи ин дастгоҳ сохта шудааст.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.