Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Рақамҳои имрӯзаи мо аз куҷо пайдо шудаанд?

Рақам ва рамзҳои ифодакунандаи ададҳое, ки мо ҳоло истифода мебарем, арабиасос шуморида мешаванд, ҳарчанд арабҳо ин рақамҳоро аз мардуми Ҳинд гирифтаанд. Дар миёнаи асрҳои 8–13 дунёи ислом давраи муҳими инкишофи илмро аз сар гузаронидааст. Зеро мусулмонон ҳам бо мардуми шарқ ва ҳам бо мардуми ғарб робита барқарор намуда, беҳтарин дастовардҳои илмро азхуд кардаанд. Ҳамин тариқ, аз Ҳиндустон онҳо ҳисоб кардану чандин усулҳои дигари риёзиётро гирифтанд.

Рақамҳои ҳозира (1, 2, 3, 4...) он қадар ба ададҳои ҳиндӣ монанд нестанд, зеро арабҳо андаке шакли онҳоро тағйир дода, ба расмулхати худ мувофиқ кардаанд. Аммо бино ба таъсири амиқ ва нуфузи бештари тамаддуни араб, рақамҳои ҳозираро арабӣ меноманд.

Фибоначчи (1180–1250), ки дар таърих бо номи Леонардо де Пиза маъруф аст, тоҷири итолиёвӣ мебошад. Ҳамроҳи падараш ба минтақаҳои шимоли Африқо ва Шарқи Наздик сафар кардааст. Дар ин ҷойҳо вай риёзиёти ҳиндӣ ва тарзи ҳисоббарории арабиро омӯхтааст. Соли 1202 ба ватанаш – Пиза баргашта, китобе навишт ва дар он хонандагонро бо системаи ҳисоббарории арабӣ ошно намуд.

Ҳоло бештар калимаи «рақам»-ро барои ифода намудани мафҳуми «адад», «шумора» истифода мебаранд, вале дар адабиёти ниёгон – классикии мо ин калима мафҳумҳои бештареро ифода мекунад: навъи матоъ (дебо, ҷома)-и хатдор; навиштан; муҳр кардан; доғ ниҳодан бар шутуру асп; таҳрир кардан; навъ, хел, ҷинс ва амсоли инҳо. Ҳамчунин дар адабиёти пешинаи мо вожаи «рақам» бо калимаҳои задан, кашидан, рондан, шикастан, рехтан, фишондан, зудудан, санҷ (рақамсанҷ), тироз (рақамтироз), омӯз (рақамомӯз), каш (рақамкаш) тавъам фаровон истифода мешуд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.