Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Рақамҳои аввалини мисриён чӣ гуна буданд?

Мисриён барои ифодаи ягон ашё ё чиз аз иероглифҳо – расмҳо истифода менамуданд. Ин расмҳо шаклҳои набототу ҳайвоноти соҳили дарёи Нил ва асбобҳои рӯзгорро тасвир мекарданд. Рақамҳоро низ онҳо бо иероглифҳо менавиштанд. Мисриён аломатҳоеро ихтироъ карда буданд, ки рақамҳои аз 1 то 10-ро ифода мекарданд. Онҳо иероглифҳое доштанд, ки ифодакунандаи ададҳои даҳӣ, садӣ, ҳазорӣ, даҳҳазорӣ, садҳазорӣ, миллион ва даҳҳо миллион буданд.

Тамаддуни Миср

Тақрибан 5 ҳазор сол қабл дар қисмати шимолии Африқо, дақиқтараш дар соҳили дарёи Нил, маданияти бузурге арзи ҳастӣ карда буд. Маҳз оби зиндагисози Нил боис гашт, ки дар водиҳои ин дарё мисриҳо ба кишоварзӣ машғул шаванд. Онҳо шаҳру ҳирамҳои муҳташам, мақбараву маъбадҳои бузург бунёд карда, ба ояндагон ёдгориҳои беназири сангӣ мерос гузоштаанд. Илова бар ин, мисриҳо папирусро ихтироъ карда, ба пайдоиши навъҳои гуногуни хат замина гузоштанд. Ҳамзамон нақши мисриҳо дар пешрафти улуми тиб, ҳандаса ва арифметика низ назаррас аст.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.