Дар Байнаннаҳрайн аз кадом рақамҳо истифода мекарданд?
Аввалин намунаи хатии рақамҳо тақрибан дар ҳазорсолаи сеюми то милод пайдо шудааст. Инҳо нишонаҳое буданд, ки дар ибтидо барои муайян кардани ашё истифода мешуданд. Баъдтар бо мурури замон нишонаҳои мазкур намуди мураккабтареро соҳиб шуданд.
Дар Байнаннаҳрайн аломати ▼ барои ифодаи воҳидҳо – бо усули такроран нигоштани рақамҳои 1 то 9 истифода мешуд. Аломати ◄ барои ифодаи рақамҳои аз 10 боло мавриди истифода қарор гирифт. Аслан ин аломат (>) барои рақамҳои аз 11 то 59 истифода мешуд. Барои ифодаи адади 60 бошад аломат< ҳолати дигарро касб мекард.
Барои ифодаи рақамҳои аз 70 боло аломатҳо дар шакли гуногун истифода мешуданд. Дар дастхатҳои қадимаи бобилиҳо, ки тақрибан 1700 сол то милод китобат шудааст, барои ифодаи сифр ягон аломати махсус нагузошта, танҳо ҷои рақамро холӣ мемонданд.
Байнаннаҳрайн – тамаддуни мардуми байни дарёҳо
Байнаннаҳрайн калимаи арабӣ буда, маънояш «байни ду дарё» аст ва маданияти халқҳоеро дар назар дорад, ки панҷ ҳазор сол қабл дар Шарқи Наздик, байни дарёҳои Даҷла ва Фурот зиндагӣ кардаанд. Дар ин минтақа маданияти шумерӣ, бобилӣ ва ё ошурӣ ба вуҷуд омада буд, ки дар таърихи инсоният аҳамияти бузург дошт. Дар ин ҷо фанҳои риёзиёт, хат ва ситорашиносӣ, инчунин техника ниҳоят рушд кард. Маҳз дар Байнаннаҳрайн чархро ихтироъ намудаанд.
Лавҳаи гилин бо ҳисоби математикӣ. Байнаннаҳрайн (соли 1800 то милод).
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




