Низоми ҳисоби румиҳо чӣ гуна буд?
Дар Руми Қадим ҳангоми ҳисоб кардани ададҳо аз ҳарфҳои муайян, I, V, L, C, D, M истифода мебурданд. Ҳар як ҳарфи зикршуда вобаста ба ҳолати нигориш ададеро ифода мекард. Барои огоҳии комил ёфтан аз усули ҳисоби румиҳо ин 5 қоидаи асосиро бояд дар ёд дошт:
-
Ҳарфҳо аз чап ба рост навишта шуда, аз адади бузург оғоз мешавад. Масалан, XV (15). DLV (555), MCLI (1151).
-
Ҳарфҳои I, X, С ва М имкон доранд, ки 2–3 бор пайдарпай нигошта шаванд. Масалан, II (2), XXX (30), CC (200) M CC XXX (1230)
-
Ҳарфҳои V, L, D такроран навишта намешаванд.
-
Ададҳои 4, 9, 40, 90 ва 900 дар шакли ба ҳам пайваст намудани ҳарфҳо навишта мешавад: IV (4), IX (9), XL (40), XC (90), CD (400), CM (900). Масалан, 48–XLVIII, 449–CDLIX навишта мешаванд.
-
Аломати уфуқӣ (горизонталӣ) дар болои ҳарфҳо онро 1000 маротиба меафзояд. Масалан, V̄ – 5000, C̄ĪĪĪ – 103 000 ва ĪX̄CML – 9950-ро ифода мекунад.
Рақамҳои румиро бинавис
Ба намунаҳои зер таваҷҷӯҳ намо. 7 – VII; 9 – IX; 16 – XVI; 176 – CLXXVI; 824 – DCCCXXIV; 1003 – MIII; 1985 – MCMLXXXV; 2020 – MMXX.
Ту метавонӣ бо истифода аз рақамҳои румӣ синну соли худ, ёру дӯстон ва пайвандон, инчунин соли ҷориро бинависӣ.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




