ПИСАРЕ, КИ САГ ШУД
Яке аз бузургон рӯзе дар масҷиде рафт, то ду ракъат намоз бигузорад ва замоне бо муноҷот бо Худо бипардозад. Дар масҷид иддае аз кӯдакони мадрасае буданд. Иттифоқро вақти нон хӯрдани кӯдакон буду ду кӯдак ба наздики он бузург нишаста буданд: яке писари сарватманде буду дигаре писари шахси фақире ва ду зарф дар ҷулуи онҳо буд. Дар зарфи писари сарватманд нону ҳалво буд ва дар занбили он дигаре нони холӣ. Писари сарватманд нону ҳалво мехӯрд ва писари фақир аз ӯ миқдоре ҳалво хост. Писари сарватманд гуфт:
– Агар туро миқдоре ҳалво бидиҳам, саги ман мешавӣ?
Гуфт:
– Бошад!
Гуфт:
– Порс (бонги саг, ав-ав) кун, то туро ҳалво бидиҳам.
Он бечора садои саг даровард ва писари сарватманд ҳалво ба ӯ дод. Ва ин кор чандин мартаба анҷом гирифт. Ва он шахси бузург дар эшон наззора мекарду мегирист. Шахсе аз ӯ пурсид:
– Эй бузург, туро чӣ расид, ки гирён шудӣ?
Гуфт:
– Нигоҳ кунед, ки шикампарастӣ ва қаноат накардан ба мардум чӣ мекунад? Чӣ мешуд, агар он кӯдак ба нони хушки худ қонеъ мешуду тамаъи ҳалвои он кӯдакро намекард, то саги одаме ҳамчун худаш намешуд?!
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё