Зеҳн
Панду андарзҳо·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

АҲВОЛИ СЕ ШАХС

Боре Расули Худо (с) бо асҳоб дар масҷид нишаста буд, ки се нафар вориди маҷлис шуданд. Ду нафари онҳо ба назди Паёмбари акрам (с) омаданд ва сеюмӣ баргашту берун шуд. Яке аз он ду нафар дар байни ҷамоат нишасту дигаре дар сафи охирин.

Сипас Расули Худо (с) фармуд:

— Оё мехоҳед шуморо аз аҳволи он се нафар огоҳ кунам? — ва илова намуд, — Аввалӣ ба Худо паноҳ бурд ва Худо ӯро аз неъмати илм баҳравар кард. Дуюмӣ аз шарми Худо нахост, ки аҳли маҷлиси паёмбарро нороҳат кунад ва Худованд ҳам ба ӯ марҳамат намуд. Сеюмӣ бошад рӯй гардонд ва Худо низ аз ӯ рӯй гардонд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.