НАМОНД ЧИЗЕ, КИ АЗ МАН БИГИРӢ!
Расули Худо (с) фармуд:
«Рӯзи қиёмат се тоифа сараввал мавриди пурсиш қарор дода мешаванд. Яке аз онҳо нафарест, ки дар ҷиҳод кушта шудааст. Ӯро ба ҳузури Парвардигор меоранд ва Худованд неъматҳое, ки ба ӯ дода буд, назди ӯ паҳн мекунад. Ӯ низ тасдиқ мекунад, ки дар дунё ҳамин неъматҳоро соҳиб буд. Пас Худованд аз ӯ мепурсад:
— Бо неъматҳои ато кардаам чӣ кор кардӣ? Ӯ чунин посух медиҳад:
— То мурдан дар роҳи Ту ҷангидам. Худованд дар ҷавоби ӯ мефармояд:
— Дурӯғ мегӯӣ! Ту барои он ҷангидӣ, то мардум туро «қаҳрамон» гӯянд ва туро «қаҳрамон» гуфтанд. Бар он чӣ ҷаҳд намудӣ, подошашро гирифтаӣ! Дигар намонд чизе, ки аз Ман бигирӣ!
Дуюм, нафаре мебошад, ки таҳсили илм карда, ба дигарон таълим додааст ва Қуръонро хуб қироат мекардааст. Ӯро ба ҳузури Парвардигор меоранд. Худованд неъматҳои додаашро назди ӯ паҳн карда, як-як мешуморад ва ӯ тасдиқ мекунад. Сипас аз ӯ мепурсад:
— Бо ин неъматҳое, ки ба ту арзонӣ доштам, чӣ кор кардӣ?
Ӯ посух медиҳад:
— Таҳсили илм кардаму ба дигарон таълим додам ва аз барои ризои Ту Қуръон хондам.
Дар посухи ӯ Худованд мефармояд:
— Дурӯғ мегӯӣ! Ту илмро барои он омӯхтӣ, ки туро «олим» гӯянд ва Қуръон баҳри он хондӣ, ки гӯянд «ӯ Қуръонро зебо мехонад» ва чунин таҳсин ҳам дар ҳаққи ту гуфта шуд. Дигар намонд чизе, ки аз Ман бигирӣ!
Сеюм, нафарест, ки Худованд ба ӯ сарвати зиёд додааст ва ӯ сарваташро хайру эҳсон намудааст. Ӯро ба ҳузури Парвардигор меоранд. Худованд неъматҳои додаашро мешуморад ва ӯ низ тасдиқ мекунад. Сипас Худованд аз ӯ мепурсад:
— Бо ин неъматҳо чӣ корҳоро анҷом додӣ?
Ӯ мегӯяд:
— Ҳамаи молу сарватамро дар роҳи ризои Ту хайр кардам!
Худованд дар ҷавоби ӯ мефармояд:
— Дурӯғ мегӯӣ! Ту ҳамаи инро барои он анҷом додӣ, ки туро гӯянд: «Ин қадар одами саховатманд аст!» ва ба ин муваффақ шудӣ. Дигар намонд чизе, ки аз Ман бигирӣ!
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё